Барои собиқ маҳкумшудагон
Дар зиндагӣ ҳар яки мо бо ҳолатҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавем. Вақте иштибоҳе мекунем ё ба нокомие дучор мешавем, ҳатман нафаре лозим аст, ки дасти ёрӣ дароз кунаду барои дубора ба равиши зиндагӣ баргаштан кӯмак намояд.
Асламбек (ном бо хоҳиши ҳамсуҳбат иваз шудааст) 45 сол дорад. Баъди хатми мактаби миёна, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераваду пас аз чанд муддате ӯро бо ҷурми куштор аз озодӣ маҳрум мекунанд. Ӯ даҳ соли умри худро дар муассисаи ислоҳӣ дар Русия паси сар карда, баъд аз озод шудан ба ватан бармегардад.
“Баъди бозгашт, аз ҳамсояамон, ки дар шуғли аҳолӣ кор мекунад дар бораи ташкилоти “Идораи ҳуқуқи инсон” маълумот пайдо кардам. Ба ин ташкилот рафтам ва кормандонаш ба ман машварати ройгон доданду дар бораи имкониятҳо бароям гуфтанд. Чун зиёд мехостам, зиндагиамро аз саҳифаи тоза шуруъ кунам, ба ҳама кор омода будам…”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният” дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” дар роҳандозии лоиҳаҳои хурд ба ёздаҳ нафар собиқ маҳкумшуда кӯмак кард. Тавре Асламбек мегӯяд, қабл аз дарёфти маблағгузорӣ барои лоиҳаи худ, ӯ ва дигар довталабон аввал як даври омӯзиширо паси сар карданд.
“Ин ташкилот маро барои гузаштани тренинг дар бораи соҳибкорӣ ба Душанбе равон кард. Баъди тамом кардани тренинг, ман лоиҳаи худро навишта, пешниҳод кардам, ки он барои ба даст овардани таҷҳизоти сохтмонӣ буд. Чун ман кори сохтмонро хуб медонам, тасмим гирифтам, ки бо ҳамин кор минбаъд рӯзии худро ба даст орам”, – иброз дошт ӯ.
Моҳи майи соли равон ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният” дар чаҳорҷӯбаи лоиҳаи болозикр барои 15 нафар собиқ маҳкумшуда аз манотиқи кишвар дар бораи банақшагирии тиҷорат ва рушди шахсӣ аз мураббиёни ботаҷриба омӯзиш гузаронд.
Фарида (бо хоҳиши ҳамсуҳбат ном иваз шудааст), сокини шаҳри Бохтар орзу дошт, ки духтур шавад. Баъд аз хатми коллеҷи тиббӣ ба ҳайси ҳамшираи шавқат кору фаъолият мекард. Аммо зиндагии ӯ дар натиҷаи иҷрои нодурусти коре, ки минбаъд додгоҳ ӯро ҷарима карда, озод кард, ранги дигар мегирад.
“Новобаста аз таҷрибаи корӣ, маро дигар дар ягон ҷо ба кор қабул намекарданд. Ҳар куҷое мерафтам, бинобар “доғи судӣ” доштанам ҷавоби рад мегирифтам. Аз дӯстонам дар бораи ташкилоти “Идораи ҳуқуқи инсон” огоҳӣ пайдо намуда, он ҷо рафтам. Бо кӯмак ва дастгирии онҳо давоми се моҳ курси дӯзандагиро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатнома шудам. Баъди иштирок дар тренинг оиди тиҷорат, ман ҳам лоиҳаи худро пешниҳод карда, дархости мошинаи дарздӯзӣ намудам. Имрӯзҳо ҳамарӯза вақте ки қувваи барқ ҳаст, ману духтарам ва боз як зани ҳамсояам ба духтани либосҳои фармоишӣ машғул мешавем”, – бо сипос мегӯяд Фарида.
Тибқи иттилои Наргис Зокирова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният” дар давраи ҳисоботӣ даҳ нафар собиқ маҳкумшуда, аз ҷумла як нафар зан, ки лоиҳаҳои иҷтимоии онҳо аз ҷониби доварон тасдиқ шуд, барои кори худ таҷҳизоти дархосткардаашонро гирифтанд.
“Яке аз талаботи озмуни дарёфти грант он буд, ки бояд довталабон худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар идораи андоз ба қайд гирифта, кори худро дар доираи қонунгузорӣ анҷом диҳанд. Ва ин талабот аз ҷониби ҳамаи грантгирандагони мо иҷро шудааст”, – таъкид намуд Зокирова.
Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, яке аз нуқтаҳои муҳим дар ин озмун он буд, ки довталабон имкон доштанд барои тиҷорати нав ё коре, ки аллакай доранд, дархост пешниҳод кунанд. Мисол, ду грантгирандаи вилояти Хатлон, ки муддати тӯлонӣ фаъолият доранд, барои рушди кори худ таҷҳизоти муосир дархост карданд, чун ба бовари онҳо маҳз ҳамин таҷҳизот барои беҳтар шудани тиҷораташон мусоидат мекунад.
“Барои онҳое, ки орзуи шуруъ кардани кореро доштанд, аммо имкони молӣ не, мо шароит фароҳам овардем, ки дар доираи лоиҳаҳои худ орзуяшонро амалӣ кунанд. Мисол, бонуе, ки аз Бохтар барои мошинаҳои дарздӯзӣ лоиҳа пешниҳод кард, айни замон ба ғайр аз худаш боз ду нафар бонуи дигарро бо кор таъмин кардааст, ки ин ба онҳо имкон медиҳад вазъи иҷтимоию иқтисодии худро беҳтар кунанд”, – мегӯяд Наргис Зокирова.
Тавре Зокирова қайд кард, дар ҳама кор бояд хатарҳо ба инобат гирифта шуда, барои кам кардани онҳо чораҳои пешакӣ андешида шаванд. Дар мисоли мазкур, хатари содир кардани ҷинояти нав аз ҷониби собиқ маҳбусон мавҷуд аст, ки пас аз он онҳо дубора равонаи муассисаҳои ислоҳӣ мешаванд. Ё ин ки онҳо метавонанд таҷҳизотро фурӯшанд. Аммо ба иттилои хонум Зокирова айни замон кормандони иҷтимоӣ ва ҳуқуқшиносони ташкилот барои таҳлили раванди лоиҳаҳо ҳамеша бо грантгирандагон дар тамос буда, тафтишҳои ғайринақшавӣ мегузаронанд.
“Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилоти мо ин пешбурди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мо аз соли 2018 ба ин фаъолият машғулем ва боиси хушнудист, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми октябри соли 2023 гурӯҳи кории расмӣ оиди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» аз ҷумлаи намояндагони ҳукуматӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба кори худ шуруъ кард. Таври маълум, мақсади соҳибкории иҷтимоӣ ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ ё фоида ба ҷомеа бидуни ҳадди аксар фоидаи шахсии соҳибкор мебошад. Яъне барои мо муҳим он аст, ки соҳибкорони иҷтимоии мо, ки аз як гурӯҳи осебпазири собиқ маҳкумшудагонанд, бо ҷойи кор таъмин бошанд ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодии худро дар оила ҳал кунанд”, – гуфт Зокирова.
Фарида, ки айни замон бо ба даст овардани мошинаи дарздӯзӣ ба духтани либосҳои фармоишӣ машғул аст, орзу дорад, ки минбаъд корхонаи худро васеъ карда, ба ҳама занони хоҳишманд ҳунар омӯхта, онҳоро бо ҷойи кор таъмин намояд. Асламбек низ нақша ва умеди зиёд дорад: “Орзу дорам, ки бо ширкатҳои сохтмонӣ шартнома баста, ин кори хурдакаки худро ба макони кории даҳҳо нафари дигар табдил диҳам”, – бо нияти нек мегӯяд Асламбек.
М. НОЗИМӢ
Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд омода ва нашр шудааст. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ – “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” амалӣ мешавад. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.