Бегоҳ. Ҳаво сард. Ҳама интизори нақлиёт.

Хайрият, нақлияти деринтизор ҳам омад.

Шукр гуфтему нишастем. Каме роҳ паймуда будем, ки марде ногоҳ атса зад. Овози марди дигар аз охири нақлиёт садо дод: “А бача, ҳамара заразит мекни”

Мард посух надод. Баъди чанд лаҳза атсаи дуюм. Марди пешина бад-бад нигоҳаш мекард. Акнун андаке роҳ паймуда будем, ки он мард як атсаи дигар зад. Ана акнун ба марди аввала Худо дод: “Э бача, ҳамара касал мекни, и чи гапайе, намешава я маска бандӣ”. Мард ба кондуктор ишора кард, ки нақлиётро манъ кунад. Ба марди “забондароз” нигоҳ карду бо қаҳр “аз барои гапи ту ина мефароям ” гуфту аз нақлиёт берун шуд. Баъди рафтани мард ғайбатча сар шуд.

Аввал занҳоро маломат мекарданд, ки дар лаби дарвоза, ё подъезд, ё дар лаби об ҷамъ шуда, ғайбати дунёро мекунанд, ҳама муаммои зиндагиро бо гап ҳал мекунанд.  Лекин ба ин мардҳо чӣ гӯям.

Ғарқи андеша будам, ки ба овози баланди марди дигар, ки дар паҳлуи марди пешина нишаста буд, диққатам ҷалб шуд. “Ба номи Аллоҳ, ки мардум беимон шуда рафтай. Хонаву мошин дорм, ҳамаш ба меҳнати ҳалолмай, ами занако ношукрӣ баданда, тавба кардм ба Худо яхелш ранги саг меҷака э…”

Як марди дигар бо борхалтаи бозорӣ, ки меваю сабзавот дошт, аз нақлиёт мефаромад. Нохост дастаҳои борхалтааш канда шуданд.  Сабзавотҳоро аз дохили нақлиёт ҷамъ карда ба борхалта андохта, баромада рафт. Акнун фикр мекунед, ки ин ҳолат аз назари ду-се марди баҳонаҷӯй дур монд?! Оҳ ана сар шуд: “О зани ҳамин мардак дасту панҷа надора, ки дастаи ами сеткара бдуза, э чӣ ношукране, мардак ёфту тофтша ба хона мекашонаву занако қадршонда намерасанда…”

Ҳамин тавр, он мард хеле маърӯза хонду ягон кас парвояшро надошт, ҳама аз пайи ташвишу зиндагии худ. Аслан ин гуна “маърӯзаву” лофзаниҳо ба гӯши касе намедарояд, махсусан, дар дохили автобусе, ки ҳама дар фикри тез ба хона рафта расидану тез хӯроки гарм хӯрда, ба болини нарм сар ниҳодан ҳастанд. Дохили дилашон марди пурсуханро маломат мекунанду мераванд. Ман ҳам дигар суханони ӯро гӯш накардаму ба гӯшам гушмонакҳоро мондам ва боқӣ намедонам маърӯзаи дохили нақлиёт бо чӣ анҷом ёфт. Худ ба худ гуфтам: “Аввал занонро мегуфтанд, ки аз онҳо гап намемонаду ғайбати дунёро мекунанд. Ҳозир бошад мардон аз занҳо гузаронида истодаанд!”

Шоираи Қудрат, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь