Раиси Деваштич ба 100 донишҷӯ 100 сомонӣ дод.

Пайк”, №14 (460), 20 04.2023

Вокуниш: Ба фикрам ин донишҷӯён курта-курта гӯшт гирифтанд, чун маршруткапулӣ ва ролтонпулии якҳафтаинашон пайдо шуд.

***

Аз аввали соли ҷорӣ қимати рубли русӣ поён рафта истодааст.  Беқурбшавии рушди русӣ баъд аз 27-уми март шиддат гирифт.

«Тоҷикистон», 16 (1527), 19 04 2023

Ҳайрат: Занони муҳтарам акнун пулҳои шавҳари муҳоҷиратонро камтар зару зевар харед. “Қадри зар заргар бидонад, қадри пулро муҳоҷир».

***

Моҳи шарифи Рамазон мӯъминонро ба парҳези нафс, бунёди имону инсофу виҷдон, ба кушодани дасти сахову хайр ва хештаншиносию худогоҳӣ ҳидоят мекунад. Имрӯзҳо ҷаҳонро қиматии сартосарӣ фаро гирифтааст, аз ҷумла Тоҷикистони азизамонро.

«СССР», №15 (760), 20 04.2023

Савол: Лофи сулаймонӣ мезананд, ки мусалмонанд пас чаро дар ин моҳи муборак нархро ин қадар боло бурданд?

***

Инсон ягона мавҷудест, ки тавонистааст аз роҳи ақлу хирад ё бошууриаш ба ҳақиқати ашёву ҳаводиси ҷаҳон огоҳ шавад. Бо дарёфти ҳақиқати воқеӣ аз олами мавҷуд тавонистааст фарояндҳои наверо ба вуҷуд оварад ва садҳо пойгоҳҳоеро созандагӣ намояд то мушкили хешро саҳлу содда намояд.

«Самак», №15 (597), 20.04.2023

Мегӯянд: «То ҷон наканӣ санги сиёҳ лаъл нагардад”. Майнаро об карда, ки хондӣ, ҳатман чизе ҳосил мешавад.

***

Ин ҷо набувад ҷой ба ҷуз шери жаёнро… (ё аҳамияти асарҳои ватандӯстонаи Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ)

«Фараж», №15 (853), 20.04.2023

Ифтихор: Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

***

Пиёзи Тоҷикистон бозорҳои Қазоқистонро аз болоравии нарх наҷот хоҳад дод

«Sputnik.tj”, 24.04.2023

Идома: Бозорҳои моро кадом пиёз наҷот медиҳад? Гуфтам, чаро хӯрокҳои мо бепиёзанд…

***

Саноати зебоӣ. Духтарони тоҷик кадом тартибро дӯст медоранд?

Halva.tj”, 18.04.2023

Вокуниш: Худо гирад, ин ботексу татуировкаро одамонро аз якдигарашон фарқ намекунӣ.

***

Дар вилояти Хатлон гурӯҳе аз мардум бо кӯмаки Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико роҳи нави даромадро пайдо кардаанд. Он ҳам харгӯшпарварӣ аст, ки барои оилаҳои муҳтоҷ ҳам гӯшт меорад ва ҳам пул барои таҳсили бачаҳову дигар эҳтиёҷоти рӯзмарра.

Радиои «Озодӣ», (Телеграм), 22.04 2023

Восита: Ба гову гӯсфанду мурғ нашуд, акнун ба харгӯш гузаштед? Метарсам, ки нархи сабзӣ боз боло меравад…

Масъул: Фурӯзанда Ҳусейнова,

Фараж

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь