Разми шабушон бо кайкон

Рӯзе кайки роҳгумкардае омаду ба хӯроки шабуш ҳамроҳ шуд. Ҳарду ба ҳам теғи нигоҳ кашиданду аз хашм лаб хойиданд.

 «Фараж», №17 (855), 04.05.2023

Тавсия: Эҳеее наход ҳардуятон аз як авлодеду боз бо ҳам ҷанг кунед? Ҳарду ба як хулоса биёед, нисфашро шабуш нисфи дигарашро кайк хӯрад. Донед: «Хӯранда хӯрандаро бад мебинад».

***

Он рӯз ҳама ба синф даромданду ман танҳо мондам. Чӣ кор карданамро намедонистам. Номам дар қатори хонандагони синфи якум набаромад. Зеро, ки як сол хурд будам. Соли оянда бояд ба мактаб мерафтам. Муаллими хайрхоҳе аз дастам гирифта ба синфи якум бурд, ки дарс аллакай оғоз шуда буд.

Хушқадам Холиқов, «Самак», 17 (599), 04.05.2023

Вокуниш: Шукр гӯед, ки вақти тамомшавии дарс надаромадед, вагарна маҷбур будед соли оянда худро номнавис кунед.

***

Шикояти шаҳрвандони кишвар дар мавриди сифати алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ дар ин авохир афзоиш ёфтааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки вазъ ташвишовар нест ва мушкилот бартараф мешавад.

«Тоҷикистон», 18 (1529), 03 05.2023

Изтироб: Э Худо гирад ин алоқаҳои мобилиро! Модарон бо фарзандони муҳоҷирашон дар алоқа буда наметавонанд. О кай ин мушкилот бартараф мешавад, имрӯз – пагоҳ гуфта мегардед, ягон чора андешед охир?

***

Барои рафтан ба дидани ёдгориҳои ЮНЕСКО воқеъ дар Мачо-Пикчу бо худ гирифтани чатр ё асо, инчунин пойафзоли дандонкалон ва доштани халтаи калони сафарӣ мамнӯъ аст.

«Дунё», №18 (994), 03.05.2023

Ҳайрат: Агар ин тавр бошад ҳеҷ кас ба дидани он ёдгориҳо намеравад. Ё дар зери борон мемонад, ё аз гуруснагӣ мемирад. Боз бо пойи луч, умуман аз рафтан даст мекашад.

***

Кашнич, бодиён ё исфаноҷ? Кадом кабудиҳо дар фасли баҳор муфидтаранд?

«Рекламная газета», №18 (1134), 03.05.2023

Ҷавоб: Барои занон ҳамоне, муфид аст, ки барои диетаи онҳо тавсия шудааст.

***

Аз каҷравии замона домулло доно шуд…

 «СССР», №17 (762), 04.05.2023

Савол: Баъд аз тамошои филми туркии «Муллои замонавӣ» ин домуллоҳо доно шуданд, ё пеш аз ин?

***

Мактаби мардонагӣ ва эркачаҳои Оча

«СССР», №17 (762), 04.05.2023

Идома: Эркачаҳои Оча тайёр шавед! Меравем та- тай-по-по

***

Як мизбони радио дар мусоҳибаи телефонӣ аз бисёрмиллиардери ҳинду бо маблағи 291 миллиард доллар Ратан Тата пурсид:

– Ҷаноб, дар ҳаётатон кай хушбахттарин будед?

Ратан Тата ҷавоб дод:

Ман дар умрам чор марҳалаи хушбахтиро паси сар кардам ва ниҳоят ба маънои хушбахтии ҳақиқӣ расидам.

«DAЙDЖЕСТ Press”, №18 (1461), 02.05.2023

Тавсия: Қариб ними аҳолиатон гуруснаву беобанд, аз маблағҳои доштаатон камтар ба онҳо кӯмак кунед. Шояд хушбахтиро дар ин бинед, зеро аз ин дида, хушбахтии ҳақиқӣ нест, ки дасти як бечораро бигирӣ. Як бор кӯшиш карда бинед!!!

***

Куҳансолтарин бону дар Темурмалик 110-сола шуд

Pressa.tj”, 08.05 2023

Маслиҳат: Як-ду соли дигар тоқат кунанд, шояд ба китоби Гинес дохил шаванд.

Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова, Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь