Номи некӯ гар бимонад з–одамӣ,
Беҳ, к–аз ӯ монад сарои зарнигор!
Рӯҷӯи нахуст…
Шикасти шишаи қалб…
Як дами бехудӣ, як саргаштагии беохир, як ҷустуҷӯйи ноҷустанӣ, як ганҷи бузурги аз дастрафта… Шинохти ношинохтаниҳо!
Оре, ин ҳама рабту берабтӣ, ҷӯриҳои ноҷӯр ва аллакай нопайдоиҳо дар пайдоиҳои пешин ҳамон соате вуҷуди маро фаро гирифт, ки бори дигар бо умеде ба он сарой… оре, аллакай сароеро мемонад, хостам равам то ки бинамаш, садояшро бишнавам… Лек, ҳарчанд меҷустамаш намеёфтам, ҳарчанд мехостам бори дигар арзи сипос намоям, ки маҳз ҳунармандоне чун ӯ муаррифгари санъати мусиқии мо дар сатҳи ҷаҳонию таблиғгари ҳунари волои овозхонӣ буда, бо Ӯ ифтихор дорем, миллат аз Ӯ ифтихор дорад ва… аммо… ҳайҳот… Пайдош накардам… дигар пайдош намекунем, аз хониши гарму малеҳ ва ҳусни баёну шаҳди сароидаҳояш намечашем, дигар… аз «дами исавӣ»-аш бархурдор намегардем…
Даме… бо барқвор паҳн гаштани хабари шуме аз расонаҳо, ки Ӯ несту рафт… чӣ кор кардани худро нафаҳмидам, гӯё нуре, нерӯе аз ҷисмам берун шудаю санги вазнини сиёҳе дар қабзаи қалб ҷой гирифта…бемадору саргаранг мондам… Ашк аз чашмон беихтиёр ҷорӣ гашт, гӯё ғубори дилро мешуст, ҳарчанд ғам аллакай лонае дар қалб гузошта буд…
-Ҳа, дар пеши хонааш мардум ҷамъ шудаанд…
Ин гуфтаи писари калонӣ буду осемасар бо ивази либос ба кӯча, ба манзилаш рафтам…
Адҳам Холиқов…
Дигар нест… ӯ нест… дар бари ҳамкорон, дар канори фарзандон, маслиҳатгару роҳнамои шогирдон… Ҷигарҳо садпора, дилҳои зору чашмҳои ашкбор, бо гиряю қалби тика-тика ёдаш мекунам… Даме ёди некаш мекунем…
Адҳам Холиқов…
Ба ёдам омад нахустшиносоию умрбод дӯсти бузургу ҳунарманде пайдо кардан…
Дар идораи мусиқии радиои «Тоҷикистон» кор карданҳо… Рӯзе ҳамроҳи сармуҳаррири идора Шаҳобуддини Ҳақназар ва коргардон Исматулло Саидов дар омода кардани барномае ҳузур доштаму акои Исматулло зимнан гуфтанд, ки имрӯз тезтар барномаро ҷамъбаст намудан лозим, ки барои сабти суруд Адҳам Холиқов меояду барояш вақт ҷудо кардан лозим.
-Адҳам Холиқов? Ҳамон сарояндаи маъруфи опера?! Кай аз Италия омаданд?
Беихтиёр пурсидам…
-Ҳа гуфтагӣ барин, хоҳӣ шинос мекунем, барномае омода мекунӣ…
Таъкид намуд акои Шаҳобуддин…
Омаданд, бовиқор, бо либосҳои шинаму гарбанди сафед, бо гардиши зебои ҳунармандона ва гарм-гарму самимӣ бо ҳамагон, хосса бо Исматулло Саидов, Шаҳобуддини Ҳақназар ва ҷиянашон апаи Барно вохӯрӣ кардаю шояд беш аз 20-25 дақиқа дар идораи сармуҳаррири шуъбаи мусиқӣ сӯҳбат намуда, сипас маро бо ӯ шинос карда, акои Шаҳобиддин гуфтанд: «ана ҳамин ҷавон бо Шумо сӯҳбат намуда, барнома омода мекунад».
-Ҳа, нағз, ман пагоҳ мешавам, имрӯз як-ду сурудро сабт кунем, сипас бекор мешавам…
Беш аз 15-20-сол қабл буд…борҳо-борҳо барнома омода нмудаю аз навгониҳои олами мусиқии Аврупо, хосса аз санъати операи ҷаҳонӣ бархурдор гаштаам…
Руҷӯи дуюм…
Парвози суруд…
Як шахсияти маъруф бо номи Андре Мало нигошта буд, ки: «Пас аз китобҳои осмонӣ, муқаддастарин ва судмандтарин китобҳо зиндагиномаҳо аст!».
Дар ҳақиқат, дар такя ба ҳамин нигошта метавон илова намуд, ки омӯзиши зиндагининома ва ё осору рӯзгори шахсиятҳое ба мисли Адҳам Холиқов бешак пандомӯз буда, он суде ба ҳамагон дорад. Албатта, ҳоло ҳар шахс метавонад бо истифодаи телефони шахсиаш ба интернет ворид гардаду рӯзгори ҳар нафари маъруфро ба таври кӯтоҳ дарёбад ва барноме агар дар бораи чунин шахсон бошад, пайдо кардаю тамошо кунад ва ё гӯш кунад. Аммо, дарк кардан, бо чунин шахсиятҳо даме дар вақти душворию мушкилоти онҳо будан, ин кори дигар ҳасту на ҳар дил қудрати фаҳмиданро дорад!
Зиндагӣ барои Адҳам Холиқов ва оилаи онҳо борҳо имтиҳонеро пеш оварда буд. Барои аксарият на он қадар фаҳмост, ки чӣ тавр оилаи Холиқовҳо ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон омадаю чанд нафар фарзандон, аз ҷумла Адҳам Холиқов дар ин ҷо чашм ба дунё кушодаю чанд фарзанди ин хонавода дар дигар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон… Аз он сабаб, ки падараш Қурбон Холиқов шахси ҳизбӣ (аъзои КПСС) буд бо дастуру давлат ва ҳукумати вақти Шӯроҳо ба дилхоҳ манотиқ фиристода мешуд, як навъ ҳаёти низомӣ дошт. Ба қавли ҷиянаш акои Зарифҷон, авлодони модарии Адҳам аз маҳаллаи тоҷикнишини Косони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадаю авлодони падараш бошад аз Истарафшани бостонӣ буданд. Дар муҳити хонаводагии Адҳам мусиқӣ доимо танинадоз буду падару модар танбӯру дутор ва чанд сози дигарро менавохту қиблагоҳаш оворзи марғуладору ширадор дошта, дар фазои ороми оила ҳунарнамоӣ мекард ва дар тинати Адҳами хурдсол аз он солҳо суруду мусиқи макон гирифту ба мисли чароғе роҳи ояндаи ӯро равшан мекард. Баъдан, бародараш Ботурхон ба Консерваторияи Тошканд дохил шуданд. Ба нақли худи Адҳам Холиқов вақте бародараш ба хона меомад, ба сароидани он кас ҳавасаш омада, мушоҳида мекард, ки чӣ тавр овоз мешукуфаду ҷилва мекунад. Бинобар ин, пас аз хатми мактаб ба театри опера ва балет омад дар ин ҷо овози ӯро шунида, барои таҳсил дар Консерваторияи Маскав тавсия карданд. Аммо муддати се сол натавонист ин нақшаро амалӣ кунад, аз ин рӯ аввал дар факултети санъати актёрии Иниститути санъати ба номи М.Турсунзода ҳуҷҷат супорида, шомил шуд. Красёва Нейла Степановна ном муаллима, овозхони ҳамин театр, дар он факултет дарс медоду ба Адҳам маҳорати актёрӣ нишон медоду ҳам сайқал додани овозро меомӯхт. Дар факултети санъат, он солҳо ӯ аз Марям Исоева, Ҳошим Гадоев, Тӯрахон Аҳмадхонов, Аҳмадҷон Қодиров, ки он вақт ситораҳои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буданд, дарс гирифтааст. Ҳатто дар чанд спектакли театри ба номи А. Лоҳутӣ ӯро ҷалб карданду дар як саҳна бо ин устодон ва бо Аслӣ Бурҳонов нақшҳо бозӣ кардааст. Ҳангоми таҳсил дар курси чорум Вазири фарҳанг Меҳрубон Назаров ӯро ҳамроҳи 6 нафари дигар ба Консерваторияи Маскав мефиристад, агарчӣ барои Тоҷикистон як ҷой ҷудо шуда буд. Аз байни ин довталабон ӯ интихоб гашту ба таҳсил оғоз намуд. Дар Консерваторияи Маскав Адҳам Холиқов пайи ҳам аз устодони маъруф Владимир Шушлин, Давид Габрикейли ва Евгений Нестеренко баҳра гирифта, ҳамчунин онҷо аз техникаи «белканто» бархӯрдор мешавад. Бо тавсияи устодаш Е.Нестеренко Адҳам баъди хатми консерватория ба Душанбе омада, дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба фаъолият сар карда, ба зудӣ маҳбубият пайдо кард. Он солҳои ҷавонӣ баробари маҳбубият ишқро пайдо кард, он сарвати бебаҳо, он дилбари дилсӯзу дилдор, он Дилбари Валаматзодаро…
Ба рӯи ман ҷаҳон хандид, боғу бӯстон хандид,
Зи тарфи раҳ гули оташ чу тифли навзабон хандид,
Хутути дури тақдирам шуда бар ман аён, хандид,
Чу аз наздик бишнидам садои хандаҳоятро.
Дилбар дар доираи фарҳангӣ, дар муҳити санъат ба воя расида буд. Падараш Ғаффор Валаматзода дар қалбаш меҳру муҳаббат ба санъатро ҷой карда буд. Ӯ арғунун менавохту ҳамаро ба олами рӯъёҳо мебурд…
Ангуштон дар болои арғунун як навъ мерақсиданд…
Ана ҳамин санъати нотакрору истеъдоди баланди Дилбархон боз боиси он гашт, ки дар роҳи эҷодӣ ҳам ҳарду ҳамсафару ҳамқадам гаштанд… Дилбархон дар консертҳои бахшида ба рӯзҳои маданият ва санъати Тоҷикистон дар Маскав (соли 1967), Фестивали 10-уми умумиҷаҳонии ҷавонон ва студентон дар Берлин (соли 1973), Симпозиуми умумиҷаҳонии мусиқии мамлакатҳои Осиё ва ЮНЕСКО дар Алмаато (соли 1973), консерт дар ду бахш дар шаҳрҳои Норак, Қурғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва дигарон ноҳияиҳои ҷумҳурӣ (солҳои 1976-77), консерти бахшида ба 100–солагии С. Айнӣ дар ансамбли скрипканавозони Театри калони ИҶШС дар Маскав (соли 1978), консерти арғунун дар толори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (соли 1980) ва ғ… фаъолона иштирок намудааст.
Ёд меояд, ки ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90-ум қарни гузашта нахустин сафарашон ба Итолиё оғоз ёфта буд. Мухлисон аз арғунуннавозии Дилбар ва овозхонии Адҳам ҳаловат мебурданд. Ҳарду Лайлию Маҷнуни саҳнаро мемонданд яке ҷисм буду дигаре ҷон, яке наво дигаре садо! Чӣ айёми ширине, шояд аз беҳтарин давраҳои «тиллоии» умраш буд…
Вақт хеле тез мегузарад, ҳеҷ гумон надошт, ки ба зудӣ Аҷал гиребонгир мешаваду ҳамнафасашро аз бараш мебарад… Дилбар Валаматзода соли 1994 ӯро, моро, санъати бузурги мисиқии миллиро тарк кард…Ҷойи ӯ, мақоми ишғолкардааш дар сатҳи ҷаҳонӣ холист…
Ёдам меояд, ки ба вақти омаданаш боре аз Итолиё ба радио даъваташ кардему дар сенарияи барнома порчае аз достони «Ҷони ширин»-и устод М.Турсунзодаро ҷой дода, хостем, ки худаш то то оғози сӯҳбат қироат кунад. Адҳам Холиқов дохили студияти сабти овоз гашту ман ҳамон варақро ба наздаш бурда, хондани ҳамин пораро хоҳиш кардам. Аввал онро оҳиста-оҳиста хонд. Режиссёр хоҳиш карданд, ки устод каме баландтар хонанд. Садо баланд шуд:
Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта аз сафар боз омадам,
Боз бар наздат ба парвоз омадам…
Сипас хомӯшӣ… Ӯ ба мо ишора кард, ки бори дигар мехонаду узр хоста, пушташро ба тарафи мо гардонид, эҳсосию шармгин менамуд…
Ҷони ширин ин қадар…
Китфонаш меларзид… чашмонаш пури об… варақ дар дасташ ларзиду ба рӯйи миз афтид…
Ман ба дарун, ба наздаш рафтам, дидам, ки оҳистаю бесадо мардонавор мегирист, рӯймолчаашро аз кисаи шимаш гирифта, чашмонашро пок кард. Боз узр хосту бо даст ишора кард, ки ин ҳолат мегузарад ва ба зудӣ омода мешавад. Аммо… дигар қироат карда натавониста, узр хосту рафт… Барнома он ҳафта баргузор ҳам нашуд, гап ҳам шунидем… Вале бо гузашти вақт омада, танҳо розӣ ба он шуд, ки сӯҳбат мекунад… Бо гирифтани номи ҳамсараш доимо дилаш метапиду ҳолаташ ноҷӯр мегашт. Оҳи ҷонсӯзе аз вуҷуди рустамонааш берун мегашт:
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
Аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд…
Ла-Скала ва зинаи баромад ба қуллаҳои баланд…
Бале, баромадан ба зинаҳои баланд ва амалӣ кардани орзӯҳо кори осон набуду Адҳам Холиқов пас аз 7-соли фаъолият дар театри операи тоҷик бо даъвати устодаш Е. Нестеренко соли 1987 ба «Театри калон»-и Маскав роҳ ёфта, ҳатто дар озмуне, ки он солҳо дар Иттиҳоджи Шӯравӣ баргузор шуда буд ғолиб омада, яке аз рақибонаш Дмитрий Хворостовскийро мағлуб намуд. Дар онҷо партияҳои асосиро бозӣ кард. Тибқи гуфтаи ӯ ба рӯзноманигори тоҷик Одили Нозир, дар охири солҳои 80-уми асри ХХ як нафар импресарио(баргузоркунандаи консертҳо)-и олмонӣ бо ӯ шартнома баста, барои гузоштани консерт ба Олмони Шарқӣ Адҳам Холиқовро даъват кард. Ӯ ва ҳамсараш Дилбар Валаматзода ба Олмон рафта, дар яке аз консертҳо дар толори «Фишер Дискао» як импресариои итолиёвӣ наздаш омада, пешниҳод кард, ки дар Итолиё консерт баргузор намоянд. Чун ба Итолиё рафтанд, он шахси масъул, ки мебоист онҳоро пешвоз мегирифт, дер кард. Онҳоро пулисҳо ба пулисхона бурда, мақсади омаданро пурсиданд. Он вақт Адҳам забони итолиёвиро намедонист ва танҳо «Ласкала-ласкала» мегуфту халос. Яке аз маъноҳои ин калима «зина, зинапоя» буда, тамоми полисҳо ҳайрон монданд, ки ин ду нафар, марду зан аз СССР омада, барояшон зина чӣ лозим бошад? Дақиқаҳо мегузашту касе ба маънои ин калима сарфаҳм намерафт. Бо гузашти соате афсаре омада, сабаби дар полисхона нигоҳ доштани онҳоро пурсид. Воқеаро ба онҳо фаҳмониданд. Он афсар пешу пас рафта, сипас шодиёна: «Ла-Скала!» шодиёна ба онҳо нигариста: «Маэстро, опера, театр» гуфт! Масаъала ҳал шуд бо хоҳиши онҳо Адҳам порае аз операе сароид, бо тамоми овоз, бо тамоми нерӯ… Он полисхона ҳама хурсандӣ карданду баробараш месароиданд. Ӯро бо нақлиёти хизматӣ ба театри Ла-Скала бурданд… Дертар бошад дар яке аз консертҳои ӯ ҳама полисҳо сарҷамъона дар қатори якум нишаста, ба ӯ гулу тӯҳфаҳо тақдим карданд.
Дар ҳақиқат, театри овозадори «Ла-Скала» агарчӣ соли 1778 дар ҷойи калисои Санта-Мария алла Скала бунёд ёфтаю дар баландие сохта шудааст. Он барои Адҳам Холиқов дар воқеъ зинае, маконе гашт, ки ба қуллаҳои баланд ӯро роҳнамоӣ намуд. Дар ин театр бузургтарин сарояндагони опера ба мисли Монтсеррат Кабале, Пласидо Доминго, Риккардо Мути ҳунарнамоӣ кардаанд, ки боиси ифтихори ҳам театру ва ҳам худи ин шахсиятҳои нотакрор мебошад.
Бояд ёдрас шуд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз зумраи ҳунармандоне, ки ба Итолиё омадаю сипас дар кишвари Шӯроҳо машҳур гашта буд, яке овозхони маъруф Муслим Магомае ба ҳисоб мерафт. Ӯро Адҳам Холиқов кумири худ медонад. Дар соли 1964 Муслим Магомаев барои таҷрибаомӯзӣ маҳз ба театри “Ла Скала”-и Милан ҳамроҳи Владимир Атлантов, Янис Забер, Анатолий Соловяненко ва Николай Кондратюк омада, аз мактаби қавии овозхонии итолёвӣ баҳравар гашта, аз эҷодиёти пурсамари Бенямин Ҷили, Ҷино Бекки, Тито Гобби, Марио дел Монако хабардор гаштанд. Ана акнун чунин бахт ба рӯйи Адҳам хандида буд. Инҷо дар назди маъруфтарин устодоне ба мисли Франко Корелли ва Карло Бергонси аз техникаи «белканто» ба тафри касбӣ ҳунари овозхониро омӯхта, баъдан бо овозхононе ба монанди Лео Нуччи ва Катя Риччарелли дар саҳнаҳои калон баромад кардааст. Бояд зикр кард, ки худи калимаи «белканто» ба маънои «зебо сароидан» фаҳмида шуда, он техникаи мураккаби кашиш овоз, зебо баровардани садо ва нафаскашии мавзун ҳаст, ки ин сабку услуб на ба ҳар муяссар мегардад. Хушбахтона, онро Адҳам Холиқов дар сатҳи олӣ азхуд карду бо азбар намудани беш аз 20-опера забони итолёвиро пурра омӯхт ва дигар бе тарҷумон ба сифати як итолёвии бофарҳанг озодона гап мезад.
Итолиё… Онро барҳақ гаҳвораи санъати опера меноманд, ки ин жанри мусиқӣ аз асрҳои ХVI-ХVII ибтидо гирифтаю асосгузор ва ё «падар»-и опера композитор Клаудио Монтеверди ба ҳисоб рафта, дар рушди опера хусусан бастакор Ҷузеппе Верди нақши бузург бозидааст. Албатта, ҳар як сарояндаи опера мехоҳад, ки боре ба ватани опера равад, дар саҳнаҳои калони Рим, Веронна, Милан, Венетсия, Флоренсия ё Ситсилия санъати худро нишон диҳад. Собит созад, ки ӯ низ дар ин самту дар ин сабку услуб метавонад аз асарҳои Ҷузеппе Верди, Ҷорҷ Бизе, Руҷеро Леонкавалло, Пётр Чайковский ва дигар ситораҳои ҷаҳонии опера пораҳо сарояд… Дар ин самт Адҳам Холитқов мувафақ шуду дар саҳнаҳои калони Итолиё, Австриё, Фаронсаю Олмон, Амрико ва Шведсия бо партияҳои Онегин аз операи «Евгений Онегин»-и П.Чайковский, Реннато аз операи «Бал-маскарад»-и Ҷ.Верди, Демон аз операи «Демон»-и А.Рубинштейн, Эскамилё аз операи «Кармен»-и Ҷ.Бизе баромад дошта, дар операи тоҷик ҳунарнамоиҳояш бо партияҳои Раҳимбек аз операи «Сарбозони халқ»-и Д.Дӯстмуҳаммадов, Арсений аз операи «Ғуломон»-и З.Шаҳидӣ, Беҳзод аз операи «Айнӣ»-и Ш.Сайфиддинов, Восеъ аз оратория-балети Талабхӯҷа Сатторов дар таърихи санъати мусиқӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Албатта, ҳар як баромадаш махсусияту сабки хоссаро талаб мекарду ҳар иҷроишаш маҳз бо овози пурҷилои руҳнавоз ба шунаванда ғизои маънавӣ мебахшид. Худи иҷроиши нақши Фигаро аз операи «Сартароши севилиягӣ»-и Ҷ.Россинӣ нишон дод, ки чӣ тавр Адҳам Холиқов аз ҳунари актёрию овозхонӣ баҳравар буда, дар саҳна устодона баромад мекунад, баромади олиҷаноб! Ё ба вақти иҷрои рубоиҳои У.Хайём чӣ тавр ба мисле шахси рӯзгордида ё файласуфе бо пироҳани сапед вориди саҳна мегардаду зебо қироат мекунад ва месарояд. Албатта, дар дар Итолиё рубоиҳои Хайёмро ҳамагон дӯст медоранду сароиши ҳунарманди беназир Адриано Челентаноро бошад вирди забонҳост. Рубоиҳои Хайёмро ӯ дар сатҳи баланд хондаю маҳбуб кардааст! Дар асоси рубоиҳои Умари Хайём Адҳам Холиқов дар Душанбе моноспетакл-мюзкли «Чарх»-ро ба саҳна гузошта буд, ки он падидае дар театри касбӣ ба ҳисоб меравад…
Адҳам ва мафияҳои итолёвию футбол…
Бале, дар замони муосир ҳоло ҳам гурӯҳу дастаҳои ғоратгару авбош ва роҳзанию мафиозии итолёвӣ машҳур буда, ҳатто собиқ сарвазири ин кишвар Силвио Берлускониро бархе аз зумраи маъруфтарин мафиози ин кишвар медонанд. Адҳам Холиқов боре нақл карда буд, ки дар таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихобии ин арбоби давлатии Итолиё ӯ низ даъват гашта, дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок карда, баъди ғалабаи Берлусконӣ аз ӯ сипоснома шунида буд. Аммо ҳоло гап сари он меравад, ки боре А.Холиқов ба Тоҷикистон ё берун аз Итолиё дар кадом кишвари аврупоӣ ҳунарнамоӣ дошту ба писараш, ки дар шаҳри Милан дӯкони питтсапазӣ дошт, дастаи мафиозии украинӣ омадаю таҳдид карда, маблағи калоне талаб мекунанд. Ба қавлаш дар Итолиё аз ҳама гурӯҳи калону хатарноки мафиозӣ он солҳо маҳз мафияи украинҳо мансуб буда, кишварро дар таҳлука гузошта буданду дигар авбошону шӯрапуштон низ аз онҳо метарсиданд. Адҳам аз як шогирду шахси наздикаш хоҳиш мекунад, ки то омадани ӯ рафта, аз онҳо ақаллан мӯҳлат гираду писараш ба кор озодона равад. Аммо… Худаш баъди бозгашт ба назди сардори ин гурӯҳ рафта, бо забони русӣ гуфтугӯ карданӣ мешавад, ки ҳама ӯро ба сифати овозхони итолёвӣ мешиносанд ва бо ӯ гарм мулоқот мекунанд, хуш мепазирад. Сипас чун огоҳ мегарданд, ки ӯ дар Тоҷикистон зода шудаю дар Россияи шӯравӣ таҳсил кардаю дӯстонаш дар Украина кам нест, ба ӯ қавл дода, ҳатто ваъда медиҳанд, ки писарашро аз дигар мафиозҳо ҳифз хоҳанд кард. Баъдан дар чанд консерташ иштирок карда, гулу гулдаста тақдим менамоянд…
Дар рӯзи футболи дастаи «Ювентус»-и Турин Адҳам Холиқов пеш аз бозӣ чанд суруде хонду сипас хост баъди бозӣ аз чанд нафари онҳо соядаст гирад, вале ҳама бозингарон чун ӯро диданд хурсандона ба наздаш омадаю бо ӯ якҷоя расм гирифта, бо соядасти устод рафтанду Адҳам Холиқов бо соядасти дастаи дӯстдоштааш…
Оре, Итолиё ба Адҳам Холиқов тақрибан ҳама чизро тақдим кард:
комёбии сатҳи ҷаҳонӣ, сарват, хона, бӯстонсаро, академияи мусиқиаш бо номи “Bel Canto International”, ба воя расидани фарзандон дар шароити хеле хуб, сафарҳои зиёди ҳунарӣ, шогирдони бешумори хориҷӣ ба мисли Юсуф Эйвазов (шавҳари сарояндаи машҳури опера Анна Нетребко!), инчунин дастпарварони мактаби эҷодиаш аз Тоҷикистон ба мисли Рустам Дулоев, Шоҳрух Юнусов, Хуҷастаи Мирзовалӣ ва ғ… Худ қазоват кунед, ки як тоҷик ба ватани опера рафта, бо забони итолиёвӣ ба итолиёвиҳо дарс додааст, дарси мактабу санъати онҳоро!
Ватан ва фарзандон…
Бале, ҳар куҷое, ки буд ҳатман ҳамасола ба Ватан меомаду бо мо сӯҳбат мекард, ба зиёрати марқади ҳамсараш мерафту ба мулоқоту дидорбинии модараш мешитофт. Дар ин байн ҳамеша дар консертҳои ҳукуматӣ даъват мегашту дар яке аз ҳамин барномаҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро барои зисту кори доимӣ даъват карданд. Аз соли 2015-ум пурра омад. Дар Итолиё 27-сол кору эҷод карда, аз хеш осори гаронмоя гузоштааст. Дар ватан то ҷое тавонист дар такмили операи миллӣ саҳми хешро гузошта, роҳбари бадеии театри опера ва балетро ба ӯҳда гирифтанд. Ҳангоми гузоштани операи «Рӯдакӣ»-ро дар қалъаи Ҳисор сафири вақти Амрико дар Тоҷикистон изҳор карда буд, ки: «ман худамро дар Верона ҳис кардам, аҳсан ба ҳунармандони тоҷик!»
Дарду дармонҳо… видоъ…
Танҳо дар Итолиё се маротиба ҷарроҳӣ шудаю борҳо дар бемористонҳои кишвар табобат гирифт, дарди қалб, пой, бемории қанд, диққи нафас ва албатта дурӣ аз ёру диёр… Ба вақти дар беморхонаи ҳукуматӣ, воқеъ дар наздикии боғи Ираму донишгоҳи тиббии ба номи ибни Сино буданаш, ба аёдаташ рафтам. Аз роҳбарияти кишвар минатдории хешро изҳор карда, ҳамон вақт ёдрас шуда буд, ки барои табобати пояш дар хориҷа бо маблағи хеле калон, шахсан Пешвои миллат тамоми хароҷотро ба уҳда гирифта, таманнои саломатии бардавоми ӯро карда буданд…
Ба наздикӣ ҳангоми аз назди хонааш гузаштан ӯро қариб нашинохтам, ду нафар ҷиянаш Устодро болои мизе нишонданду чанд дақиқае сӯҳбат кардам, беҳол, бемадору рангпарида буд, муйи сараш сап-сафед…
Сипас аз ҷиянашон Зоир шунидам, ки чанд рӯзе дар беморхона будаю чанд ангушти пояшро аз сабаби авҷи касалии қанд буриданду табобат карданд… Чанд рӯзи охир беёду бехуд ва гоҳ-гоҳе бо овои нимшунаво аз фарзандаш Қурбон ёд карда… Ҷигарбандаш омаду бо падар чанд соат буду… ҷудоӣ… Рӯзи 3 июл дар Душанбе дар синни 76-солагӣ даргузашт…
Чун ба саҳни ҳавлиаш рафтам, 10-12 нафр беш набуду ҳамаҷо оромӣ, гирду атрофи биноро кормандони масъули шаҳрӣ тозаю озода карда…
Ба ростӣ, бо ин қадар шукуҳу шаҳомат, мавқею мартаба устод шахси хеле хоксор буда, зиндагии хоксорона доштанд. Ҳавлии барҳаво, нақлиёти шахсии қиммат, сарвати зиёд надошта, дар кӯчаю тангкӯча озодонаю оромона пиёда қадам зада, бо ҳама баробар салом дода, пайи кор буданд.
Маросими гусел ва видоъ низ пуршӯкуҳу серодам не, балки оддию хоксорона гузашт… Дар оромгоҳи Лучоб дар наздикии оромгоҳи шоирону адибон ва олимони шинохта амсоли Сайдалии Маъмур, Ҷӯрабек Назрӣ, Убайдуллои Раҷаб ба синаи хок 4-уми июл супоридем…
Руҷӯи охир…
Ба худ савол медиҳам, ки хизматҳои шоёни Адҳам Холиқов ба ҳамагон маълум, вале бо рафтанаш чиро аз даст додем?!
То ҷое ҷавобҳо нопурра ҳаст, аммо, аввалан санъати мусиқии тоҷик дар ҳақиқат овозхони сатҳи ҷаҳониеро аз даст дод, ки на танҳо дар даврони шӯравӣ, балки дар замони муосир низ ба ин сатҳу зина ягон ҳунарманди дигареро ном бурда наметавонем!
Баъдан дар воқеъ ӯ пайвандгар, ҳалқаи тиллоие байни марказҳои бузурги мусиқии операи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама Итолиё ва Тоҷикистон буд, ки ин ҳалқа, мутассифона тақрибан канда шуд. Барои таҳкими он ҳарчӣ тезтар чораҳо бояд андешид!
Ҳамчунин касе ба мисли ӯ дар диёрамон аз техникаи «белканто» бархӯрдор набудаю ба мисли Адҳам Холиқов касе аз ҳунарммандон мактаби қавии ин роҳро тай накардаю аз устодони баркамол ба ҳадди ӯ сабақ нагирифтааст. Чанд шогирде, ки дорад бояд роҳи ӯро идома диҳанд, вагарна боз ҳам шикаст дар ин роҳ ва ё бебаҳраӣ насибамон мегардад.
Ба монанди Адҳам Холиқов дигар ягон ҳунарманд дар 10-15 соли охир дар хориҷа дарс надодаю мактаби мусиқии хусусии хешро накушодаю ба гумон ҳаст, ки ба ин дараҷа касе расад… афсӯс….
Иловатан хоксорию меҳнатдӯстии ӯ ҳамто надошта, бе карру фарр ва худситоӣ умр ба сар бурд, ки мояи ифтихор ва омӯзиш мебошад.
Месазад аз ҷониби масъулин ба шарафи ӯ, ба хотири гиромидошти Адҳам Холиқов кӯчае, гулгаште, хиёбоне, муассисаи мусиқие номгузорӣ шаваду ҳамасола озмун (озмун, фестивал)-е баргузор гардад!
Ба фарҷоми ин нигошта як пора аз шеъри шоири Афғонистон Сарвари Гӯё ба хотирам меояд, ки ба устод Садриддин Айнӣ замоне бахшида буд ва ба фикрам онро ба хотираи ин овозхони машҳур овардан ба маврид аст:
Ҳазорон ҳамчу булбул дар баҳоре мешавад пайдо,
Навосанҷе чу ту дар рӯзгоре кай шавад пайдо.
САБЗААЛӢ АСОЗОДА