Қонун “Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” вуҷуд дорад, аммо барои бештари маҳсулот танзими нарх ва риояи он ба қадри ҳол ҷой дорад. Масалан картошка, пиёз, сабзӣ, помидор ва дигар маҳсулоти полезӣ доимо нархашон вобаста ба назорати масъулон ва афзоиши маҳсулот каму зиёд мешавад. Мисол, картошка ё пиёз аз 1,20 дирам то 2,80 дирам зиёду кам мешавад. Сӯзишворӣ низ аз 3,30 дирам то 4,50 дирам баланд рафта, боз нархи муқаррарии худро гирифт. Орд низ чунин шуд, аммо танзими нархи гӯшт ягон маротиба риоя нашудааст, ҳамеша баланд мешавад.
Маоши кормандони соҳаҳои гуногун аз 15 то 20 фоиз афзуд, ки ин аз 100 сомонӣ 15 ё 20 сомониро ташкил медиҳад. Нархи гӯшт аз 26 – 28 сомонии он давра ба 45 – 50 сомонӣ, дар баъзе ҷойҳо аз ин ҳам зиёд расид, ки хело ташвишовар аст. Нархи гӯшт дар ин зиёдшавии маош 50 – 60 фоиз баланд шуд. Яъне аз 26 – 28 сомонӣ ба 45 – 55 сомонӣ расид, ки аз 50 фоиз ҳам зиёд аст. Чаро масъулони соҳаи нарх, роҳбарони масъул чун раиси шаҳри Душанбе назорати сахт намебаранд. Аҳсант ба раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва масъулони бозорҳои “Деҳқон” ва “Саховат”, ки дар арафаи моҳи Рамазон нархи гӯштро дар ин бозорҳо 38 – 40 сомонӣ нигоҳ доштанд. Аммо ноҳияҳои атроф – Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Регар, Варзоб, вилояти Суғд, ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан, Деваштич, шаҳри Хуҷанд нархи гӯштро то 45 – 50 сомонӣ баланд намуда, назорати онро суст карданд, ки имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ нархи гарони гӯшт ба ҳама табақаҳои аҳолӣ таъсир кардааст. Шояд гӯштфурӯшон назар ба масъулони нарх пурқувваттар шуда бошанд, ки танзими нархро намедонанд ва ҳамеша нархро аз 10 то 15 сомонӣ ҳар навбат зиёд мекунанд.
Пули сомониро гӯштфурӯшон беқадр намуда, сабабгори болоравии нархи бисёр маҳсулот, хӯроквориҳо ва норозигии мардум гашта, кӯчаи одаму одамгарӣ, инсофу диёнатро гум кардаанд. Онҳо зери шиори “бардорад, беинсофона нархро зам кун” амал карда, медонанд, ки гӯшт маҳсулоти зарурӣ ва серхаридор аст. Чӣ қадар нархаш баланд шавад, онро мардум бо чӣ азобҳо мехаранд. Бехабар аз он, ки баъзе табақаҳои аҳолӣ ҳатто ҳафтаҳою моҳҳо барои харидани гӯшт маблағ намеёбанд.
Нархи чорворо дар бозорҳо назорат карда, фурӯши гӯштро ба роҳ мондан лозим аст. Шояд дар ин сурат ақаллан дар тобистон, ки хӯроки ҳайвонот бисёр арзон ва меҳнаташ сабук аст, нархи гӯшт чун диигар маҳсулот поён фарояд. Ягон гӯштфурӯш намехоҳад ва намегузорад, ки нархи гӯшт танзим шавад, чунки маблағи фоидаи гӯштро бо масъулон якҷоя мебинанд. Оё масъулони соҳаи нарх, назоратчиён боре дар ин хусус фикр мекунанд?
Яке аз сабабгорҳои асосии пастшавии қурби пули сомонӣ амалҳои беинсофонаи гӯштфурӯшон аст. Ҳоло дар баъзе минтақаҳои Хатлон нархи гӯшт 25 – 35 сомонӣ мебошад. Агар назорати пурқувват аз тарафи ҳамаи сохторҳои масъул, дидани чораҳои сахттарин ба вайронкунандагони нарх дар бозорҳое, ки чорворо мефурӯшанд, дида шавад, шояд нархи гӯшт ҳам танзим гардад.
Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН