АЗ СИЛСИЛАИ «ОМӮЗГОРОНИ ҲАҚИҚӢ ВА ХАСАКӢ»
I
Омӯзгори ғайриодӣ ва ҳайратовар
(Қисса)
Бисёр мехоҳам хонандаи арҷмандро бо як устоди ғайриодӣ ва ҳайратовар шинос кунам. Омӯзгоре, ки тайи ду соли дарсдиҳиаш ба ӯ ҳисси нафрат доштем, аз ӯ метарсидем ва ба рӯю чашмаш нигоҳ карда наметавонистем. Аммо ҳамагӣ дар зарфи 15-20 дақиқаи вақти имтиҳон-супорӣ, якбора дӯсташ доштем, мисли падар эҳтиромаш намудем.
Ҳайрон шудед? Пас бихонед. Бовар дорам, ки симои ӯ ба шумо ва омӯзгорони муҳтарам намунаи хуби ибрат мешавад.
Дар бахши 2 мехондем. Марди ҳузарбе дар сар каллапӯши сафеди латтагӣ («кепка») аз дар даромаду дигар пеш нарафта бо ҷиддият ва қотеият гуфт: Маро Шарифов Бобо Шарифович мегӯнд. Дар курсҳои 4-5 ба шумоён аз фаннҳои Коммунизми илмӣ ва Иқтисоди сиёсӣ дарс мегӯям. Шинохта монед.
Инро гуфту баргашта рафт. Ҳамсабақамон Ҳуроб Раҳимов, ки ҷавони қоматбаланд буд, бо андаке ҳайрат сӯйи мо нигариста гуфт: Аҷаб марде. То курси 4-5 шудани мо чанд ҷувол ҷон лозим. Андеша намекунад, ки то он замон кӣ ҳасту кӣ не.
Гуфтаи ин устод шуд. Воқеан, ӯ ба мо дар бахшҳои 4-5 аз фанҳои гуфтааш дарс дод. Чунон сахтгир буд, чунон серталабӣ мекард, ки гӯё ҳадду ҳудуд надошт. Дар лексияҳои ӯ бесабаб иштирок накардан аз тасаввур берун буд. Вай ҳеч гоҳ баҳои се намемонд ва таъкид мекард:
Дар дарсҳои ман баҳои «се»-ро фаромӯш кунед. Баҳои «се» намешавад. «Се» миёнарав аст. Ба ман миёнарав лозим нест. Агар шумо донишҷӯйи ҳақиқӣ бошед, ё «чор» мегиред ё «панҷ».
Замони ин суханонро гуфтан чеҳрааш бисёр дағал мешуд, аз қошу қавоқаш гӯё жола мерехт. Хулоса, ки устод то охир дар қавлашон истоданд. Рӯзи имтиҳон касе ҷуръати даромадану имтиҳон супоридан накард. Маҷбур шуданд, ки донишҷӯёнро аз рӯйи алфавити номашон ба имтиҳон даъват кунанд.
Чун донишҷӯйи аввал дарро оҳистаяк ва хеле беҷуръатона кушода «мумкин» гуфт, гӯё, ки офтоб аз ҷониби қибла баромад. Гӯё, ки дарёҳо чаппа равон шуданд. Гӯё, ки бинои донишкада чаппа шуда, дар бомаш истод ва тамоми устодону донишҷӯён сарозер шуданд. Зеро баробари дарро кушодани донишҷӯ овози тамоман номуқаррар ва меҳрубононаи устод Шарифов Бобо Шарифович шунида шуд:
Биё, бачаҷон. Имтиҳон муборак! Марҳамат, рӯ ба рӯйи ман шин.
Донишҷӯ А. М. (пурра навиштани номашро иҷозат нагирифтаам) баъд аз супоридани имтиҳон хеле ҳайратзада баромад, гӯё, ки дар ҳоли мушаввашӣ буд. Ҳанӯз ӯ чизе нагуфта донишҷӯйи дигарро даъват карданд. Ӯ даромаду мо ҳамкурси аз имтиҳон баромадаамонро гирд кардем. Ӯ дар ҳоле, ки гӯё ягон кашфиёти бузург карда бошад бо шодӣ, бо ҳаяҷон гоҳ дастак задаю гоҳ гардан ёзонда ва гоҳ чашму абрӯ парронда бо чунин мазмун нақл кард:
Чун дарро кушода дарун шудам, устод бо меҳрубонӣ ва бо муборакбодӣ пешвозам гирифтанд. Ҷойи нишаст нишон доданд. Андаке ба рӯям нигариста гуфтанд:
Писарам, ту ҳаяҷонӣ нашав. Худатро ором гир. Ман медонам, ту имтиҳонро албатта, месупорӣ.
Ҳамсабақамон А. С. баъд давом дод:
Баъди билетро гирифта, барои тайёрӣ нишастан фаҳмидам, ки саволҳо бароям шиносанд. Аммо ҳанӯз ҳам шояд аз ҳаяҷон ё аз тарс намедонистам, ки суханро аз куҷо сар кунам. Аз афташ устод инро аз симоям пай бурданд, ки наздам омаданд. Ба билет як назар карданду бо оҳанги меҳрубонӣ гуфтанд:
Писарам, ин саволҳоро ту медонӣ. Ин аниқ аст. Охир, ман ба ту дарс додаам. Ту дониш дорӣ. Фаҳмат ҳам мерасад. Фақат ҳаяҷонӣ нашав. Фикрҳоятро ҷамъбаст кун.
Баъд аз гуфтани ин суханон устод худашон бо чанд ҷумла ҳама чизро ба ёдам оварданд. Ин буд, ки «булбул» шудам.
Ҳамсабақамон инро гуфту хурсандона дафтарчаи имтиҳониашро кушода баланд бардошт ва дар ҷояш як чарх зада, бо садои шунаво «Чо…о…р!»- гуфт.
Ҳамин тавр ҳамаи мо имтиҳонро бо баҳои «4» ва «5» супоридем. Устод фақат ба як нафар баҳо нагузоштанд. Вақти ҳамаамонро ҷамъ намуда, табрик кардан фаҳмонданд:
Ҷавоби ӯ сазовори баҳои «3»-и «фарбеҳ» аст. Аммо чуноне, ки медонед, ман «3» намегузорам.
Баъд бо хушмуомилагӣ ва мулоимат он ҳамсабақамонро фаҳмонданд: Хуб тайёрӣ бину ҳафтаи дигар имтиҳонро аз нав супор.
Ӯ ҳамин тавр карда, сазовори баҳои «5» шуд.
Мо вақти ҷамъбасти имтиҳонот ба устоди «сахтгир» миннатдориҳои зиёд кардем. Ман чун ҳамеша «пешпуртакӣ» карда пурсидам:
Устод, мо ба шумо ягон хел хизмат карда метавониста бошем?
Метавонед, – ҷиддӣ гуфтанд устод. Дар ҳар куҷое, ки кор кардед, содиқона ва дилгармона кор кунед. Ба кору вазифае, ки аз рӯйи он нон мехӯред, хиёнат накунед. Аз пайи унвону мукофотҳо нагардед. Коратон хуб бошад, онҳоро худ аз худ соҳиб мешавад. Ана ҳамин беҳтарин хизмати шумо барои мо омӯзгорон мешавад. Як хоҳиш ҳам дорам: Агар вақту имконият ёфтед, гоҳ-ғоҳе занг зада, дар бораи ҳолу аҳволатон, дастоварду пешравиҳои кору зиндагиатон ба ман нақл кунед. Аз донистани ин чизҳо бисёри бисёр хурсанд мешавам.
Чизи дигарро ҳам гӯям: Зиндагӣ дарёи пурталотумест, ки хоҳед нахоҳед ба он меафтед. Дар ин ҳол агар шиновариро натавонед ҳам, ба ҷараёнаш андак-андак дасту по зада рафтан гиред, шуморо аз ягон ҷое зиндаю саломат мебарорад. Лек агар ба муқобилаш рафтанӣ шудед, шуморо дар харсангҳои хурду бузурги дарунаш зада пора-пора мекунад ва шояд, ки аз ҳастӣ ҳам маҳруматон месозад…
Устоди мо Бобо Шарифович Шарифов ҳамин хел одам буданд. Ҳар гоҳе ӯро ёдовар мешавам, ҳатман ду-се нафар омӯзгорони дигарамон ба хотир меоянд. Ёдашон ба хайр, ба дарсҳо ё тамоман намеомаданд, ё агар меомаданд, ба синфхона медаромаданду сумкаи ғафсашонро рӯйи миз гузошта, болои он кулоҳашонро хобонда мегуфтанд:
Шумо дарсҳои гузаштаро такрор карда истед, ман баъди чанд лаҳза меоям.
«Баъди чанд лаҳза»-ашон чунин мешуд, ки ё дар охири дарс барои гирифтани сумкаю кулоҳашон меомаданд ё тамоман намеомаданду ин чизҳояшонро ягон донишҷӯйи дигар омада мебурд. Ин гуна устодон агар дар дарсҳо то охир ҳам менишастанд, тарзи таълимдиҳиашон ҷолиб набуд. Зеро бе тайёрӣ меомаданд. Баъзеяшон вақтро бо ҳазлу шӯхиҳо ва нақлкунии «саргузаштҳояшон» мегузаронданд. Боз буданд омӯзгороне, ки бо ягон баҳонае чанд донишҷӯро барқасдона коҳишу маломату сарзаниш намуда, ҳатто дағалмуомилагӣ кардаю суханони носазо гуфта, ба иззаташон мерасиданд. Албатта, мо сарфаҳм мерафтем, ки ғараз аз чунин амали эшон гузаронидани вақт буду тарсондани донишҷӯён. Ҳамчунин, мефаҳмидем, ки ин гуна рафтори онҳо натиҷаи танбалӣ, камҳунарӣ, холабеғамӣ, ноуҳдабароӣ ва камдонишиашон низ буд. Аммо як чиз сахт аламамон мекард: Маҳз ана ҳамин омӯзгорон дар имтиҳонот донишҷӯёнро ба қавле «мерезонданд». То ду-се бор гардонида, дар охир ғурридаю зуқида ягон хел «зач» ё «уд» мемонданд.
Аммо устоди зиндаёдамон Бобо Шарифов омӯзгори ғайриодию ҳайратовар буданд. Мо танҳо баъди хатми дорулфунун дарк кардем, ки он кас ҳамаи сахтгирию серталабиҳои хешро танҳо ба хотири мо шогирдонашон мекардаанд. Ба хотири он ки мо хубу аъло хонем, дар ҷомеа роҳу равиш пайдо кунем, азоб накашему сархам набошем. Дар рафтору кирдори ин устоди зиндаёд исбот гардид, ки воқеан «ҷабри устод беҳ аз меҳри падар» будааст. Ёди устоди азизу ғамхор Бобо Шарифович ба хайру манзили охираташон обод бошад! Омин!
ҲАСАН ЮСУФИ ФАЙЗБАХШ