Чанд рӯз пеш модарам аз деҳа бароям пайғоме фиристод. Барои гирифтани пайғом рафтаму онро гирифта дар яке аз «таксиҳои 33-33» нишаста ба суйи хона равон гаштам. Ҳангоми ҳаракат ронандаи такси аз ман суол кард, ки донишҷу ҳастӣ?
Бо ифтихор гуфтам бале ва дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил карда истодаам. Ронандаи таксӣ як оҳи сарде кашиду дубора савол дод:
-Дар кадом факулта мехонӣ?
Ин дафъа бо як завқ “дар факултаи журналистика” гуфтам. Ронанда табассуме кард, ки бароям тааҷҷубовар буд. Сабаби табассумашро пурсон шудам. Дар ҷавоб гуфт:
-Ман соли 2013 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардаам. Пас аз хатм аслан дар ҳамин соҳа кор кардан нахостам, чун ба хотири диплом таҳсил кардам. Ҳозир бошад диплом дар зери болишту ман ба мусофиркашонӣ машғулам. Як сабаби дигараш, шумо, духтарон ҳастед. Чун ба кадом духтаре хостгорӣ меравӣ, аввалин суолашон ин аст:
-Писаратон хондааст ё не? Шумо духтарон орзуҳои хубу зиёд аммо амалинашаванда мекунед! Суханашро бурида, гуфтам:
– Барои чӣ?
-То оиладор шудан агар муваффақ шуда тавонед, заҳматҳоятон барбод намеравад, чун баъд аз оиладорӣ бисёр кори мушкил аст муваффақ шудан – посух дод ҷавон.
Аммо ман фикр намекунам, ки заҳмати мо барбод равад. Чун агар кору фаъолият ҳам накунем, дар оянда дар дар тарбияи фарзандон саводу донишамонро истифода мебарем – хитоб кардам дар ҷавоб.
-Давоми як – ду соли охир қисми зиёди ҷавонон риштаи ҳуқуқшиносию дипломатро интихоб мекунанд. Аз руи ихтисос кору фаъолият кардан намехоҳед? – пурсидам.
-Вақте Донишгоҳро ба хотири диплом хонда бошӣ, аз куҷо кор карда метавонӣ – ҷавоб дод.
-Пас аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки чаро ҷавонони мо ба хондану таҳсил кардан майл надоранд. Ва бештари онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд-хулоса кардам ман.
Гулбаҳор Розиқзода, “Фараж”.