“Фейк” – калимаи сол

Яке аз мафҳумҳои наве, ки дар тӯли 6 -7 соли охир дар Интернет, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд ба чашм мерасад, “фейк” мебошад. Ба иттилои “Гардиан”, яке аз фарҳангҳои муътабари забони англисӣ, дар соли 2017 калимаи “фейк”–ро вожаи сол эълон кард. Як сол қабл аз ин, унвони вожаи солро тибқи фарҳанги мазкур, калимаи “баъди ҳақиқат” сазовор гардида буд.

Ҳамчунин, дар соли 2018 яке аз мӯътабартарин маҷаллаҳои илмии ҷаҳон Science як шумораи худро пурра ба омӯзиши фейкҳо ихтисос дод.

Ҳоло дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҳар сонияву ҳар як дақиқа он қадар фейки зиёд пахш мешавад, ки теъдодашонро ҳатто муайян кардан хеле мушкил аст.

Дар тайи чанд соли охир кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ Англия, Фаронса ва Олмон барои мубориза бо фейкҳо маблағҳои зиёд ҷудо карда, ҳатто созмонҳои давлатӣ барои мубориза бо фейкҳо таъсис доданд.

Маънои калимаи “фейк”, агар хеле осон карда гӯем, “дурӯғ гуфтан” ва “фиреб додан”  аст. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳама бештар дар бораи “фейк –нюс” ё “фейкҳои хабарӣ” сухан меравад, яъне хабарҳое, ки бофтаву сохта ва ё ҷаълӣ мебошанд.

Коршиноси рус А.П. Суходолов, хабарҳои фейкиро вобаста ба замону маконе, ки воқеа рух додааст, ба персонажҳо ва мақсаду ҳадафҳо ҷудо мекунад. Тибқи гурӯҳбандии дигар, фейкҳоро дар асоси он, ки то кадом андоза дақиқ нестанд, муайян менамоянд.

Аммо бархе муҳаққиқон ба фейкҳо на танҳо матнҳои дурӯғ, аксҳо ва наворҳои тасвириву сабтӣ, ки ҷаълӣ мебошанд, ҳамчунин ботҳо ва афроди маҷозиеро, ки шахсияташонро тағйир дода, саҳифаҳои дурӯғин боз кардаанд, нисбат медиҳанд.

Чаро мо ба фейкҳо бовар мекунем?

Дар ин иртибот мутахассисон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки мо бештар ба хабарҳое бовар мекунем, ки ба андешаву бовари мо мувофиқанд, аммо дар баъзе ҳолатҳо на танҳо мавқеи худи мо, балки  афкори роиҷ дар ҷомеа низ таъсир мерасонад.

Ҳамчунин, чанд омили дигаре низ вуҷуд доранд, ки эътимоди моро ба фейкҳо тақвият медиҳанд, аз ҷумла:

– Нарасидани афкори таҳлилӣ. Мавҷудияти афкори таҳлилӣ имкон медиҳад ҳақиқат аз фейк фарқ карда шавад;

– Ҳолати эҳсосотӣ. Агар ҳангоми хондани хабар зери таъсири эҳсосот монед, ин ақлро тира мекунад, ва шумо ба хабар камтар аз лиҳози интиқодӣ бархӯрд мекунед.

– Сатҳи пасти саводнокии расонаӣ ва дарки равандҳои расонаҳо. Вақте ки инсонҳо фарҳанги расонаишиносанду медонанд, ки иттиллот чӣ гуна паҳн мешавад, онҳо дақиқии хабарро беҳтар муайян мекунанд.

Фейкҳо бо мақсадҳои гуногун сохта мешаванд, аз ҷумла:

– ба мақсади шиносоӣ бо ҷинси муқобил;

– ба мақсади ворид шудан ба саҳифаи ягон шахс дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери номи бегона ё сохта;

– ба хотири боло бурдани шумораи муштариён бо истифода аз номи афроди машҳур;

– ба хотири қаллобӣ дар Интернет;

Блогери тоҷик Рустам Гулов ба ин назар аст, ки хабарҳои дурӯғро аксаран аз бекорӣ, ё ба хотири  шӯхӣ кардан ва ба мақсади ба даст овардани маблағ паҳн мекунанд.

Ба андешаи номбурда, қурбонии хабарҳои фейкӣ асосан пиронсолон мешаванд, ҳарчанд ки дар миёни онҳо одамони донишманд низ кам нестанд. Мушкили ин гурӯҳ дар он аст, ки намедонанд  тавассути захираҳои ҷустӯҷугар, масалан Яндекс, Гугл ва ғ. саҳеҳияти ахборро чӣ гуна муайян кунанд.

– Барои он ки корбарон фиреби фейкҳоро нахӯранд, бояд сатҳи дониши расонаии онҳо баланд бардошта шавад, аммо омӯзиши саводнокии расонаӣ бояд аз мактабҳои миёна ва олӣ шурӯъ шавад, – мегӯяд Р. Гулов.

Коршиноси точик Масрура Сиддиқова дар ин иртибот мегӯяд, ки дар ҷаҳони муосир паҳн кардани иттилоот бо мақсадҳои гуногун тавассути Интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шудааст, бинобар ин, мо ҳар рӯз дар баробари навгониҳо бо «фейкҳо», ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд, рӯ ба рӯ мешавем.

Ба андешаи ӯ, фейкҳо ҳоло дар фазои иттилоотии Тоҷикистон низ ба назар мерасанд, аз ҷумла, баъзан хабарҳою маводи бардурӯғро блогерон ё ҷавонони тоҷике, ки муқими кишварҳои хориҷӣ мебошанд, дар саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Ютуб, паблик -чатҳо дар Вайбер ва Телеграмм паҳн менамоянд.

– Торафт маъмул гардидани ин раванд ҳифзи муҳити иттилоотии ҷомеа ва шахсони алоҳида, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолиро зери суол мебарад, -мегӯяд. М. Сиддиқова дар ин иртибот.

Ҷамшеди Маъруф, сардабири сайти “Фактчекинг”–и Тоҷикистон, ки чанд сол боз бо ошкор сохтани хабарҳои сохтаву бофта дар фазои иттилоотӣ машғул аст, мегӯяд, ки дар шароити кунунӣ, ки мавҷи хабарҳо хеле гуногуну аз ҳад зиёд, ҳатто тасаввурнокарданӣ аст, фейкҳо ҳар лаҳза паҳн мешаванд.

Ба андешаи номбурда, ҳадафи асосии фейксозон гумроҳ кардани мухотабон, мардум ва касоне, ки аудиторияи онҳоро ташкил медиҳанд, мебошанд.

– Мақсади фейкҳо, ё касоне, ки фейкҳоро месозанд, фоида гирифтан, ҷалб кардани таваҷҷӯҳи  корбарон ба сомона ё платформаи худ ба мақсади пур кардани киссаи худ ё лаззат бурдан аз чунин хабарҳо мебошад, – мегӯяд Ҷ. Маъруф.

Хабарнигори тоҷик Мазҳаби Ҷумъа, аз нахустин фактчекерҳои Тоҷикистон, ки бо шиносоии фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул буд, мегӯяд, ки фейкҳо ягон мавзӯи мушаххас надоранд, аз ин рӯ, метавонанд дар ҳар боб бошанд. Масалан, аз ошкор шудани ягон доруи зараровар дар даруни мандарине, ки дар Тоҷикистон низ савдо мешавад, ё аз пусти одам китоб сохтан ва ғ.

– Мақсади фейксозон пахши хабарҳоест, ки аз назари худи онҳо ҳар гуна манфиат оварда метавонад, аз ҷумла манфиати молӣ тавассути ҳарчӣ бешттар ҷалб кардани мухотабон, -иброз медорад М. Ҷумъа.

Ҷ. Маъруф иброз медорад, ки барои корбарон муайян кардани хабарҳои росту дурӯғ хеле мушкил аст. Ӯ мегӯяд, ки ҳафтаҳои аввали эпидемияи коронавирус шиносоии фейкҳо барои масъулини “Фактчекинг” низ хеле мушкил буд, зеро иттилооти саҳеҳ дар мавриди худи ин вирус вуҷуд надошт.

Сардабири “Фактчекинг-Тоҷикистон” мегӯяд, ки хабарҳои сохтаву дурӯғин, яъне фейкӣ, мавсимӣ ҳам мешаванд ва инро замони пандемия мушоҳида кардан мумкин буд, алалхусус, вақте ки масъалаи ваксинакунӣ ба миён омад, овозаҳои зиёд дар атрофи ваксинаҳо пайдо шуданд, дар ҳоле ки шаҳрвандон мунтазир буданд, ки кай вакскинаҳо аз хориҷа мерасанд.

– Дар баъзе хабарҳои фейкӣ иддао мешуд, ки ин ваксинаҳо одамонро безурёт мекунанд, ё  ки ба саломати одамон зарар мерасонанд, зеро мӯҳлати истифодаашон гузаштааст ва ғ., аммо вақте ки дар ЧТ ба қонунгузорӣ дар мавриди паҳн кардани овозаҳои вобаста ба пандемия тағйирот қабул шуд, хабарҳои дурӯғ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба мессенҷерҳо гузаронда шуданд, аз ҷумла ба мессенҷерҳои Ватсап, чати худи Фейсбук, телеграммканалҳо, Вайбер ва ё чатҳои алоҳида, – мегӯяд сардабири Фактчекинги Тоҷикистон Ҷ. Маъруфов.

Мазҳаби Ҷумъа , ки ба ин андеша ҳамназар аст, мегӯяд, азбаски месенҷерҳо дар Тоҷикистон бештар маъруфияту корбар доранд, ба воситаи онҳо хабари фейкӣ ҳарчӣ бештар ва ҳадафмандонатар паҳн мешавад, аз ин рӯ, созандагони хабарҳои дурӯғ кӯшиш мекунанд корбаронро гӯл зада, итминон бидиҳанд, то ки онҳо ба хабарҳои дуруғу сохта бовар кунанд.

Аммо ба андешаи номбурда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон зудтар фейкҳоро мешиносанд, зеро мутахассисон зиёданд.

Ҷ. Мазҳаб ба ин бовар аст, ки аксарияти касоне, ки фейк месозанд, ҳадафмандона ва ба хотири ба даст овардани манфиат, ё барои гумроҳ кардани ҷомеа ва ба ин роҳ ба даст овардани фоида паҳн карда мешавад.

– Аммо расонаҳои зиёде ҳастанд, ки фейкҳоро насанҷида, ҳатто баъзан барои ҷалби бештари хонандагон онҳоро бознашр мекунанд ва боиси ҳарчӣ бештар паҳн гардидани фейкҳо мешаванд, – таъкид мекунад Ҷ. Мазҳаб.

М. Сиддиқова мегӯяд, ки пандемия дар фазои иттилоотӣ ҳамроҳ бо тарси баъзе одамон ва максадҳои иқтисодию сиёсии дигарон “беморӣ”–и  инфодемикӣ ба вуҷуд овард, зеро мардум ба пешгирии ин беморӣ, мубориза бар зидди он тайёр набуданд.

Дар натиҷа, гузоришҳои дурӯғу бофта дар бораи коронавирус, паҳншавӣ ва оқибатҳои он, нисбати ҳукуматҳо ва системаҳои тандурустӣ дар бисёр давлатҳо беэътимодиро ба вуҷуд овард.

Ба ақидаи М. Сиддиқова, коршиносони COVID19MisInfo.org беш аз 2300 паёми қалбакӣ дар бораи COVID-19-ро омӯхта, мавзӯҳои зеринро, ки ба фейкҳо иртибот доштанд, ошкор карданд:

1) Тарғиби тестҳо ва доруҳои қалбакӣ;

2) Фарзияҳо дар бораи пайдоиши вируси нав;

3) Кам кардани хатари вирус ва зарурати чораҳои назоратӣ бо он;

4) Таҳқири нажодпарастона;

5) Қаллобӣ дар паҳни маълумот;

6) Хабарҳои бардурӯғ дар бораи ҷалби брендҳо ва технологияҳо дар паҳншавии вирус (масалан, 5G ва Coca Cola);

7) Овозаҳо дар бораи марг ва сирояти шахсони машҳур, аз ҷумла сиёсатмадорон.

“Фактчекинг” чиро мегӯянд?

Калимаи дигаре, ки мо мехоҳем инҷо таваҷҷӯҳи   хонандаро ба он ҷалб созем, калимаи “фактчекинг” аст. Ин калима дар миёни корбарони Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мисли мафҳуми “фейк” зиёд истифода намешавад.

“Фактчекинг” калимаи англисӣ буда, «fact» – факт ё далел ва «checking» санҷиш мебошад, яъне санҷиши далелҳо аст. Аммо ҳоло дар забони тоҷикӣ бештар мафҳуми “далелсанҷӣ” истифода мешавад.

Касонеро, ки ба далелсанҷӣ машғуланд, фактчекер мегӯянд ва мақсади  инҳо аз санҷиши хабарҳои фейкӣ ҷустуҷӯйи дурӯғ нест, балки муайян кардани саҳеҳият ва муқоисаи маълумотест, ки аз сӯйи ин ё он ниҳод ва ё афроди шинохта дар расонаҳои  чопӣ, электронӣ  ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд.

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2018 гурӯҳи далелсанҷҳо фаъолият доранд, ки фейкҳоро шиносоӣ  мекунанд ва натиҷаи корашон дар сайти “FaktCheck.tj” нашр мешавад.

Дар зер мо бархе аз серхонандтарин маводи далелсанҷҳои тоҷикро дар соли гузаштаву имсол инҷо зикр мекунем, аз ҷумла: “Ҳушдори Эрдуғон ба Тоҷикистон барои такрор нашудани таҷовузи низомӣ”, “Навори қатли як зан аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон”, “Зармина Муҳаммадӣ хабарнигори «Тулуъ» аз дасти Толибон* кушта шуд”, “Эмомалӣ Раҳмон: Барқи тамоми Афғонистонро қатъ хоҳем кард!”, “Оташгирии нақлиёти боркаш дар Хуҷанд”, “Дар Тюмен ба муҳоҷирон кор дар автобусу такси манъ шуд”, “Ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ харидорони тоҷики худро ёфтанд”.

Фейкҳо чӣ гуна шиносоӣ мешаванд?

Ҷамшеди Маъруф, сардибари сайти “FaktCheck.tj” барои касоне, ки мехоҳанд дурустии хабарҳоро муайян кунанд ва фейкҳоро шиносоӣ карда тавонанд, мегӯяд, ки онҳо бояд ба чанд нукта таваҷҷӯҳ кунанд, аз ҷумла:

-ба сарчашмаи хабари пахшшуда диққат кунад, то фаҳманд, ки он бо кадом мақсад чоп шудааст, муаллифаш кист, ӯ шахси воқеӣ аст, ё ҷаълӣ ва ё мурда;

-ба санаи хабар таваҷҷӯҳ кунад, ки хабари нав аст ё кӯҳна, аммо барои ин лозим меояд, ки бояд матни он пурра хонда шавад, зеро ба хотири ҷалби ҳарҷӣ бештари хонандагон баъзан сарлавҳаҳои иғвоангез гузошта мешаванд;

-бояд ба пайванди (линк) хабар таваҷҷӯҳ карда шавад, то ки воқеӣ ё дурӯғ будани он ошкор гардад, инро ба назар гирифтан лозим аст, ки пайвандҳои дуруст ҳамеша нишон дода намешаванд;

-корбарон бояд хабари дурӯғро аз хабари фейкӣ фарқ кунанд, чунки агар хабари дурӯғ дар шакли таҳрифшуда пешниҳод гардад, хабари фейкӣ мақсаднок сохта мешавад.

-агар корбарон тафаккури интиқодӣ надошта бошанд, ҳама гуна хабарҳои бофтаву сохта ва ҷаълӣ ба мардум таъсир карда, овоза мешавад ва ҳамин тариқ, ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Фейкҳо ба афкори ҷомеа чӣ таъсир мерасонданд?

Фейкҳо ҳамеша дар таърихи инсоният вуҷуд доштанд, ҳарчанд ки худи ин мафҳум истифода намешуд. Таърихи инсоният чунин мисолҳоро зиёд медонад, аммо ҳоло мо ба қаъри асрҳо руҷӯъ накарда, ду мисол аз таърихи навини Амрико ва 2 мисол аз таърихи навини  Тоҷикистон меорем.

  1. Қабл аз ҷанги Ироқ дар соли 2003 котиби давлатии ИМА Колин Паэулл зимни суханронии худ дар СММ изҳор дошт, ки Саддом Ҳусейн силоҳи биологӣ ва химиявӣ дорад ва ҳоло дар фикри сохтани силоҳи ҳастаӣ аст, аммо баъдан маълум шуд, ки К. Пауэлл дурӯғ гуфта, ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ кардааст.
  2. Доналд Трамп, собиқ президенти ИМА низ ҳамчун яке аз машҳуртарин фейксозон маҳсуб мешавад. Масалан, ӯ дар суханрониҳои худ шаҳрвандони кишвари ҳамсояаш мексикоиҳоро дар бадбахтиҳои зиёди Амрико гунаҳкор мекард, ҳол он ки на ҳама далелҳои ӯ ҳақиқат доштанд.

Мо дар Тоҷикистон таъсири фейкҳоро дар тӯли 15 соли охир чанд бор эҳсос карда будем. Мо инҷо фақат мисолҳоеро меорем, ки ба афкори ҷомеа таъсири сахт расонда буданд.

1.Соли 2009 дар кишвар овоза шуд, фалон рӯз заминҷунбӣ мешавад. Хабар дар ин бора тавассути паёмакҳои телефонҳои мобилӣ ва як қатор сайтҳои маъмули ҳамон замон паҳн гардида буд. Дар натиҷа, сокинони кишвар шабона чанд соати сарди зимистониро дар назди биноҳо, кӯчаҳову хиёбонҳо, дар Хуҷанд ҳатто дар кӯҳи Муғул сипарӣ карданд.

2.Ибтидои моҳи  марти соли 2020 овоза шуд, ки ба сабаби эмидемияи коронавирус воридшавии орд ба ҷумҳурӣ қатъ гардида, дар рӯзҳои наздик захираи он пурра тамом мешавад. Дар натиҷа, сокинони шаҳру навоҳии кишвар саросемавор ба хариди орд шурӯъ карданд ва нархи он зуд боло рафт.

Аммо баъди чанд рӯз маълум шуд, ки ин овозаи дурӯғ ё фейк аст.

Масрура Сиддиқова дар иртибот ба таъсири фейкҳо мегӯяд, ки аксарияти хабарҳои қалбакӣ эътимодро ба васоити ахбори омма ва дар маҷмӯъ ба ниҳодҳои мухталифи иҷтимоӣ коҳиш медиҳанд, хусусан дар давраҳои душвор, масалан, ҳангоми паҳн шудани ягон намуди пандемия, ки мо аллакай шоҳид будем, ё сар задани нооромиҳо дар кишварҳо, рух додани офатҳои табиӣ, ва ғ.

Номбурда дар ин иртибот ба ду нукта ишора карда, мегӯяд:

1.Одамони солхӯрда нисбат ба ҷавонон ҳафт маротиба бештар хабарҳои қалбакӣ паҳн мекунанд ва шояд ин аз сатҳи саводнокии расонаии онҳо вобаста бошад.

  1. Фейкҳо аксар вақт аз ҷониби одамоне, ки консерватор ва ростгаро мебошанд, паҳну мубодила мешаванд ва қисми зиёди хабарҳои дурӯғин маҳз ба ин пайравони ҳамин гурӯҳ нигаронида шудаанд.

Ба андешаи М. Сиддиқова, хабарҳои қалбакӣ ҳисси бегуноҳӣ ва бегонапарастиро ба вуҷуд оварда, эҳсоси нобовариро дар ҷомеа ба вуҷуд меоварад, ки он дар ниҳоят ба маҳвшавии афкор боис мегардад.

Коршиноси дигар Ҷ. Мазҳаб мегӯяд, ки бештари аҳолии кишвар афкори интиқодӣ надоранд, аз ин рӯ ба фейкҳо бовар мекунанд ва онҳоро бознашр менамоянд ва дар натиҷа, фейкҳо ҳарчӣ бештар паҳн мешаванд.

Чанд сол қабл Илон Маск эълон дошт, ки сервиси Pravda –ро барои ошкор кардани хабарҳои дурӯғ месозад. Ҳамчунин мутахасиссоне, ки ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ сару кор доранд, барномаҳое сохтанд, ки фейкҳоро шиносоӣ мекунанд.

Самандар Самандарзода, як ҷавони тоҷик, ҳам эълон карда буд, ки дар ин самт корҳои тадқиқотӣ мебарад, аммо, мутаассифона, аз натиҷаи кори ӯ ягон маълумот дар дасти мо нест.

Ҳоло дигар барои касе пӯшида нест, ки бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ инсоният ба марҳилаи нави таърихи худ по ниҳодааст, аммо дар баробари ин, ба хатару таҳдидҳои наве, аз қабили хабарҳои фейкӣ, дучор омадааст, аз ин рӯ роҳҳои нави мубориза бо онро ҷустӯҷӯ дорад.

Нуралӣ Давлат 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь