Инсон аз се як ҳиссаи умрашро ба хоб мегузаронад. Ва ин чандон зиёд ҳам нест. Ҳайвоноти ваҳшӣ ва хояндаҳо ду ҳисса аз умрашон бо хоб мегузарад, коҳилак (ҳайвони дарахтгарди Амрикои Ҷанубӣ) ва зиреҳпӯст (ҳайвони дуруштпӯсти ширхӯр дар Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ) аз панҷ чор ҳиссаи умри худро сарфи хоб мекунанд.

Барои организм хоб чӣ лозим? Одитарин ва содатарин посух ин аст: барои истироҳати мағзи сар. Аммо чуноне олимон исбот кардаанд, ҳангоми хоб мағзи сар на танҳо истироҳат намекунад, балки бештар аз ҳар вақти дигар кор мекунад. Ҳатто дар ҳоли хоби сахт мағз метавонад ба таъсироти беруна посух диҳад. Баъзан онҳо табиатан ба сужае аз хоббинӣ табдил мешаванд.

Ҳанӯз Арасту дар замони худ мушоҳида карда буд, ки агар ба одами хоб манбаъи гармӣ наздик бурда шавад, вай оташро хоб мебинад. Баъзан одамон посухи саволҳоеро, ки дар бедорӣ меҷӯянд, дар хоб пайдо мекунанд. Масалан, Дмитрий Менделеев “калиди” системаи даврии унсурҳои кимиёвиро дар хобаш пайдо кард, кимиёшинос Фридрих Кекуле дар бораи сохтори силсилавии молекулаҳои бензол вақте пай

Одаме, ки муддати дурудароз аз хоб маҳрум мешавад, ашёи атрофашро гӯё дар оинаи каҷ, аз миёни тумани хира мебинад. Вай руъёро дар амал мебинад. Бехобии дурудароз (бештар аз 10 рӯз) метавонад ба марг оварда расонад. Рекорди ҷаҳонии бедорӣ, ки ба “Китоби Гиннес” дохил шудааст, 12 шабонарӯз (288 соат) мебошад.

Барои баъзе одамон ним меъёри хоб ҳам кофист. Ин гуна шахсонро таърих зиёд ёд дорад, аз ҷумла Пётри 1, Наполеон Бонапарт, Томас Эдисон. Назми шабонарӯзии хоб барои аксари одамон то 8 соат ва назми бедорӣ то 16 соат аст. Аммо ин назм мисли одати тамоми умр аст. Назми табиии инсон табдили се-чор соати хоб ва ҳамин миқдор бедорист, чуноне дар кӯдакони ширмак дида мешавад.

Хоби ҳайвонот

Одам ё ҳайвони хуфта луқмаи тайёрест барои душманони он. Аммо агар инсон дар тӯли таърихи дарози тамаддуни башарӣ бо таъмини амнияту бехатарӣ роҳҳои муносиби “ором хуфтан”-ро пайдо карда бошад, вале дар бораи аксари ҳайвонот наметавон инро гуфт.

Танҳо ҳайвоноти ваҳшии бузурҷусса метавонанд оромона бихуспанд, чун онҳо аз чизи дигар бим надоранд. Ҳайвоноти галагард бо навбат мехобанд ва барои таъмини амнияти худ посбон мегузоранд. Парандагон маъмулан рост истода мехобанд, дар ин ҳол онҳо бо чанголҳои худ аз шохи дарахтон ё симпораҳо медоранд. Чаро вақте баданашон сусту заъиф мешавад, онҳо ба замин намеуфтанд? Маълум мешавад, ки баръакс чанголи сустшудаи паранда шохаро сахттар медорад. Баъзан дар шохаҳои дарахтон парандаҳои мурдаро ҳам дидан мумкин аст, ки чанголашон дар ин ҳол сахт аз шох доштаанд. Вақти хоб ҳарорати бадани парандаҳо ду баробар паст мешавад. Дар ҳимоя аз сардӣ онҳо парҳояшонро сих мекунанд, сарашонро зери болашон панаҳ мекунанд ва баъзе намуди достакҳо зери кураи бузург ҷамъ мешаванд. Тюленҳо дар бисёр ҳолатҳо зери об мехобанд, аммо дар ҳамин ҳол ҳам ҳар 5 дақиқа пас ҳатто чашмонашонро боз накарда ва бедор нашуда, ба болои об мебароянд, то шушашонро аз ҳаво пур созанд.   Хоби делфинҳо хеле ҷолиб аст. Маълум мешавад, ки дар онҳо нимкураи чапу рости мағзашон бо навбат мехобад! Ба шарофати ин делфинҳо метавонанд шабонабарӯз бидуни танаффус ва хастагӣ шино кунанд.

Муддати дароз чунин ба назар мерасид, ки бо вуҷуди фарзияҳои гуногун ба одамон муяссар нахоҳад шуд дақиқан донанд, ки ҳайвонот чӣ гуна хоб мебинанд. Бори аввал соли 1979 ба табиатшиноси фаронсавӣ Мишел Жуве муяссар гардид, ки хоби ҳайвонотро “бубинад”. Дар хоб мо бисёр вақт ҳаракатҳои худ, давидан, ким-кадом амалро мебинем, аммо дар асл дар ин ҳолат мо тамоман беҳаракатем. Фармонҳое, ки мағз ба мушакҳо медиҳад, аз тариқи ширкаткунандаи махсус “ба муҳосира” гирифта мешавад. Ба Жуве муяссар шуд, ки дар гурбаҳои таҷрибавӣ ин муҳосираро барҳам занад. Ба дигар маънӣ, Жуве ин гурбаҳоро шабгард кард. Ҳангоми хоби оҳиста ҳайвонот беҳаракат шуданд.  Аммо баъдан “марҳилаи тез” шуруъ шуд. Гурба аз ҷой бархост, атрофро аз назар гузаронд ва паси қурбонии вуҷуднадошта ҳаракат карда, поида-поида худро болои он ҳаво дод ва мегазиду бо нохунҳояш медошт. Дар ин ҳол ба мушҳои воқеъӣ таваҷҷуҳ намекард. Гурба дар ин ҳолат бо ким-кадом “душмани қавӣ” “дасту панҷа нарм мекард” ва ким-кадом таоми тасаввуриро шалап-шалат мехӯрд.

Инҷиқии шоҳона

Шаҳбонуи Мадагаскар Ранавалона ба дарбориёнам манъ кард, ки бе иҷозат ба хоби ӯ надароянд. Вале онҳо “итоат накарданд” ва ҳамеша дар хоби маликаи худ пайдо мешуданд. Он вақт шаҳбону афродеро, ки ба амраш итоат намекарданд ва бе иҷоза ба хобаш медаромаданд, ҷазо медод.

Хоби сакта

Хобе, ки чанд рӯз ва ё чанд моҳ идома мекунад, хоби сакта меноманд. Ин ҳолат барои одамон дар натиҷаи мубтало шуданд ба чандин беморӣ ба вуҷуд меояд. Дарозтарин хоби сакта хоби Надежда Лебедина буд. Соли 1954 баъди як муноқишаи оилавӣ Надеждаи 34-сола хобид ва танҳо соли 1974 бедор шуд. Яъне, хоби ӯ ду даҳсола идома дошт.

Чин панголинро аз феҳристи расмии доруҳои сунатӣ хориҷ кард

Охири ҳафтаи гузашта ВВС иттило дод, ки  Чин панголин ё ҳамон мурчахӯри  пулакдорро аз феҳристи расмии доруҳои сунатии чинӣ хориҷ кардааст. Ин иқдом, ки рӯзномаи “Тоймз беҳдошт”-и Чин гузориш кардааст, дар пайи он гирифта шуд, ки давлати Чин панголинро таҳти бештарин ҳифозат қарор дод.  Шикори ғайриқонунӣ барои ҷамъоварии пулак ва гӯшт ин пистондори камёбро ба марзи инқироз рондааст. Куллияи ҳашт гунаи ин ҳайвон акнун дар маърази хатари нобудӣ ҳастанд.

Созмонҳои хайрияи ҳифи муҳити зист аз ҳифозати густардатари панголин истиқбол кардаанд. Пол Томсон-як тан аз аъзои гуруҳи “Панголинҳоро наҷот диҳед!” гуфта, ки иқдоми Чин як лаҳзаи муҳим дар ҳаёт ва густариши ояндаи ин мавҷудот аст. Вай таъкид кард: “Иқдоми Чин аз хориҷ кардани пулаки панголин аз феҳристи доруҳои суннатӣ метавонад шароитро комилан барои ин ҳайвон дигаргун созад”. Ӯ аз давлати Чин хост ин тасмимро барои ҳамаи ҳайвоноти ваҳшӣ ҷорӣ кунад, гунаҳое, ки масали панголинҳо аз ҳаёти ваҳшӣ сайд мешаванд ва ағлаб дар қафасҳои касиф ва пуриздиҳом нигаҳдорӣ мешаванд, ки заминаи хеле мусоид барои интишори бемориҳо фароҳам мекунад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ, дар айни авҷи вируси корона дар Чин ва густариши он ба кишварҳои дигар олимон талош ҳам карда буданд, ки имкониятҳои аз мурчахӯр сироят шудани вирус ба инсонро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Дар айни таҳқиқоти ҳайвоҳои гуногун донишмандон формули генетикии вируси ҷадидро, ки аз бадани як бемор ба даст омада буд, пайдо карданд, мушахахс шуд, ки хуффошҳои Чин интиқолдиҳандаи  ин вирус ба инсон  шудаанд.  Ин пистондорон дар гуруҳҳои бузург даври ҳам ҷамъ мешаванд, ба масофаҳои тӯлонӣ парвоз мекунанд ва дар тамоми қораҳои олам ҳузур доранд.  Хуффошҳо ба нудрат якдигарро мариз мекунанд, вале метавонанд омили беморизоро дар масофатҳои тӯлонӣ ва ба таври густарда паҳн кунанд.

Бахши дигари таҳқиқот ҳамин мурчахӯр буд. Ин ҳайвон аз ҳама ҳайвонҳои дигар дар олам бештар қочоқ мешавад, вале дар хатари нобудӣ қарор дорад. Пӯсти пуладори он корбурди густарда дар тибби сунатии Чин дорад ва гӯшташро лазиз медонанд. Вируси корона дар ин ҳайвон пайдо шуда ва ҳатто гуфта шуд, ки бахе аз ин вирусҳои шабоҳати зиёде ба  намунаи ҷадиди инсонӣ доштанд. Оё метавон гуфт вирусҳо қабл аз расидан ба инсон байни хуффош ва пенголин мубодилаи генетикӣ доштанд? Чун таҳқиқот ба анҷом нарасидааст ва ё анҷом шуду натиҷаи он расонаӣ нашуд, посухи ин суол номумкин аст.

Панголин, яъне чӣ?

Панголинҳоро бо форсӣ пулакпӯстон меноманд ва баъзан “мӯрчахӯрони пулакӣ” низ мегӯянд. Инҳо аз нигоҳи биологӣ бо мӯрчахӯрон наздикӣ надоранд, вале шабоҳатҳои зоҳирӣ миёни ин ду гуна дида мешавад. Масалан, панголинҳо низ мисли мӯрчахӯрон забони хеле дароз доранд. Панголинҳо пистондороне ҳастанд, ки сатҳи баданашон бо пулакҳои заррамонанд пӯшида шудааст. Ин пулакҳо аз ҷинси каротин ҳастанд.

Панголинҳо дар даҳон аслан дандон надоранд, вале пластинҳои шохӣ дар меъда доранд, ки бо он термитҳо ва мӯрчаҳоро тоза мекунанд. Забони баъзеи онҳо то 40 см мебошад.  Вақте забонашон аз даҳонашон берун меояд, дида мешавад, ки баъзан он аз баданашон ҳам дарозтар аст.

40-50 миллион сол пеш онҳо дар қаламрави имрӯзаи Аврупо зиндагӣ мекарданд ва устухонашон дар Олмони Ҷанубӣ ва Испания ёфт шудааст.

Боварҳое зиёде миёни мардум дар бораи панголинҳо вуҷуд дорад. Масалан, дар Африқо мегӯянд агар панголинро дар оғили мол сӯзонанд, ҳайвонот солиму дарозумр мешаванд.

Пулакчаҳо, пӯст, нохунҳо, мӯй дар тибби маҳаллӣ ва амалҳои ҷодугарӣ васеъ истифода мешавад. Онро дар соҳаи ҳарбӣ низ истифода мебаранд: аз зиреҳи панголинҳо дар Индонезӣ дар гузашта ва дар баъзе манотиқ ҳоло ҳам сару либосу аслиҳаҳои ҷангии пулакчаӣ медӯхтанду медӯзанд. Ин аст, ки панголинҳоро зиёд мекушанд. Вале онҳо ҳоло ҳам зиндаанд! Онҳо ҳамоно бо думҳои пулакчадори худ ба шохи дарахтон мехазанд. Танҳо ду гунаи онҳо: даштӣ ва азимҷусса, ки ҳарду ҳам дар Африқо мебошанд, дар рӯйи замин зиндагӣ мекунанд. Дар Сайёра ҳамагӣ 7 гунаи панголинҳо ҳаёт ба сар мебаранд: 4 намуд африқоӣ ва 3 гуна осиёиҷанубӣ.

Меъдаашро пур аз ғизо карда, панголин ба ҷойи хилвате меравад ва мехобад. Аммо дар ин ҳол ҳам меъдаи вай бидуни хастагӣ кор мекунад. Онҳо асосан танҳо зиндагӣ мекунанд ва хеле кам ҳолатеро метавон дид, ки бо ҷуфташон ҳамроҳ бошанд. Охирҳои тирамоҳ бача ба дунё меоранд, пӯсти бачаҳояшон дар ибтидо хеле маҳин, аммо баъди чанд ҳафта сахт мешавад. Панголинҳо ҳайвонҳои гунганд. Ҳамаи садое, ки аз онҳо шунида мешавад, хур-хур ва ба ҳам хӯрдани пулакчаҳои онҳост.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь