– Дар доираи кадом қонун ҳазф кардани навори Далери Имомалӣ бояд мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бигирад, чунки ҳатто прокурори камсавод ҳам бояд донад, ки ба ҷуз суд, ҳеч кас ин ҳақро надорад.

Раҷаби Мирзо, журналист

Ҳайрат: аҷаб эътирозе, о, зинда бод, тағоҷон…

***

– Ман бо туям, Далер, вақти нанг аст, ҳамқаламон, бедор шавед!

Хуршед Атовулло, журналист

Мулоҳиза: аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хестед?!

***

– Бояд раиси ҳукумати ин ноҳия бахшиш пурсида, ба истеъфо равад, агар не, баъди ин ҳар як журналисти Тоҷикистон дар сар латта гиранд.

Ҷонӣ Сафарзода, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Идомаи ҷумла: баъд ё журналистика озод мешавад ва ё ба чаҳорчӯбаи тангтар медарояд.

***

– Толибон пойтахтро ба Қандаҳор кӯчонидан мехоҳанд.

“Самак”, № 22.

Посух: Толибон қӯрро ба болои худ кашидан мехоҳанд.

***

– Мо ҳамонем, ки ду чашми даҳонбин дорем…

“Самак”, № 22.

Ҳайрат: Ё мо роботему ҳар чи амр гирем, иҷро мекунем? Боз ҳам то кай?

***

– Мулоқоти президени Русия Владимир Путин ва президенти Украина Владимир Зеленский ғайриимкон нест.

“Самак”, № 22.

Тавсия: лекин муҳофизони раисиҷумҳурҳоро дар вақти мулоқот ҳар  чи бештар зиёд кунед!

***

– Нархи осмонкафи шакар коми харидоронро талх кард.

Фазлиддин Асозода, “Тоҷикистон”, № 22.

Пешбинӣ: Ҳмм, Асозода, боз як хоб бинед, доллар фаромаду нархҳо не-кууу?

***

– 60 синне будааст, ки инсон ба гузаштаи худ як нигоҳ карда, хулосаҳо мебаровардааст.

Афзалшо Шодиев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, “Тоҷикистон”, № 22.

Маслиҳат: фикри зиёд накунед, ҳоҷӣ-бобо, боз хуни ҷигар нашавед.

***

– Мавсими нави чемпионати футбол байни дастаҳои занона оғоз мешавад.

“Тоҷикистон”, № 22.

Эътироз: Ман намебинам! Баъди бозии бачаҳо бо Саудӣ шармам меояд…

***

– …Дигар касе намехоҳад, кор кунад, зеро медонад, ки дар назди камераи блогере як бор дар чашмаш пиёз молида, гиря кунад, корташ пури пул мешавад.

Ҳ. Тоҳирӣ, “Пайк”, № 22.

Роҳи ҳал: чӣ тавр аст, ҷаноби Тоҳирӣ, ҳамаи онҳоро ба муҳоҷират фиристем, шояд роҳҳои нави даромадро кашф кунанд?

***

– …Барои сохтани хонаи хидматии раис аз ҳисоби буҷети ноҳия 380 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

“Пайк”, № 22.

Ҳушдор: огоҳ бошед, хонаи хидматии раиси ноҳия мисли бинои ҳукумати шаҳру вилоят нашавад!

***

– Шахсан ман, рости гап, намедонам, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон бо чӣ кор банд аст…

Сайёфи Мизроб, сардабир, “СССР” № 22.

Эътимод: бону Миҷгона Бобоҷонзода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ, ягон маълумоти ҷолиб бошад, мисли дигар кумитаву ниҳодҳоямон нашавед, бигӯед, чоп мекунем.

***

Бегмуҳаммади Асомиддин, роҳбари театри Афсона” гуфт, имсол театри мазкур ҷашни 30-солагӣ дорад.

“СССР” № 22.

Тааҷҷуб: шумо чанд бор 30-сола мешавед? Ё ба гуфтаи Афандӣ амал мекунед, ки “мардак як лафз дорад”?

Таҳияи М.РАҲМАТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here