Фаронса: Куҳансолтарин зани дунё дар синни 118-солагӣ даргузашт
Ин зан гуфтааст, ки сабаби дарозумрии ӯ истифодаи шароб ва
шоколад будааст.
“Самак”, №2 (584) 19.01.2023
Нигаронӣ: Худо зад! Аниқ ки дигар дар мағозаҳо на шоколад мемонаду на шароб.
***
Махсусан чунин гурӯҳҳои заминбизнес дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ
худро озод ҳис менамоянд.
“Пайк” , № 6 (448) 19.01.2023
Суол: Мабодо сабабаш рӯшан набудани чашми Рӯдакӣ набошад?
***
Ҷумъаназар дар ҳозирҷавобии хандабор ҳамто надорад. Лутфи зебояш дар забони
мардум хона дорад. Инак, чанде аз зардолуҳои ширини шохи хаёлаш пешкаши
хонанда мегардад.
“Самак”, №2 (584) 19.01.2023
Пурсиш: “Ханда занги дилро мебарад”.Магар он кас дарахти зардолуанд, ки зардолуҳои
ширинашонро ба мо пешкаш мекунед? Боз дар ин фасли сармо? Наход зардолуҳои эшон аз хунукӣ эмин монда бошад?
***
Банда соли чорум аст, ки ҳамчун довар дар номинаи ,,Адабиёти ҷаҳон” ширкат мекунам ва табиист, ки баррасиҳоям ба ҳамин гурӯҳ ё номина дахл доранд.
Ҳафиз Раҳмон,
“Самак” № 2 (584) 19.01.2023
Эътироз: Устод, чаро аз нақши гӯрбаатон Алекс дар навиштани ин баррасиҳо ёдрас намешавед? Шукр, ки Алекс чун манбаи илҳоми Шумо ҳаст устод, вагарна ин ҳама китоби адабиёти хориҷаро ки хонда, баррасӣ мекард?
***
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон майли поёнравӣ дорад. Қаблан арзиши як литр гази моеъ 8 сомонӣ ва бештар аз ин буд ва ҳоло бошад ба 3 сомонию 80 дирам то 4 сомонӣ расидааст.
“Тоҷикистон” №3 (1514), 18 01.2023
Тааҷҷуб: Аз болою паст шудани нарх ба ҷомеа чӣ фоида? Хоҳед-нахоҳед, чашми мақомот инро намебинаду раҳкиро тағйир намеёбад. Ҳоло ки нарх поён рафтааст, боз чӣ баҳона аст , ки то ба ҳол нархи бозор бетағйир мондааст?
***
“Бахтиёр Шоев, табибе , ки худро ,,дӯсти Худо” эълон кард, маълумоти тиббӣ надорад ва Донишкадаи соҳибкориро хатм кардаасту солҳо ба табобати мардум машғул буд. Қиссаи
мулоқоту дидори ӯ бо Ҳазрати Хизр ва Худованд мавзуи дигар аст, ин ҷо масъалаи муҳимтаре дар миён ҳаст.
“Тоҷикистон” №3 (1514)
18.01.2023
Нигаронӣ: Хайр, табиб, ки тоҷир шуд, ҳамин гуна мешавад. Як кофта бароед, шояд иҷозаи фаъолияти духтуриро ҳам харида бошад?
***
Ман ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки сурудҳои тоҷикиро месароям, зеро тавре гуфтем, дар Русия ба воя расидам. Эстрадаи тоҷикро тамоман гӯш намекардам.
Мадина Акназарова, овозхон
“Тоҷикистон” № 3 (1514),
Вокуниш: Маҷбур ки шудед, мехонед! Ана ҳамноматонро бинед, маҷбур шуда, занҳои русро реклама карда ҷоиза гирифт, Шумо ҳам тоҷик буданатонро исбот карда аз сузу доғи муҳоҷирони тоҷик сароед 18.01.2023
Ҳамин “Мавҷи Истиқлол” соҳиб дорад? Ва телефон? Илтимос, нависед. Як ҳафта шуд, рӯзона кор намекунад…
Аз саҳифаи Одил Нозир
дар “Фесбук”
Ҳамдардӣ: Эҳ Одиле… Агар Истиқлол мавҷ медошт, ҳоло Афғонистону Чин барвақт соҳиби истиқлол мешуданд.
***
Нобовар Чаноров дар ин мусоҳиба мегӯяд: “Шоирон эҷод мекунанд, вале офаридани оҳанг кам шудааст. Худатон мебинед, сурудҳое, ки ҳунармандони мо дар ҳама ҷой месароянд, аз гузашта ҳастанд. Аз Аҳмад Зоҳир ва сарояндаҳои дигари Афғонистон низ. Агар диққат диҳед, ҳатто сабку зарб дигар аст. Намегӯям, бад аст, аммо услубу лаҳн дигар. Чизе, ки эҷодкорони тоҷик меофаранд, барои худамон аст, услуби худамон аст ва оғозу авҷи худамонро дорад.”
Сиёвуш Ҷунайдӣ, шоир,
бозгирифта аз саҳифаи Фесбук
Идомаи ҷумла: “… ҳарчанд сабку зарб дигар аст, вале маҳз Аҳмад Зоҳир онҳоро соҳиби ному нон кардааст на шахси дигар!”.
***
Дар яндекс дар сатри ҷустуҷӯ “ЧЕЛОВЕК” навиштам, 26 сурати мардро ёфта дод. Гӯё ки занҳо одам нестанд.
Кароматуллои Имомалӣ,
корбари Фесбук
Маслиҳат: Як бор “ хушдоман”, ё “хушдомани оянда” нависед канӣ, чӣ мебарояд…
***
Рӯзҳои яъсу ноумедӣ ва парешонӣ ва дилшикастагӣ ва шикасту ноомад дӯстонамро намекобам, ба суроғашон намеравам. Зеро даме ки ман ба чунин вазъ гирифторам дастам кӯтоҳ аст то ба онҳо бирасам.
Балки онҳо худашон бояд ба суроғи ман ва барои аҳволпурсии ман биёянд, гар дастамро гирифта натавонанд, мадад расонда натавонанд ҳам, бояд биёянд, яъне барои дилдорӣ додан ва ё рӯҳамро баланду болида кардан биёянд.
Абдурофеъ Рабиев, нависанда
Тасалло: Устоди азиз, “орзу кардан айб нест” ва ҳам “шикастаустухон донад, баҳои мумёиро”. Ҳеҷ гапе нест, агар мушкили шуморо шунида, садҳо километр гурезанд.
Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова, “Фараж”