Пас аз фосилаи як муддат ҳамакнун шаҳри орзуҳо ва шаҳри шулуғи серғавғову сергардиш, шулуғтар мегардад. Чун донишҷӯёни тоза дохилшудашуда ба макотиби олӣ ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ дубора ба шаҳр (бархеҳо гӯё) барои таҳсил меоянд. Ёдам ҳаст, ки мавсими гузашта шаҳр бо донишҷӯён бисёр аҷиб буду баъзан шармовар. Баҳс дар дохили нақлиётҳои ҷамъиятӣ: баъзан барои надодани бақияе; гоҳи дигар, барои савор намудани мусофирони барзиёд. Дашному носазогӯии маъмулии дӯстон дар кӯчаҳову гаппартоии беҳудаву бефаросатона ба духтарони бегонаву номаҳрам. Ҳаёи гумшудаи бештаре аз духтарон, ки фарҳанги занонаро фаромӯш кардаанд. Ғамгинии омӯзгорони сарсупурдаи илм барои бепарвоӣ, ноогоҳӣ, бесаводии донишҷӯён ва ғами фардои миллат, ки баъзеи онҳоро ба беморӣ мебарад. Ҳамзамон, ба манфиати шахсии худ истифода бурдани ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби баъзе омӯзгорони холабеғам.

Намедонам чаро замон дигар мешавад, вале маърифат, дониш, худогоҳӣ ва фарҳанги муоширати баъзеҳо табоҳтар мегардад. Магар як маротиба дар тарозӯи ақлашон намеояд, ки ҷаҳон ба куҷо ҳаракат мекунад ва мо, ки ҷузъи хурде аз ин олам ҳастем ба куҷо ҳаракат дорем? Чаро натавон забондони хуб шуд? Чаро натавон донандаи хуби техникаву технология шуд? Чаро натавон мутахассиси соҳибкасби равия пешанамуда шуд? Чаро? Чаро? Пас ояндаи ин кишвар ба кӣ бовар карда шавад? Ба чунин ҷавононе, ки ҳатто баъзеашон Суруди миллиро намедонанд?

Дилам мехоҳад дар мавсими нав ба ҳодисаҳое рубару гардад, ки куллан ба ҳама таъсиргузор бошад. Насли нав омада бедор бошад. Мехоҳам дар лабони омӯзгорони воқеан таълимдиҳанда аз қаноатмандӣ лабханд ҳувайдо бошад. Мехоҳам ба ҷойи забони дағали махлут, забони ноби тоҷикӣ истифода шавад. Мехоҳам писарон ҳимоятгари шараф ва нангу номус бошанд, духтарон шарму ҳаё, иффату иззат ва донишу заковат дошта бошанд, ҷавонон забондон ва донандаи хуби техникаву технологӣ бошанд. Мехоҳам ҷавонон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба калонсолон ҷой диҳанд. Намехоҳам дигар ин чашм ҳодисаҳои нохушоянд бинаду гушҳо дашному носазо шунавад. Намехоҳам гӯянд, ки ҷавонони имрӯзаи тоҷик арзиши чизеро надоранд, донишу маърифат надоранд.

Ба умеди фардои рушан ва зиндагии осудаву шуҳратёбии ҷаҳонӣ биёед дӯстони азиз, иваз шавем ва худро, миллати худро, давлати худро, таъриху худро,  ва умуман ҳастии худро шиносем ва ҳамқадами замон бошем.

Шарипов Идибек, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь