“Рӯзҳои аввал бароям дар ятимхона душвор буд. Баъди дарс одатан ба хона меомадаму ба оғуши модарам медавидам. Акнун дар танҳоӣ ашк мерехтам. Оҳиста-оҳиста одат кардам. Мисле, ки ба тақдир тан додам. Баъд яку якбора тамоман тағйир ёфтам. Духтари шӯх шудам. Баъзан духтарҳо мегуфтанд, ки ту дар дилат ғам надорӣ, – механдаду идома медиҳад Дилдора – охир одам бе дарду ғам намешавад ку…”

Бо Дилдора тасодуфӣ шинос шудем. Барои дарсҳои донишгоҳиаш кӯмак пурсид. Пас аз ёрӣ, дар бораи куҷо хондану чӣ тавр ба донишгоҳ дохил шуданашро пурсон шудам. Қисмати талхи тифлиаш ҳар касро водор ба андеша ва талош ба даст овардани хушбахтӣ мекунад.

“Ман, падару модар, апа ва акаам рӯзгори хубе доштем. Аввал падарам, баъд модарамонро аз даст додем. Мисле ки модар ба суроғи падар рафту дигар наомад…”, – қисса мекунад ӯ.

Аз қавли Дилдора бармеояд, ки падараш аз беморие азият кашидаву моҳҳои охир бинобар авҷ гирифтани дардаш бистарии беморхона мешавад.

“Шабҳо дар авҷи дард фарёд мезад. Ва як рӯз ин садо то абад хомӯш шуд”, – ашк дар чашмонаш ҳалқа зада мегӯяд Дилдора.

Баъди вафоти падар, модар парешонхотир мешавад, чун дар баробари аз даст додани сутуни хонадон, келинаш аз писараш ҷудо шуда, тарки хона мекунад. Писар барои дур шудан аз ин мушкилот, роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш мегирад. Тавре Дилдора мегӯяд, “дар аввалҳо кам-кам занг мезаду ҳолу аҳвол мепурсид, аммо баъди чанде тамоман бедарак шуд”.

“Душвор аст, гум кардани фарзанди падар ва душвортар аз ҳама барои модар аст, ки ҷигарбандашро гум кардааст. Шабҳо модарам хоб медиду аз ҷояш “Умар!” гуён мехест. Бедор шуда боз дод мезад: “Оҳҳ, Умар… Умар! Қоматамро шикастӣ, бачам…”, – бо чашми тар гузаштаро ёд меорад ҳамсӯҳбати мо.

Вақте модарашро низ аз даст медиҳад, Дилдора ҳамагӣ 12 сол дошту апааш дар пойтахт донишҷӯи коллеҷи тиббӣ буд.

“Дар хона ману апаам мондем. Ду ятим. Апаам маҷбур шуд, ки маро ба хонаи ятимон шаҳри Турсунзода диҳад, зеро худаш он вақт донишҷӯ буд”, – мегӯяд Дилдораи акнун донишҷӯ.

Аз нақли ин ҳамсӯҳбати мо бармеояд, ки дар мактаб-интернат ба ғайр аз таълими илмӣ, ба онҳо ҳунари пухтану дӯхтанро низ меомӯхтанд.

“Дар он ҷо нафароне буданд, ки рӯйи волидайни худро боре ҳам надида ва тасаввур карда наметавонистанд, ки падару модарашон чӣ сурате доштанд. Онҳо дар симои муаллимон падару модар мекофтанд. Вақте бо чунин нафарон шинос шудам, худро таскин додам, ки кам ҳам бошад, аз меҳри падару модар хабар дорам”, – худро тасаллӣ медиҳад Дилдора.

Аз хотираҳои талх ба худкушӣ даст задани худро ба ёд оварда, гуфт, ки “рӯзе дасташро бурида, аз дидани хун ва тарс аз ҳуш рафтааст. Чун бедор мешавад, худро бистарӣ дар беморхона бо дастҳои баста ва захмҳои духта дармеёбад”. Иқрор мешавад, ки “захмҳои бадан шифо меёбанд, аммо захмҳои дил ҳаргиз”.

Дилдора имрӯз худаш соҳиби оила асту бо умеди нек зиндагиашро бо шавҳараш, пеш мебаранд, аммо ҳанӯз ҳам рӯзҳои танҳоиро фаромӯш накардааст.

“Шояд на ҳама медонанд, ки ятимон чӣ рӯзгоре доранд. Ту танҳоӣ ва дардатро касе шунида наметавонад. Мураббияву муаллимон? Онҳо ҳам фарзанд доранд. Барои дарёфти ризқи фарзандонашон ба он даргоҳ ба кор рафтаанд. Медонед, тамоми дардҳои зиндагиро метавон пушти сар кард ва агар такягоҳе бошад, осонтар аст, – бо умед мегӯяд ӯ ва идома медиҳад, – “Худоё, ҳеҷ кас дарди ятимиро начашад”.

Дилдора нияти омӯзгор шудан дорад. Мехоҳад дар тарбияи насли навраси кишвар саҳмгузор бошад.

Фаридун Холбоев

“Зира Медиа”

Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. “Зира Медиа” барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь