Воқеан, нафареро, ки дар ягон соҳа дараҷаи хуби кор ё ҳунари волои хешро нишон медиҳад, ба забони байналмилалӣ «Рекордсмен» мегӯянд. Рекордро бештар дар мусобиқаҳои варзишӣ нишон медиҳанд, яъне варзишгар ба дастоварде ноил мегардад, ки то ба ҳол касе ин гуна муваффақият пайдо накардааст. Масалан, варзишгаре нахустин шуда, масофаи 100 метрро дар зарфи сонияҳои кам тай кардааст ё худ гурзро нисбат ба дигарон хеле дуртар ҳаво додааст. Ба ҷуз варзиш дар рӯзгори ҳаррӯзаамон одамоне будаанд, ки якчанд нишондиҳандаи баланди рекордиро соҳиб мешудаанду мо бехабар мемондаем. Мактаби олии омӯзгориро хатм карда, муаллим нашуд ва фарзандонашро низ барои кор кардан дар ин соҳа роҳ надод. Ин гуна рафтор далели дараҷаи баланди соҳибхирадист.

Ҳамсояи ҳамин шахсият роҳи вопасинро ихтиёр кард. Ба таъзия рафт ё нарафт, ин барои мо муҳим нест. Алҳол дар кати зери хавозаи токи ҳавлияш чой нӯшида менишаст. Чор-панҷ нафари аз деҳаи дур ба таъзияомада то вақти ҷаноза хостанд, дар хонаи ӯ нишинанд. Чун дарвозаро во карда вориди ҳавлӣ шуданд, соҳибхонаро рӯ ба рӯ диданд ва фавран навад дараҷа тоб хӯрданду аз дари ҳавлияш берун баромаданд.

– Ба хайр? – қафо гаштани онҳоро дида, пурсон шуд Фаттоҳ ном шахс.

Нафари пешгом бо садои баланд гуфт:

– Аз қошу қавоқаш барфу борон мерезад-е! Аз ҷой нахеста, лоақал нӯгизабонӣ «биёед» нагуфт ин ношуд! О, номус медошт, хонадомод мешуд?! Ақраб будааст ин ақрабои мо. Атояшро ба лиқояш бахшидам. Пушти сарам бинад хонаашро…

“Гапи зишт-таги хишт” гуфтаанд, одами хуб гапи гандаро ҳатто аз хаёлаш ҳам намегузаронад, аммо чӣ гуна будани одамро бо як нигоҳ шинохта, зуд хулоса баровардан аз чӣ далолат медиҳад? Дурандеш бояд буд. Тарҳи рӯйи он бечораро Меъмори азал ҳамин хел туршу хашин сохта бошад, ҳайкалро чӣ гуноҳ?… Бубахшед, ки сухан перомуни дастовард мерафт. Касе, ки дастоварди олӣ дорад, бешубҳа, қаҳрамон аст, ки ба забони байналмилалӣ «чемпион» мегӯянд ва соҳиби ин унвони фахриву баланд сад андар сад ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил хоҳад шуд.

Қонунҳоро нағз медонад ӯ, бахусус дар хонааш Қонуни танзимро сахт риоя мекунад. “Сара бошу дар байни гала бош” гуфтаанд, қаҳрамони мо ҳамеша дар байни мардум аст. Оид ба сарфаю сариштакорӣ аз забонаш дурр мерезонад. Гапи “Сарфаи сари оташдон беҳ аз савдогари Ҳиндустон” ҳамеша дар забонаш мечархад. Маътали даъват намешавад, парво надорад, ки ӯро хабар накардаанд, ё садои доираро мешунавад ва ё худ бӯй мебарад, ки дар ҷое маъракаест, ҳатман бо ташрифаш соҳибҷашнҳоро сарфароз мегардонад. Лаббай? “Қаҳрамон чикора аст?” мегӯед? Рости гапро гӯям, чӣ пеша ва ё шуғл доштанашро намедонам. Мегӯянд, ки ҳеҷкора ҳамакора аст, яъне ҳама ҳунар аз дасташ меояд. Тавонӣ-дарнамонӣ. Ҳамин қадарашро медонам, ки мамдуҳи банда собитқадам аст. Оре, собитқадам бошу ғами рӯзӣ махӯр, зеро гуфтаанд: “Ҷаве толеъ аз харвори ҳунар беҳ”!

Насиҳат ва маслиҳати банда ба шумоён ҳамин аст, ки дар бораи қаҳрамонҳо фақат гапи хуш бигӯед. Боре қаҳрамони мо ширакайфи сархуш буд, ки банохост пӯкид:

– Ман 25 сол боз нос мекашам, вале ягон бор бо пули худам нос нахаридаам!

Ин гапро маҷбур шуда гуфт, чунки шахси дар паҳлуяш нишаста гаштаю баргашта исрор мекард: “Носхалтаатро деҳ!”. Азизон, ин гапи андак-мундак нест, ки 25 сол боз нос мекашию ягон бор ҳам барои ба даст овардани ин маводи мухаддир пул сарф намекунӣ. Охир, ин нишондиҳандаи беназир, муъҷиза, яъне рекорди рекордҳост! Оё тасаввур карда метавонед, ки қаҳрамони мо ба ин дастоварди хориқулодда, гуфтан мумкин, афсонавию фантастикӣ, чӣ тавр ноил шудааст? Аҷоибии ин кор дар он аст, ки мамдуҳи мо дар замоне ки ин гапро баён мекард, қариб 40-сола буд, алҳол аз сарҳади 70 кайҳо убур кардааст. Рекордро ками андар кам одамон нав мекунанд, вале чемпиони мо ҳар сол ба болои дастоварди хеш комёбии дигареро зам мекунад, яъне ҳунарашро сайқал медиҳад. Офаринаш бод!… Илтимос, савол надиҳед ва чашмонатонро ҳам чалақ-палақ ҳам накунонед. Болои гарданатонро андаке кор фармоед, барои чунучаро гуфтан ҳоҷат намемонад. Хоҳиш мекунам, ки ҳунармандони қаҳрамонро азиз доред, онҳо миллати моро дар олам муаррифӣ мекунанд.

Ҳаким АЛӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь