Ба соати дастам нигоҳ кунам соат аллакай ҳашт, вале нақлиёте, ки тавассути он ба дарс равам, дарак надорад. Истгоҳ аз одамони ба мисли ман танбали хоболуд пур буд. Ногоҳ маршрути рақами 18 омад. Ҳарчанд ҷои нишаст надошт ва чанд нафар рост меистод, ман ҳам савор шудам, вале кош савор намешудам, ки намешудам!

Пулчинаки зиррак сарашро аз тирезаи нақлиёт берун карда одамонро даъват мекард “Ҳе биё мерӣ Док, Жилмасив, Налог, Ашан, Меҳргон. Ҳе дхтари хушру биё барои ть ҷо ҳаст, биё”. Нақлиёт ба зудӣ чунон пур шуд, ки “сузан партоӣ агар, ба замин намерасад”. Ҳавои дохили нақлиёт вайрон шуд. Хонуме ба фикрам диққи нафас дошт, ки хост тирезаеро кушояд, вале чунон кушод, ки тиреза ба дасти кӯдаке зад. Модари кӯдак зуд асабонӣ шуд, “оҳиста! Ба дасти дӯхтарам задӣ!”. “Ман қасдан накардам, нохост шуд”- бо овози баланд ҷавоб дод хонуми “диққи нафасдор”. Вале “Метарсидам аз он чи кӣ ба сар омад”. Онҳо чунон миёни ҳам, даргир шуданд, ки тасвирнокарданӣ: ҳарду ба назар рӯзгордида менамуданд, вале ҳайҳот, ки дар амалу гуфтор тамоман гуногун. Яъне ба шарафу шахсияти ҳамдигар бо суханони носазо мерасанд. О магар ҳамин корҳо лозим буд? Намешуд, ки бо хубӣ анҷом ёбад? Он ҳам миёни ду зани солдида. О худамон ку ба азобе рост истодаем. Ҷанҷоли миёни пулчинаку мусофир бас набуд, ки боз дигарон  оғоз кардаанд. Ё магар онҳо ҳам одат карда бошанд?

Ҳарчанд одами зиёд буду ҷои нафаскашӣ не, ҳама ба суханони “қаҳрамонон” гӯш медоданд, ки канӣ боз чӣ суханҳои ноҷо ба ҳамдигар мезада бошанд.

Сарам чарх зад, аз нишастанам пушаймон шудам. Вале чӣ чора, рафта расиданам даркор…

Шарипов И, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь