Шуруъ аз рӯзи аввали фасли баҳор дар масири Душанбе – Чаноқ бориши пуршиддати барф оғоз гардида, боиси тармафароии зиёд гардид. Кормандони “IRS”, новобаста аз хатарҳои зиёд тавонистанд, ки тармаҳоро бетаъхир бартараф ва ҳаракати нақлиётро тавассути роҳи мазкур таъмин намоянд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки аз оғоз то анҷоми корҳои бартарафсозӣ роҳбарияти “IRS”, хоса директори он Нодирҷон Сафаров шахсан иштирок намуда, дар наҷоти ронанда ва панҷ мусофире, ки зери тарма монда буданд, саҳми босазо гузошт. Ин маротибаи аввал нест, ки номбурда дар чунин ҳолатҳо паҳлуи кормандони одӣ қарор дорад. Бар замми ин, бо нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ, тибқи супориши роҳбарияти филиали Ширкат ба ронандагону мусофирони автомобилҳое, ки интизори кушодашавии роҳ буданд, озуқа дастрас шуд.
“Омодагии филиали Ширкат ба ин мавсим хеле ҷиддӣ ва ҳамаҷониба буда, дар ин раванд таваҷҷуҳи хоса ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву механизмҳо зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира шуд. Биноан, бо дарки масъулият мегӯем, ки рисолати хеш – нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанокро минбаъд низ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро хоҳем кард”, – гуфт Нодирҷон Сафаров.
Дар робита ба ҳолати мазкур 242 адад техникаи роҳдории филиали Ширкат дар ҳолати омодабош буд. Гуфтан бамаврид аст, ки танҳо аз километри 48 то 84-уми роҳ 44 техникаи пуриқтидори филиали Ширкат фаъолияти шабонарӯзӣ дошт. Дар ин замина, тайи рӯзҳои охир аз тарафи кормандони филиали ширкат зиёда аз 45 тармаи хурду калон бартараф гардид. Дар баъзе ҳолатҳо паҳноии тармаҳо зиёда аз 200 ва баландиашон то 10 метрро ташкил медоданд. Илова бар ин даҳҳо автомобил бо кумаки техникаҳои «IRS» аз банди тарма раҳо шуданд.
Мардуми зиёд, ки ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд, ба ин тадбирандешӣ таҳсин хонданд.
“То ин замон мепиндоштем, ки сохторҳои дахлдор вобаста ба боришот ва тармафароӣ аз ҳад зиёд воҳима мекунанд, вале воқеиятро бо чашми худ дидему ба даҳшат афтодем. Дар ин ҳолат ягона умед кормандону техникаҳои пуриқтидори «IRS» буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мебахшид. Воқеан ҳам роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳбони боэътимод дорад. Ин корҳоро нодида гирифтан беинсофӣ аст. Дидем, ки кормандон хеле масъулиятшиносанд, ба ронандагону мусофирон бо алфози ширин муносибат мекунанд. Ҷаҳду талош доранд, то роҳ кушода ва дар ҳолати хуб қарор дошта бошад. Аҳсан ба онҳо!”- гуфт ронандаи яке аз мусофиркашон.
Чунин қадршиносӣ далели возеҳи он аст, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар ҷисми кишвар шабеҳи шоҳраг аст, аз ҷониби кормандони «IRS» дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодааст.