Ба таҷлили ҷашни Наврӯзи олам омодагӣ мегирифтем, ки рӯзе ба телефонам аз рақами ношинос занг омад, вале онро набардошта, зуд хомӯш гашт. Чун ман ин “кӣ бошад,” гуфта, рақам чидам, аз он сӯ овози андак марғуладор, аммо шиноси ҳамсабақам аз Тоҷикистон Муҳаммадсодиқ ба гӯш расид:
– А, бача, ай мессенҷер набаромадӣ. Ку, биист, телефонут мекунум!
Ӯ занг зад ва ҳолпурсии гарме кард. Баъди он яксон ба сари мақсад гузашт ва гуфт:
– Нақша дорем, ки рӯзҳои наздик ҳамкурсон дар сари хони Наврӯзӣ ҷамъ омада, вохӯрӣ намоем!
Бо ин сухан дар дил дигарбора меҳру муҳаббати дӯстӣ ва бародарӣ боло гирифт ва чӣ хуш буд ин гуфтаҳо. Охир, ӯ пайки хуш мерасонид. Хоҷа Ҳофиз хеле хуб фармудааст:
Он пайки номвар, ки расид аз диёри дӯст,
Овард ҳирзи ҷон зи хати мушкбори дӯст.
Омодагӣ. Дар ин байн ман шиносномаи нави ба хориҷа баромадан гирифтам. Барои дидору вохӯрӣ бо ҳамкурсон (хатми соли 1997-и риштаи рӯзноманигории ДМТ), ки ба рӯзи 26-уми март пешбинӣ гардида буд, азми сафари Душанбешаҳр кардам.
Барои ба дидор расидан чӣ изтиробҳое аз дил нагузаштанд. Азбаски шиносномагирии камина ба рӯзҳои истироҳат рост омад, аз ин рӯ, ба даст гирифтани он мумкин буд, ки андак ба таъхир афтад. Агар изтиробе аз дил гузашт, барои ба дидори дӯстони дерин мабодо, ки дер расидан буд. Ва агар шӯру шавқе доштам, баҳри саривақт ҳозир гардидан дар ин ҷамъомад ҳосил шуда буд…
Онҳо беист мепурсиданд, ки “оё меоӣ, омада истодаӣ?” ва иловаи зебое доштанд: “Ҳатман биё, ки мо муштоқи дидори якдигарем!”.
Бисту панҷ сол бо гуфтан осон. Тайи ин қадар солҳо як насли нав ба камол расид. Бархе аз ҳамсабақон ҳатто фарзандони худро тӯй карда, соҳиби набера ҳам шуданд. Рӯзҳо зудгузаранд ва мутаассифона, мо бехабар умр ҳам бедаранг мегузарад.
Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст,
Биёр нафҳае аз гесӯи муанбари дӯст…
Сафар оғоз шуд. Роҳи дуру дароз ба назар зуд тай гашт, ба Душанбе-шаҳр, ба пойтахти тоҷикон ҳам расидам. Он ҳам дар айёми Наврӯз. Аввал ба манзили устоди равоншод, фарзанди фарзонаи диёр, Пайванди Гулмуродзода рафтам ва пайғоми ҳамдиёронро ба аҳли оилаи шодравон расонидам. Ҳамроҳи фарзанди хурдиашон Ардашери Пайванд ба зиёрати марқади устод рафта, ояте аз Қуръони Маҷид тиловат намудем. Ёдашон гиромӣ бод! Чӣ инсони самимиву меҳрубон буданд. Дилҳо реш-реш мешаванд, баъди ба хотир овардани фазилатҳои ҳамидаашон…
Ёдам меояд, дар аснои сӯҳбатҳои хосса, ки бештар мавзӯҳои фарҳанг, адабиёт, илму донишро дарбар мегирифт, боре устод Пайванд гуфтанд: “Барои одамизод ду рӯзи муборак мавҷуд аст: яке рӯзи ба дунё омадан, дигаре рӯзи рахти сафар бастан ба дунёи боқӣ…”.
Дертар худ ба худ андешида хулоса кардам, ки муддао аз ин гуфтаҳои устоди равоншод ин будааст – кас бояд корҳои некро анҷом диҳад ва аз худ номи некӯ боқӣ гузорад. Чун Пайванд. Ба гуфти Ҷумъа Ҳамро “рафту рафтанаш оташ ниҳод бар дил” ва он оташи сӯзон солиёни зиёд хомӯш нахоҳад шуд…
Пас аз зиёрати устод ба пойтахти зебоманзар баргаштам ва хотироти ду даҳлоса пешамро варақ задам. Бешак, шаҳр ба куллӣ тағйир ёфтаву хеле ороста шудааст. Қасрҳои баланду барҳаво, боғҳои истироҳатӣ, Наврӯзгоҳҳо, муҷассамаву фаввораҳо, ки тамошо мекунед, ба дил шавқу завқи беандоза мебахшад.
Баъди ин қадар соли дурӣ дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дидору гуфтугӯ бо устодон Сангин Гулову Нуриддин Бозорзода дар ман таассуроти нозанине боқӣ гузошт ва ин ки симмати декани факултаро дӯсти эҷодкору сухансанҷи мо -Бахтиёри Қутбиддин имрӯз ба ӯҳда гирифтааст, шодкомии моро афзун намуд.
Бояд гуфт, ҷамъи мо ҳама соҳибном шуданд. Аз он гурӯҳи хатмкардагони соли 1997 имрӯз аксаран фаъолият мебаранд ва дар журналистикаву дигар соҳоти ҳисшаванда дар Тоҷикистон саҳми бориз ҳам гузоштаанд. Асадулло Раҳмон, аз нафарони хатми журналистика карда, имрӯз ҳатто дар Дастгоҳи президент ифои вазифа доранд. Бобохон Аҳмадови аштӣ Ҷамъиятеро оид ба сайёҳӣ идора мекунад. Матлубаи нозанини сӯҳбаторо дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” фаъолият менамояд. Муҳаммадсодиқу Бибимоҳи азиз, ки дар кори ташкили ин вохӯрӣ нақши бориз доштанд, Шоираи гиромӣ Нодира, Бунафша, Давлатов, Ғолибшоҳ ва Тоҷиддин, ҳама соҳиби кору машғули эҷоданд ва мамнун аз ҳаёту шукргузори зиндагӣ.
Мизбонони имрӯз маро хеле гарм истиқбол гирифтанд, ки “донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан!”, дар ин маҷмааи мо исбот гардид.
Ҳарчанд Барною Барфимоҳи мо ҳоло дар хориҷа умр ба сар мебаранд ва аз ин рӯ расида омада натавонистанд, пайғом расониданд, дар вохӯриҳои пасин иштирок хоҳанд кард.
Давоми ду рӯз аз он даврони донишҷӯиву ҷавонӣ ёд кардем ва ба ҳаққи устодон ва ҳамсабақоне, ки тӯли солҳо аз дунё рафтаанд, дуоҳои нек гуфтем. Аз устодон Пайванди Гулмуродзода, Абдусаттор Нуралиев, Хоҷабек Зулфиқоров, Баҳриддин Камолиддинов ва чор тан аз ҳамкурсон бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, бемории Ковид, ва маризии дигар бандагиро ба ҷо овардаанд, зикри хайр намудем.
Баъди сӯҳбату мулоқотҳои гарму ҷӯшон, лутфу меҳрубонии дӯстон, аксбардориҳо, гаштугузор ва тамошои зебоиҳои шаҳри ҷавонӣ бозпас ба Узбекистон баргаштам, ҳарчанд, ки душвор аст, аз назди дӯстони ҷонӣ “хайр” гуфта рафтан, аммо аз сабаби мавҷудидияти корҳои мактабу тадрис мебоист муддати будубош ва сафарро ба итмом расонам.
Раҳораҳ, зимни бозгашт, ба ҳамин чиз итминон ҳосил намудам, ки ҳамаи ин равуои доимӣ ва бемамониати одамон бо шарофати дасти ҳам фишорӣ ва ба ҳамдигар оғӯшкушоиҳои Сарони ду давлати ҳамсояву ҳамҷавор даст додааст. Солҳо мо ба ҳам наздику дар Айни ҳол аз ҳам дуру ҷудо будем. Дӯстиву бародарии халқҳо поянда бод! Одамон ба давлати дидори якдигар ҳамеша бирасанд. Зеро, беҳуда нагуфтаанд: “Меҳр дар чашм аст.”.
ДИДОРИ ДӮСТОН
Ду рӯз дар Душанбе ман бахтиёр будам,
Ду рӯз дар Душанбе бо дӯсту ёр будам.
Ду рӯз дар олами дил гул кард зиндагонӣ,
Ин рӯзи навбаҳорро дер интизор будам.
Бо дӯстони дерин, бо дӯстони ҷонӣ,
Дар шаҳри навҷавонӣ дил беғубор будам.
Гаштугузор намудам дар гулгашти зебо,
Дар шаҳри ёр гӯӣ ман шаҳриёр будам.
Аз ҳар ҳарфи ширин, аз лутфу меҳрубонӣ,
То бар фалак расид сар, авҷи ҳазор будам.
Моҳи муборак омад, моҳи саодат омад,
Ин рӯзи дилписандро ман шукргузор будам.
Анорбойи ШОДИПУР,
хабарнигори “Овози тоҷик”,
Ҷиззах – Душанбе – Ҷиззах.