(ДАР БОБИ АНДЕШАҲОИ НОДУРУСТЕ, КИ БА ҲАҚИҚАТИ АСЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААНД)

Ба иттилои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар нимаи аввали соли равон 416 ҳолати риоя нашудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳолат зиёд мебошад. Фикр мекунам, ки ин ҳама ба мардумпарастӣ иртиботи қавӣ дорад ва матлаби «Мардум чӣ мегӯяд?» ба ин хотир навишта шуд.

Намедонам парастиши мардум чун бути бас бузург боз чанд аср идома меёбад ва ҳақиқати аслӣ, на дурӯғин кай фаҳму дарк мешавад. Аммо бар ҳама маълум аст, ки ин амали номақбул бар асоси ҷаҳлу нодонӣ, риёкорӣ, шуҳратхоҳӣ пойбарҷосту мавқеи асосиву марказиро дар рӯзгори пешиниёну имрӯзиён дошту дорад. Ҳол он ки тамоми бадбахтиҳои мо ва қафомондагиҳоямон ба он мепайвандад.

Мардумпарастӣ то ба ҷое мардумӣ шуда, ки онро чун ҳақиқати мутлақ шинохтаанду фаҳмидаву нофаҳмида вориди адабиёти шифоҳиву касбиамон намудаанд. Метавон мисоли бисёр барои дурустии ин андеша овард, аммо тавре худи мардум иброз медоранд, «мушт намунаи хирвор» мебошад:

Шарм ай падарум набошад, тарс аз мардум…

*

Нони мардум хӯрдам,

Ночор мерам, очае.

*

Моро ба ту як туҳмати ноҳақ карданд..,

Коре ту бикун, даҳони мардум банданд.

*

Оши мард ба мард қарз аст.

*

Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош.

Воқеан, мардум ва мардумпарастии миллати мо дар дилҳову зеҳнҳо тухмҳои тарсро афкандаанд. Бечора духтаре, ки нопурсида арӯсаш кардаанд, аз тарси гирифтани қалину овардани дигар неъматҳову истифодаи онҳо ночор ба хонаи ҷавон мераваду зиндагӣ оғоз мекунад. Таъсири он баъдҳо дар тамоми умр дар зеҳнаш менишинад. Волидайн ҳам аз тарси мардум, аз тарси сухани мардум ба амалҳое рӯ меоранд, ки дар асл мақбулашон нест. Дар ин сурат ҳатман бо худ изҳор медоранд: «Мардум чӣ мегӯянд?» Оре, худро дар зери бори қарз мегузоранду ҷашнҳои домодию арӯсиро бо шукӯҳу шаҳомат доир мекунанд. Пас аз он ҳатман аз гурӯҳе мепурсанд: «Мардум чӣ гуфтанд? Мардум чӣ мегӯянд?» Чаро як бор намепурсем, ки мо чӣ навъ ба мушкилиҳо зиндагӣ кардему мекунем?

Аслан, бо ин ҷаҳолат бадбахтӣ бо тавлид шудан ё худ ба дунё омадану то аз он рафтани мо ва баъдҳо низ ёрамон мешавад. Ҳамин ки чашм ба олами ҳастӣ мекушоем, волидонамон дар андешаи иҷрои даҳҳо расму оинҳову баргузории маъракаҳои номақбул меафтанд. Ҳамаи инҳо харҷҳо доранд ва на харҷҳои андак. Мусобиқаҳо шуруъ мешаванд. Кӯшиш мекунанд, ки ақаллан то аз чанд нафар маъракаҳоро пурдабдабатар, бо шукӯҳи хос доир бикунанд.

Худи ҳамин мардум ба садсолаҳо пеш гуфта буданд: “Дарвозаҳои шаҳрро бастан метавон, аммо даҳони мардумро наметавон баст”.

Ҳамсоя, ки як ҷузъи ин мардум аст, ба қавли шайх Саъдӣ, намебинаду мехурӯшад, ҳол он Худованд мебинаду мепӯшад.

Ин чӣ гуна ҳикмати зиндагӣ аст, ки оши мард ба мард қарз мебошад? Марди асил агар ба марде ош медиҳад, набояд қарз бошад. Акнун ин бечора оши он мардро мехӯраду бояд дар ин андеша бошад, ки қарзро чӣ гуна баргардонад? Мутаассифона, чунин буду ҳаст. Ин бечора андак-андак маблағ ҷамъ меоварад, хуб зиндагӣ намекунаду дар фикри баргардондани қарз мешавад.

Аз рӯи ин фалсафа ё худ ҳикмат, агар расво шудан нахоҳӣ, бояд ҳамранг, яъне мисли ҷамоат, мардум бошӣ. Охир, мардум мардум аст. Агар дар қафомондагӣ қарор дорад, набояд дар сатҳи онҳо худро бифарорӣ, баробар бикунӣ, хосса чун ҳақиқатро нашинохта бошанд. Вазифаи зиёӣ, шахсиятҳои барҷаста ин аст, ки мардумро аз ҷаҳолат раҳоӣ бубахшанд, ба онҳо роҳи росту дурустро нишон бидиҳанд ва ба дунёи хушбахтиҳо бирасонанд.

Ҷойи таассуф аст, ки қариб дар тамоми соҳаҳои фаъолиятамон низ меъёри қабулу пазириши гуфтору кирдору пиндорамон мардум шудааст. Ин, албатта, боз дар сурате аст, ки сатҳи касбияту ҳунарро хеле ва хеле поён фаровардаанд. Масъулияту рисолату талаботи касбиву инсонӣ фаромӯш мешавад. Эрод гирифтан ва ислоҳи кор пур мушкил гардидааст, зеро медонанд, ки ин гуна посухро мешунаванд: «Ба мардум ҳамин писанд аст».

Ҳикмати зиндагии ӯ бар ин асос набуд, ки мардум чи мегӯянд. Шунида будам, ки Боязиди Бастомӣ, орифи бузург, пас аз гузаштани солҳо чун бо шогирдонаш вориди зодгоҳаш шуд, тамоми мардум ба пешвозаш баромаданд. Ин вақт моҳи рамазон буд. Боязид аз шогирдонаш мепурсад: «Ин издиҳоми мардум чӣ мехоҳанд?» Онҳо посух мегӯянд: «Эй шайх, ба пешвозу истиқболи шумо баромадаанд!».

Боязид боз мепурсад: «Ба чӣ хотир? Дар ман чӣ фазилатеро дидаву шинохтаанд?» Посух мешунавад: «Ба Шумо чун шайхи комилу ростин, парҳезгор ва авлиё эҳтиром доранд».

Боязид аз шутур нафаромада, ба шогирдонаш мегӯяд: «Зуд кӯзаи обу порае нонро биёред».

Меоранд ва онҳоро дар ҳузур, пешорӯи истиқболгирандагонаш менӯшаду мехӯрад.

Ин ҳолро дида, мардум пароканда мешаванд ва мегӯянд, ки Боязид аз дин баргашта. Аммо Боязид аз он шод буд, ки аз парастиши мардум раҳо ёфт.

Ин гуна ривоятҳоро ба он хотир шоирони тасаввуфи мо навиштаанд, ки ҳамзамононашон ва морову ояндагонро аз мардумпарастӣ наҷот бубахшанд. Мутаассифона, он гуна ки мехостанд, муваффақ нашуданд ва ин ормонро бо худ ба гӯр бурданд.

Устоди шодравон Соҳиб Табаров мегуфт: «Ман аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам, ки ҷашнҳои пурдабдабаи 50, 60, 70-солагии шоирону нависандагону олимонро бо қабули Қонуни танзим манъ карданд. Шуҳратхоҳӣ, мардумпарастӣ ба авҷи аълои худ расида буд. Толорҳоро аз хешу табор, ҳамдеҳаҳояшон пур мекарданд, то дар миёни мардум обрӯи хасакӣ пайдо бикунанд. Ҳол он ки адиб, олим бояд на дар ин сатҳи андеша қарор бигирад, балки бо асарҳо, ихтироъҳо дар пешрафту муаррифии давлату миллаташ саҳм бигирад.

Расму оин ва маъракаҳои миёншиканро низ ба танзим дароварданд.

Қонуни танзим ва дигар қонунҳои ба он иртиботдошта, албатта, садди роҳи харҷҳо, мусобиқаҳои бемаънӣ, шукӯҳу шуҳратталабӣ шуда метавонанд, аммо то замоне ки сатҳи маърифат боло намераваду мардумпарастӣ боқӣ мемонад, ба мақсади ниҳоӣ расида наметавонем. Ин ҳақиқатро, ки ниёз ба собит сохтан надорад, борҳову борҳо Сарвари давлат таъкид мекунанд, мефаҳмонанд, то, воқеан, имрӯз як миллати пешрафтатару шуҳратдоштатар дар ҷаҳон бошем ва, пеш аз ҳама, ба худ ҷабр накунем.

Кас аз он дар тааҷҷуб меафтад ва ҳам афсӯс мехӯрад, ки шахсиятҳои маъруфи дини кишвар ҳатто шогирдонашонро фаҳмонда натавонистанд ва ё нафаҳмонданд, то мурдапарасту мардумпараст набошанд.

Мақбарасозӣ ба сатҳи баланди худ расида буд ва дар ин маврид низ мехостанд, дар сабқат ғолиб биёянд. Одамони одӣ, на олиму донишмандони дин низ, дар ин сабқат иштирок мекарданд. Хосса аҳли сарват, ки мақбараҳои волидайнашонро ба тарзи шигифтовар месохтанд ва масоҳати зиёди замини гӯристонро аз худ намуда буданд. Хушбахтона, бо дастури Сарвари давлат дар ин қисмат низ танзим ҷорӣ шуд. Медонем, ки мурда дар зери хок ҳеҷ ниёзе ба мақбара, гулгаштҳо дар атрофи гӯри худ надорад. Аммо, бешак, ин мурдаҳо низ ҳамроҳи мо гунаҳгоранд, зеро онҳо байни худ ва ба фарзандон мегуфтанд: «Мардум чӣ мегӯянд?» Чаро дуруст намеандешем ва ин ҳақиқатро бе тарс иброз намедорем, ки мардум на Худо аст, на пайғамбар. Магар хеле муҳим аст, ки бидонем чӣ мегӯянд? Ва чаро аз гуфтаи онҳо бояд дар ин гуна мавридҳо битарсем? Биёед як бор нек биандешем, натарсем ва бо ҷасорат, ба хотири пешрафти миллату давлат бигӯем: «Мардум, мо ба ҷуз ҳақиқат, ҳақиқати аслӣ ҳеҷ гуфтаро қабул надорем». Бигӯем ва дар гуфтаамон устувор бошему аз рӯи он амал бикунем. Дар дигар сурат аз мардумпарастӣ раҳоӣ намеёбем ва асрҳои аср, аз насл ба насл идома медиҳем: «Мардум чӣ мегӯянд?».

Абдулқодири РАҲИМ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь