ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БЕШТАР ДАР КУҶО ҲИФЗ ШУДААСТ?
Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани мардуми Тоҷикистон як ҳодисаи муқаррарӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи рушди иқтисодиёти миллӣ гардидааст. Тибқи маълумотҳои гуногун, ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз 800 ҳазор то 1,5 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷалб шудаанд, аммо бо назардошти онҳое, ки ба таври ғайриқонунӣ ба муҳоҷират мераванд, ин рақам ба таври назаррас зиёд мешавад. Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор мекунанд. Чаро муҳоҷирони тоҷик чунин роҳро интихоб мекунанд, оё ин тамоюл тағйир ёфта метавонад ва оё дар бозорҳои кории кишварҳои дигар барои онҳо дурнамое вуҷуд дорад? Дар ин бора бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов суҳбат кардем.
Ба омилҳои такондиҳандаи раванди муҳоҷират аз Тоҷикистон маоши кам, сатҳи баланди бекорӣ ва вазъи мураккаби демографиро мансуб донистан мумкин аст.
“Солҳои охир бештар гуфтугӯҳо дар бораи он ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон бозорҳои нави корӣ боз мешаванд ва изҳоротҳо дар мавриди он ки як қатор кишварҳои Ховари Миёна барои қабули муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон омодаанд ва кишварҳои Аврупо ва ИМА ба муҳоҷирони мо муомилаи хуб доранд, садо медиҳанд. Аммо ба ин масъала яктарафа баҳо додан мумкин нест.
Дар мавриди кишварҳои Ховари Миёна баъзе нозукиҳо вуҷуд доранд, барои мисол, маоши муҳоҷирони корӣ дар ин кишварҳо хеле паст аст ва шаҳрвандони мо дар онҷо маҷбуранд тӯли чанд моҳ фақат барои пӯшонидани хароҷоти роҳ, яъне пули парвоз кор кунанд ва дар чунин ҳолат захира кардани маблағ хеле мушкил аст.
Ин ҷо аз як ҷанҷоли калон вобаста ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ҳангоми омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2022 дар Қатар ёдовар шудан бамаврид аст. Ба он ҷо барои корҳои сохтмонӣ теъдоди зиёди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб шуда буданд, онҳо дар шароити вазнин (ҳаво дар ин кишвар то ба 50 дараҷа мерасид) корҳои вазнини ҷисмониро анҷом медоданд ва илова бар ин, маоши хеле кам мегирифтанд. Албатта, дар ин на танҳо корфармоёни мустақим, балки ширкатҳои миёнарав, ки коргаронро киро мекунанд, айбдоранд, зеро онҳо дар мавриди маош чизи дигар ваъда карда буданд, аммо дар асл дигар хел шуд. Яъне онҳо инро бо доштани пули комиссия ва хароҷотҳои гуногун маънидод карданд.
Ҳамчун омилҳои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалбкунанда суботи иқтисодӣ, бозори васеи меҳнат, сатҳи нисбатан баланди музди меҳнат дар якҷоягӣ бо наздикии ҷуғрофӣ, низоми бидуни раводид, “шаффофият”-и гузаргоҳҳои сарҳадӣ, фарҳанг ва забони муштарак, мавҷудияти робитаҳои оилавӣ ва тиҷоратиро ном бурдан мумкин аст.
Пас шаҳрвандони Тоҷикистон низ метавонанд ба чунин ҳолат дучор шаванд. Гузашта аз ин, ҳар як кишвари Шарқи Наздик қонунгузории меҳнат ва шароити кории худро дорад. Ва яке аз ин шартҳо мавҷуд будани кафил, яъне корманди маҳаллие, ки барои коргари аз хориҷ омада (мусофир) масъул аст, аммо дар асл пайдо кардани ин гуна кафил бисёр мушкил мебошад. Ширкатҳои миёнараве, ки чунин кафилро пешниҳод мекунанд, мехоҳанд аз ин пул кор кунанд ва дар натиҷа, муҳоҷирони корӣ на ҳама вақт даромади хуб пайдо карда метавонанд.
Пештар теъдоди муайяни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Туркия равона мешуданд, аммо пас аз он ки ин кишвар барои шаҳрвандони мо маҳдудияти раводидиро ҷорӣ кард, пайдо кардани кор дар Туркия барои онҳо қариб ки ғайриимкон гардид, зеро тартиби гирифтани раводиди корӣ бисёр печида (мураккаб) аст.
Солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор ширкатҳое пайдо шуданд, ки ба шаҳрвандони мо дар Аврупо кор пешниҳод мекунанд, аксар вақт ин кори мавсимӣ, ба мисли ҷамъоварии помидор ё қулфинай аст. Дарвоқеъ чунин имконият вуҷуд дорад, аммо дар он ҷо музди меҳнат хеле паст мебошад. (Барои ҷамъоварии сабзавот ва буттамева дар як моҳ ҳудуди 600-800 евро пардохт карда мешавад). Вале бо назардошти хароҷотҳои роҳ ва ҳақи (комиссияи) ширкати миёнарав, маблағе, ки муҳоҷири корӣ дар ниҳоят мегирад, кифоягӣ намекунад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бо сабаби мутобиқ шуда натавонистан ба шароити кишварҳои ғарбӣ аксар вақт ба зудӣ ба ватан бармегарданд.
Ҳамчунин, солҳои охир кишварҳои назди Балтика пас аз Лаҳистон шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравиро ба бозори кории худ фаъолона ҷалб карда, ҳамзамон ба як дарвозаи асосӣ барои гирифтани раводиди Шенген ва макони дарёфти кору даромади хуб табдил ёфтаанд. Вале боз ҳам вобаста ба шароити кор як қатор нозукиҳо ҷой доранд. Барои мисол, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои назди Балтика кор ба ҳайси ронанда – экспедитор барои сафарҳои дур пешниҳод карда мешавад. Ин корманд дар назди ширкат ӯҳдадориҳои зиёд дорад ва аксар вақт ширкат ӯро барои иштибоҳҳои гуногун пайваста ҷарима мебандад. Аз ин рӯ, ин кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон тамоман бефоида аст. Ин гурӯҳи коргар қариб ки пурра дар мошин зиндагӣ мекунад: ӯ аз Латвия ё Литва ба дигар кишварҳои Аврупо бор мекашонад ва 2-3 моҳро дар сафар мегузаронад. Тамоми ин вақтро ронанда дар роҳ мегузаронад. Оё ин кор ба ҳама мувофиқ меояд?
Ҳарчанд дар Иттиҳоди Аврупо дар баъзе соҳаҳо норасоии ҷиддии қувваи корӣ ба назар мерасад, вале аксар вақт муҳоҷирони тоҷик ба талаботҳои сершуморе, ки имрӯз дар бозори меҳнати Иттиҳоди Аврупо нисбат ба коргарон гузошта мешаванд, ҷавобгӯ нестанд. Илова бар ин, солҳои охир дар бозори меҳнати Аврупо рақобати ҷиддие барои ҷойҳои корӣ вуҷуд дорад: дар баробари шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷойҳои корӣ шаҳрвандони худи Иттиҳоди Аврупо, гурезаҳо аз Украина, шаҳрвандони Молдова, зодагони кишварҳои Африқо ва Ховари Миёна даъво карда метавонанд. Аз ин рӯ, барои шаҳрвандони Тоҷикистон пайдо кардани кори мувофиқ дар он ҷо бисёр мушкил аст”.
Муҳоҷирон осебпазиртарин табақаи аҳолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳисоб мераванд, дар он ҷо ҳолатҳои марги оммавии муҳоҷирон хеле зиёд аст, тайи 20 соли охир дар ин кишвар ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.
Ба таҳлили коршинос метавон илова кард, ки кишварҳои Ғарб аз ҷиҳати менталитет барои шаҳрвандони мо комилан бегонаанд, пас давраи мутобиқшавӣ одатан душвор мегузарад. Муҳоҷирон яке аз осебпазиртарин қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд ва қаллобон аксар вақт аз ин осебпазирӣ истифода бурда, бо ваъдаи бар ивази маблағи калон ҳал намудани тамоми масъалаҳои будубош муҳоҷиронро фиреб мекунанд.
Мавзӯи “Орзуи амрикоӣ” баҳси алоҳидаро талаб мекунад. Ин истилоҳест, ки таомул шудааст ва ҳамчун эътимод ба он ки ҳар як шахс, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико метавонад муваффақ шавад, маънидод карда мешавад. Дар баробари ин, бо сабаби бад шудани вазъи иқтисодӣ дар Амрико сокинони маҳаллӣ акнун истилоҳи “Орзуи амрикоӣ”-ро мисли пештара муҳим намешуморанд, зеро сатҳи зиндагии онҳо ба таври назаррас паст шудааст. Акнун “орзуи амрикоӣ” танҳо ба шахсоне, ки орзуи муҳоҷират ба ИМА-ро доранд, илҳом мебахшад ва дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
“Дар ИМА воқеан бозори бузурги меҳнат вуҷуд дорад ва барои одамони бетахассус низ кори зиёд пайдо мешавад, вале дар баробари ин, ворид шудан ба қаламрави ИМА бисёр мушкил аст ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтани раводид ва иҷозатномаи кор дар Амрико – як чизест аз олами фантастика. Теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон имкони вуруди қонунӣ ба қаламрави Амрикоро доранд, дар тӯли асри гузашта шумораи зиёди зодагони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш доштанд ба таври ғайриқонунӣ вориди Амрико шаванд. Баъзеҳо муваффақ шуданд, баъзеҳо не, вале ба ҳар сурат барои инсон дар кишвари бегона дур аз Ватан дар шароити ғайриқонунӣ қарор доштан як ҳолати хеле хатарнок аст. Зеро муҳоҷирон дар он ҷо аз тамоми ҳуқуқҳо маҳруманд, илова бар ин, ҳама гуна ёрии тиббӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо маблағҳои калон талаб мекунанд. Аз ин рӯ, бояд даромади хуб дошта бошанд. Ҳарчанд муҳоҷири ғайриқонунӣ дар ИМА имкони пайдо кардани ҷои корро дошта бошад ҳам, вале танҳо бо маоши ночиз, ки фақат хароҷотҳои ҷориро рӯйпӯш мекунад ва дар мавриди захира кардани маблағ ва таъмини оила ҳоҷати гап ҳам нест.
Ҳоло теъдоди муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ сарҳади ИМА ва Мексикаро убур мекунанд, дар як рӯз 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти кишвар тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби аз кишвар ихроҷ кардани муҳоҷирони аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия омада ин рақамро то 1,5 ҳазор нафар кам кунад (шаҳрвандони дигар кишварҳо метавонанд бо қарори додгоҳ аз ихроҷшавӣ халос ёбанд)
Ҳамчунин, ёдовар мешавам, ки чанд моҳ пеш ИМА тасмим гирифт, ки шахсони ба таври ғайриқонунӣ ба Амрико воридшударо аз кишвар ихроҷ кунад, ки ин, пеш аз ҳама, ба шаҳрвандони 36 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дахл дорад. Яъне шаҳрвандони ин кишварҳо, ки сарҳади ИМА-ро ғайриқонунӣ убур мекунанд, фавран депорт карда мешаванд, ҳатто барои тафтишоти судӣ имкон намедиҳанд. Ҷолибаш он аст, ки чунин тасмимро президент Байден қабул кардааст, ки ҳукуматаш нисбат ба муҳоҷирон ғамхор ҳисобида мешуд. (Дар муқоиса бо он мавқеи президенти собиқи ИМА Доналд Трамп дигар аст, ки ба ҷонибдории барҳам додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ баромад мекунад). Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз низ назари ИМА нисбат ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ манфӣ аст ва онҳо намехоҳанд, ки шаҳрвандони мо дар ҷустуҷӯи кор ба онҷо раванд” – мегӯяд Фаридун Усмонов.
Ҳамзамон ин маъно дорад, ки чаро Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё макони маъмултарин барои муҳоҷирони тоҷик гардидааст – шароити кор ва зиндагии дар ин кишварҳо фароҳамовардашуда ба ниёзҳои шаҳрвандони мо ва ба кӯшишҳои онҳо мувофиқат мекунад.
Фаридун Усмонов ҳамчунин меафзояд: “Бояд дарк кунем, ки вақте ҳуқуқҳои шаҳрвандони мо дар кишварҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо маҳдуд аст, пас чанд кишварҳои дигаре ҳастанд, ки мо бо онҳо ба таври анъанавӣ ҳамкорӣ дорем, аз ҷумла дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, шуғл ва меҳнат. Инҳо, пеш аз ҳама, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Белоруссия мебошанд. Воридшавии миқдори зиёди пули нақд ба иқтисодиёти кишвар аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони мо, ки дар Русия кор мекунанд, таъмин карда мешавад.
Маълум аст, ки имрӯз муҳоҷирон дар Русия бо мушкилотҳои муайян рӯ ба рӯ мешаванд, вале ин мушкилотҳо бештар бо мавқеи ишғолкардаи шаҳрвандони дар муҳоҷиратбуда алоқаманд мебошанд. Маълум аст, ҳар як кишваре, ки миқдори зиёди муҳоҷирони меҳнатиро қабул мекунад, мехоҳад муҳоҷирон қонунҳои ин кишварро риоя кунанд, ба шароити зиндагии ин кишвар зуд мутобиқ шаванд ва ҳолатҳои муноқишавӣ эҷод накунанд. Бо вуҷуди ин, албатта, дар Русия низ аз ҷониби корфармоён баъзе мушкилиҳо эҷод карда мешаванд, яъне онҳо нисбат ба муҳоҷирони корӣ на ҳама вақт одилона рафтор мекунанд. Ва имрӯз дар Федератсияи Русия равандҳои муайян пеш гирифта мешаванд, ки ба ҳалли ду масъалаи асосӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ нигаронида шудаанд – аз як тараф, зудтар ва беҳтар мутобиқ шудани муҳоҷирони хориҷӣ ба зиндагӣ ва риояи қонун дар Русия, аз тарафи дигар, талошҳои мақомоти Русия барои риояи қонун аз ҷониби корфармоён ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурӣ барои муҳоҷирони корӣ.
“Вазъи имрӯза дар бозори меҳнати Федератсияи Русия аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти кишвар саъй доранд, то бозори меҳнатро шаффоф ва бароҳат гардонанд, ки дар он шароити иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои коргарон таъмин карда мешавад” – мегӯяд Фаридун Усмонов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ.
Ҳабибуллоҳ АМИНӢ,
таҳлилгар