Пас аз кор дар хона бо тифлон сари дастурхон нишаста, хӯрок мехӯрдем. Аз духтаронамон пурсидам, ки имрузашон дар боғча чӣ гуна гузашту чӣ ёд гирифтанд? Онҳо ки китоби Алифбову Забони модариро хатм кардаанд (пеш аз боғча рафтанашон, яъне худам ёд додам), ба азбар кардани ғазалҳои Мавлонову Ҳофиз пардохтаанд. Ҳар субҳ то боғча ҳамроҳ шеър хонда меравем ва ва вақти бозгашт ҳам. Ҳамин тавр онҳо аз Мавлоно, Ҳофиз, Саъдӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Искандари Хатлонӣ шеърҳо азёд кардаанд. Пурсидам, ки чанд мисраи ғазали “Эй ашк оҳиста бирез, ки шаб дароз аст”-ро аз ёд кардаанд. Посух доданд, ки имрӯз ғазал азёд накардем, машғулият гузарондем.

Пурсидам, чӣ гуна машғулият?

– Семинар дорем, меҳмонҳо меоянд, ба он омодагӣ дидем. Ногаҳон Дурахшон гуфт:

– Оча, агар касал шавем, ба мудир нагӯй.

Лол мондам. Инаш боз чӣ гап?

– Чаро? Кӣ ба шумо гуфт?

-Муаллимаамон. Ӯ гуфт, ки агар шумо ба заведуюший гӯед, ӯ маро ҷарима мекунад. Сипас, ба фикр фуру рафт. Шояд сухани муаллимаашро ба ёд овард. Каме пас идома дод:

-Агар фаҳманд, ки дар боғча кӯдаке бемор шудааст, ин кӯдаки боғча асту шумо нигоҳ намекунед, гуфта заведуюший аз ман пул меканад.

Ба Дурахшон гуфтам, ин тавр нест, аввал ин ки ба тоҷикӣ гап занед, заведуюший нагуеду мудири кӯдакистон гӯед. Баъдан, ӯ бояд донад дар боғчае, ки сарварӣ мекунад, чӣ мегузарад.

– Не оча, агар гӯед, аз муаллима пул мекананд. Оча, сето 200 сомона чанд мешавад?

– 600.

– Як кӯдак дар боғча бемории зардпарвин шудааст. Аз СЭС барои тафтиш омада, хеле кашокаш карда, муаллимаро 600 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Акнун фаҳмидам боғча ба ҷои тарбияи насли наврас, ба чӣ корҳо машғул мешудааст. Мо ку аз маҷбурӣ фарзандонамонро ба он ҷо мемонем, чун кор мекунем. Онҳо ба ҷои таълим ба фарзандонамон дурӯғгӯиро меомӯзонанд. Яъне дониста дар мағзи кӯдакон дурӯғро ҷой мекунанд.

Ҷомӣ беҳуда нагуфтааст:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Муаллима бо ин кораш воқеан, ноумедам кард. Агар фарзандони мардумро хуб нигоҳубин мекарданд, он гоҳ онҳо на бемор мешуданду на омузгорашон маҷбур ба дурӯғгӯӣ.

Акнун бигӯед, аз ин миллат чӣ интизор доред?

Сӯҳбати ману духтаронам бо ин газофе, ки кӯдакистон ёд дод, хатм нашуд. Фаришта ҳам дурӯғи ёддодаи омӯзгорашро ба ёд овард:

-Муаллима дар кӯдакистон ба мо таъкид кард, ки агар падару модаратон бипурсад, ки имрӯз дар боғча чӣ ёд гирифтед, хап накунед. Бигӯед:

Аввал наҳорӣ хурдем,

Ба ғуломон об додем

Ин шеърро ҳанӯз рӯзи аввали ба боғча рафтанашон азбар карда буданд. Яъне боз ба дурӯғгӯӣ кӯдаконро маҷбур мекунанд. Аз ин бармеояд, ки муаллимону муррабияҳои кӯдакистон ба таълиму тарбия машғул нестанд, кӯдаконро ба роҳи дурӯғгӯӣ мебаранд.

Аввал наҳорӣ хурдем,

Ба ғулҳомон об додем.

Баъд аспакбозӣ кардем,

Ҳам рақсу бозӣ кардем.

Ҳаво додем тӯбчаро,

Гоҳ ба поён, гоҳ ба боло.

Мо задем онро ба шаст,

Гоҳ ба пою гаҳ ба даст.

Пионина навохтем,

Ҳар хел бозича сохтем.

Ҳам афсонаҳо гуфтем,

Рӯи ҳавлиро руфтем.

Хоб рафтем баъди пешин,

Хоби ман набурд лекин,

Баъд муррабияи мо,

Як суруди наве хонд.

Мо онро аз ёд кардем,

Муррабияро шод кардем.

Ҳамин ҳам шеър шуд барои кӯдаке, ки дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб тарбия мегирад? Барои кӯдаки 6 сола ин хеле шеъри сода аст. Муаллимаашон гуфта буд, ба кӯдакон дарси мегӯем, барои мактаб омода мекунем. Бинобар ин, дафтару қаламу албом ва дигар лавозими мактабӣ бурда, ба муаллимааш додам. Аз дарс гузаштан хабаре нест.

Аз моҳи август кӯдаконро ба кӯдакистон бурдам. Ин шеърро ҳамон вақт, яъне 5 моҳ пеш азбар карда буданд. Аммо агар волидон пурсанд, ки чӣ хондед, шеъри чанд моҳ пеш ёдгирифтаашонро бояд бигӯянд?

Албатта, ман ба умеди боғча нестам, чун медонам он ҷо ба чӣ машғуланд. Дар хона бо кӯдакон кор мекунаму онҳоро ба мактаб омода менамоям. Масалан, китоби “Алифбо” ва “Забони модарӣ”-ро хонданд, вале ҳар модар ин имконро надорад. Пас, ояндаи ин насле, ки аз ӯ дурӯғгӯ омода мекунанд, чӣ мешавад?

Чизи дигаре, ки маро ба ташвиш андохтааст, равияи муаллимаашон аст. Кӯдакон аз муаллимаашон ба ҳадде метарсанд, ки агар ташна шаванд ё ҳоҷатхона рафтан хоҳанд, ба муаллима намегӯянд. Вақте духтарам ҳоҷатхона рафтанӣ будааст, ҷуръат накардааст ба муаллимааш бигӯяд.

-Як бор гуфта будам, гуфт сабр кун, очаат биёяд.

Шумо дер кардед оча, боз гуфтам, муаллима ҳоҷатхона биравам, гуфт, сабр кун. Барои ҳамин ба ӯ нагуфтам.

Имрӯз низ мисли ҳар рӯз соат 16, дари синфхонаро бастанд ва кӯдаконро дар ҳавлӣ гузоштанд, то падару модарашон баранд. Ин вақт кӯдак ҳоҷатхона рафтан мехоҳаду аз тарси он ки ин дафъа низ муаллимааш мегӯяд то омадани модарат сабр кун, ба ӯ чизе нагуфта, дар кунҷи ҳавлии кӯдакистон қазои ҳоҷат мекунад.

Ин аст тарбияе, ки насли наврас аз кӯдакистон мегирад. Агар дар кӯдакистонҳо аҳвол чунин аст, насли оядаро чӣ гуна метавон диду умед баст?

Рӯъё Ромин

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь