Агар қарорҳо дар дасти “Душанбенақлиётхадамотрасон” бошад…
Шоҳин хост бо духтари дӯстдоштааш дар шаҳр вохӯрад. Бо ин ният саросема либосҳои нави оҳораш нарехтаашро ба бар карда, аз таги сандуқи бибиаш, ки медонист пулҳои баҷо карда дорад, гирифта, дар рӯи гилем ба шуморидан даромад. Кӯшиш мекард бобояш уро набинад.
– Як сомонӣ, як сомониву панҷоҳ дирам…, 30 сомонӣ. Ба фикрам, мерасад то бегоҳ.
Хушҳолу сармаст ҷузвдони бобоиро (латтагӣ) гирифта, аз дар баромад. Ин дам Бобои Вафо ранги каргаси бӯи сайдро фаҳмида, аз дарвоза даромаду Шоҳинро дид .
-Ҳа пайрави бобо, ба куҷо? Либосҳои аврупоӣ пӯшида, назди ягон оимча рафтаниӣ, чӣ бало?
-О бобо, шумо чӣ мехуред, ки ин қадар доноед-а?
-Эээ бачам, дар вақташ ку, ман…
-Бобо, Душанбе меравам, як чарх зада биём, майлаш.
-Барраи бобош, о пул дорӣ?
-Дорамуу…
-Намерасад -а?
-Не!
-Ҳозир
Бобои Вафо аз кисаи чапаш носкадуро баровард.
-Бобо, нос ҳам медиҳед чӣ?
-Не тоқат кун, дирӯз пули нафақа гирифта будам, дар таги носкаду мемонам, ки боз набардоранд гуфта .
-Ээ шумое, Бобо, як айёриҳо мекунед, ки…
-Ма, Мирсаид Алии Ҳамадониро бигир!
-Бобо, ҳамин пул мерасад чӣ?
-Ма, ин 5 сомонии дигар!
-Пулам худаш ранги чирк, камакак чирк мешавад, пуф мекунӣ, меравад. Кай ягон чирки бисёр мебиёд, ки дастом сиёҳ шаванду нисфаша дар рӯям молам? Хайр, ман рафтам.
-Худата эҳтиёт кун, бачаам.
Шоҳин ба Душанбе омад. Акнун бояд ба Боғи Ғалаба равад. Ба кадом нақлиёт шинад, намедонад. Ба пулаш нигоҳ мекунад, ба автобус, ба такси, боз ба пул.
-Биё бо “маршрутка” меравам, автобус карта мепурсад, ки надорам .
“Маршрутка” як сомониву 60 дирам бошад ҳам, мешавад .
Шоҳин дохили “маршрут” -и 2 гашт .
Шоҳин худро гӯё дохили “қутии кансерва” тасавур карда бошад, моҳичаҳо барин духтару марду зану кампиру мӯйсафед ба ҳам часпида, молиш мехӯрданд. Пулчинак бадани ғафсашро ба зӯр аз дар дарун карда, ба зану духтароне, ки дар даромадгоҳ меистоданд, ҷафс шуда, фишшос зад:
-Канӣ, акаҳои даромадагӣ, дароз кунен, якта- якта.
Шоҳин базӯр дасташро ба кисааш бурда, 10 сомонии бобояш додаро дароз кард. Пулчинак даст ба даст бақияро ба Шоҳин расонд. Шоҳин наметавонист ҳисоб кунад. Вақте аз “қуттии кансерва” пиёда шуд, пули додаро ҳисоб кард: 7 сомониву 50 дирам.
-Э ин худозада, пули мана хӯрдаст куу.Заҳраш шавад.
Духтари дӯстдоштааш Фариштамоҳ интизори Шоҳин буд
Шоҳин дар ғазаб ба худ мегуфт: – Дар деҳот як сомонӣ осон ба даст намеояд.
Фариштамоҳ Шоҳинро дида даст гардонд. Онҳо ба сайри боғ рафтанд. Сипас ба назди ошхонаи донишҷӯён “Тез тайёр” омада, аз хуроки доимии донишҷуён “Хот -дог” гирифта, гапзанон ба роҳ баромаданд.
– Фариштаи ҳаётам, имрӯз як пулчинаки ғафс мана фиреб кард.
-Чӣ хел?
-10 сомонӣ додам, 7 сомониву 50 дирам бақия дод. Боз имрӯз ронандаву пулчинакаш чунон хурсанд буданд, ки мегӯӣ, хазинаи амири Бухороро ёфта бошанд.
-Дуруст додааст- ку, бақияро.
-Чӣ хел дуруст, 1 сомонӣ надод.
-Э ҳа, ту намедонӣ? Бо қарори Муассисаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон” аз 10- уми ноябр нархҳо 40 % боло париданд.
-Оббо, агар қарорҳо дар дасти “Душанбенақлиётхадамотрасон” бошад, каппа дуд мекардааст. Акнун мардум чӣ кор мекунанд?
-Ҳеҷ, мардум гап мезананд, беҳуда, “кай сер ғами гурусна дорад”. Ба қавле, сабаби болоравиро гарон шудани нархи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ мегӯянд.
– Аҳа. Ана гапу мана гап. Барои чӣ? Орд қимат шавад, доллар мегӯянд. О, доллар дар ҷояш истодаасту нархҳо ба само мераванд, сабаб бензин будааст.
-Мардум чӣ мекунанд? Автобусҳо акнун лаб ба лаб ранги “банкаи тамат” мешаванд .
-Аз куҷо, хайр, ана чаро нархи троллебусро ҳам бардоштанд.
-Ту донишҷӯ, акнун чӣ кор мекунӣ?
– Мушкили ман ҳам ҳамин, мумкин дигар нахонам. Як нақлиёт набошад орд, равған, картошкаву пиёз ҳама қимат.
-Ин мардум акнун пиёда мегарданд чӣ?
-Маҷбур аз нақлиёт истифода мекунанд.
-Фаҳмида будам, касе гуфта буд, ки “навбати дучарха омадааст”. Акнун ба дучарха мегузаранд?
– Не, нархи дучарха баробари мошин.
-Э воҳима кардӣ – даа!!!
-Вой бар ҳоли мардум, маошашон ба раҳпулиашон намерасад.
-Ҳа, рост. Чӣ чизе шавад, баҳона доранд.
-Чӣ хел мешавад, агар харҳои деҳота орем?
-А-а дарди сар мешад, шаҳра “мусирка” месозад
-Фаҳмо. Сабаби дигараш инҷа пойтахт, ҳама нав замонавӣ ва қиммат.
Ҳарду хело суҳбат карданд. Фариштамоҳ ба хобгоҳ бояд мерафту Шоҳин ба деҳа.
– Фариштамоҳам, ман акнун пиёда – пиёда хона меравам. Ин дафъа, ки омадам, харама меорам. Чизе набошад, “бобогӣ” бошад ҳам, ҷонвар кор мекунад. На бензин гӯяд, на бори вазнин гӯяд, на дағалӣ намояд.
Як муддат мардуми ҷабрдида пиёдагардӣ кунанд, бубинем, ин кондукторҳои баландовоз чӣ кор мекунанд. Оё ин ҳолат назорат мешавад? Оё масъулин нолаву шикояти мардумро мешунаванд, ё шунидаанду даҳони баста сад тиллоро шиор кардаанд? Оё навистаҳои журналистҳо ба дарди касе мехӯранд ё не? Хайр, алҳол ягон роҳи ҳал пешниҳод кардан ба сарам намеояд. Охир, як шаҳрванди оддӣ бошам. Мардум бошанд, оҳиста оҳиста ба нархҳои нав одат мекунанд чун ҳамешагӣ. Боз ин ба фоидаи ҳамон “баднафсҳо” -и “маршруткачиҳо” мешавад. Агар баробари баланд шудани нархи нақлиёт маош ҳам баланд мешуд, шояд ба мардум ҷабр намешуд. Дар як рӯз акнун 10 ё 15 сомонӣ ба раҳпулӣ меравад. Дар як моҳ 300 ё 450 сарфи роҳ мешавад. Оқибаташ ба хайр шаваду Худо қувват диҳад ба халқ.
-Хайр, худата эҳтиёт кун. Аз пайи ҳар майда чуйда нагард.
Шоҳин сӯи деҳа рафту дар сараш фикри мардумро мекард. Бобояш нороҳат будани Шоҳинро пай бурда, дилбардорияш кард. Вале оё қиссапардозиҳои бобо ба набера даво мешуд?…
Шоҳини ВАФО