(сатҳи пасти хизматрасонӣ ё фиреби муштариён)

Маъмулан, ба қавле Мегафон- “Тоҷикистон” яке аз аввалин ширкат ё оператори дорои имкониятҳои нави рақамӣ дар ҷумҳурист. Ва аз дигар ширкатҳои мобилие, ки дар кишвар маълуманд аз рӯйи мавқеъ ва сатҳи хизматрасонии мобилӣ дар сатҳи болост.

Аммо вақтҳои охир Мегафон низ хизматрасонияш дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад. Чӣ хел!? Дигаронро намедонам, як моҳи охир кадом маротибае ки ба ширкат занг мезанам, ба гуфти худашон ” Бинобар муроҷиати зиёди муштариён, айни ҳол ҳамаи операторҳо, банд ҳастанд, барои дарёфти ҷавоби худ аз хизматрасонии онлайн мушовир бо суроғаи   www.megafon.tj муроҷиат намоед ё аз хизматрасониҳои ёвари вертуалии ChatBot-и доно тавассути паёмрасонакҳои Megafon Life, Telegram, Viber, Facebook, Skype истифода баред”

Бадии кор дар он аст, ки аксаран мардуме ки ба инҳо муроҷиат мекунад бинобар сабаби кор накардани интернет ё суст будани он аст. Ақли солим худаш дарк медиҳад, ки вақте интернет кор накардаистодааст, чӣ хел ба хизматрасониҳои ёвари вертуалии ҷаноби ё хонуми Мегафон, ки  мегӯяндаш истифода барем!!??

Бошад, аз рӯйи гапи онҳо амал намуда ба хизматрасонии вертуалии ChatBot-и Доно Telegram тавассути Wi-Fi- и рафиқам муроҷиат намудам, намедонам бинобар сабаби сустии кори интернет бошад ё бемасъулиятии ширкат аст, ки аз 20 дақиқа зиёд интизор шудам, ки бо оператор тамос гирам вале боз ҳамон “Аҳмади порина” барои ҳалли мушкилии кори интернет ин кодро занеду телефонатонро хомуш карда даргиронеду боз ҳамон гапҳои дурӯғе ки заррае барои беҳбудии кори интернет фоида намекунад ҷони худро халос мекунанд.

Бинобар сабаби бениҳоят дар сатҳи паст қарор доштани суръати интернет қариб 10 ҳазор мегабайтҳое ки аз ҳисоби тарофаам доштам чанд рӯз қабл бо ба итмом расидани муҳлати тарофаам ба боди фано рафт. Ҳоло бошад 2- рӯз мешавад бо маблағи 100 сомонӣ боз ҳамон тарофаи Мегафон-100-ро пайваст кардам, ки умуман интернет суст ё ин ки кор намекунад, намедонам ба куҷо арз кунам.

Ба монанди ин гуна мушкилиҳо садҳо мушкилиҳое дигаре ҳаст, ки операторҳо ё айби минтақа мекунанд ё айби телефон, ки ҳол ман дар пойтахт қарор дорам. Мабодо ки агар дар деҳ бошем айби дар деҳаҳо мавҷ кам буданро пешоруйи одам мебиёранду бо ҳамин ҷони худро халос мекунанд.

Яке аз сабабҳои ҷалб нагардидани сайёҳон ва хориҷиён ин суръати бениҳоят суст ва нархи гарони интернети ширкатҳои мобилии мост. Чуноне, ки як Рус дар мусоҳибаи худ ба кадоме аз расонаи хабарӣ гуфта буд, ки бинобар сабаби интернети суст дар ин кишвар зиёд истода наметавонад ва ба ягон кишвари дигар меравад. Ва ба монанди ин садҳо суолҳое ки ҷавоби худро наёфтааст маъмӯл аст ва чанд мисоле ки дар боло зикр намудем ба қадри имкон кофӣ аст фикр мекунам!

Мақсад аз ин матлаб паст ё баланд задани ин ё он ширкат нест балки муроҷиатест ба масъулини он то ба доди муштариён бирасанд. Перомуни ин масъала яъне интернет, Пешвои Миллат дар паёме ки санаи 23- декабр ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Ҷумҳуруии Тоҷикистон, иброз намуданд, ки барои беҳтар намудани кори интернет ва бо нархи дастрас ба мардум пешниҳод кардани он чораҳои назаррас андешида шавад.

Ҳаёти имрӯзро бе интернет тасавур кардан аз имкон дур аст.

Муҳаммад Субҳонов,

донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь