Ин мавзуъ чандест мағзи маро машғул медорад, андешаро мефиребам, ба фардову пасфардои дигар мегузорам, вале раҳоям намекунад. Пас бояд навишт, пас чизи гуфтание ҳаст, пас шояд гӯши шуниданӣ ҳам бошад. 

Ба хотирам меояд дастури Устод Турсунзода. 

Барои ман азизтарини устодҳост, шояд аз он ки дар замонаш зистаам, тифлиям дар давраи авҷи шуҳрати шеъри оламгири ӯ гузаштааст ва аз ҳама зиёд ашъори ӯро аз бар кардаам ва осораш мавзуи кори илмиям ҳам ҳаст. 

Бармегардам ба дастураш, мазмунан меорам: шоир вақте бояд бинависад, ки дигар нанавишта натавонад. Гумон мекунам, ҳар нафари дигаре, ҳам қалам ба даст мегирад, бояд ин дастурро ёд дошта бошад. Ва инак дигар нанавишта наметавонам ва менависам.

Эътироф чист? 

Эътироф баҳои мусбати атрофиён, муҳити инсон ба ин ё он амали ӯст. Ҳатман баҳои мусбат! Ва ин ҳам дастгирии равонии инсон барои худшиносиву боло бурдани худпиндорӣ, ҳам дастгирии ӯ барои оянда аст. Эътирофи воқеӣ барои инсон қувваи тоза мебахшад, нерӯи ҳанӯз кашфнашудаи ӯро (ҳатто маъмулан барои худаш ҳам) боз менамояд ва ҷомеае, ки ин эътирофро ба инсон додааст, ба ивази яки додааш даҳ мегирад. Ба хотир биёваред, ваъдаи Худовандро, ки қариб дар ҳамаи адён омадааст. Ту ба ман як бидеҳ ва ман ба ту даҳ медиҳам. Ин қонуни Коинот дар ҳамаи ҳолатҳо амал мекунад, беистисно! Дар мавриди Эътироф ҳамчунин. Пас эътироф талаботи ботинии инсонист.  Чун ҳамаи талаботҳои дигари ӯ ба муҳаббат, омӯзиш, кор ва амсоли ин. Вале чун дар ҳамаи мавридҳо бояд муайян намоем, ки ҳадди тиллоии васат куҷост? Зеро бе ин ҳад инсон метавонад вобастаи эътироф бошад ва он оварда мерасонад ба вобастагӣ аз баҳои дигарон (муҳит, атрофиён) ва ниҳояти кор мерасем ба он ки ақидаи шахсии худи инсон метавонад фалаҷ бишавад, барои худаш арзиш надошта бошад. Дар чунин ҳолат инсон комилан аз рушди шахсиятӣ боз мемонад, танҳо ва танҳо ба хотири дарёфти эътирофи дигарон фаъолияти худро анҷом медиҳад. Аз ин рӯ ҳама гуна баҳои дигарро агар мусбати равшан набошад, дарднок қабул мекунад ва вобаста ба табиати худ ангеза нишон медиҳад. Аз ранҷидану озурдахотирӣ то ба руҳафтодагӣ ё ба қаҳру ғазаб ва кинаву адоват.

Ҷомеаҳои гуногун ба хотири идораи инсонҳо усулҳои зиёди эътирофро истифода мебаранд. Такрор мекунам, барои идораи инсонҳо! Мукофоту ҷоизаҳо, унвону рутбаҳо, озмунҳо ва амсоли ин намунаи равшантарини ин андешаанд. Зеро тавассути ин амалҳо ҷомеа дар кадом шакле набошад, хоҳ сохтори давлатӣ ва хоҳ сохтори шаҳрвандиву ҷамъиятӣ, ба нафаре мегӯяд: ман истеъдоди туро, хизмати туро дидам ва он хуб аст! Ту аз дигарон беҳтарӣ! Ва инсонҳои вобастаи эътироф, ки худро маъмулан бо дигарон қиёс мекунанд ва тавассути ин қиёс баҳои худро месанҷанд, таскин меёбанд. Онҳое, ки ин баҳоро нагирифтаанд, ду роҳ доранд, ё аз мубориза даст мекашанд, зеро озмунҳо ҳамеша сабқату муборизаанд, ё ҳамаи роҳҳоро истифода мебаранд, ки ҳатман эътироф насибашон бигардад, зеро бе он наметавонанд ҳисси қаноатмандиро аз худу рӯзгори худ дошта бошанд, ҳатто агар тамоми неъматҳои дигари зиндагӣ насибашон гашта бошад.

Агар амиқтар нигарем, ҷанҷоли тавассути «Диссернет» расонаӣ шудаи сирқоти илмӣ аз ҷониби олимони Русия, Украина ва Тоҷикистон бори дигар ин андешаро исбот мекунад. Киҳоянд ин олимони қалбакӣ? Онҳое, ки тавассути мадракҳо эътирофро харидаанд. Дуруст аст, ки ин мадракҳо барои онҳо роҳро ба сӯйи мансабҳову дастрасии бештар ба неъматҳои моддӣ, ҳукуматронӣ ҳам боз кардааст, вале ин ҷо ҳам тазоде нест, зеро ин ҷо эътироф шакли моддӣ мегирад ва боз ҳам барои инсонҳое, ки ба баҳои хуби дигарон ниёзманданд, таскини бештару беҳтар ҳам медиҳад. Агар ин гуна одамон мустақиман мехостанд рӯзгорашон бо пайдои молу маноли бештар обод кунанд, бе ташнагии эътироф, метавонистанд тоҷир бишаванд, вале на. Интихоби онҳо аз оғоз дарёфти эътироф буд, идомаи кор вазифаи дигаре.

Эътирофҷӯён дар байнни ҳамаи қишрҳои инсоният ҳастанду хоҳанд буд шояд. Вале он дар симои аҳли эҷод ҳамеша рушантар ҷилвагар аст. Зеро аҳли эҷод нисбат ба дигарон бештар эҳсосотиянд, чун эҷод аз ҳиссиёт маншаъ мегирад ва тавассути эҳсосот ба дилҳо роҳ меёбад. Ин ҷо метавонем иттифоқҳои эҷодиро мисол биёварем. Чаро узвияти барои мисол Иттифоқи нависандагон барои бархе чунин муҳим аст? Зеро ин узвият далели эътирофи истеъдод ё ҳунар аст. Ва он рӯзе, ки аз узвият иддае маҳрум гардиданд, ҳаққи эътироф, ки бо ҳар роҳе пайдо карда буданд, аз даст рафт. Табиист, ки одамони ба ин ғизои маънавӣ одат карда, чун тифлони гурусна ғаш мекунанд.

Ҷониби дигаре ҳам, ки аз нокомии эътирофнашудагони ба эътироф бо роҳҳои номатлуб расида, сахт шод шуданд, метавонад ин ҳолатро дошта бошад. Қаноатмандӣ аз зуҳури адолат ва заҳрханда (“злорадство”) аз ҳам фарқ доранд. Дар ҳисси қаноатмандӣ шукр ва осоиши руҳ ҷой дорад. Зеро ин ҷо дар оғоз дарди ҳасад набуд, итминон ба адолат ҳамеша ҷой дошт ва инсон ба он ҷое, ки равон буд, расид. Дар заҳршодӣ қаноатмандӣ нест. Шодии як эътирофнашуда аз нокомии эътирофшудаи дигарест. Хуб дигар усули хубу бад баҳонаест. Он бештар ба ҳисси шодӣ аз интиқомгирӣ монанд аст. Бале, интиқом аз онҳое, ки кореро карда тавонистанд, ки инҳо ба худ иҷоза надоданд. Бо сабабҳои гуногун. Ё имкон надоштанд. Ин ҷо эҳсосоташон монанд аст ба он, ки болои гӯри  касе бароӣ ва аз ин худро баландтар ҳис кунӣ. Интиқом ба ивази ҳамаи нобарориҳои воқеӣ ва тахаюлӣ. Интиқом аз тамоми олам. Ва маъмулан даъво ҳам чунин аст, ман ин корро накардам (нахостам, натавонистам, ба ман имкон надоданд, тарсидам, шарм доштам, нангу номусро дифоъ кардам, агар ман мекардам, нисбати ман ҷазои сахттар мебуд, шарҳҳо метавонанд хеле гуногун бошанд), пас ҳар касе кард, бояд ҷазо бубинад. Хеле ҳиссиёти мухталиф метавонад ин ҷо ба ҳам чунон бипечад, ки  барои боз кардани ин калоба хеле равоншиноси қавӣ бояд вақти зиёд сарф намояд.

Дар ин миён олимону адибони аз нигоҳи ташнагии эътироф солим воқеан  бо эҷод машғуланд, онҳоро худи раванди эҷод хуш медорад, ин ҷо маънии зиндагияшонро ёфтаанд ва танҳо дар ҳолате, ки мизони эътироф сахт хароб аст, метавонанд бубинанд, ки истеъдоду ҳунар ҷубронҳои дигар ҳам дорад. Ё нафаре ба онҳо ин мизони харобро нишон медиҳад ва мегӯяд: чаро фалонӣ дирӯз ба майдон омаду чанд ҷоиза дорад, бисмадониро мо солҳои зиёд мешиносем, вале ягон ҷоиза надорад. Албатта, талаботи солими равонии эътироф хоси ҳар як инсон, хосса эҷодкор аст. Вале ин ҷо меъёри тиллоӣ худ ба худ амал мекунад. Барои як нафар чопи асараш кифоя аст, ки талаботи равонияш қонеъ бигардад. Табрики наздикону дӯстон барояш арзиши болотар аз шуҳратёр гаштанро дорад.

Бояд таъкид намуд, ки шуҳрат ва эътироф як чиз нестанд. Шуҳрат маънои онро дорад,  ки дар доираи муайяне инсон шинохта мешавад. Шуҳратро бо амали носавоб ҳам пайдо кардан мумкин аст ва баҳои манфии дастаҷамъии ҷомеа низ як навъ шуҳрат аст. Шуҳрат санад надорад. Он усули танзими хос ҳам  надорад, метавонад дар шакли овоза ё расонаҳо ба даст биёяд. Эътироф ҳамеша як мақоми муайян ва амалҳои мушаххас мехоҳад. Шуҳрат метавонад дар миёни қишрҳои гуногун, синну соли гуногун ҷой бигирад. Эътироф танҳо аз ҷониби мақомоти болоӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, метавон дилпурона бигӯем, ки эътирофталабӣ натиҷаи дар кӯдакӣ, дар оила надоштани мақоми шоистаи фарзанд аст, бештар аз ҷониби падар, ё онҳое, ки ин вазифаро аз нигоҳи равонӣ ё иҷтимоӣ нисбати фарзанд иҷро кардаанд. Беаҳамиятӣ, сарфи назар кардани талаботҳои кӯдак ӯро метавонад як умр ниёзманди эътироф бикунад. 

Дар илми равоншиносӣ мафҳумест, бо номи интиқол. Яъне талаботи равонии қонеънашуда ҳаройина онро меҷӯяд, дар синни соли баркамолӣ ҳам инсон дар симои нафаре ё мақоме волидони худро меҷӯяд ва аз онҳо эътироф мехоҳад. Дар олами ҷиноӣ “маняк”-ҳо ҳастанд, ки айнан ҳамин гуна интиқол медиҳанд, қаҳру ғазабу ранҷиши саркӯбшудаи худро ва алами Мӯсоро аз Исо мегиранд. Дар ҳолати эътироф низ ҳамин муодила амал мекунад, фақат дар шакли нисбатан нармтар. 

Воқеан, агар тақдири инсонҳои бузургро нигаред, мушкили камбуди эътироф дар айёми кӯдакӣ аксари онҳо доштаанд. Нависанда Андерсен дар афсонаи “Мурғобияки ношуд” рӯзгори худро нақл мекунад, актёр, режиссёри машҳур Ҷеки Чан дар тамоми филмҳояш як нақшро мебозад, шахси дар оғоз назарногире, ки ҳамаро дар ҳайрат мегузорад. Ва барои нақшҳояш Ҷеки тайёр аст, ки ҷонашро дар хатар гузорад. Агар тарҷумаи ҳоли ин одамонро биомӯзед, муодилаи равшани эътироф нашудани талаботҳои равонии онҳоро дидан мумкин аст. Вале мушкили ҷиддӣ он аст, ки ҳамаи ин комёбиҳо аксаран наметавонанд одамонро хушбахт намоянд, агар онҳо мушкили равонии худро аз бунёд нашиносанд, волидони худро самимона наомурзанд ва ҳамон хеле буданд, ё ҳастанд, қабулашон накунанд ва дӯсташон надоранд. Зеро ҳама гуна эътирофи дигар, барои онҳо муваққатӣ ва сунъист. Баробари пайдо шудани зинаи дигаре, боз ҳам дарди таскиннаёфта бедор мешавад ва ин ҳалқаи сарбаста ҳамеша такрор меёбад.

Марям ДАВЛАТОВА, таҳлилгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь