… Аз кӯдаке, ки дар назди ошхона нишаста буд, пурсон шудам: “Калон, ки шудӣ, чи кор мекунӣ?” Ӯ, ки тақрибан шаш ҳафт сол дошт, ҷавоб дод: “– Калон ҳам, ки шудам, металбам”…
Ҳар лаҳзаву ҳар замон дар назди ошхонаву масҷидҳо кӯдакони хурдеро, ки бояд ин замон дар дарс бошанду баҳри фардои тақдири хеш талош варзанд, вохӯрдан мумкин аст. Онҳо аз пасат таъқиб мекунанд, то барояшон чизе диҳӣ, агар надодӣ, аз забони кӯчакашон дашномҳои дурушту бемаъно мерезаду туро инсони бад мешуморанд. Кистанд ин кӯдакон?
Кӯдакӣ овони орзуву мақсадҳои бузург, дунёи афсонавист, лек муҳит, оила он орзуҳоро хомӯш месозад. Аз ноуҳдабароӣ ё ночорӣ, зиндагӣ маҷбур месозад, то ба кори сиёҳ даст занӣ, ё ба кунҷе нишаста, аз рӯи тамаъ чизе ба даст орӣ. Албатта, баъзе ночоранд, касе надоранд, ё пайванду хешованде дошта бошанд ҳам, ба иллати беморӣ ё набудани дасту пойи равон онҳоро пайи дарёфти қути лоямуте берун аз дар месозанд. Инҳо бе шак аз ночорӣ даст мезананд ба коре, ки намехоҳанд…
Мутаассифона, бархеро мебинӣ, ки бо вуҷуди доштани дасту пои равон, қомати рост, ҷисми қавӣ дар кунҷе нишаставу роҳи ягонаи дарёфти рӯзиро дар талбандагӣ мебинанд, ки албатта, хеле риққатбор аст. Як манзараи аҷиберо баъзан дар хиёбону роҳравҳои зеризаминӣ метавон ба мушоҳида гирифт: Марди солхӯрдаи, ба қавле “по ба лаби гӯр расида” ва ё кампире дар гӯшае нишастаанд ва ба синну солашон нигоҳ нокарда, китобу рӯзнома ва чизу чораи гуногунро ба фурӯш баровардаанд. Ба ин нангу орашон аҳсан мехонӣ. Аммо чун мебинӣ, ки андаке дуртар аз онҳо марде, зане ва ё кӯдакеву ҷавоне бо чор ишкели бутун бо дасти тамаъ ба сӯи раҳгузарон дароз намудан, мехоҳанд соҳиби маблағи муфте гарданд, ғашат меояд. Охир чаро нафратат наояд, ки онҳо – ку саломатанд, нерую тавони кор кардан доранд. Пас, муфтхӯранад ва ё танбал? Саломатиеро, ки онҳо доранд, маъюбу маълул орзу мекунанд.
Аз як кӯдаке, ки дар назди ошхона нишаста буд, пурсон шудам: “- Калон, ки шудӣ, чӣ кор мекунӣ?”. Ӯ, ки тақрибан шаш – ҳафт сол дошт, ҷавоб дод: “- Калон ҳам, ки шудам, металбам”.
– Хондан чӣ, намехоҳӣ?
– Мехоҳам, аммо модарам намегузорад
Бубинед, ин кӯдаки маъсум аз ҳоло танҳо як фикр, як мақсад дорад: Талбандагӣ!!!
Ин дам он кӯдаки талбандаро пешхизмати ошхона пеш мекунад, то ба мизоҷонаш халал нарасонад. Вай каме мекебаду бо хато хӯрдани чашми пешхизматзан боз ба ҳудуди ризқдиҳандааш бармегардад… То кай кӯдакон дар паси ошхонаҳо бо талбандагӣ рӯз мегузаронанд?! Талбандагӣ, ки дар менталитети мардуми мо, фарҳанги мо набуд, аз куҷо маншаъ гирифтаву ба куҷо мебарад? Кӯдакон то кай металбанд? Магар роҳи пешгирии ин амали нанговар нест?
Дар ҷои дигар дидам, ки се – чор духтарчаву писаракони хурд аз паси роҳгузарон медавиданд, ба хӯрдани онҳое, ки ба хӯрокхӯрӣ машӯул буданд, ҳарисона чашм медӯхтанд ва интизори ишорае аз онҳо буданд, то ба наздаш даъват намояд. Оқибат якеро ҷавоне, ки шояд худ донишҷӯ буд, даъват кард. Духтарчаи хурдакак зуд дохили ошхона шуд ва ҳамроҳонашро ҳам мехост даъват кунад, ки чашми пешхидмат варо дид. Аз китфаш чун паррандае, ки парпарак мезанад, боло бардошта, ба берун ҳавола кард. Кӯдак бошад, на мегирист ва на ғам мехӯрд. Яқин ба чунин ҳолатҳо аллакай одат кардааст, ки гӯё чизе нашуда бошад, боз аз паси одамони аз ошхона беруншуда медавид. Каме дуртар аз ин манзараи риққатбору мағшуш панҷ – шаш зани солор зери сояи дарахтон нишаста буданд, ки механдиданду чизе мехӯрданд. Маълумам гардид, ки ин кӯдакони номурод фарзандони онҳост… Магар онҳо модар нестанд, ки ин қадар бераҳманд?одар магар раҳм надоранд?!
Аз шахсе ки металбид, пурсидам: “ – Дар як рӯз то чанд сомонӣ ба даст меорӣ?” Гуфт: “- То 250-300 сомонӣ ва баъзе вақт зиёдтар, баъзе рӯзи дигар бошад, хело кам – 70 то 80 сомонӣ”. Дар шароити кишвари мо даромади хеле хуб ва ҳангуфт, аммо ҳайрон аз онам, ки чӣ гуна аз гулӯяшон нони аз ин ҳисоб ба даст омада мегузашта бошад?
Миллати мо талбанда набуду талбандагӣ накардааст. Набояд гузошт, ки ин тоифа сабабгори пастзании номи тоҷик шаванд. Зеро, чуноне мегӯянд: “Мурдан беҳ аз талбандагӣ!”
Шаҳзоди Зафарҷон