Оё масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасонба доди мусофирони сарсону саргардон дар ин сармо мерасида бошанд ё хайр?

Бегоҳ баъди кор чун ҳарвақта ҷониби истгоҳи “Сирки давлатӣ” равон шудам. Ҳаво чунон сард, ки ногуфтанӣ. Ниҳоят ба истгоҳ расидам. Акнун бояд хатсайри рақами 12-ро, ки мисли “тухми анқо” шудааст, бояд интизор шуд.

Ҳар лаҳза ба соат нигоҳ мекунам…

10…15…20…30… Рости дигар сардӣ зурӣ кард. Ба соат нигоҳ мекунам ҳоло 19 нашудааст. Аммо аз ин хайтсайри 12 дараке нест. Қарор кардам ба хатсайри 18 савор мешавам, баъди ба қавле “ободӣ” баромадан ба дигар хатсайр савор мешавам.

Ба худ гуфтам: – ба умеди ду сомонӣ шуда, саломатӣ аз даст наравад. Бо ҳамин фикр ба хатсайри 18, ки аллакай дар истгоҳ ист карда буду омодаи рафтан буд, нишастам. Дохили хатсайр назар ба берун ду се дараҷа гармтар асту халос. “Ба ҳаминаш ҳам шукр”. Мусофирон ҳама дар фикри зиндагии худ, касеро ба касе кораш не. Ронанда низ дар пайи ҳалли чӣ мушкилоти муҳими “сатҳи ҷаҳонӣ” бо касе бо телефон сӯҳбат дорад.

Ин навиштаро навишта истодааму фикр дорам, ки оё аз гуфтану навиштан дигар фоидае ҳаст ё ба гӯши кар азон хондан?

Оё масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба доди мусофирони сарсону саргардон дар ин сармо мерасида бошанд ё хайр?

Дигар хатсайрҳоро намедонам, аммо аксар вақт баъд аз соати 18:30 дигар ёфтани хатсайри 12 мушкил мешавад. Ё агар пайдо шавад ҳам, то нимаи роҳ рафта мусофиронро ба дигар хатсайр мешинонанд.

Рӯзе пеш ба як хонуми ронандаи троллейбуси 12 “эътироз” кардам, ки хонуми хуб ман истгоҳи “Парки Айнӣ” меравам ва хатсайри 18 то онҷо намеравад. Медонед дар ҷавоб чӣ шунидам?

“Фарқаш чӣ? Камтар пиёда рафтӣ, ҳич кор намекунад” – ҷавоб дод он хонум-ронанда.Ман ҳам сир бой надода, ҳарфе нагуфта аз хатсайр поён шудам. Якум муқобилият бефоида, дуввум, ман мардак ку. Барои мард тай намудани ин масофа ҳеҷ аст. Аммо, дар ин сардӣ ҳеҷ кас намехоҳад пиёда гардад.

Мутаассифона чунин хунукназарӣ қариб ҳамарӯза аз ҷониби ронандагони хатсайри рақами 12-ро шоҳид мешавам.Баъзан ҳолатҳои дигар низ ҳаст, ки автобус ва троллейбусҳо дар вақти “час-пик” рақамҳояшонро хомӯш карда аз назди истгоҳҳо бидуни ист гузашта мераванд. Ба гуфте “корбуро” мекунанд.

Менависам, хат мезанам навиштаамро. Боз ба худ савол медиҳам нависам ё не? Таваккал мекунаму менависам! Ҳадди ақал камтар сабук мешавам.

Ногаҳон ба ёдам мерасад, ки хатсайрҳои 26-25-8-ро низ нуқтаи ҳаракаташонро дарозтар карда буданд.Вале ба гуфтае онҳо низ аксар вақт то дарвоза мераванду халос. Боқимондаи роҳро муштарӣ пиёда меравад.

Мехостам инҷо суханамро тамом кунам. Чун “гапи бисёр, як хара бор” гуфтаанд бузургон. Вале, ногаҳон ҳамин хатсайри 18 низ ист кард. Ронанда аз мусофирон хоҳиш кард то ба троллейбуси рақами 1 савор шаванд.Лаҳзае хурсанд шудам, ки ду сомон “эконом” шуд. Дарҳол худро барои “худпарастӣ” мазаммат кардам. Охир дигарон, чӣ? Онҳо низ маҷбуранд пиёда раванд, чун хатсайри 18 дар “Водонасос” самти ҳаракаташро дигар мекунад.Ба умеди он, ки ин ҳама камбудиҳо ба хоб мубаддал мегарданд.

Чӣ? Мегуӣ масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон” ин ҳолатро намедонанд? Бовар кун, бисёр хуб медонанд. Вале ба шиори: “Кам донӣ, нағз хоб мекунӣ” – сахт риоя мекунанд.

Дар ҳаминҷо тамом мекунам…

Худро дар ин сардиҳо эҳтиёт кунед!

Бахтиёр Раҳматуллоев, “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here