Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, шоми 24-уми апрели соли 2023 хабар дод,  ки блогер Моҳира Алиеваро, ки дар  Интернет баддаҳонӣ мекард   дастгир ва бо ҷурми итоат накардан ба милитсия барои 5 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

“Тоҷикистон”, 17 (1528), 26.04.2023

Вокуниш: “Забони сурх сари сабзро диҳад барбод”. Умедворем, ки сафи чунинҳо кам мешаванд ва фазои интернетӣ аз чунин магасҳои зараррасон тоза мегарданд.

***

Ҳамсояи дасти ростам панҷ фарзанд дорад бо маоши журналистӣ рӯзгорашро базӯр пеш мебарад. Ҳамсояи дасти чапам бошад,  зиндагии шоҳона дорад,  вале фарзанд намеёбад.

Фараж”, №16 (854), 27.04.2023

Маслиҳат: Ҳамсояи дасти чап агар камтар саховатмандӣ кунад, Худованд соҳиби фарзанд ҳам мекунад.Сарсабзӣ аз саховатпешагист.

***

Зодрӯз муборак, Оби газнок!

24 апрел Рӯзи ҷаҳонии оби газнок аст.

«Рекламная газета», №17 (1133), 27.04.2023

Вокуниш: Аз пушти ҷашнгирии чунин рӯзҳо қариб инсон зодрӯзи худро фаромӯш кардааст. Баъзеҳо ин гуна рӯзҳоро медонанд, аммо зодрӯзи худ ё ягон модарашонро не.

***

Як миллиард тифли тавлиднаёфта

«Дунё», №16-17 (993), 26.04.2023

 Идома: Охир сабр намоед, вақташ ояд ба дунё меоянд.

***

Нури телефон пӯстро пир мекунад

 «Дунё» №16-17 (993), 26.04.2023

Нукта: Телефон аллакай як воситаи дилхушии инсонҳо гардидааст. О ҳаминро пеш аз ихтироаш мегуфтанд, намемурданд, ку?

***

Бӯҳрони алимент дар Тоҷикистон

Падарон аз таъминоти фарзандони худ саркашӣ мекунанд

«asia+», №15 (1602), 27.04.2023

Савол: Чаро пеш аз ҷудошавӣ оқибаташро фикр накардед? Инро бидонед :

Фарзанди касе намекунад фарзандӣ,

Сад тавқи тилло бар гарданаш барбандӣ.”

***

Тибби пулакӣ ва бе пул бошад ё не?

 «СССР» №16 (761), 27.04.2023

Ҷавоб: Агар бепул бошӣ, худро чӣ дар кӯча ҳис кунӣ ё чӣ дар беморхона.

Мегӯянд: «Бепул суханат асар надорад, ҳоле ки ту дорӣ, саг надорад».

***

Гӯштфурӯшони 33, ки поёнтар назди маркази таъмирии Чарх ҷой гирифтаанд, нархро то 80 сомонӣ хезонидаанд. Боз гӯшт камчин. Ҳама дар таҳлукаву воҳима гуфтам, идро бо лубиёшӯрбо мегузаронам. Омадам бозори Балх назди хона, хайрият гӯшт фаровон ҳама ором. Аз ин ҷо 68 сомонӣ гирифтам.

С.Маҳдӣ, «СССР», 16 (761) 27.04.2023

Маслиҳат: Устод дар назди даромадгоҳи бозори «Автовокзал» гӯшт бо нархи 50 сомонӣ ҳаст, ки метавонед аз онҷо харед. Агар рафта натавонистед, гӯшти мурғ бихаред.

***

Ҳиндустон аз рӯйи шумораи аҳолӣ Хитойро гузашт

«Пайк», №15 (461), 27.04.2023

Вокуниш: Ана акнун қонуни Хитойро Ҳиндустон шояд ҷорӣ намояд: яккафарзандӣ!

***

«Ман духтари ноздор нестам. Ғизоҳои тоҷикона ба мисли шакароби пиёлагӣ, оши палави камравғанро беҳад меписандам. Дар табақи чӯбин хӯрдани хӯрок бароям кайфияти хоса мебахшад. Бо вуҷуди он ки ду табақи нав дар хонаам ҳаст, ҳамеша дар табақе, ки аз ду тараф лабаш шикаста аст ва тамъи хӯрокро болаззаттар мегардонад, дар ҳамон хӯрок мехӯрам»

  Фирӯза Ҳафизова, сароянда,   «Pressa (Телеграм)» 01.05.2023

Савол: Ин маротиба дар зарфи чинии лабшиката низ бихӯред, ку чӣ хел таъм дорад.

Ё ин суханҳо то оиладор шудан аст?

 Таҳияи Фурӯзанда Ҳусейнова,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь