Он рӯз аҷаб коре шуда буд, аниқтараш муаммои таппа-тайёр ва то ба ҳол мо ҳама кормандони идораи… хобу хӯр ва санаҳои аниқи рӯзу соатҳои кориро фаромӯш кардем…

Оғози кор муқаррарӣ буд, ҳа дуруст-дуруст… Офтоб меҳрубонона дар ин фасл чашмак мезад… Субҳгоҳон… пас аз… дар… соатҳои гуногун ба кор омадан.. ҳа гуфтагӣ барин, то ба нимрӯзӣ ҳама аниқ ба корхона омада, ҳар яке пайи кори доимӣ гашта будем…

Сардорамон дар утоқи кориаш машғули телефонбозӣ буд…ҳа аниқ телефонбозӣ! Охир бо кӣ як шахс ин қадар соатҳои дароз телефонӣ сӯҳбат мекунад? Ҳар гоҳе пешаш касе дарояд, ҳатман баландтар: «Иҷро мешавад» мегуфту боз оромтар сӯҳбат мекард. Аллакай медонистем, ки муҳтарам калонамон бо ёру дӯстон, наздикон, хешу ақрабо сӯҳбат мекунаду дар фикри ягон зиёфат, нишаст ва ё ташкили ягон бозор ё сохтмони хонаҳои бисёрқабата буданд… Охир чӣ хел надонем, ки якҷоя калон шудем, якҷоя ба кор омадем, охир ҷойи пӯшида ҳам нест, ки хешу таборем… Холабачаем… Дар ин коргоҳ аслан ҳамаамон аз як авлоду…

Сармуҳосибамон Далер-амак, ки тағои ҳамаамон буду аз ҳама ба синну сол калон, дар кори ҳисобу китоб на аз технологияи муосир, яъне компютеру нотбук, планшету айпад, балки ба қавли худаш аз асбоби «суннатии санҷидашуда»… ҳа аз як чӯти чӯбини замони хрушёвӣ истифода мекарду бо тақ-тақаш ба асаби ҳама мерасид, лекин насли миёнаю ҷавон ҳам ба ин дард даво ёфта буданд, дар гӯшашон  мусиқӣ гузошта…  меҳнат мекарданд…

Котибаамон Танозхон, хоҳарзани шефамон бо ишваю ноз гулҳоро об медод, чой дам мекард ва соатҳои дароз… албатта ба орою торо додани худ машғул буд… ӯ дилбар буд, мекӯшид то дилбартар бошад…

Дигарон ҳам ҳамин хел… Ман котиби матбуот будаму хабареро аз ҷойе ба ҷойе, маводеро аз касе ба касе ва шунидаеро аз гӯше ба гӯше мерасонидам…

Муаммо… он рӯз сар шуд…

Қумрӣ-хола чун ҳарвақта ба кор ягон чор-панҷ соат дер омада, ҳамаамонро як-як бӯсидаю… Оббо фаромӯш нашавад, муаррифӣ накардам-е!!! Хафа шуданашон мумкин… Он кас дар шӯъбаи суратҳисоби махсус фаъолият доштанд…

Ба кор омадан замон: “Гӯр пирӣ шаваде! Акмал бачам тезтар инҷо биё”-гӯён маро ҷеғ заданд.

-Лаббай холаҷон ягон чой, қаҳва?!

-Не, даркор не! Лекин ёрдамат чун ҳарвақта даркор! Ташаккур! Набераам аз иншои навиштаат баҳои «аъло» гирифта, аз озмуни ноҳиявӣ гузашту ба озмуни шаҳрӣ тайёрӣ дида истодааст. Фикр мекунам аз он ҷо низ бо дасти холӣ намеояд. Хайр ҳамон Сафар – муаллими писартағоям ҳамин қадар ёрӣ надиҳад, чӣ кор мекунад-а?! Давраи донишҷӯияш-ку дар хонаи ман паси сар шуд! Охир он рӯзҳоро фаромӯш кунад, кӯр мешавад!!! Ҳеҷ гоҳ нону оби панҷсола додаамро намебахшам!!!

-Холаҷон бепарво бошед, ҳамааш хуб мешавад!

-Ин гапат дуруст, бачаи рамузфаҳм ҳастӣ. Мана ин дафтари метематика, муаллима ҳам ба набераам Суробҷон як масъалаи душвор додааст, ки то ба саҳар майна об карда, ҷавобашро наёфтам, майнаам тамоман гиҷ шуд.  Ким-чӣ хел муаммои сарбаста…

-Холаҷон ман- ку хатмкардаи шуъбаи забон ва адабиёт…охир аз математикаю арифметика… ҳазор фарсах дуру…

-Холаат ҳоло он қадар пир нашудаасту хотираашро низ гум накардааст ва хуб медонад, ки шумо дар куҷоҳою дар кадом кӯчаҳо мегаштед, ки ҳамаатонро сарҷамъу соҳиби молу ҳол кард! Аз арифметика дур бошӣ ҳам, забонатро нахӯрдаӣ-ку?! Хон! Баландтару буро-бурро хон! Каллаҳои будагӣ ба ёрдам меоянд!

Дере нагузашта ҳамаи ҳамкорон ҷамъ шуда бо ишора маро ба хондан ташвиқ намуданд. Китобро гирифта хондам: Масъалаи 113-ум: «Ман се хона дорам, яке дар ошёнаи якум, дуюмаш дар ошёнаи панҷум ва сеюмаш…» Гапам дар забонам часпидаю аз даҳон набаромада, ки… аввал Далер-амак ба ҳуҷум гузашт:

-Ҳа сакалтуе! Ана гап дар куҷо?! Боз ин тирмизак мегӯяд, ки иҷорашинам, хона харидан даркор, ёрӣ диҳед! О аллакай се хона дораду…

-Охир ман не… ин дар китоб… -Холаҷон, ба шумо чӣ шуд панҷаҳоятонро кушоед, ки мӯйи сарамро канда гирифтед!

-Ҳа хапаки таги тапаке! Бало будаӣ! Боз дили ман сӯхта ба ин кас гоҳу нимгоҳ пулу пайса додаю либосҳояшро дарзмол мекардем-е! -инаш овози Танозхон буду ҳоло хеле дар қаҳр!

-Ана гоҳ-гоҳ гум шуда, «ҳавохӯрӣ мебароям» гуфтанат, чӣ маъно доштааст?! «Мебароям», яъне аз ошёнаи якум ба дуюм аз дуюм ба сеюм-ҳа?! Садқаи хубиҳои ман шавӣ! – Инаш сахтгапии ҳамкору писарамакам Ғанӣ буд…

Аз ҷоям болои миз баромада бо овози баланд:

-Холаҷон ман чизе надорам, ин ҳама дар китоб навишта шудааст, марҳамат хонед!

Аввал Далер-амак, сипас ҳама бо навбат китобро саросема нашуда, дида баромаданд, сонӣ холаам:

-Ҳамаро талхакаф кардӣ!! Қариб худам буғӣ карда мекуштаме! Биёед ман худам хонда диҳам, вагарна боз ҷанҷоли калон нашавад!

Сардорамон Пирзода ҳам омада бо диққат ба Қумрӣ-хола гӯш медодем: «-Масъалаи 113-ум: Ман се хона дорам, яке дар ошёнаи якум, дуюмаш дар ошёнаи панҷум ва сеюмаш…»

-Холаҷон хонаҳоро ба савдо гузоштаед-чӣ?!

-Гӯш кунед, аввалаш, ки хонаҳои ман сето не, панҷто! Дувум сетоаш дар иҷора! Ман хона фурухтанӣ не, балки хариданӣ, сеюмаш масъаларо ҳал кунед!

-Фаҳмо, фаҳмо… Лекин холаҷон фақат як нозукӣ ҳаст, ин хонаҳои кӣ?

-Муаллима…

-Кадом муаллима?

-Муаллимаи набераам Суробҷон – Кибриё Гулмадова!

– Охир… Ана гапу мана гап!, – Пирзода қоматашро рост карда, суханашро давом дод:

-Боз ин муаллимаю директорашон доимо илтимос карда, баланд намудани маошро талаб мекунанд, дуруст аст, ки коре накардаю «алиф, бе, те, се, маориф пула те!»  мегӯянду қатор – қатор мошину хонаҳои барҳаво мехаранд! Ана корро аз куҷо сар кардан даркор!

Далер-амак даррав чӯташро бароварда ба Қумрӣ-хола нигарист:

-Духтарҷиян, канӣ масъаларо илтимос пурратар хонед!

Қумрӣ-хола айнакашро ба чашмаш гузошт:

-Агар аз се хона яктаашро ба савдо гузорему яктои дигар харем…

-Холаҷон як лаҳза истед-истед, фаҳмо, ки муаллима се хона доштааст, лекин оё маълум, ки кадом хонаашро ба савдо мегузораду бо чанд ҳазор доллар ё евро мефурушад-а? Наход бо сомонӣ?!

Қумрӣ-хола айнакашро болои сараш монд:

-Агар хонаи ошёнаи якум ё сеюмро фурӯшад, пули хуб ба даст оварданаш мумкин, лекин ошёнаи болотарро ба савдо гузорад, онгоҳ бо чунин маблағ аз дигар ҷойи дуртар хонаи арзонтар харида…

Пирзода:

-Исто! Оё мо аниқ медонем, ки ин муаллима се хона дорад? Ва оё ҳамааш ба номи худаш бошад? Пас дигар муаллимону директори ин муассиса чанд хонагӣ дошта бошанд? Ман ҳайрони шумо холаҷон!

-Чӣ хел? Равшантар гап зан!

Охир дар рӯзи равшан муаллима моро гӯл зада, шумою моро санҷиданию… мо сари ин масъала гаранг гаштаем…Боз он кас дугонаи шумо.

-Чӣ хел маро гӯл заданӣ?

-Охир як масъалачаро бо воситаи набераатон равон кардаасту… аммаҷон вай нағз медонад, ки шумо дар куҷо ҳамроҳи киҳо кор карда истодаед! Аз ин рӯ ба сари мақсад омадан даркор!

-Чӣ хел?

-Ман худи ҳозир фармон дода, санҷидани ин мактабро ба шумо ва чанд корманди соҳибтаҷриба месупорам! Рафта дурустарак кофта, тамоми даромаду хароҷот ва маблағҳои дар бонку суратҳисобҳои хориҷиашро санҷед! Аниқ, ки дар хориҷа ҳам бӯстонсарою хона дорад! Бинед, санҷед, рӯзгоратонро ободтар кунед! Маро низ фаромӯш накунед…

Ҳама аз паси дастуру иҷрои амри шеф шуданд. Ман дар даст китобу дафтар ҳайрон мондам ва ба холаам нигаристам:

-Холаҷон, ман чӣ кор кунам? Ин масъала чӣ мешавад? Ба Суҳробҷон чӣ мегӯем?

-Ҳой бесуроб нафаҳмидӣ, ки масъала чӣ қадар нозук будаасту мо гаранг гаштаем, тезтар китобу коғази худатро гиру аз рафти тафтишот ва бозкушоии ин муаммо ба тамоми ВАО гузоришу мавод омода кун!

Кормандони коргоҳи мо… аниқтараш нозироти андоз дар такопӯ шудем…

Сабзаалӣ Асозода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь