(Ба баҳонаи зодрӯзи азизтарин шахс)
Дуруд, додо!
Бовар дорам, дунёи боқӣ дар қиёс бо дунёи фонӣ орому осоишта ва сабз аст. Дарвоқеъ вазъи мавҷуд рашкангез аст. Дареғо, ки дар ин росто ‘харбуза аз харбуза’ ранг намегирад.
Гуфтанист, чиро дигар дер-дер ба суроғам меоед? Раҳнамоиҳоятонро пазмон шудам! Ё гумон мекунед, бузург шудаам? Дарзимн дар 11 соле ки ҷисман дар канори ман нестед, бисёриҳо ‘раҳнамо’ ва ‘панддеҳ’ шудан хостанд. Аммо табиати маро медонед-ку, якрав ва саркаш ҳастам ва ҳарфи ҳаркиро намепазирам. Албатта, бархе аз онҳо фиристода ҳастанд, чун ягон кор бе ҳикмат нест!
Ҳанӯз маро ин пурсиш ‘ранҷ’ медиҳад, ки барои чӣ маро панд намедодед? Гарчи бачаи шӯх будам, аксари вақтҳо аз меҳрубониятон баҳравар мекардед. Шояд сахтгириро бар дӯши модарам вогузошта будед?!
Ёдатон ҳаст, боре чӣ гуноҳе содир кардам, ки дар нопадидии ман ба модарам гуфтед, “ин бача сода аст”? Он замон дақиқан намедонистам, ки манзур аз сода будан чист. Ҳаройина бо мурури замон ва касби таҷриба дарёфтам, ки содагӣ унсури зебое дар миёни хисоли инсонист, аммо он тақрибан аз арзише бархурдор нест. Оре, ба чунин хулоса расидан бисёр душвор буд. Бо ин ҳама ин ҳақиқати талхро қабул кардам – одамон аз дунболи манофеъи худ ҳастанд! Айнан мисли равобити байнулмилал буда, ки кишварҳо барои дастёбӣ ба хостаҳои хеш бо ҳам муносибат барпо мекунанд, ҳамкорӣ ба роҳ меандозанд ва гоҳе ҳампаймон мешаванд.
Ҳеч аз ёдам намеравад, ки боре як ошноятон гуфт: “Одам дар зиндагӣ бояд гург бошад!” Ба худ гуфтам, “аҷаб ҳарфе! Магар инсон будан беқадрист?”. Сипас дарк кардам, ки дар ботини ҳамагии мо ду мавҷуд ҳузур дорад: яке инсон, дигаре гург. Бо таваҷҷуҳ ба авзоъи руҳӣ ҳар яке бар пайкари мо ҳукмфармоӣ мекунад.
Медонед, додо, ман ҳамоно дар миёни гургон инсон буданро бартар медонам, зеро табиати ман ба суистифодаву палидкорӣ бегона аст.
Дар баробари ин фаҳмидам, ки пирӯзӣ ҳазор муддаъӣ дораду шикаст ягон “мухлис”. Якояки одамон мағлубиятро ор мешуморанд, дар ҳоле ки инсон аз хато меомӯзад, то аз барор!
Воқеъан, пас аз даргузашти Шумо бархе аз афрод талош доранд саҳифаҳои торихи матбуоти миллиро дигаргуна навишта кунанд. Шигифтангез аст, ки чиро дар замони зинда будани Шумо сокит буданд?! Шояд пайти муносиберо меҷустанд?!
Додо! Эҳтимолан Шумо ҳам ҳайронед, ки 25-сола шудаму чиро ҳанӯз муҷаррад ҳастам. Медонам, дар ин синну сол шумо соҳиби 1 фарзанд будед. Вале назари ман ба издивоҷ дигаргуна аст – он масъулияти бузург аст ва ниёз ба мустақилияту худогоҳӣ ва ҳамсафари хуби зиндагӣ дорад. Чун беҳуда нагуфтаанд, ки сарнавишти як мардро се чиз рақам мезанад:
1) пеша, ки агар хатарнок будӣ, бар шахс бало овардӣ;
2) сафар, ки фард метавонад аз он барнагардад;
3) ҳамсар, ки хушбахтиву бадбахтият дар дасти ӯст!
Аз сӯйи дигар чунин мешуморам, ки ман одами муосир нестам ё духони ҷаҳони севум ҳастам. Ба ҳар сурат бархе ошноёнам мегӯянд, ҷойи ту ҷаҳони якуму дувум аст. Шояд чунин ҳам бошад, зеро гургошноиро балад нестам ва баъзе азизон аз ин ваҷҳ нигарон ҳастанд.
Дар ин замина ман бо Нича, файласуфи гермонӣ то ҷойе ҳамсӯям, ки таъкид мекунад: “Чизе ки маро накушад, аз ман инсони қавитаре месозад”.
Аммо ин ҳарф сирфан духӯра аст. Мақоли халқии “Ҷавоби аблаҳ сукут аст” “кушандаи” мардуми ҳассос аст. Ин гуна афрод барои бехатарии эҳсоси хеш боястӣ “камарбанди амниятӣ” бисозанд, то осебпазир набошанд. Хуб, бигзарем аз ин масъалаҳо…
Ҳадс мезанам, ки аз барномаҳои ман огаҳӣ доред ва барои ниҳоӣ шудани онҳо дуогӯй ҳастед. Зимнан бисёр орзу дорам, ки ҳатталимкон дар зодрӯзатон ба шодбошиятон бишитобам, аммо ҳайҳот ҷуз амали хайр ва дуо коре аз дастам барнамеояд.
То номаҳои баъдӣ, додо!