Барои нависанда омадани илҳом ҷой интихоб намекардааст. Дар вақти дилхоҳ худаш меомадааст. Вақтҳои охир илҳоми ман ҳам гурехта, кайфиятам ноҷӯр шуда, беиштиҳо гашта будам.

Дар маҷлиси калони саҳарӣ оғозшуда илҳомам омада монад мешавад-мӣ? Худам ҳам ҳайрон шудам, ин қадар илҳом аз куҷо омад? Охир илҳом ғайб зада буд-ку? Дар маҷлиси калон камбудиҳо гуфта шуда, пӯстини баъзе мутасаддиҳо таконда шуду дар ин тараф илҳоми ман ҷӯш зада, ба навиштан водор намуда истодааст.

Хӯш, чиро навиштан даркор аст? Танқид, таъриф, мақола, очерк ё ҳаҷвия? Яке аз роҳбарони ташкилот хобидааст. Дигараш ба воситаи телефони дастиаш бо касе хандида нишастааст. Аз вақти хонданро оғоз намудани маърӯзачӣ аз се соат гузашт. Надонистам, ба фикрам, ӯ аз қисса ё роман порча хонда истодааст, ки сарашро аз коғаз намебардорад. Ҳоло суханаш тамом намешудагӣ барин.

Илҳоми ман ҷӯш зада истодааст. Чӣ кор кардан даркор? Киро ё чиро навиштан даркор? Фикр менамоям. Ҳамин вақт телефони дастии марди дар тарафи чапи ман нишаста ҷирингос зад. Ӯ пичиррос зада: «Ман дар ҷамъомад, бегоҳ вомехӯрем, хайр нозанинам!»-гуфт бо овози паст.

Як вақт марди дар паҳлӯи ростам буда коғазҳояшро ғундошта, ба рафтан тайёр шуд.

-Ба куҷо, ҳоло маҷлис тамом нашудааст-ку?

-Ман ним ставка кор мекунам,-ҷавоб дод ҳамсояи паҳлӯиям.

Зани дар қатори пеш нишаста аз ҷояш хеста, узр пурсид.

-Барои кӯдакамро аз боғча гирифтан дер монда истодаам, агар мумкин бошад, иҷозат диҳед?

-Хӯҷаин, «перекур» накунам намешавад, барои панҷ дақиқа ба берун баромадан иҷозат диҳед,-гуфт боз дигараш.

Хуллас, сухани маърӯзачӣ ба охир нарасида, дар толор одам намонд. Ҳамаро «корашон баромада», ба ҷойҳояшон рафтанд. Марди айнакдори аз ман се қатор дар пеш нишаста «уфф» гуфта, ба коғазҳояшро ғундоштан оғоз намуд.

-Боз ним соат маҷлис давом мекард, «кроссворд»-ро то охираш ҳал менамудам, афсӯс!

Илҳоми ман ҳам гурехта, дар ҳамин ҷо ба навиштаам нуқта гузоштам.

Ёрқул УМАРОВ

Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь