Дар як ҳафта беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати корӣ ба  Бритониё дархост додаанд…

“ТОҶИКИСТОН”, 27. 04. 2022.

Ҳушдор: Эҳтиёт! “Контрактник”– ҳои англис аввал ба Украина мераванд ва баъд ба Афғонистон! 

Се шарти Арабистони Саудӣ ба щоҷиёни тоҷик: дигар касони аз 65-сола боло ба ҳаҷ рафта наметавонанд.

 “ТОҶИКИСТОН” 27.04.22.

Тахмин: Шояд қабристонҳои Саудӣ аз зойирини умеди марг дар Каъба дошта, пур шудааст?

… дар охир аз вазири мӯҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро мехоҳам, ки ба “ҳисобот”-ҳои зердастон, ки бисёр вақт фиреби назар аст, бовар накарда, худашон ҳарчӣ бештар аз мактабҳо дидан кунанд, аз наздик бо вазъи муассисаҳо ошно гардида, пешсафонро офарин гӯянд, танбалу сусткоронро мувофиқи амалашон баҳогузорӣ намоянд.

Боқӣ тавфиқ ёратон!

Ҷамолиддин Ҷалолиён, омӯзгори собиқадор

“ТОҶИКИСТОН”, 27.04.22

Идомаи ҷумла:… дар ҳар мактаб ақалан се рӯз дарс диҳанд, дар олимпиадаҳо ширкати бевосита кунанд, аз ҳар директор иншо дар мавзуи озод гиранд, дар имтиҳонҳои давлатӣ бевосита ширкат кунанд…

Камхобӣ метавонад ба диабети қанд оварда расонад.

“ДУНЁ”, № 17

Ҳайрат: Серхобӣ ба бемории дилу фарбеҳӣ мусоидат кунад, пас шахси бечора чӣ кунад?

Ба қавли олимон, таъсири доруҳои шаҳватафзо метавонанд ба доруҳои нашъаовар монанд бошанд, ки ба гардиши хун таъсир мерасонанд. “ДУНЁ”, № 17

Кашфиёт: Ана чаро нашъамандон сербача мешудаанд!

Далели қавие вуҷуд дорад, ки бонкдорӣ ва дигар ниҳодҳои молии Эрон тавассути афроди рамзӣ дар кишварҳои дигар бонкҳо таъсис додаанд. Инҳо бонкҳои агентии эронӣ ҳастанд, ки дар қаламравҳои хориҷӣ таҳти овезаҳои нонамоён фаъолият мекунанд.

“ДУНЁ”,  № 17

Суол: Ҳамин Занҷонӣ дар Тоҷикистон бонк ҳам дошт?

Дар муқоиса бо нӯшокиҳои дигари спиртӣ арақ дар ҷаҳон тозатарин ба шумор меравад, зеро дар таркиби вай равғани сивуха кам аст.

 “ДУНЁ”,  № 17

Андеша: Аз Рӯдакӣ то Хайём бошанд, шароб (вино)- ро тарғиб кардаанд. Он замон Менделеев (кошифи арақ) набуд дия!

Оё бозорҳои замоне ободтарини Турсунзода бори дигар шуҳрати пешини худро дарёфт мекарда бошанд?

 “ПАЙК”, № 14, 21.04.22

Луқма: Замоне донистем, ки бозори ин шаҳр аз Кабирӣ асту Турсунзода бозор дорад, машҳур шуда буд.

Ва агар дар сераҳаҳо тангаҳои дар мошинамон бударо ба неоталбандаҳо диҳем… дар чанд сол оянда сафи чунин одамон то андозае зиёд мешаванд, ки дигар аз садақакунанда дида, садақақабулкунанда зиёд мегардад.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ, “ПАЙК”, № 14 21.04.22

Маслиҳат:  Маслиҳати Бек Сабурро гирифта, аз машина ба велосипед шинед!

Ҷаноби шаҳрдор, коре кунед, ки барои чанд сомонии афроди камбизоат боз обрӯйи ҳукумати кишвар нарезад. Ҳар бор, ки шумо бемасъулиятӣ мекунед, бадхоҳон ҳукуматро дар умум гунаҳкор меҳисобанд, на масъулини алоҳидаро.

Худододи Ислом, “ПАЙК”, № 14, 21.04.22

Посух: Шикояткунандагон тешаро ба реша мезананд дия!

…баъди чанд рӯз дар роҳ дидамаш, аҳволпурсиаш кардам ва гуфтам, ака шинед ба мошин, то ҷои даркорӣ барам. Вай дар мошини РАФ-4, охирин модел, ки тахминан 300 ҳазор сомонӣ аст, нишасту ронда рафт. Мошини ман ҳам бад нест, аммо аз мошини вай талбанда, ки ҳамагӣ 3 рӯз пеш бо гиря металабид, хеле қафомонда буд. Мана коре, ки худам дидам…

 “СССР”, № 17 24.04.22 .

Ҷавоб: Дилро дигар аз санг кунед! Ба ашки хилъатсапедон бовар намекардеду…

 ИЖ гуфт, шояд соате расидааст, ки ба журналистони пешбари ФР муҳофиз, ё худ “телех” ҷудо кунанд. Соловёв навишт, “ “Первый канал», телеканал «Россия», НТВ, ки серпуланд, ин имконотро  доранд ва кормандони маъруфашонро ҳифз мекунанд, вале дигар журналистони номдор низ бояд бо мудофеъ, ё худ телех таъмин гарданд”.

“СССР”, № 17 24.04.22

Идомаи ҷумла: Зиннатуллоҳи Исмоил, раиси ИЖТ ҳам бояд дар канор намонад. Аққалан Далери Имомалию Абдуллоҳи Ғурбатӣ бояд бо муҳофиз таъмин шаванд.

Чанд соли охир дар тантанаи иди меҳнаткашони дунё дар Россия сафи ҷавонони коммунист ва пионерон афзуда истодааст.

Умар Алӣ, “СССР”, № 17 24.04.22

Гумон: Яке баъди ҷашни Якуми май ба Украина мераванд?

Оқибаташ чӣ мешуда бошад? Халқ мегӯяд: “Доро хеши зиёд дораду нодор ятим аст”. Нашавад, ки … ятим монем.

Иброҳим Усмонов, журналист, “СССР”, № 17 24.04.22

Роҳи ҳал: Доро шудан лозим, Устод!

Дар гӯшаи бом най метарошамаш, найе, ки ба ҳавои нигоҳи зору ба навои дили  интизораш нолаафрӯзон шавад…

Сайёд Ғаффор, “СССР”,  № 17 24.04.22

Тарс: Устодо, фақат даст ба даст гирифта, ба худкушӣ даст назанед, шуд!

Файзобод: писари раис ба хизмат рафт, аз мулло чӣ?

Ҷамила Ҳусейнова, “СССР”,  № 17 24.04.22

Ҷавоб: Баъди рамазон нарафтанд, баъди иди қурбон мераванд!

Охир, Ватан ин Модар аст, чӣ гуна мо метавонем, ба модари хеш хӯрдагирӣ кунем? Охир, вай аз мо қарздор нест, балки мо аз ӯ қарздорем!

“ДАЙДЖЕСТ ПРЕСС”, № 17 27.04.22

Ҳамдардӣ: Насли имрӯза даркор шавад, натанҳо волидайни хеш, балки бобою бобокалонашро қарздор мебарорад.

 Чӣ хеле ки бошад, хомӯшӣ ихтиёр кардан имрӯз ё пагоҳ ба фарёди талх, ба зории кӯмак бадал мешавад. Аммо кӣ онро мешунавад?

 “ДАЙДЖЕСТ ПРЕСС”, № 17 27.04.22

Акси садо: Аҳмад Зоҳир инро медонист, ки суруда буд:

Намедонам, ба рӯйи кӣ бихандам?

Намедонам, ба рӯйи кӣ бигирям?

Тамоми ин солҳо роҳбарии ин созмонро Шарифҷон Исҳоқов ба ӯҳда дошт ва ҷонишинаш Ҷӯрабек Ҷураев бо собиқаи кории панҷоҳсола…

“Аsia+  № 16 28.04.22

Таҳайюр: Акнун даъво мекунед, ки чаро як роҳбар дар як вазифа то даҳ сол мешинад. Қаҳрамони Шумо чӣ?

Муҳим ин ки кӯдак рӯҳан ором бошад. Он гоҳ вай худаш кушода мешавад ва тамоми зебоии ботинашро нишон медиҳад.

Алия Хамидулина, Аsia+,  № 16,  28.04.22

Идомаи ҷумла: … вале барои ин дасту пойи кӯдакро дар гаҳвора набандед, то лаззати озодиро ҳис кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь