Ё “девонагиҳо”-и дунёи муосир

“Бадие бештар аз ин нест, ки инсон муқобили хирад барояд”, – мехонем дар рисолаи “Федон”-и Афлотун… Суқрот хирад ва ахлоқро бе якдигар тасаввур намекард ва агар ба қавли файласуф Лев Шестов, “ӯро маҷбур мекарданд, ки якеро бар дигаре тарҷеҳ бидиҳад, ҳатман ҷониби ахлоқро мегирифт…”. Дар муносиботи миёни халқу кишварҳо низ ҳоло тенденсияи аҷиби ғайриахлоқӣ идома дорад, ки онро дар гуфтори умум “манофеи халқ” меноманд ва аз он, мутаассифона, сӯиистифода мекунанд…

Кишварҳо миёни ҳам набард мекунанд ва баҳонаи асосиро дар ҳамин манфиати халқ мебинанд… Ҳар мардуме, албатта, манфиат дорад ва дар баробари он виҷдон ҳам дорад, оё аз виҷдони ӯ пурсидаанд, ки ҳамин набард ба хотири ӯ равост ё не… Агар раъйпурсӣ ифодаи олии ихтиёри мардум бошад, пас, чаро аз ин унсури демократӣ барои фаҳмидани андешаи тамоми мардум истифода намебаранд???

…Арзишҳо бо мурури замон ва бо сабабҳои гуногун, минҷумла вазъи иҷтимоию сиёсии ҷаҳон, тағйир мехӯранд. Пештар саодатро дар илму ахлоқ, осоиши маънавӣ, нафъи мардум ва ғайра медиданд, ҳоло кофист, ки одам ба мансаби мувофиқе бирасад… Пештар мегуфтанд, ки зарру пулу мол мояи хушбахтӣ нест, ҳоло баръакс…

Бартарии сулҳу осудагиро аз ҷанг ҳама бузургворони илму адаби дунё бо ҳазор ҷилваи сухан таъкид кардаанд, устод Мирзо Турсунзода “суруди сулҳро бо хуни дил навишт”, Эрнест Ҳемингуэй як насли одамиро аз касофати ҷанг “насли ҳайфшуда ё ислоҳнопазир” номид. Дар мисоли амалкарди лейтенант Генри, ки аз майдони ҷанг фирор намуда, хост дар гӯшаи дигари дунё барои худаш “кошонаи бахт” бисозад, (аз романи “Алвидоъ, силоҳ”) чунин андешаеро ба миён гузошт: инсон наметавонад дар як гӯшаи олам хушбахту осуда бошад, агар дар канори дигари дунё хуни одамӣ мерезад…

Аслан, фарҳанги асили башарӣ дар пояи маҳкум кардани ҷанг ва тарғиби ҳамгироиҳо шакл гирифтааст. Аммо дар ҳар қарне, дар ҳар марҳилаи таърих ин фарҳангро “зӯроварон”-и ин ё он минтақаи дунё мешикастанд, онро бо назардошти манофеи худашон тафсир мекарданд ва новобаста аз он ки харитаи сиёсии дунё даҳҳо маротиба тағйир ёфт, то кунун “шарҳнависиҳои тоза ба тоза” ба ин фарҳанг идома мекунад… Ҳолиё кор ба дараҷае расида, ки дар масъалаи маърифати баъзе чизҳо дахолати зӯроварона ба мушоҳида мерасад, масалан, дар маърифати мафҳуми ҷанг… Таърих чунин девонагиеро ҳаргиз надидааст, ки чизеро инсонҳо бо чашми сар бубинанд (яъне ҷангро, ки натиҷааш куштори мардум, валангор шудани биноҳои зист, фирорӣ шудани одамон ва дигар бадбахтиҳост), бояд бо тақозои сиёсатҳои бенизому истибдодӣ онро дигар хел, бо гунаи дигар бигӯянд, калимаи дигар ба забон оваранд… Дар садаи XXI ҷазо барои маҳкум кардани ҷангу зӯроварӣ, сода бигӯем, манфуртарин ихтирои фикрии ҳуқуқшиносон аст…

Гумон намекунам, ки ҳакимону донишмандони олам то ин сатҳ коҳиш ёфтани қадру эътибори низоми оламро пешгӯӣ карда бошанд… Баъди ҳаводиси имрӯзи олам дигар ба идеяҳои Ҷорҷ Оруэлл ё Рэй Бредбери заррае шакк ҳам намемонад: дунё ба сӯйи “девонагиҳо” хеле устувор қадам мезанад…

Муҳимтарин арзиши башарие, ки баъди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар шакли даҳҳо эъломияву қарордодҳо, муоҳидаву санадҳои фарогир ҳукми тасдиқ ёфт, ҳамзистии осоиштаи мардумони олам, эҳтироми истиқлол ва соҳибихтиёрии кишварҳо буд, ки инҳо ҳам ба боди фано рафтан дорад…

Қатли оми мардум дар сарзамини он замон, яъне солҳои навадум воҳиди Югославӣ, титу пареш шудани Ироқ (баъди он ки ҳуҷум ба Кувайт амалӣ шуд), худҷӯшии арабҳо ва инқилобҳои рангаву махмалин, ба иззати нафси зӯрони замон расидани мустабидоне чун Ҳусейну Қаззофӣ, аз худ дарак додани шабакаи террористоне, ки динро абзори муборизаи сиёсӣ қарор дод, ба мушоҳида расидани як навъ мухолифати шадиди миёни фарҳангу тамаддунҳо (ҳамонеро, ки Хангтинтон дар “Бархӯрди тамаддунҳо” таъкид кардааст), ниҳоят ба сари ҳокимият расидани Доналд Трамп, ҷудо шудани Британия аз оилаи аврупоӣ, ором-ором рахна шудани низоми либералӣ (низомҳои худкомаи Виктор Орбан дар Маҷористон ё Урдуғон дар Туркия) – ҳамаи инҳо пешзаминаҳое ҳастанд, ки самти ҳаракатро ба оянда то андозае муайян мекунанд…

Акнун ҳаёт собит карда, ки дигар на Созмони Милал ва сохторҳои бешумораш, аз ҷумла Шӯрои амнияташ наметавонад ба равиши ҳодисот таъсир кунад. Агар қарори Маҷмааи умумии ин созмон заррае қадр медошт, мебоист ихтилофи русу украин дарҳол пешгирӣ карда мешуд. То он замоне, ки дар Шӯрои амнияти СММ ҳаққи “вето” (яъне “не” гуфтани як кишвари узв) ҳаст, ягон масъалаи ҷиддии ҷаҳон ҳалли дурусташро нахоҳад ёфт… Ин сохторҳо, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон бо назардошти беҳтарин ҳадафҳои сулҳу ҳамзистии башарият таъсис ёфта буданд, гумонам, дар рӯзҳои мо зарфият ва зарураташонро аз даст додаанд… Танҳо ҳамон идораву муассисаҳои СММ имрӯз қадр доранд, ки ба расонидани кумакҳо ва наҷоти мардум аз гуруснагиву ранҷу сироятҳо машғуланд…

Аммо таърих фақат аз мисолҳои дағалу дурушт иборат нест… Ба таври доимӣ набошад ҳам, гоҳ-гоҳе сабақи таърих бумерангвор бармегардад… Дар гузашта ҳар чизе, ки буд, гузашт, аммо нусхаи онро дар замони муосир барқарор карда намешавад… Фаразан, эҳёи империяҳои истибдодии гузашта, комилан ғулом кардани як халқ ва ба сари ӯ ҷабран бор кардани ин ё он тарзи зиндагӣ ва идеология, бор кардани ин ё он низом ё консепсияи доду ситад (дар иқтисоду тиҷорат) дар сатҳи ҷаҳонӣ… Агар ин кӯшишҳо идома ёбанд, пас, ҷанги дигари ҷаҳонӣ ногузир хоҳад шуд.

Одат шудааст ва дуруст ҳам ҳаст, ки дар баёни ин ё он фаразияҳо ба гузашта назар мекунем, зеро чунин нигаришҳо дар ёфтани уқдаи гиреҳҳо кумак хоҳад кард. Хуб, замоне буд, ки мардум тафаккури устураӣ (мифологӣ) доштанд ва ҳама неку бади оламро тавассути асотир ифода мекарданд. Кӯза ё қуттии Пандора ҳамин гуна устураест басо омӯзанда барои имрӯз. Ин устура аз Юнони қадим аст. Зевс (худои худоҳои юнонӣ) хост, ки башариятро нест кунад ва табъи дилаш башарияти наверо ба вуҷуд орад. Бо фармони ӯ зане сохтанд бо исми Пандора ва кӯзае ба ӯ доданд, ки андарунаш тамоми балоҳову офатҳо буд, аммо инро худаш намедонист. Баробари ба Замин омадан ин зани нодон даҳони кӯзаро кушод ва ҳама нуқсу илатҳои ҳастӣ (аз бемориҳо сар карда, то тӯфону заминларзаҳову қаҳтиву гуруснагиҳо ва ғайра) берун шуданд. Зан вақте фаҳмид, ки аз ин кӯза чӣ офатҳо бурун шуд, зуд сарпӯшашро маҳкам кард, аммо дар он танҳо умед монда буду халос… Ҳамин аст, ки дар олами Ғарб мақоле вирди забонҳост: умед аз ҳама охир мемирад… Гузинаи дигараш ҳам ҳаст: охирин чизе, ки пеш аз фаро расидани марг аз инсон меравад, умед аст…

То солҳои навадум ҳамин кӯзаи Пандора гӯё маҳкам буд, онро кушоданд ва силсилаи “девонагиҳо” оғоз ёфт: аз воқеоти манфури куштори мусалмонон дар собиқ Югославӣ то ҷанги Сурия… Онро муддате маҳкам карданд, дунё нафаси сабук кашид, ба ҷуз тохтутози гоҳ-гоҳи террористон дар шимоли Африқо ва ҳаводиси Мянмор…

Рӯзи наҳси 24-уми феврал ин кӯзаро бори дигар кушоданд ва оғоз шуд ҷанги Русу Украин… Ин кӯза то кунун саркушода аст, касе нияти онро дубора пӯшонидан надорад ва қатораи балову офатҳо аз ин кӯза дар ҳоли бурун шудан аст. Чанде аз онҳоро ном мегирем: ҳуҷуми Туркия ба қаламрави Ироқ барои нобуд кардани пойгоҳҳои курдҳо ва созмони сиёсии онҳо бо номи Ҳизби коргарии Курдистон. Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ ин таҷовузи як кишвар ба кишвари дигар аст, зеро курдҳо дар сарзамини худашон дар шимоли Ироқ ба сар мебаранд ва далеле нест, ки онҳо аввал шуда, ба қаламрави туркҳо ҳуҷум карда бошанд… Яъне туркҳо аз таҷрибаи русҳо ибрат гирифтанд ва дар ин ақидаанд, ки кори онҳо ҷавобгарие надорад…

Мисолҳои дигар. Озариҳо дубора даъвии қаламрави Қарабоғи Кӯҳиро мекунанд ва ошкоро намоиш медиҳанд, ки ба қарордоди сулҳи миёни Озарбойҷону Арманистон бо миёнҷигарии Русия қаноат надоранд… Дар Приднестровйе (сарзамини соҳили Днестр, ки қаламрави қонунии кишвари соҳибистиқлоли Молдова аст) дубора ихтилоф сар задааст. Молдова мехоҳад, ки артиши рус аз ин пораи кишвараш бурун равад ва давлат муттаҳид бошад. Табиист, ки русҳо инро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд ва далелашон ин аст, ки хавфи дубора сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкон дорад… Воқеоти яҳуду фаластиниҳо низ ба ҳамин силсила дахл дорад. Ҳарчанд, ки чиноиҳо ин далелро рад мекунанд, аммо хатари бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ҳал кардани масъалаи Тайван рӯйи кор омадааст. Ба ҳамин наздикиҳо овоза шуд, ки гӯё дар ҷазираҳои Сулаймон (наздики Автралия) Чин мехоҳад пойгоҳи ҳарбӣ созад. Ин пойгоҳ чӣ вазифаеро иҷро хоҳад кард, ба ҳама маълум…

Маънои дигари устураи кӯзаи Пандора чунин аст: бо як амали нобихрадона олам-олам бадбахтиҳо овардан… Ба масҷид табдил додани осорхонаи “Айя София” (ё “Софияи Муқаддас”, ки аз соли 1935 мақоми осорхонаро дошт) шӯру шаафи тамоми масеҳиёни оламро барангехт. Барои фаҳмидани зарурати ин кор чандон фаҳми чуқур ҳам лозим нест: ҳамвор кардани охирин рахнагоҳи таърих, ки гӯё ҳеҷ замоне империяи бузурги Византия аз ҷониби кишваре дигар тасарруф нашудааст…

Мисоли дигар. Ба расмият шинохтани дипломатҳои толибон аз ҷониби Русияву Чин ҳамин маъноро дорад, ки бо Афғонистон ҳамкорӣ кардан лозим… Новобаста аз он ки ин кишвар ба ягон талаботи давлатдорӣ ҷавобгӯ нест, ҳаққи инсон умуман риоят намешавад, геносиди мардумони ғайрипаштун дар авҷ аст, тоҷиконро одам намеҳисобанд, ба зан чун ҳайвон менигаранд, даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ дар ин ҷо паноҳгоҳ ёфтаанд ва то дер хомӯш буданро ба худ раво намебинанд… Бо ин гуна даҳшат чӣ лозим буд фишурдани дасти толиб? Посух ёфтан мушкил надорад: барқасди Амрико, барқасди Ғарб… Ин ки ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз ин гуна “толибнавозӣ” чӣ мерасад, барои абарқудратоне чун Русу Чин аҳаммияте надорад… Боз ҳамон принсипи дерина: душмани душмани ман дӯсти ман аст…

Ин навишторро мехоҳам бо додани посухи мухтасар ба суоли як донишҷӯ хотима диҳам. Ӯ пурсид, ки ҳадафи ниҳоӣ аз хондани китоби бадеӣ чист ва хоҳиш кард, ки хеле кӯтоҳ ҷавоб диҳам. Посух медиҳам: ҳадафи ниҳоӣ маънавият аст, яъне масъулият барои рафтору гуфтори худ. Аммо як шарти маънавият вуҷуд дорад – иродаи озод доштан. Бо ҳамин хислаташ маънавият аз ахлоқ тафовут дорад: ахлоқ тақозои ҷомеа ба фард аст, мисли қонун, маънавият тақозои ботини инсон аст, амал кардан аз рӯйи виҷдон… Муҳим ба ҳолу ҳавои хештан ва ҳаводиси айём бетараф набудан аст… Адабиёт ҳамин чизҳоро талқин мекунад. Агар дидед, ки ҳамин чизҳо ҳосил нашуд, пас, вақти азизро беҳуда бо китоб гузаронидан лозим нест. Агар, фаразан, дусад китоб хониву ҷонибдори ҷангу хунрезӣ бошӣ, пас, даҳмарда буданат ҳазор бор беҳтар аст…

Даҳҳо зиёиёне дорем, ки хона-хона китоб хондаанд, аммо дар вуҷудашон аз гуманизм нишоне нест, онҳо ботинан ҷонибдори ҳамон ақидаи ботили инсонкуши Макиавелли ҳастанд: ҳадаф василаро тавҷеҳ мекунад (цель оправдывает средство)… Барои инҳо қатли садҳо кӯдаки бегуноҳ, фирорӣ шудани миллионҳо марду зани хонавайрон, ба замин яксон шудани ҳазорон биноҳои обод… аҳаммияте надорад, муҳим ҳадаф аст… Онҳо яқинан фаромӯш кардаанд, ки чӣ таърихе доштанд, чаро сарзамини бузургашон садпора шуд, чаро аз марокизи бузурги фарҳангу тамаддунашон ҷудо шуданд ва бо дахолати чӣ давлате дар як гӯшаи Бухорои Шарқӣ ҷо гирифтанд…

Гумонам, таърихи башар Нитшеро низ бо ҳамон идеяи “фавқулинсон”-аш намебахшад, Кнут Гамсун, нависандаи бузургро, ки ба марги Гитлер таъзияи пурсӯзу гудозе навишт…

Таърих беҳтарин омӯзгор аст, аммо бадбахтӣ ин аст, ки аз ин омӯзгор дуруст сабақ намегиранд, на зиёиву на донишомӯз…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь