Деҳае буд бо номи “Гузари бойҳо” ва чӣ тавре ки аз номаш маълум аст, он ҷо ҳама сарватмандон зиндагӣ мекарданд. Ба ҷуз як шахси камбағал, ки ӯро Самад мегуфтанд. Аз сабабе ки дар он ҷо ҳама хонаҳои барҳаво буданд, хонаи хоксоронаи амаки Самад ба чашм наменамуд. Сарватмандон вақте ӯро медиданд, худро ба нобиноиву ношунавоӣ зада, гузашта мерафтанд. Рӯзе амаки Алибой, ки дар ҳамсоягии амаки Самад мезист, бо мошинаш ҷое мерафт. Бо мақсади ба чашми ҳамсояаш нанамудан, мошинашро босуръат ронд, ки дар ҳамон лаҳза кӯдаке дар мобайни куча бозӣ мекард. Амаки Алибой аз рӯи ҳавобаландиаш кӯдакро низ надид ва қариб буд, ки ӯро пахш кунад. Дар ҳамин лаҳза амаки Самад ӯро аз роҳ ба як тараф кашид. Барои ин некиаш сарватманд ба ӯ ҳатто ташаккур ҳам нагуфт.
Рӯзи дигар, ки падари пири амаки Алибой роҳи хонаашро гум карда буд, бо ёрии амаки Самад роҳи хонаро ёфт ва ҳамсари сарватманд падарашро аз дар дохил карда, камбағалро ҳатто ба як пиёла чой даъват накарду аз дар берун сохт.
Вақте ки ба Алибой ҳамсараш воқеаро нақл кард, ӯ худ ба худ гуфт: “Охир ӯ чӣ гуна мард аст, ки як бор хубӣ кард, ҳатто “ташаккур” нагуфтам, боз дубора хубӣ мекунад-а? Аз ман ба дил кина надорад? Духтарчааш Маҳваш, ки гапҳои ӯро мешунавид ва бисёр зираку доно буд, назди падараш омаду гуфт: Медонӣ, падарҷон, аз ҳама бойтарини деҳа кӣ аст?
Алибой ҳайрон шуда пурсид:
– Не, кӣ духтарам?
– Он марди камбағал, – гуфт дар ҷавоб духтараш.
Падар боз ҳайрон шуда пурсид:
– Охир чаро? Ӯ пул надорад-ку?
Духтар ҷавоб дод:
– Шахсе, ки пул дораду аммо бахил аст, ӯ сарватманд нест. Шахсе, ки пул надорад, аммо дил дорад, ӯ сарватмандтарин аз мардумон аст.
Падар дар пеши духтараш аз корҳои карда бисёр хиҷолатманд шуд ва дасту по гум карду чӣ гуфтанашро надониста меистод.
Ҳар қадар рост бигӯй, ба хато мепечӣ,
Равӣ ҳар қадр ба боло,ба бало мепечӣ.
Дар ҷавонӣ ба қади сарви тару тозаи ёр
Фасли пирӣ ба қади хушки асо мепечӣ.
Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ
Чун пушаймон шавӣ аз худ, ба Худо мепечӣ.
Тағоева Барно,
донишҷӯи курси 2-и факултети журналистика