Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,

Шамъ агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии маъруф, суханвар ва ровии машҳур, субҳи 18 май дар 70 – солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Ба қавли наздикон, маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум дар мавзеъи Сомончии Фархор, паҳлӯи мақбараи падари бузургворашон Махсуми Санги Кулӯла баргузор гардидааст.

Исмоил Абдуллоев (ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода) наттоқ ва ровии моҳир, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Ҳисор буд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2008), барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ (2010), Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2012), дорандаи медали «100  -солагии матбуоти тоҷик» (2012), унвони «Падидаи сол» (2010) буд.

Исмоил Пирмуҳаммадзода 1 июли 1952 дар деҳаи Санги Кулӯла, ноҳияи Сарихосор, вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соҳиби таҳсилоти олист.

Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, садои шевои гӯшнавозаш дар хазинаи тиллоии радио сабт ёфтааст, дар радиои ҷумҳурӣ дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, осори Мирзо Бедил, осори устод Рӯдакӣ, «Аз ҳаёт ва фаъолияти халифаи одил Умари Абдулазиз» наттоқӣ кардааст. Минҷумла, ба ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ низ дилбастагии зиёд дошта, дар анҷуман ва маъракаҳои фарҳангӣ пайваста аз он интихобан қироат ва маъниофаринӣ мекарданд. Дар бойгонии осорхонаи Туғрали Аҳрорӣ якчанд сабти қироати ғазалиёти шоир аз ҷониби устоди кабир маҳфуз аст.

Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 то дами вопасини ҳаёт имом-хатиби Маcҷиди марказии шаҳри Ҳисор ба номи Муҳаммад буданд. Онҳое, ки бо Исмоил Пирмуҳаммадзода шарафи ҳамнишастӣ ва ошноӣ доштанд, мегӯянд, эшон маслиҳатгар ва раҳнамои мардум буданд, суханонашонро бо аҳодис ва абёти бузургон тақвият бахшида, шунавандагонро ба хушсуханиву накӯкорӣ даъват мекарданд.

Бобои Эшон ба асппарварӣ ва варзиши аспдавонӣ низ шавқ доштанд. Дар ҷашни наврӯзии соли 2009 аспи сиёҳмушкини Пирмуҳаммадзода дар мусобиқаи аспдавонии пойтахт соҳиби «Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд.

Бар замми ин, Худованд ба эшон қобилияти воизии хуб дода буд. Забони шевову лаҳни мулоим доштанд, ки шунаванда аз суханронияшон ҳаловат мебурд. Дар тамоми маъракаҳои гӯшаву канори мамлакат гули сари сабад буданд.

Марди нуктафаҳм, ки буданд, ба абёти волои Бедил, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи ширинкалому садҳо нобиғагони адабиёти тоҷик шарҳҳои соддаву маънидор менамуданд ва бадин васила маъракаороӣ мекарданд…

Воқеан, даргузашти пири хирад махсуми Исмоил Пирмуҳаммадзода барои аҳли ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон фоҷеаи бузург аст. Эшон аз ҷумлаи нафароне буданд, ки бо фазлу хирад ва заковати худодашон чун шамъи худафрӯз барои беҳбудии аҳли ҷомеа бедареғ месӯхтанду ҷаҳонеро рӯшан мекарданд. Роҳнамое буданд дар роҳи растагорӣ. Қалби покашон ба ҳаводиси риққатоваре, ки боиси бадномии имону виҷдон ва фарҳанги миллӣ мегашт, месӯхт. Ин сӯзиш дарун ба мағз – мағзи ботинашон асар дошт, ки баъзан дар аснои ёдоварӣ аз ин масъалаҳо дар чеҳраи нуронияшон нороҳатиҳо бармало эҳсос мегардид. Шояд маҳз ҳамин дилсӯхтагиҳо буд, ки ба қавли пайвандонашон зшонро вайтҳои охири барҳаёт буданашон аз дарди дил ранҷ мебурданд… Вале ба и н ҳама нигоҳ накарда, ҳафтае қабл Бобои Эшон дар маҳфиле бахшида ба 85 – солагии ҳунарманди маҳбуб Ҳошим Гадо ширкат варзиданд ва суханронии пурмуҳтавое намуданд, ки акси ҳамин матн аз он маҳфил аст ва ба журналисти соҳибномамон Суҳроби Зиё тааллуқ дорад.

Бе шакк, бо рафтани Исмоил Пирмуҳаммадзода фазои маънавии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон хира гардид.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз реҳлати пурсӯзи Бобои Махсум, ки бо худ як олам илму маъонӣ ва маърифати ирфониву инсониро ба хок бурданд, андӯҳгин буда, ба пайвандону пайравон ва дӯстону ихлосмандонашон таслият арз менамояд. Равони муборакашон осуда ва манзили абадашон аз нури Яздони пок мунаввар бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here