Як рӯз баъди тамом шудани дарсҳо аз донишгоҳ баромада, дар назди истгоҳ мунтазири нақлиёт будам. Азбаски дар роҳ донишҷӯён хеле зиёд буданд, ҳамаи хатсайрҳои 54 то истгоҳ нарасида, пур аз одам мешуданд. Аз ҳамин сабаб, ман ҳам фикр кардам, ки мисли дигар донишҷӯён ба роҳ баромада, ба тарафи боло ҳаракат кунам, то нақлиётеро, ки ҳадди ақал қобилияти савор кардани як-ду одамро дорад, дарёбам.

Роҳ аз донишҷӯён пур буд ва ман ҳамоно ба тарафи болои роҳ ҳаракат мекардам. Аз наздам се нақлиёти хатсайри 54 гузашт, аммо пур аз одам. Гӯё ҳангоми кушодани дари мошин ҳамаи одамҳо якбора ба замин мерехта бошанд. Як-ду қадами дигар боло рафта, дидам, ки як нақлиёти хатсайри 54 омада истодааст. Даруни ин нақлиёт барои истодан якчанд ҷои холӣ дошт ва ман чолокиро аз даст надода, зуд савор шудам. То истгоҳи донишгоҳ нарасида, даруни нақлиёт пур аз одам шуд. Чун рост истода будам, духтараке, ки дар назди ман менишаст, хост ҷузвдонамро ба ӯ диҳам, то маро дар тангӣ азият надиҳад. Бо вуҷуди он, ки он рӯз дарсҳои кам доштаму ҷузвдонам ҳам хеле сабук буд, вале пешниҳоди хайрхоҳонаи духтараки зеборо рад накарда, зуд ҷузвдонамро ба ӯ додам. Дар ин асно духтарак боз ҷузвдони якчанд писари дигарро, ки болои сараш рост меистоданд, дар дасташ гирифт.

Кондуктори нақлиёт дар аввал ҳаққи роҳкирои дарозкардаи муштариёнро рад карда, “худам баъдан мегирам” мегуфт ва дар баробари ин, аз муштариён, ки ба якдигар часпида истода буданд, тақозои боло гузаштанро мекард. Баъд аз он, ки нақлиёт хуб аз одам пур шуда буд, акнун кондуктор фурсат ёфт, то ҳаққи роҳкирои муштариёнро бигирад. Дар ҳоле, ки агар дар нақлиёт сӯзан партоӣ, рост меистод, вале кондуктор ба ин нигоҳ накарда, аз болои одамҳо, аз ин бар то он бари нақлиёт гузашта, маблағҳоро чида гирифт. Ҳамаи бақияҳоро ҳамон замон гардонида дод, то нофаҳмие миёни муштариён ба вуҷуд наояд.

Ин кори кондуктор ба ман хеле писанд омад. Зеро ман ба ёди ҳамон рӯзе афтодам, ки дар нақлиёти ҳамин хатсайр воқеаи аҷиберо мушоҳида карда будам. Дар яке аз истгоҳҳо ҷавоне аз мошин фаромаду аз кондуктор бақияи 20-сомонии додаашро талаб кард. Кондуктор бошад, иддао дошт, ки ин сайр танҳо ду 20-сомонӣ гирифтаасту бақияашро баргардонидааст. Ҷавон бошад, ҳамоно бақияро талаб дошт. Дар нақлиёти пур аз одам мумкин кондуктор пулро гирифта фаромӯш карда бошад, вале кафолат медод, ки аз ин ҷавон 20-сомонӣ нагирифтааст. Даъвои онҳо давом ёфт. Ҳамаи муштариён ба даъво бетарафӣ зоҳир карда, аз ронанда хоҳиши рондани мошинро карданд. Мошин ба ҳаракат даромад. Ҷавон дид, ки кондуктор бақияашро намедиҳад ва мошин ба роҳ баромадааст, ӯро дашноми қабеҳ дод. Ронанда аз ҳаракат бозистод. Кондуктор аз даруни мошин ба рӯи ҷавон як мушт фароварда, дашноми ҷавонро даҳчанд баргардонид. Одамони дар истгоҳ буда ҷавонро гирифта ба қафо бурданд ва нақлиёти мо ҳаракат кард.

Имрӯз бошад, як воқеаи аҷибтаре бароям рух дод. Дар назди дари нақлиёт ҷавони 20-23-сола рост меистод, ки ба суханони кондуктор шарик шуда, ҳаққи роҳкирои шахсони навсаворшударо талаб мекард. Ба дил гуфтам, ки ин одам худро инсони нек нишон додан мехоҳад ё диққати дигаронро ба худ ҷалб кардан мехоҳад. Ӯ боз ибораҳои “аз барои инсоф, пулро дароз кунед”-ро ба забон меовард. Ман фикр кардам, ки ин суханҳояш беҳуда аст, чунки ҳеҷ кас барои 1 сомонию 60 дирам хонаи охираташро вайрон намекунад. Дар ин вақт ба мошин ду зани ҷавони 30-35-сола савор шуданд. Ин ҷавон, ки дар бари ман истода буд, ҷояшро ба он занҳо дода, баланд-баланд “апа, инҷо истед, апа, нағалтед” гӯён, худаш боз ба назди дар рафт. Ин занҳои ҷавон дар нақлиёт бисёр нағма мекарданду бо ҳам механдиданд. Ман бошам, аз чунин ҳоли зани тоҷик таассуф мехӯрдам. Вақте ба истгоҳи Сирки давлатӣ наздик шудем, он ҷавони сергап аз ҷавонзанони ғалатӣ хоҳиш кард, ҷузвдошанро, ки дар гарданаи яке аз курсиҳо овезон буд, бидиҳад. Занҳо ҷузвдонашро доданд. Ҷавон боз талаб кард, ки ҷузвдони сиёҳи дар дасти духтари ҷавон бударо низ ба ӯ диҳанд. Занҳо ҷузвдони сиёҳро низ дароз карданд. Азбаски ҷузвдони ман ҳам дар дасти ҳамон духтар буд, аз рӯи кунҷкобӣ ба ҷузвдон назар кардам. Он ба ҷузвдони ман бисёр монанд буд. Зуд ба дасти духтарак нигаристам, ки танҳо як ҷузвдони аз ҷузвдони ман калон буду халос. Ба ҷавон нигариста, гуфтам: «Бародар, ин сумкаи ман нест?». Ҷавон бошад, дар гӯшҳояш гӯшмонак, мусиқӣ мешуниду гӯё маро нашунид. Одамони дигар ӯро ишора карданд. Гӯшмонакро аз гӯшаш гирифт ва ман саволамро такрор кардам. Ӯ ҳатто ба ҷузвдон як назар ҳам накарда, хандиду гуфт: «Аз шумо бошад, гиреду аз худамро диҳед». Занҳо ҷузвдонеро, ки дар дасти духтарак монда буд, гирифта ба ҷавон доданд. Дар ҳоле, ки ҷузвдонаш даҳонаш кушода буд ва аз ҷузвдони ман хеле бузург буд ва ягон зарра монандӣ ҳам надошт. Ҷавон зуд ҷузвдонро гирифта аз нақлиёт фаромад. Ҳатто дигар ба ман нигоҳ ҳам накарда, бо ними лаб ҳам узр напурсид. Ман аз ин ҳол хеле дар тааҷҷуб афтодам ва нороҳат ҳам шудам. Бо ин ҳол, ҷавон тавре рафтор кард, ки гӯё ман аз ӯ қарздор бошам. Дар ҳоле, ки ҳамаи чизҳои даркориам дар ҷузвдон буданд – шиноснома, билети донишҷӯӣ, ҳамёнам, ки дар дохилаш ҳам пулҳои худам ва ҳам пулҳое, ки ҳамкурсонам барои обуна супорида буданд. Ҳатто ман ҳамон рӯз стипендияи моҳонаи худро гирифта будам ва мумкин буд, ки аз ҳамаи инҳо маҳрум шавам. Ҳамин тавр, ман аз хатсайри 54 фаромада, боз ба нақлиёти дигар нишаста, ба хона омадам.

Вале ҳамоно фикрам ба ҳамон ҳодиса банд буд. Агар ҳамон замон нигоҳ намекардам, он ҷавон ҷузвдони маро мебурд ва барои ба хона рафтан дар ҷайбам умуман пул надоштам.

Ҷовидон РАҲМОНАЛИЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь