Аҷаб хислатҳое дорад инсон. Қиммати саломатиро замоне мефаҳмад, ки бемор шудааст. Ба қадри вақт низ ҳангоме мерасад, ки онро аз даст додааст. Вақтарзишмандтарин чизе, ки чун рафт, бозпас гардониданаш намешавад. Баъзан маврид аз ҳолати муқаррариаш дида муътабартар мешавад. Махсусан, барои донишҷӯ мавсими имтиҳон айни ин вазъият рӯй медиҳад.

Имтиҳон мавсимест, ки донишҷӯ ин ҳангом вақтро “сарфакорона” истифода мебарад. Имтиҳон мавсимест, ки донишҷӯйи замоне чалласаводро аз пайи саводомӯзӣ мекунад. Имтиҳон мавсимест, ки донишҷӯйи дарсшиканро ба остонаи донишгоҳ меорад. Имтиҳон мавсимест, ки донишҷӯро муддате аз олами маҷозии интернет берун мекашад. Имтиҳон мавсимест, ки донишҷӯ дар дохили нақлиёт ба ҷойи телефони ҳамроҳ дар даст китобчаи тест мегирад. Имтиҳон мавсимест, ки донишӯйи ба китобхона нарафтаро ба ин макон меорад. Ҳар донишҷӯе, ки бо усули тест имтиҳонҳоро супоридааст, хоҳу нохоҳ боре яке аз ин ҳолатро таҷриба кардааст.

То ҷорӣ кардани системаи кредитӣ дар низоми имтиҳонсупории донишгоҳ санҷишҳо ба гунаи шифоҳӣ ва саволу ҷавоби рӯ ба рӯи байни донишҷӯву устод сурат мегирифт. Алъон, бо пайвастан ба низоми кредитӣ ҳол тайғир ёфта, вазниниҳое аз дӯши донишҷӯён гирифта шудааст. Донишҷӯ бо дастрас кардани саволномаҳои тестӣ онро аз худ мекунаду дар мудати 15-20 дақиқа имтиҳонро месупорад ва аз натиҷаи кораш ҳамон замон огоҳ мешавад. Вале то вақти супоридани имтиҳон як қатор машаққатҳо пешорӯи донишҷӯ меоянд. Чун тестро дастрас кард, ҳамон донишҷӯйе аз пайи ҷустуҷӯяш мешавад, ки фаъоли гуруҳ буд. Дигарон “ба оши тайёр баковул”, машаққате накашида, то давраи оғози имтиҳон бепарво мегарданду ҳамин ки як-ду рӯз ба имтиҳон наздик омад, мисли “мурғи посӯхта” ба таҳлука афтида, аз пайи тайёрӣ ба имтиҳон мешаванд. Ҳатто ба ҳамин “оши тайёр” ҳам қаноат накарда, “аср асри техника” гуфта, ҷавобҳои тестро дар телефонҳои ҳамроҳашон сабт мекунанд. Албатта, ин амалҳоро он донишҷӯёне мекунанд, ки майли омӯхтан надоранд. Тарс ҳам чизи хуб аст. Аз тарси дар имтиҳон наафтидан ин ашхос мудати кӯтоҳ ҳам бошад, аз пайи чизе омӯхтан мешаванд.

Тайёрии ҳаматарафа ҳангоми имтиҳон барои донишҷӯёни фаъол интиҳои кор нест. Баъзе вақт компютерҳое, ки системаи имтиҳонсупории донишгоҳҳо дар онҳо насб гардидааст, барномаашон халалдор мегардаду заҳматҳои кашидаи донишҷӯён барҳадар меравад.

Монанд ба ин ҳолатро дар мавсими нави имтиҳонсупорӣ шоҳид гардидам.

Имтиҳон хотима ёфт. Азм кардам, ки ба китобхона рафта, ба имтиҳонҳои минбаъда тайёрӣ бинам. Дар даромадгоҳи китобхона рафиқам Файзбахшро дида, ҳамроҳ ба шуъбаи матбуот баромадем. Ӯ низ каме пештар имтиҳон супорида, аз дар имтиҳон баҳои панҷ гирифтанаш мужда дод. Саҳифаи аввали ҳафтаномаро кушодам, ки занги телефони Файзбахш баланд шуду пас аз чанд лаҳза рафиқам қаламу дафтарашро ғундошта, “донишгоҳ рафтан лозим аст” гуфту аз толор берун шуд. Ман низ ӯро то донишгоҳ ҳамроҳӣ кардам. Маълум гардид, ки системаи имтиҳонсупорӣ баҳои рафиқамро, ки панҷ гирифта буд, ду нишон додааст. Ба донишгоҳ расидем. Ба чанд нафари дигар аз ҳамкурсонаш низ ин ҳолат рух додааст. Ҳама донишҷӯён дар ғазаб буданд. Яке ҳадс мезад, ки ин кор маротибаи аввал нест, ки ба амал меояд: “Системаи “сабилмонда”-и кредитӣ бо ин вайроншавиҳояш шавқи хонданро аз диламон дур намуда, саводамонро коста карда истодааст. Ҳар мавсим дар яке аз имтиҳонҳо ин вазъият рух медиҳад”. Нафари дигар ҳадс мезад, ки “ман дақиқан маротибаи дуюм холи паст гирифта, аз  имтиҳон меафтам, зеро алакай ҷавобҳои тестро фаромӯш кардаам”. Сеюмӣ бо устод моҷаро мекарду сабаби нуқсони техникии дар имтиҳон ба амал омадаро пурсон мешуд.

– Наход дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвар вайроншавии системаи имтиҳонҳо ба амал ояд. Акнун ба ин дуи гирифтаам аниқ аз идрорпулӣ мемонам,- мегуфт ҳамсабақи рафиқам Шаҳзода.

Устод ҳам бо мулоҳиза посух дод:

– Ман дар се-чор ҷой кор кардаам. Аксаран, на ба баҳои диплом, балки ба лаёқату истеъдодат нигоҳ мекунанд.

Мо ин ҳолатро мушоҳида мекардем. Ба дурустии ҳарфи устоди рафиқам шакке надоштам, вале ба дил гуфтам, ки агар ҳар дафъа чунин ду гирифтан гиранд, магар то ҳамон диплом мерасида бошанд?

Инҳо марҳилаҳои тақдирсозу мушкиле ҳастанд, ки ҳар донишҷӯи имрӯз ҳангоми имтиҳонсупорӣ пешорӯйаш меояд. Магар ин омилҳо ба раванди илмандӯзии донишҷӯйи имрӯз халал эҷод намекунад.

Шумо чӣ назар доред?

Маҳкам МАҲКАМЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь