Истиқлоли давлатӣ адибони тоҷикро муваззаф менамояд, ки арзишҳову суннатҳои миллиро тараннум карда, дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаи дунявӣ тамоми талошу кӯшишҳои худро садоқатмандона баҳри офаридани асарҳои мондагор сарф намоянд. Барои устувор кардани пояҳои давлати миллӣ доиман аз мероси таърихии дирӯзаву имрӯзаи фарҳанги ғаниву пурбору куҳани тоҷикон андешамандона истифода бурда, асарҳое офаранд, ки дар онҳо ақидаи ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватани ҷоноҷон, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, худогоҳиву худшиносии миллӣ дар байни тамоми қишри ҷомеа таъмин гардад.
Бо таъқиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ин рисолати бузурги ҳамаи афроди бедори Ватан ва қабл аз ҳама зиёиёни моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсониву башардӯстона ва густариши илму маърифат қарор дошта бошанд. Зиёиёни мо бояд ба худ бинозанд, ки замона ба дӯши онҳо вазифаи боифтихори ташаккул ва рушд додани афкори ҷомеаро гузоштааст».
Бо мероси ошӯбзадаву ба буҳрони шадид ворид гардидани муҳити сиёсиву иҷтимоии замона ва бархӯрди харобиовари арзишҳои фарҳангӣ талаб менамояд, ки танҳо бо роҳи омӯхтани амиқи мероси ғании адабию фарҳангии гузаштаву имрӯза ҳама гуна эҳтимолоти зиёну зарар ва хавфу хатару таҳдидҳоеро, ки боиси муташанниҷ гардидани вазъу нооромии ҷомеа мешаванд, ба осонӣ бартараф карда, давлати тозабунёди тоҷиконро тавоною абадӣ нигоҳ дорем.
Мусаллам аст, ки адабиёт аз ду қисми асосӣ: назм ва наср иборат аст ва ҳоло мо хонандагони гиромиқадрро аз вижагиҳои насри бадеӣ ошно месозем.
Насри бадеӣ ҳамвора виҷдони бедори худшиносии миллию фарҳанги мо ба шумор мерафт ва меравад. Дар ҷаҳонбинии имрӯзаи тоҷикон адабиёт, ба вижа насри бадеӣ ҳамеша аз густариши забоншиносии хеш берун рафта, ҳамаи соҳаҳои зиндагиро, ба хусус мавзуъҳои ҳаётан муҳими сиёсиву ҷамъиятиро дар худ таҷассум намудааст. Насри бадеӣ дарки донишҳои фалсафӣ, асотирӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳунарӣ ва ирфонист. Ҳамин пуркории насри бадеии тоҷикист, ки таърихи пурифтихори гузаштаи халқи моро ба насли оянда интиқол дода, он авроқи хомӯшу беҷони иборат аз каломи бадеъ нест. Ҳар саҳифаи насри бадеӣ саршор аз шинохти хосу шахсиятҳои таъриҳӣ ва донишҳоест, ки аз қолаби ҳассосу чашми нозукбину андешаи латифу зарифии суханвар берун омадааст. Насри бадеӣ бозтобдиҳандаи фарозу нишебиҳои иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, баёнгари бовар ва расму ойини мардуми тоҷики давраҳои мухталиф будааст. Авзои иҷтимоии ҳар марҳилаи таърихиро дар насри бадеии он давра метавон омӯхт.
Бояд тазаккур дод, ки аз замони пайдоиши олам як қатор саволҳо инсонро ба андеша водор менамуд: Маънии зиндагӣ чист? Чаро ман ба дунёи ҳастӣ қадам гузоштам? Оё ишқ мавҷудоти илоҳист ва ё заминист? Мақсад аз офариниши олам дар чӣ таҷассум мегардад? Суолҳои бешумору беохири пайи ҳам. Агар ба вуҷуд омадани ин силсила пурсишҳо диққат диҳем хоҳем фаҳмид, ки ниёзҳои отифию маърифатӣ, печидагию садамаҳо, душвориҳову пешравиҳо, шикасту рехти орзую аъмолҳо, мақсаду марому умедҳою ба таърихи халқи тоҷик нигоҳи иҷмолӣ афканем бо тамоми ҳастӣ муайян мегардад, ки инсон ин пурсишҳоро ба вуҷуд овардааст ва баҳри ҷавоби қонеъкунанда ба мубориза ва муқобилият пардохтааст.
Аз ин лиҳоз, месазад, ки часпу талошҳои Устод Айниро, ки ба василаи насри бадеӣ ба ин саволҳои ҳаётан муҳими инсонӣ ҷавоб гардондааст, ба хотир биёрем. Дар миёнаҳои солҳои бистуми асри гузашта замоне, ки тақдири миллат ҳал мегардид устод Айнӣ бо тамоми ҳастӣ дарк намуд, ки танҳо тавассути насри бадеӣ метавонад санге ба даҳони бефарози душманони миллат занад. Ва умри худро барои халқи худ сарфи хома карда, дафтаре офарид, ки барои миллати куҳанбунёди тоҷик шаҳодатнома шуд. Бесабаб шоири шаҳири зиндаёди тоҷик Бозор Собир нанавишата буд:
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Асари «Намунаи адабиёти тоҷик» ду хизмати бузургро ба иҷро расонд. Пеш аз ҳама ин асари мондагор олимону донишмандони русро ба андеша водор намуд. Пас аз нашри ин асари оламшумул онҳо рӯ ба адабиёти шашҳазорсола ва таърихи халқи тоҷик оварданд. Баъдан, ин асар ҳуҷҷати илмӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ба дасти фарзандони фарзонаи миллат расид, то ки тавассути он даъвоҳои беасоси пантуркистонро барҳам зананд.
Сипаҳсолори адабиёти муосири тоҷик бо хубӣ медонист, ки насри бадеӣ беҳтарин ва таъсирбахшьарин воситаест, ки метавонад таърихи пурмоҷаро ва боифтихори миллатро бо тамоми пирӯзиҳову нокомиҳо, ситаму озорҳо, шикасту рехтҳо, ки дар тӯли таърихи хеш кашидааст, таҷассум карда, арзиши воқеии истиқлол ва ҳуввияти миллии доимии кишварро ба тасвири бадеӣ бикашад ва бо ин васила дар қалбу дидаи ҳар фарди ин зодбуми куҳан оташи ишқу вафодориро ба бунёдтарин арзишҳои муқаддаси ватандорӣ барафрӯзад.
Дар замони муосир, махсусан дар вазъияте, ки бархӯрди арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт авҷ гирифтааст, мо адибонро месазад, ки мазмуни асосии насри бадеиро, ки инсон аст, фаромӯш накунем. Зеро танҳо ҷаҳони густурдаву пуртазоди инсони муосир аст, ки сатҳи ҷаҳонбинии адиб ва қудратнокии хллоқияти ҳунарии ӯро ба маърази хонанда мегузорад.
Насри бадеиро метавон бо риояи усулҳои шинохтгароии адабӣ ҳамчун санади илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ ҳисоб кард. Аз ин рӯ, Устоди нависандагони тоҷик бо душманони миллат ва пеш аз ҳама ба Дастури бесаводона навиштаи сардори Ситоди генералии армияи болшевикон генерал Снесарев бо номи «Авганистан», на «Афганистан», ки дар он ин генерали хоини аз армияи подшоҳӣ гурехта, ба инқилобчиёни сурх ҳамроҳ шуда, дар ин туҳматномаи худ қайд карда буд, ки дар Осиёи Марказӣ миллати камшумори тарсонрӯй бо номи тоҷикон ҳаст ва онро ба он тарафи дарёи Ому, яъне ба “Авганистан” гусел намуд ва ин ҳарзаномаро Ленини қалмиқсурати туркнажод, ки аз таърихи шашҳазорсолаи тоҷик бехабар ва ин сарвари бехирад ҳатто намедонист, ки дар дивизияи қаҳрамони ҷанги граждании Русия Чапаев як полки тоҷикон меҷангид, ба гӯшаи ин санади таҳқиромез бо дасти худ «Барои истифодабарӣ ба ҳамаи Ситодҳои армияҳои болшевикӣ» имзо гузошта, тасдиқ намуд ва ӯ ҳатто намедонист, ки сарзамини Осиёи Марказӣ ватани аҷдодии тоҷикон буда, дар он баъдан «узбекия, туркмения, киргизия» бо тохтутозу хунрезӣ ворид гардиданд. Ба ин туҳматнома Устод сареҳан ҷавоб гардонда, қиссаҳои таърихии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Исёни Муқаннаъ» – ро навшита ба ҷаҳониён исбот кунонд, ки миллати тоҷик аз азал яке аз халқҳои ҷасуртарини дунё буда, дар роҳи озодии худ қаҳрамониҳо ва фидокориҳои зиёдеро ба мерос гузоштааст.
Баъдан, нависандаи маъруфамон Сотим Улуғзода ба ин мавзӯъ такони тозе бахшида, романҳои калонҳаҷми «Восеъ», «Ривояти суғдӣ» ва ҳикояи «Марги ҳофиз»-ро офарид.
Агар дар давраи 70 – солаи ҳукмронии Шуроҳо адибони насрнависамон ҳамагӣ 10 асари таърихӣ офарида бошанд, дар партави асари беҳамтои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» руҳи маънавӣ гирифта, дар давоми 33 соли истиқлол 30 роману қисса офарида, дар онҳо таърихи миллат, қаҳрамонӣ ва ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллатро таҷассум намудаанд.
Насри бадеӣ мактаби бузурги таълиму тарбия буда, инсонро аз падидаҳои номатлубу зиште мисли хушунат, ҷиноякорӣ, ифротгароӣ, золимӣ, мунофиқӣ, душманӣ бо тамаддуни муосир, бегонаситезӣ, бадахлоқӣ ва дигар олудаҳои фикрӣ боз медорад. Тухми зиёновари нафрату адоват ва хусумату бадбинӣ, бегонапарастӣ ва тангназариҳои диниро, ки аз тарафи ҳар гуна ҳаракату созмонҳои беҳисоби бо ном «динӣ» ва «мазҳабӣ» ба воситаи шабакаҳои ҷаҳонии таблиғотии гурӯҳҳои бешумори исломии ғавғобарангезу ифротгаро дар тафаккури ҷавонони ноогоҳ кошта мешавад, метавон аз тариқи асарҳои насрии баландмазмуну аз ҷиҳати ғоявӣ устувори ахлоқӣ муқобил гузошт.
Насри бадеӣ ба мисли рӯзгори инсон падидаи зиндаву доимо дар таҳаввулу ташаккулу тағйирёбӣ ва ба сӯи қуллаҳои баланди маънавиёт равон аст. Аз мактаби Устод Айнӣ насри бадеӣ бидуни тағйироти буёди оҳиста – оҳиста бо фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳаким Карим, Пӯлод Толис ҷараён дошт. Ин равандро баъдан Абдумалик Баҳорӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Урун Кӯҳзод, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Равшани Ёрмуҳаммад, Муҳаммадзамони Солеҳ, Абдулҳамид Самад, Ҷонибеки Акобир, Ато Ҳамдам бо руҳи тозаву сабки ирфонӣ, диду дарёфт, навоварию навпардозӣ давом доданд.
Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои хеш таъқид мекунанд, ки дар баробари ифтихор доштан ба ин мероси пурғановат, ба ҳар зиёӣ зарур аст, ки таърихи миллатро амиқ омӯзад, ҳамаҷониба таҳқиқ кунад ва барои тарбияи ахлоқию фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода барад. Зеро ки омӯзишу таҳқик ва тарғиби эҷодиёти ниёкони мо беҳтарин восита ва пӯли пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.
Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки як зумра адибон – носирони болаёқат, аз ҷумла Равшани Махсумзод, Юнус Юсуфӣ, Аброри Зоҳир, Диловри Мирзо, Шодибеки Раҷабзод, Муҳаммадтоҳири Муҳаммадризо, Баҳманёр, Шарифбеки Азизбек, Шераки Ориён ва дигарон панду андарзҳои Ҷаноби Олиро сармашқи фаъолияти эҷодии худ қарор дода, мактаби насрии Устод Айниро такмилу ташаккул ва ба пояи баланд бардошта, асарҳои муфиду судбахш офарида истодаанд.
Бо камоли масъулият метавон гуфт, ки насри бадеии тоҷик аз оғози пайдоиш то имрӯз ҳамвора дар тавлид, парвариш, инкишоф ва тақвият бахшидан ба худшиносии миллат хизмат намуда истодааст.
Бо камоли бовари қайд кардан ба маврид аст, ки насри бадеӣ вазифаи иҷтимоии худро ба сарбаландӣ иҷро намуда, адибони насрнависамон баҳри тасвири ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик камари ҳиммат баста, ба инъикоси воқеияти замон ҳамарӯза машғул мебошанд.
Зариф Ғулом,
адиб