… Ҳоло 1000 рубл 146 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ як сомонӣ поин рафтааст. Дар ҳамин ҳол доллари амрикоӣ бомурур майли гароншавӣ дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон

Пурсиш: Акнун ҳарбиҳое, ки баъди нафақа бо умед шаҳрвандии Руссияро гирифта буданд, чӣ кор кунанд? Ё шояд аз шаҳрвандӣ даст кашида, дар лотореяи “ Гринкарт” ширкат варзанд?

***

… Дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.

Аҳмад Масъуд, раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон

Тасдиқ: Рост мегӯед! Вале дар ин китобу донишномаҳо ҳарфе дар ситоиши Шумою пайравонатон нест. Духтарҳои бечора таронаҳои сароидаашонро фаромӯш кунанд?

***

… Дар Тоҷикистон бинобар фарорасии гармиҳо ва баъдан боришот аз 31 январ то 2 феврал хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ зиёд мегардад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон

Нигаронӣ: Ҳушдор хуб асту вале тармаю сангрезӣ аз касе намепурсад. Беҳтар мебуд, ки дар маҳалҳои хатарнок дидбонгоҳҳои кормандони Кумитаро таъсис медодед.

***

“Зимни суҳбат ҷонибҳо атрофи мавзӯҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар карда, масоили омодагӣ ба чорабиниҳои дар соли 2023 дар сатҳи олӣ ва баланд банақшагирифташударо мавриди баррасӣ қарор доданд”, – омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

Хабарномаи дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Пешгӯӣ: Агар то ин дам дар Қирғизистон чун ҳамеша табадуллоти давлатӣ сурат гирифтаю вазири корҳои хориҷӣ иваз шавад чӣ? Инро ҳам дар оянда ба нақша гирифтаед?

***

Подоляк дар Твиттери худ навишт – “Украина шуморо ҳушдор дод” ва ба ин васила маълум кард, ки ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба муассисаи Вазорати дифоъ дар Исфаҳон ва таркиш дар корхонаи Озаршаҳр ба ҳаводиси Украина ва эҳтимоли кумаки Эрон ба Русия рабт дошта бошад.

Подоляк, мушовири раиси дафтари президенти Украина Владимир Зеленский

Эътироз: Мушовири бечора Шумо ба ҷуз аз эҳтимол кардан, дигар далеле дар даст доред? Пас чаро ин эҳтимолро ҳам намегӯед, ки Полша ният дорад то ҳудуди аз даст додаашро дубора соҳиб шавад? Ё хӯҷаинҳои дар Тел – Авиву Вашингтон нишаста, ҳатто ҳуқуқи эҳтимол карданро аз Шумо гирифтаанд?

***

Чин маҳдудиятҳои убури мошинҳо аз Тоҷикистонро ба қаламраваш, ки тайи се сол – аз замони пандемияи коронавирус идома дошт, лағв кард.

sputnik-tj

Тахмин: Ба ин чиниҳои бечора гуфтан лозим буд, ки мавсими “хлопушка” дар Тоҷикистон гузашт ва имсол миқдори харҳои бесоҳиб ҳам кам шудаанд.

***

“… Дар рӯзҳои сардӣ низоми энергетикии кишвар тавонист, мардумро пурра бо барқ таъмин кунад”.

Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон

Тааҷҷуб: Вазири муҳтарам, магар ин ҷумлаи Шумо аз “Афсонаҳои халқи тоҷик” нест? Чаро дурӯғ мегӯед? Ҳатто дар пойтахт дар Душанбе ҳам таъмин бо барқ мушкилиҳои зиёд дошт.

***

Ҳукумати Тоҷикистон содироти пиёзу картошка ва сабзиро ба хориҷа манъ кардааст. Ин тасмим дар пасманзари афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзӣ гирифта шуда, ба гуфтаи мақомот, “то муътадил гардидани бозор” давом мекунад.

Радиёи “Озодӣ”

Маслиҳат: Ин бозор ҳеҷ гоҳ муътадил намешавад. Ана мебинед, бо фаро расидани мавсими рӯза боз ҳам нархҳо баландтар мешаванд. Беҳтар аст, ки аз ҳозир дар фикри баланд нашудани нархи равғану гӯшт бошед. Тоҷик ба дигараш тоқат мекунад.

***

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки бо изҳороти баҳсбарангезаш маъруф аст, дар нишасти хабарӣ набуд. Ба қавли Атоев, “барои ҳалли мушкили интернет ба ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон рафтааст”.

Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Хоҳиш: Як пурсед, шояд ба шикор рафта бошанд? Интернет ба Мурӯоб чӣ дахл дорад.

***

Дар қисмати охирини мақолаи,,Аз нигоҳи 1 шоҳид”, ки аз хотироти генерали мустаъфӣ Шеравлиё Мирзоавлиёев нашр шудааст , 1 хатоӣ пайдо намуда, хостам онро ислоҳ кунам. Дар матлаб омадааст   ки “сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус дар соли 1992 Расул Сафолов буд” ааст. Ному насаби сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус дар соли 1992 Сафолбек Расулов мебошад.

СССР №3 (748)  26.01.2023

Дилбардорӣ: Амри хайр кардед, ки ин хатоиро пайдо кардед, аммо фарқаш чӣ ки Мулло Расул ё мулло Сафолбек, ҳарду ҳам “Рафиқ сардор”…

***

Ҳафтаи гузашта дар воситаи ахбори омма хабар додаву ҳангома карданд, ки лимити барқ дар кишвар пурра бекор карда шуд. Вале дар ноҳияи мо ҳамагӣ 5-6 рӯз барқи хира доданду тамом,  шабҳо боз барқ надорем.

Ҳаким Ғуломов, муаллиф ва хонандаи фаъоли СССР,  СССР №3 (748) 26.01.2023

Вокуниш: Бало занад, дар ин фасли сард бошад ҳатто дар шаб маҳтоб ҳам рушанӣ намекунад.

***

Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонда, дар ҷавоби беадабӣ эътироз барпо карданд. “Шабе мо ногаҳон ба Стокголм меоем!”, – шиор доданд эътирозгарон.

Дастгирӣ: Рафтан гиред, фақат Эрдуғонро ҳам ҳамраҳ наоред

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here