Бо шодравон Суҳроб Шарипов шояд ҳудуди 15 сол ҳамкорӣ доштам: дар Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегӣ. Ҳамроҳи ӯ ба як силсила сафарҳои дохилию хориҷӣ рафта, дар лоиҳаю конфронсҳои байналмилалӣ иштирок намуда будам. Илова бар робитаҳои корию идорӣ, эшон яке аз дӯстони бузурги банда буданд, ки дар лаҳзаҳои зарурӣ ҳамчун инсони огоҳу тавоно маслиҳатҳои зарурӣ медоданд. Шояд ҳамаи ин барои банда иҷозат диҳад, ки дар бораи эшон чанд сухан гӯям. Аз ин дӯст ва устоди гиромӣ, ки бисёр ҷавон аз ҷаҳон рафтанд, нуктаҳои зиёде дар ёд мондаанд, ки баъзе аз онҳо бояд бозандешӣ ва гуфта шаванд, аммо баъзеи дигар бояд на имрӯз, балки танҳо дар замони дигар гуфта шаванд. Аз ин рӯ, ин ҷо танҳо чанд нукта аз он нуктаҳои гуфтаниро ёдовар мешавам:
Аз Суҳроб Шарипов, пеш аз ҳама сатҳи баланд ва саводи баланд дар ёд мондааст. Сатҳи баланди касбӣ ва саводи баланди тахассусӣ. Аз баски таҳлили сиёсии амалии тоҷик як равияи ҷавон буда, ҳануз шакли бисёр ибтидоӣ дошта, ба сатҳи меъёрҳои зарурии касбии ин соҳа рушд наёфтааст, дар фазои таҳлили сиёсии мо ҳар кас ворид шуда, дар ҳар масъала изҳори назар мекунад ва бе он, ки як соат дарси сиёсат хонда бошад, бисёр бемасъулиятона ва бешармона зери номи худ «таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ» менависад. Ин падида дар солҳои 2000-ум бисёр васеъ буд ва имрӯз ҳам ҷой дорад. Аммо Суҳроб Шарипов бо таҳлилҳои касбии худ ва бо ҳузури устувори худ дар ин саҳна, илм ва амалияи таҳлили сиёсии амалии тоҷикро шакл дод ва ба сатҳи стандартҳои касбӣ бардошт. Ӯ бо ин амали худ аз сиёсатшиносии донишгоҳӣ фаротар рафта, аз масъалаҳои сиёсии ҷорӣ гуфтанро бунёд ниҳод. Зеро илми сиёсатшиносии таълимию донишгоҳии мо то ҷое шакл гирифтааст, аммо таҳлилгарии амалии сиёсии касбӣ надоштем. Мо дар донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои худ даҳҳо номзаду доктори илмҳои сиёсӣ дорем, аммо қариб аксари онҳо муаллимони қолабии ин фанҳои таълимӣ буда, масъалаҳои зиндаву ҷории ҷомеаро қариб баррасӣ намекунад, таҳлили зиндаи дастрас ва роҳнамои ҷомеа надорад. Ҷомеа ҳам аз вуҷуди онҳо қариб огоҳ нест. Аммо бо фарқият аз ин ҳама, Суҳроб Шарипов сиёсатшиносе буд, ки дар матни ҷомеа қарор дошт ва рӯи набзи зиндаи он даст гузошта буд. Ин аст, ки ӯро метавон бунёдгузори сиёсатшиносии амалии муосири тоҷик донист. Аз диди банда, ки дар муҳити сиёсатшиносии тоҷик рустаам, маҳз чунин аст.
Илова бар ин, вақте Суҳроб Шарипов дар бораи масъалаҳои сиёсӣ сӯҳбат мекард, аз назари касбият аз таҳлилгарони дигар бисёр болотар меистод, бо забон, мантиқ, мавқеъ ва тасаллуту озодагӣ. Бинобар ин, як насл ҷавононе, ки ҳоло ба саҳнаи таҳлили сиёсии тоҷик ворид шудаанд, маҳз дар пайравӣ аз ӯ ва ё зери таъсири амиқи ӯ ба таҳлилии сиёсии касбӣ рӯй оварданд. Ин яке аз хидматҳои ҷиддии С.Шарипов буд ва ҳоло вазифаи мо бозёфт ва ҳифзи ҳамон сатҳи баланди касбии таҳлилҳои сиёсӣ мебошад.
Хусусияти дигари С.Шарипов дар ин буд, ки ӯ мавқеи давлатӣ дошт ва манфиати давлатро бисёр ҷасурона ҳимоят мекард. Дар мавқеъ ва амалияи сиёсии ӯ фарқияти ҷиддии мафҳуми давлат ва ҳукуматро дидан мумкин буд. Баъзан дар муҳити умумӣ низ ошкор буд, ки С.Шарипов бо баъзе аъзои ҳукумати ҶТ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои бонуфӯзи давлатӣ ва бо баъзе шасиятҳои таъсиргузори кишвар ихтилофи назар дошт. Дар баъзе мавридҳо ихтилофи ӯ ва танқиди ӯ чунон шадид буд, ки ҳатто баъзе роҳбарони мухолифини он вақт чунин ҷасоратро надоштанд. Ва агар боварӣ ва назари неки шахси Роҳбари давлат нисбат ба шахсу истеъдоду ҳақгуии ӯ намебуд, ба сараш ҳар чиз метавонист биёяд.
Зарофати ин мавқеи ӯ дар он аст, ки бо ин ҳама танқидҳояш С.Шарипов ҳаргиз берун аз система ва ё мухолифи низоми имрӯзаи давлатӣ набуд. Фарқияти танқиди С.Шарипов дар он буд, ки ӯ маҳз ҳамчун намояндаи давлат мавқеъ гирифта, маҳз аз ҷойгоҳи давлатдорона камбудҳои намояндагони мушаххаси ҳукуматро танқид мекард. Ин як сатҳи олии фаҳмиши сиёсӣ буд, ки на ба ҳама муяссар мегардад. Агар дар ҳақиқат дар низоми сиёсии мо насле ва ё ақаллан гурӯҳе аз шахсиятҳои дорои чунин сатҳ ва чунин дидгоҳ ташаккул ёбанд, он барои бақо ва устовории давлатдории миллии мо як заминаи ҷиддӣ хоҳад буд.
Дар баробари сатҳи тахассусӣ ва сатҳи фикрии С.Шарипов, сатҳи фарҳангу тарбияти шахсии ӯ низ баланд буд. Дар ӯ як озодагии аҷиби ботинӣ ва зоҳирӣ дида мешуд, ки ба ҳар кас таассуроти нек ва мусбат мегузошт. Чун фарзанди хонаводаи зиёӣ, парвардаи муҳити устоди бузургвор профессор Иброн Шарипов ва хатмкардаи беҳтарин донишгоҳи Москав буд, сифатҳои як фарди зиёӣ, як инсони наҷиб ва озода дар ӯ нишаста буданд ва ин аломатҳоро дар рафтору гуфтору муносибати ӯ низ дидан мумкин буд. Дар як ибора, ӯ аз намунаҳои элитаи илмӣ ва сиёсии тоҷик буд ва ҳамин вуҷуди элитарии ӯ барои мо ифтихорбарангез буд. Бинобар ин, дар ҳар маҳфиле, ки С.Шарипов сухан мегуфт, шахсан банда аз доштани чунин ҳамватан, чунин дӯст ва чунин директор ифтихор мекардам. Бисёриҳо низ. Ҳатто фарҳанги либоспӯшии ӯ аз дигарон як сар боло буд ва бисёр ҷавонон дар ин ҷода низ ба ӯ пайравӣ мекарданд, аз ӯ меомӯхтанд.
(Аммо чун ҳамеш, бисёре аз устодону бузургон аз дурахши хиракунандаи Суҳроб Шарипов дар муҳити ҷамъиятию иттилоотӣ нороҳат буданд, ҳасад ва рақобатҳои носолим меварзиданд, эътироф намекарданд. Гоҳо ба забонаш эрод мегирифтанду гоҳо ба ақидаашу гоҳе ба мавқеи бебоконаи геополитикияш… Мо ки он вақт “мутахассисони ҷавон” будем, дар донишгоҳу маҳфилу конфронсҳо ҳамаи инро бевосита медидем ва ҳайрон мешудем…
Аммо як чиз аён буд ва ҳаст, ки худи ин эродгарон дар баробари дурахши наҷобату ашрофияти Суҳроб Шарипов (бо нармтарин баён) бисёр носуфтаву тира менамуданд.)
Хусусан, дар маҳфилҳои байналмилалӣ, дар конфронсҳои калони илмии сатҳи ҷаҳонӣ Сӯҳроб Шарипов сатҳи кишварро чунин нигоҳ медошт, ки гӯё парчами зиндаи Тоҷикистон бошад. Ва ҳамаи коршиносони огоҳи сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ин самт ӯро мешинохтанд, ҷиддӣ мегирифтанд ва эътироф мекарданд.
Ва Суҳроб Шарипов шасхияте буд, ки дар мавриди масъалаҳои калони ҷаҳонӣ, дар бораи равандҳои калони геополитикӣ назари устувори худро дошт. Ба ибораи дигар, ӯ як мутафаккир ва соҳибназари тоҷик дар масъалаҳои байналмидалии замони муосир буд. Сабаби дар масъалаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ изҳори назар намудани ӯ маҳз дар ҳамин буд, ки ӯ дар сатҳи ҷаҳонӣ меандешид ва равандҳои ҷаҳониро дарк мекард. Ин самт ва ин сатҳи тафаккур низ барои ҷомеаи мо, барои доираҳои сиёсии мо бисёр нав аст ва мо шояд нафарони ангуштшуморе дошта бошем, ки ҳамчун назарияпардоз дар бораи равандҳои калони ҷаҳонӣ изҳори назар намоянд. Ин мақом ва стаҳро Суҳроб Шарипов дар 40-50 солагӣ соҳиб шуда буд ва банда боварӣ дорам, ки агар ӯ 10-15 соли дигар умр медид, ҳатман дар канори бузургони андешаи сиёсии муосир ҳамчун мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мешуд.
Мутаассифона, муҳити иттилоотии мо ҳам шахсияту қаҳрамонии Суҳроб Шарифовро бештар ба ҳамон чанд танқиди машҳураш аз мансабдорони машҳур хулоса карда, маҳз ба ҳамин нуктаи фаъолияти ӯ таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои ҷиддии сиёсӣ, таҳлилҳои навоваронаи сатҳи милливу минтақавӣ ва дидгоҳҳои стратегии ӯро камтар мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки ин ҳам яке аз вижагиҳои сабукназарии мост. Чунин ҷабр дар таърих зиёд пеш меояд, чуноне, ки аз тамоми илму фалсафаю ҳикмати бузурги Хайём, гоҳо фақат чанд рубоии ӯ дар васфи шаробро матраҳ мекунему Хаёмро дар ҳамин хулоса мекунем.
Яъне, дар баробари он лаҳзаҳои бисёр арзишманди нақди расонаӣ, ҳаҷми калони андешаю пешниҳодҳои арзишманди ӯ дар масъалаҳои ислоҳу такмили сохтори идорию маъмурии кишвар, тафсири низоми давлатдории дунявӣ, шеваи муносибат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми бисёрҳизбӣ, такмили сиёсати хориҷӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи муносибат бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, дарку ҳимояти дурусти манфиатҳои миллӣ ва ғайра, ки имрӯз ҳам муҳимманд, қариб мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор нагирифтаанд. Ва боз илова бар ин осору афкори нашршуда, ҳамчунин даҳҳо тарҳу таҳлилу пешниҳодҳои ҷиддитарини ӯ ба таври маводи хидматӣ ба марказҳои қабули қарор пешниҳод шудаанд, ки умед аст чун маҳсули зеҳнии миллӣ дар бойгониҳои давлатӣ маҳфуз бошанд.
Таҳлили шахсият ва ҷойгоҳи бисёре аз мутафаккирони шинохта ё “ғулҳои андешаи ҷаҳонӣ” нишон медиҳад, ки агар ниме аз шинохту ҷойгоҳи онҳоро осору тавоноии худашон ташкил диҳад, ними дигари онро маҳз эътирофу таблиғу муаррифии сазовори шахсият ва андешаи онҳо дар ҷомеа ташкил медиҳад. Амрикоиҳо гоҳо ба шухӣ мегӯянд, ки Самоэл Ҳантингтонро на танҳо китоби «Бархӯрди тамаддунҳо», балки бештар низоми ҷаҳонии ҳамбастагии қавмӣ ва таблиғотии ҳаммиллатонаш чунин бузург кард, то ҷое, ки дар дастгирии китобаш худуди 200 китоб ва чандин ҳазор мақола навиштанд. Шӯхие, ки аз ҳақиқат дур нест…
Дар умум, дар ҷомеаи мо эътирофи ҳамдигар ва пазируфтани ҷойгоҳи ҳамдигар расм нашудааст, то шинохти ҷомеи чунин шахсиятҳо муяссар гардад. Мо маъмулан дар бораи касоне, ки аз дунё рафта бошанд, калимаҳои «бузург» ва «муҳим»-ро истифода мебарем. Мо қариб ҳеҷ касро дар зиндагияш эътироф ва таҷлил намекунем, баски то зиндааст, бо ӯ рақобат ва мухолифат мекунем ва ба ҳошия меронем. (Масалан, як мисоли зиндаи одитарин, ки донишҷӯю унвонҷӯёни гуногуне пайваста ба банда муроҷиат мекунанд, ки ҳар боре дар корҳои илмиямон аз китобу мақолаҳои шумо иқтибосе меорем ё номи онҳоро дар руйхати адабиёти истифодашуда ҷой медиҳем, устодон онро аксаран хат мезананд ва “ҳушдор” медиҳанд, ки “эҳтиёт кун” е “дигар набинам”… Баъзе аз ин устодони азиз маро ҳатто намешиносанд, аммо ба ҷурми ҳамватан будан ва махсусан, ба сабаби ҳануз зинда будани муаллиф чунин мекунанд. Зеро сатҳу суннату фарҳанги мо ҳамин аст.)
Бинобар ин, агар мо фарҳанги дар зиндагӣ эҳтирому эътироф намудани мағзҳо ва шахсиятҳоро омӯзем, мо низ шахсиятҳое дорем, ки ҳанӯз дар зиндагияшон сазовори эътироф ва бузургдошт мебошанд. Ва Суҳроб Шарипов яқинан аз шумори чунин шахсиятҳои бузургвори мо буд. Ёди устоди гиромӣ ба хайр бод.
Абдулло РАҲНАМО