Якбора аз мушоҳидаҳои ахири рӯз оғоз мекунам: дар анҷоми рӯзи дувум ифтихори суҳбату гуфтугӯ бо ду довталаб аз гурӯҳи бузургсолон насиби доварони номинаи “Адабиёти ҷаҳон” шуд. Пешакӣ бояд изҳор кунам, ки банда ҳар чизе менависаму мегӯям, хоҳ ситоиш аст ва ё камбуду норасоӣ, бардоштҳои худам аст ва натиҷаи кори он номинаест, ки ба адабиёти ҷаҳон ихтисос дорад: дигар номинаҳо чӣ вазъу ҳоле доранд, аслан хабар надорам…

Ҳамин тавр, қариби шоми дирӯз марди 71-солае бо исму фомили Пирмурод Абдуллоев ва баъди ӯ табиб Маҳмаддовуд Бӯриев вориди синфхонаи мо шуданд. Аввалӣ бознишаста будааст, солҳои сол ҳамчун нонпаз ва баъдан боғбон дар ноҳияи Ёвон кор мекардааст, барилова газетаву маҷаллаҳо оварда, дар ноҳия дастраси мардум мекардааст.

Маҳмаддовуд факултаи кимиёи Донишгоҳи миллиро соли 2012 бо дипломи аъло хатм карда, ҳамон сол ба Донишгоҳи тиббии пойтахт ҳуҷҷат супурдааст. Бо ин ду ихтисос (ҳам кимиёгариву ҳам табибӣ ва ҳарду бо дипломи аъло) қаноат накарда, дар кишвари Эрон Донишгоҳи улуми пизишкиро низ хатм кардааст. Ҳоло дар беморхонаи маркази Ёвон як табиби одист…

Дафтари асарҳои хондаи амаки Пирмуродро варақгардон карда, хеле пурсупос кардем. Бо тамкину осудагии ба мардуми ин синну сол хос он кас сухан мегуфту бо шавқу завқ гоҳе аз мундариҷаи осор ва гоҳе аз бардоштҳояш ҳарф мезад: Анна Ахматова, Халилуллоҳи Халилӣ ва Восифи Бохтариро дӯст медоштааст, як шеъри шоири маъруфи арманӣ Петрос Дурянро бо матлаъи

Марг агар ногаҳ дарояд аз дарам,

Гӯядам, ки ҷонат аз тан мебарам…

хонда, афзуданд, ки ин кас аз дӯстони хубу содиқи устод Абулқосим Лоҳутӣ буданд…

Анҷоми шеър дар хотирам нақш баст, ки ин тур аст:

Ҳар гаҳе, ки қабри ман, эй дӯстон,

Мешавад бегона бар хурду калон.

Он замон аз ман намемонад нишон,

Дон, ки он дам мурдаам, ман, мурдаам…

Яъне рафтани ҷон аз бадан ҳанӯз мурдан нест, мурдан ҳамон вақт мурдан мешавад, ки сари гӯрат касе наояд, ё ба қавле дигар, оромгоҳат аз ёдҳо биравад… (Ҳоло фурсат надорам, ки ин шеърро батамом ин ҷо биёрам, ҳамин ки вақт шуд, ин корро мекунам). Дар омади гап аз ин мард пурсон шудам, ки аз куҷо фурсат ёфтед, ки ин ҳамаро аз бар кардед.

Посухи зебое шунидам: ИН ИШҚ АСТ, БО ИШҚ ЧӢ МЕКУНӢ…

Акнун андешае ба сарам мезанад: аз даҳҳо лексияву маърӯзаву гузоришҳои таблиғотӣ дида, ин касро мактаб ба мактаб ва ҳатто боғча ба боғча бурда муаррифӣ кардан манфиати бештаре хоҳад дошт, чун намунаи фардест, ки бо китоб ишқу алоқаи осмонӣ дорад… Исботи ин ақида аст, ки хондани китоб ва дӯст доштани адабиёт на барои мансаб асту на чизҳои дигари утилитарӣ…

Ин ишқ аст ва инсон ба ҷуз ишқи одам ба одам ба сӯзу сози дигаре ҳам ниёз дорад: наметавон як умр дар сояи мансаб буд, наметавон умре дар оғӯши дилрабое буд, наметавон як умр аз тамошои қасру кушки дар вақти “тавоноӣ” сохташуда ҳаловат бурд…

Ишқи китоб, ишқи фаҳму дарки зебоиҳо ва ҳақоиқи зиндагӣ тавассути китоб сарҳалқаи занҷираест, ки ҳаёти модиву маънавии одамиро устувор мекунад, ба зиндагие, ки аксаран дар андешаи хӯрду хоб ва оромиши фарзандон мегузарад, мазмуну маъно мебахшад… Бисёр мехоҳам ҳамин андешаро шоире дар пироҳани шеър ҷо кунад, ба дил мегузаронам, ки вақти субҳона ба Давлати Раҳмониён аз ин хусус арз кунам, шояд ки гапам гузарад ва шеъре дар ҳамин мавзуъ пайдо шавад…

Ду сухан аз Давлати Раҳмониён. Вақти ғизои нимарӯзӣ ва шом ин марди сухан доиман хомӯш аст, таваҷҷуҳ мекунам, ки фақат гӯш мекунаду сухан намегӯяд. Ҳатто ин шом, вақте ки шоир Озар Салим фейсбукро сахт танқид кард ва гуфт, ки ин абзори муошират аз гуфтугузори сари бозору кӯча фарқе надорад, Давлати Раҳмониён чизе нагуфт.

Ман комилан зид баромадам: гуфтам, ки тозатарин ашъори шуаро, аз ҷумла Давлати Раҳмониён, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб ва даҳҳо суханварони дигарро аз ҳамин минбари “кӯчаву бозор” мехонем, ҳамчунин иттилооти илмии марбут ба таърих, ба фарҳангу маънавиятро…

Ва барои банда, бо вуҷуди ҳарзагӯйиҳои бархе “сари минбарбудагонаш” (ман онҳоеро дар назар дорам, ки ба қавли дурусти Озар, дар сояи буттае менишинанду мегӯянд, “бинед, мани бузургвор дар фалон ҷо қарор дорам”, ё “ман дар фалон сояи дарахти фалон минтақа ҳастам ва роҳату сафое дорам…”), ё ончунон тафсири шеър мекунанд (бисёр хандадор), ки гӯё алломаи замон ҳамонҳо бошанд”…

Бале, фарҳанги истифодаи ин минбар, яъне фейсбук ҳанӯз дар тору пуди миллати мо, ҳатто миёни аҳли зиё, комилан ташаккул наёфтааст, барои ҳамин ҳам ба Озари азиз гуфтам, ки ҳамин фейсбук, хоҳем-нахоҳем, ойинаи фарҳанг ва соярӯшанҳои имрӯзаи мост… Ойинаи маданияти мост… Бешак, бузургем, аммо садҳо намунаи нобузургиҳо дорем…

Баъдан, сухани бузургворе ба ёдам меояд: дар кулмаки оби сари кӯча ҳар кас ҳар чизро мебинад: яке манбаи ифлосӣ, дигаре акси маҳтобро…

Ҳолиё маҷбурем, ки дар ҳамин минбари фейсбук аз садҳо матлаб (аз анбуҳи табрикотабрики зодрӯзҳо, дастархонҳои ороставу пероста, аксгириҳо дар ин ё он минтақа, ки ғайр аз ҳамон муаллиф ба касе даркор нест, фазлфурӯшиҳои бемавриду бемаъно, репликаҳои таҳқиркунандаи фарди дигаре, ё эътиқодоти гурӯҳи дигаре), матлаберо интихоб бикунем, ки дар он манфиате ҳаст…

Масалан, шеъри Рустами Ваҳҳобзода ва Давлати Раҳмониёнро, ё навиштаҳои адибон Мирзонасриддин ва Абдулҳамид Самадро, Толиби Луқмону Сабурӣ, Қаҳҳори Мӯсо, Суҳроби Зиё, таҳлилу баррасиҳои илмии Сайфуллоҳи Муллоҷонро, ё ҳар каси дигарро, ки сухан аз адабу фарҳанг ва навгониҳои илму маърифат мегӯяд…

Беихтиёр байти зебои Сарафроз ном шоири асрҳои миёна ба ёд меояд:

Булбул ба боғу чуғз ба вайрона сохта,

Ҳар кас ба қадри ҳиммати худ хона сохта…

Хуб, сухан аз озмун буду мани ҳардамхиёл ба куҷоҳо рафтам… Рӯзи 20-уми август, рӯзи дувуми озмуни “Фурӯғ”, асосан мардуми ноҳияи Ёвонро пурсидем: 18 касро… Хеле хаста шудем… Аз як тараф, масъулин “вақт кам асту одам бисёр, ғайрат кунед” мегӯянд, аз ҷониби дигар, саропо пурсидани ҳама чизҳои хондаи довталабон виҷдонро азият медиҳад…

Рӯзи аввал довталаберо, бино ба хеле бисёр будани асарҳои дар дафтар сабтшудааш, қариб як соат пурсидем ва ҳис накардем, ки ин қадар вақт гузашт… Андешае домангирам шуд: боз ин довталаб нагӯяд, ки “ман қариб сад асар хондаму инҳо нисфашро ҳам напурсиданд, чизеро, ки намедонистам, пурсиданд, чизеро, ки медонистам, напурсиданд…”. Касе дар буруни дар гуфта будааст, ки “ин довар, агар ҳамин тур пурсупос кунад, шояд як моҳи дигар дар шаҳри Бохтар бимонад…”.

Хуб, ҳар касе чизе бигӯяд, болои дида, аммо як вожае ҳаст, ки хеле “мудҳиш” ба зеҳну шуур мерасад: масъулият…

Ду тоифаи довталабонро банда дар муддати шаш соли довари ин озмуни миллӣ буданам “кашф” кардаам: тоифаи аввал дар дафтарҳояшон асарҳои зиёдеро сабт мекунанд, аммо ками онҳоро хондаанд… Фикр мекунанд, ки ҳар қадар номгӯйи асарҳо зиёд бошад, доварон инро ба эътибор мегиранд…

Тоифаи дувум номгӯйи “хоксорона”-е пешниҳод мекунанд, ҳамон асарҳоеро сабт мекунанд, ки дуруст “ҳазм” кардаанд… Ин ҷо таносуби шумораву сифат аст ва мушкили ҳамешагии ин озмун низ ҳамин аст…

Лаҳзае, ки пурсупоси охирин довталаби дирӯзаро анҷом медодем, ба синфхонаи мо Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон ҳамроҳ бо доктор Файзализода (ки масъулияти раҳбарӣ ва назорати умумии озмуни Кӯлобу Бохтарро ба шона дорад) ва яке аз муовинони раиси Донишгоҳи Бохтар (ҳоло ба ёдам намерасад) ворид шуданд.

Ба муаллимаи азиз, Абдусаломзода, ки гумонам, сарпарасти сохторҳои илму маориф ва фарҳангу ҳунари вилоят ҳастанд, бардоштҳоямро гуфтам ва баъзе камбуду норасоиҳои озмунро низ: дафтарҳо пурғалат, гоҳе ному насаби бузургтарин адибони ҷаҳон ва осорашонро хато менависанд… Масалан, довталабе маро ба ҳайрат гузошт, ки дар ному насаби адиби маъруфи чех Элиза Ожешко панҷ ғалат кардааст…

Ин ҷо бояд як чизро шарҳ бидиҳам, ки лозим ва зарур аст: Гётеро Ҳуте навиштан ғалат нест, чун қоидаи забон аст, ки мафҳуму номҳои дигар забонҳоро ба забони миллӣ мувофиқ карда, менависанду мегӯянд. Ин чиз ишкол надорад. Масалан, эрониҳо Эсхилро Ошил менависанду мегӯянд, Мопассанро Мупосон… Аммо Элиза Ожешкоро Эраҷо Ожити навиштану гуфтан касро, мулоим карда гӯем, ба сардаргумӣ мебарад…

Ё қаҳрамони “Шаҳзода ва гадо” Том Кентиро Ҷон Кенеди гуфтан ҳаргиз раво нест… Селма Лагерлёф бузургтарин адиби мардуми швед аст, барои “Ривоят дар бораи Йест Бёрлинген” ин суханвари беҳамто сазовори Ҷоизаи Нобел шудааст… Исми ин бузургвор Селма аст, на Самра…

Дирӯз қариб дафтаре ёфт нашуд, ки бидуни ғалат бошад… Бархе ҳатто нақшаи лозим надоштанд, нақшае, ки дар он аввал исми адиб, баъдан асари ӯ ва аз кудом кишвар буданаш маълум бошад…

Мушкили дигар: хондани асари бадеӣ бояд ба синну соли одам мувофиқ бошад… Масалан, барои гурӯҳи аввали синнусолӣ, яъне толибилмони синфҳои 1-у 4 мутолиаи афсонаву ривоят, ашъори махсуси кӯдакон, ҳикоячаҳои хурд, масалҳои кутоҳу пурмаъно муфид аст, донишҷӯён ва бузургсолон бояд ба ҷойи афсонаву масалу (ҳарчанд ҳеч бадӣ надорад, балки хуб аст), бештар романҳои марбут ба равияҳои гуногуни адабӣ (шарт нест, ки фақат вуқуъгароӣ ё реализм бошад, романҳои равияҳои романтизм, натурализм, символизм, неоромантизм, ҷараёнҳои модернистиву постмодернистӣ ва ғайра низ боиси камоли завқи инсон мегардад), драмаҳо (мазҳакаву фоҷиаҳо ва трагикомедияҳо), қиссаҳо, достонҳо, манзумаҳо бихонанд…

Дар ин хусус ният дорам, ки мақолаи алоҳида нависам…

Ҳоло бо ҳамин мулоҳизаҳо иктифо мекунам. Пешниҳод дорам, ки аз соли оянда дар ҳар ноҳияву шаҳри вилоят ё ҷамъан дар маркази вилоят ҳама хоҳишмандони озмуни “Фурӯғ”-ро дар ибтидои сол (то оғози даври аввали озмун) гирд биёваранд ва касе аз донишмандони пуртаҷриба муфассалан дар ин хусус суҳбат бикунад.

Бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки ниёз ба фаҳмидану фаҳмониданашон ҳаст. Ин суҳбатҳо аз он ҷиҳат муфид хоҳанд буд, ки ҳар довталаб баъдан ба кори худ масъулият эҳсос мекунад… Ин суҳбатҳоро масъулини соҳаи маориф (барои хонандагони макотиби миёна, гимназиву литсейҳо ва донишҷӯён) ва ҳукумати шаҳру навоҳӣ (барои қишри бузургсолон) метавонанд ташкил кунанд…

Итминон дорам, ки ин пешниҳод на фақат дар вилояти Хатлон, балки дар дигар манотиқи кишвар амалӣ хоҳад шуд, чун ба манфиат ва обрӯву нуфузи ин озмуни дӯстдоштанӣ аст…

Агарчи андешаҳои дигар ҳам ҳастанд, аммо фикр мекунам, ки барои имрӯз кофист…

Бардоштҳои рӯзи севумро субҳи рӯзи дигар (агар умр вафо кунад) манзуратон мекунам…

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь