Ба тахмин миёнаи солҳои 70-уми асри пор дар омад-омади Иди Наврӯз, қиблагоҳӣ гуфт, тайёриатонро бубинед, рӯзи шанбе ба хурсандии тағоии Убайдулло меравем. Ману додарчаам Рамазон аз ин навид, ба қавле, болу пар баровардем, зеро дар деҳаи Ғарғара ҳиссаи калони хешовандони кангуртиамон мезистанд.
Ҳавлии тағоии Убайдулло моломоли меҳмонон буд. Кӯдакони хурдсол рӯи ҳавливу канори ҷӯйи пешорӯи ҳавлӣ хурсандӣ мекарданд. Меҳмонони солманд дар ҳуҷра мақом ёфтаву бонувон бо ҳайати ҷудогона, қисме роҳат доштанду қисме дигар дар дунгу дави тӯй.
Дар кунҷи ҳавлӣ, дар ду деги калони «барзангӣ» (азим) шӯрбо ва гӯштбирён дар ҷӯш буд. Аз ғояти шаб болои суфаи дарозрӯяи таҳи хавозаи токи ҳавлӣ бузургони авлод хуш суҳбате доштанд. Бо хоҳиши аҳли ақрабои алиҷонӣ зимоми суханро тағоии Аламшо, донандаи хуби адабиёти классикии тоҷику форс, ба даст гирифт. Муаллими хешамон дар қиссагӯиву зарофат дар миқёси қаламрав ҳамто надошт. Ҳар он маҳфиле, ки муаллим дар суҳбат мешуданд, он ҷо хушӣ буду ҳазлу мутоиба. Ҳозирин то дер дар хусуси он нишастҳо қисса мекарданд.
Дуои хайр
Аз он хурсандӣ як ҳикояти ровии хушсухан аз боби ҷавонмардӣ ва дуои неки муаллимро дар лавҳи хотир нақш бастаам. Он чун буд: «Рӯзе Нӯшервони Одил бар қасди шикор берун омада, ба деҳе гузар кард. Чашмаш ба деҳқони пире расид, ки дарахти чормағз мешинонд.
Подшоҳ гуфт: – Эй пир, тамаъ дорӣ, ки бари (ҳосили) он бихӯрӣ? Пир гуфт: – Касон киштанд ва мо хӯрдем, мо низ бикорем, то дигарон бихӯрданд.
Нӯшервон бад-ин ҷавоб таҳсин фармуда, чаҳор ҳазор дирҳам сила (инъом) бахшид.
Деҳқон гуфт: – Касеро дидаӣ, ки дарахт нишонад ва ҳамон рӯз бар (самар)-и онро хӯрад?
Нӯшервон гуфт: – На. Ва чаҳор ҳазор дирҳами дигар ба вай бахшид.
Пир гуфт: – Субҳоналлоҳ сипоси эзидист, ки дарахти ман бад-ин зудӣ ду бор ба бор овард.
Подшоҳ бар ҳусни гуфтори деҳқон офарин намуд ва деҳи мазкур ба вай инъом фармуд».
Ману Нусратулло дар шафати муаллим менишастем. Дар фуроварди қиссаҳо акаи Аламшо садо дардод: «Акаи Убайдуллои мо марди некзотест. Давлати ӯ писаронаш аст. Дар кӯҳистони баланди баланд хонаи сербача – марди писардорро бой мегӯянд. Пас ба дуи мо дида дӯхта афзуд: Насибу рӯзӣ бошад, ана ҳамин шербачаҳо номбардори авлод мешаванд. Некбахту хушрӯз бошед!».
Аҳли нишаст бо хушҳолӣ даст ба дуои хайр бардоштанд.
Рӯ ба фароз
Инак, аз он хурсандӣ зиёда аз чиҳил сол сипарӣ шуд. Ба гуфти пирони деҳ, калонҳо саволу ҷавоби худро доданд. Ҷавонони наврӯид, мисли парандаҳои навбол, ба чор сӯ ба парвоз омадем. Нусратулло баъди итмоми мактаби деҳа ва Техникуми кооперативии шаҳри Душанбе дар водии Вахш ва ман пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар шаҳри гулбасари Душанбе маскан гирифтем.
Нусратулло пайи заҳмат зиёд ҷадал намуд. Оламу одам дид, ҳиммат баланд дошт, сахояш раҳи зиндагиашро тахт кард. Мартаба ёфт, номвар ва соҳибэҳтиром гашт. Ифтихори хонаводаи тағоии Убайдулло, аҳли хешовандон ва диёри азизи хеш шуд.
Тули сию ду соли истиқлоли давлатӣ Нусратулло Файзуллозода дар рушду тараққии диёри зебоманзари тоҷик – шаҳри Бохтар ва зодбум саҳми шоиста гирифт. Ба муроди дили хеш расид. Дуои тағоии Аламшо мустаҷоб гашт, ӯ номвар шуду ҳам бомартаба. Имрӯз бо ба забон овардани номи Нусратулло дар Данғараву Кангурт, водии Вахш ва ҳатто берун аз он, қабл аз ҳама, ровиён ҷавонмарди асилу олиҳимматии Нусратулло Файзуллозодаро пеши назар меоранд.
Нусратулло писари панҷуми хонадони марди арсаи меҳнат Убайдуллои Файзулло, дар оилаи марди заҳматкаш, марде ғурурманду сарбаланд қомат афроштааст.
Чил сол беш аст, ки пас аз хатми мактаби миёнаи №3-и зодбум ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) рӯ овард. Қадамаш нек расид. Пас аз хатми Техникуми кооперативии Душанбе Нусратулло дар шаҳраки Калининобод (Сарбанд, ҳоло Левакант) мағозае бунёд карда, ба тиҷорат шуғл варзид. Кораш баракат ёфт. Дере нагузашта миёни мардум бо хулқу атвори нек, дасти сахо, дастархондорӣ шинохта шуд. Он овон, ҳар ошнои аз булукоти Кангурту ноҳияи Данғара сӯи шаҳри Бохтар раҳ гирифта, медонист, ки дар кӯча намемонад.
Баъди чанд соли фаъолияти мустақил, аз ҳисоби пасандози хеш ба муаллимони деҳаи Ғарғара Шер Валиев, Саъдӣ Салимов ва Сафар Сайдалиев сарулибос, чойник ва табақу косаҳои чинӣ ҳадия овард. Ҳамчунон, ҳамон давра Нусратулло, сари ҳар вақт, ба хонаи падарӣ омада, ба арвоҳи қиблагоҳаш оши худоӣ медод ва ба наздикон савғотӣ меовард…
Марди сахо
Хонаи акаи Убайдуллоро дар водии Данғара оилаи сербача мегӯянд. Исмат, Абдулло (ҳоҷӣ), Хайрулло (ҳоҷӣ), Давлат (ҳоҷӣ), Нусратулло, Маҳмадсаид, Сафар ва Нуриддин ҳар яке пайи ҳам бо мурур ба хонаи падарӣ нуру сафо оварданд.
Воқеаҳои нобасомони аввали солҳои 90-уми асри гузашта барои мардуми тоҷик фоҷиабор омад. Мамлакати абарқудрати шуравӣ, ҳукумати сағирапарвар саранҷоми хешро аз даст дод. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сокинони мамлакатро харобу хаста ва афгор кард. Зиндагӣ тоқатфарсо гашт…
Рӯзи нек ҳам фаро расид. Моҳи ноябри соли 1992 ҷавонмарди асил Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардид. Ба оҳистагӣ вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ба низом омад. Дар ин давраи вазнин Нусратулло Файзуллозодаи сахопеша ба аҳолии деҳоти Ғарғара, Ҳусейншайх, Яккатут ва Девчашма (ҳоло деҳаи Дилнишин) дасти ёрӣ дароз кард, зеро дар ин давра бар асари вазнинии рӯзгор сафи хонаводаҳои ниёзманд бамаротиб афзуда буд.
Ҳамасола аз ҳисоби даромади шахсии хеш дар арафаи иду маъракаҳо Нусратулло ба хонаводаҳои мардуми камбизоат кумак мерасонд. Ҳар дафъа ҳар хел, вобаста ба шароиту вазъи иқтисодии ҳамонсола.
Солҳои аввал барои хонандагони мактабҳои рақамҳои 3 ва 42 сарулибос, ашёи хониш, ба муаллимон орду шакар ва рӯған овард. Минбаъд, ба аҳолии камбизоати деҳаҳои болозикр ғизои ниёзи аввал мерасонд. Чунин ёриҳои Нусратулло ба ҳукми анъана даромад.
Чашмаи Ретан
Баъди соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишвар сол аз сол аҳолии булукоти Ғарғара афзудан гирифт. Норасоии оби нӯшоӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз бадал гашт. Сокинони деҳот, аслан, аз як самт, аз чашмаи Ретан об менӯшиданд. Бори нахуст ин обро бо лӯлаҳо тавассути ҳашар ҳини раисиаш Шариф Ширин, соли 1962, кашида буд. Бо гузашти қариб чил сол бар асари боду борон хатти оби ошомиданӣ осеб дида, лӯлаҳо фарсудаву об торафт кам мешуд.
Сокинони деҳоти гирду вана, бахусус пиронсолон, маслиҳат карданд, ки аз ин бора ба марди сахопеша Нусратулло Файзуллозода муроҷиат намоянд. Дар яке аз рӯзҳои дидори навбатӣ онҳо бо соҳибкор маслиҳатро пазонданд. Нусратуллои некбахт гуфт: «Ман 100 дона зоғнӯл ва барои 18 км лӯлаҳои обгузари сементӣ меорам. Шумо бо усули ҳашар лӯлаҳои куҳнаро канда, хатти обро тозаву тармим кунед…».
Аз миён чанде нагузашта, бо ёрии Нусратулло мошинҳои пурбор лӯлаҳои навро ба деҳаи Ғарғара расонданд. Сокинон бо усули ҳашар лӯлаҳоро ба зудӣ дар масофаи 18 км, аз тори кӯҳи Ретан, то ба деҳаи Ғарғара насб карданд. Аҳолӣ имрӯз аз оби мусаффо ва сарди чашмаҳои аз мавзеи Ретан ва обанбори навсохт нӯши ҷон намуда, дуои ҷони некмардонро мекунанд.
Соҳиби кор
Солҳои зиёдест, ки вай роҳбарии Ҷамъияти саҳомии «Ресанда»-и шаҳри Бохтарро бар уҳда дорад. Корхона фаъолу асту дар он садҳо нафар бонувони хонашину ҷавонон бо кору маоши хуб таъминанд. Бо имкони шароит, баҳри некуаҳволии мардуми деҳаи Ғарғара мекӯшад. Нусратулло бо ин роҳ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ саҳм мегирад. Барои ин, дар майдони 50 га пунбадона кишт кард. Барои бо об таъмин кардани заминҳояш, кӯли сунъӣ сохт. Дарёчаи Тоҳир (номи қадимиаш Бурдон – У. Ш.), ки аз назди деҳа равон аст, танҳо қудрати ду моҳ киштзорҳоро бо об таъмин карданро дораду бас.
Нусратулло Файзуллозода, ҳамчунон, барои пешрафти корҳояш тавассути техникаи оббарорӣ дар се нуқтаи деҳаи Ғарғара аз чуқурии 100 – 125 метр об баровард, ки ҳар яке қобилияти дар як соат баровардани 60 метри мукааб обро доранд.
Наҷобат
Дар бораи наҷобат, ёрӣ ва ғамхориҳои Нусратуллои некбахт далелҳо бешуморанд ва дар ин бора мардум зиёд мегӯянд. Яке аз корҳои қобили қабули ӯ – туҳфаи 70 сар асп ба хоҷагиро некмардон достон кардаанд.
Соли 1997 Нусратулло Файзуллозода ба муаллимони мактабҳои №№3 ва 42 шиму костюм, ба муаллимаҳо куртаву рӯймол кумак кард, ки то ҳол дар ин бора низ ёд меоранд. Ё дар бораи компютеркунонии мактабҳои номбурда мегӯянд. Нусратулло, нахуст, 6-то компютер ба мактаб фиристод. Норасоии муаллими фанни компютер мубрам гашт ва ӯ аз шаҳри Бохтар ду мутахассиси ин соҳаро оварда, дар ҳавлии падарӣ ҷой дод. Ба муаллимон маош муайян намуд ва, бо ин васила, мушкилӣ ҳалли худро ёфт.
Эъмори меҳмонхона…
Нусратулло Файзуллозода дар доираи Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳамдастӣ бо фарзандони падар, дар деҳоти Ғарғараи ноҳияи Данғара, дар канори шоҳроҳи Данғара–Кангурт–Балҷувон–Ховалинг, як қатор иншооти иҷтимоӣ-маишӣ, аз қабили меҳмонхона, ошхона, ҳаммом, кошонаи ҳусн, сехи дӯзандагӣ ва маркази савдоро сохта, мавриди истифодабарии мардум қарор доданд…
Шуғли дӯстдошта
Ҳар як ҷавонмард ба худ шуғли писандидае дорад. Шуғли Нусратулло Файзуллозода човандозиву гӯштии тоҷикӣ аст. Сар аз соли 2000-ум ҳамасола дар Иди Наврӯз, ба ҷуз корҳои хайрхоҳона, вай ба хонаводаҳои камбизоатону бепарасторон, гузарондани хатнасури кӯдакони бепарастор дар зодбум, инчунин, дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар ва деҳоти Ғарғараи ноҳияи Данғара бо бародарон гӯштии миллӣ доир менамояд. Дар чунин сабқатҳои наврӯзӣ паҳлавонони маъруф аз ҷамоҳири Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русия ширкат меварзанд…
Умари ШЕРХОН