Ё чӣ гуна як гурезаи Афғонистон тавонист дар соҳаи агробизнес муваффақ шавад?

Акбар Низомов, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аст. Ӯ нафраест, ки дар ҳаҷми панҷ гектар замин хоҷагии деҳқонии худро дорад ва солиёни зиёд дар он ба кишту кори чормағзаки заминӣ (арахис) ва тиҷорати он машғул аст. Имрӯз ӯ ҳаҷми истеҳсолашро то ба 8 тонна оварда расонидааст, ки ҳамзамон ба коркарди он бо таҷҳизоти замонавӣ ба мизоҷони худ пешниҳод мекунад.

Чӣ гуна Акбар ба Афғонистон гуреза шуд?

Чӣ гунае худи Акбар нақл мекунад, ин ҳама муваффақиятҳояшро ба осонӣ ба даст наомадааст. Ӯ мегӯяд, дар гузашта машаққатҳои зиёд кашидаст, то ин ки то ин рӯзҳо омада расад. Акбар Низомов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баробари ҳазорҳо нафар тоҷикистонӣ бо аҳли оилааш гуреза шуда, ба Ҷумҳурии Афғонистон ҳиҷрат мебандад. Акбар бо аҳли оилааш муддати се сол дар Афғонистон кору зиндагӣ мекунад. Ба гуфти ӯ, дар он ҷо вай ба тиҷорат машғул шуда, аз он ҳисоб зиндагиашро пеш мебурд.

Ӯ мегӯяд, пас аз хотима ёфтани ҷанг чандин маротиба гурезаҳо кӯшиши ба Тоҷикистон баргаштанро мекунанд, вале бархе аз гурӯҳҳои мухолифин садди роҳ мешуданд.

– Солҳое, ки мо дар Афғонистон будем, бисёр мехостем, ба кишвари худамон баргардем, вале ҳамон солҳо баъзе аз гурӯҳҳои мухолифин  ба мошинҳое, ки бояд муҳоҷиронро ба ватан меоварданд, садди роҳ мешуданд. Дертар пас аз имзои Созишномаи сулҳ гурезаҳо тавонистанд ба ватан озодона баргарданд. Чун аз Тоҷикистон ҳайати корӣ бо иштироки Талбак Садриддинов, Шукурҷон Зуҳуров ва дигарон барои даъвати мо ба Афғонистон рафта буданд.

Акбар бо аҳли оилааш 31-уми августи соли 1994 ҳамроҳи дигар гурезагони тоҷик ба ватан бармегардад.

– Моро дар стансияи роҳи оҳани Хушодӣ, ки он вақт Президенти кишвар Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ба пешвози мо омада буданд. Бо мо дар мавриди сулҳу осоиштагии кишвар суҳбат карданд. Бисёр ҳам суханҳои таърихӣ гуфтанд, ки то ҳол аз ёдам нарафтааст. Гуфтанд, ки Тоҷикистон ватани шумо аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки шуморо аз ин макон берун кунад. Ин ватан ватани аҷдодии шумо аст, ҳоло ки омадед, ватанро обод кунед ва ба гузашта салавот гӯед,-нақл мекунад Акбар.

Ӯ мегӯяд, пас аз вохӯрӣ Президенти кишвар ба онҳо ваъда додааст, ки хонаҳояшонро барқарор мекунад ва барои зиндагии оянда шароит фароҳам меорад.

– Албатта, хонаҳоятон дар ҳолати пештара нестанд. Мо ҳамаи онҳоро дида баромадем, вале шумо фақат камари ҳиммат баста, ватанро обод кунед. Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки аз пештара дида, шуморо обод мекунам. Хонаҳо ва ҷойҳоятонро барқарор мекунем. Ҳамин гуна устоҳои махсус омада, бо дастгирии баъзе аз ташкилотҳои хориҷӣ дар сохтани хонаҳоямон ба мо кумак карданд,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Шурӯъи кор аз заминҳои президентӣ

Дар соли 1997 вақте, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз вартаи гуруснагӣ баромадани мардум ба онҳо заминҳои президентӣ ҷудо мекунад, то ин ки онҳо ба кишоварзӣ машғул шаванд. Ба Акбар Назаров низ замин ҷудо карда мешавад, ки ӯ аввалин кори худро аз кишти гандум шурӯъ мекунад.

– Солҳои баъдиҷангӣ, ки гуруснагӣ кишварро фаро гирифта буд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар заминҳои президентӣ барои ба кишвоварзӣ машғул шудан ва пеш бурдани зиндагии мо ҷудо карда доданд. Ҳамин гуна мо дар заминҳо гандум коридем, бо мурури замон боғ кардем ва зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ ниҳод,-нақл мекунад Акбар.

Ташкили хоҷагии деҳқонии инфиродӣ

Акбар дар соли 2013 хоҷагии деҳқонии инфиродии хешро дар ҳаҷми панҷ гектар замин ҷудо намуда, тасмим мегирад, ки дар онҷо бо аҳли оила ба кишти чормағзаки заминӣ ва фурӯши он машғул шавад. Ҳоло аз ҳисоби заминҳои деҳқонӣ ва тиҷорати чормағзаки заминӣ Акбар ва хонаводааш зиндагиашонро пеш мебаранд. Ба гуфтаи Акбар, дар як сол аз ин намуди растанӣ аз 3 то 8 тонна ҳосил мегиранд. Ғайр аз ин, ин хоҷагии деҳқонӣ наздики 30 нафар коргарро барои ҷамъоварии ҳосил ба корҳои мавсимӣ ҷалб менамояд, ки ҳамаи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

-Бештар заноне, ки шавҳар надоранд ё ин ки шароити зиндагиашон душвор аст, ба кор ҷалб мекунем. Ҳамзамон, дар корхонаамон 6 нафар кор мекунад. Дар рӯзҳои ид ба нафароне, ки вазъияти бади молӣ доранд, ба онҳо то ҳадди имкон кумак мерасонем,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Аз хоҷагии Акбар дар солҳои аввал савдогарон маҳсулотро омада, аз сари замин тариқи яклухт ва арзон харидорӣ мекарданд. Ҳамзамон, чормағзакҳои заминиро Акбар бо аҳли оилааш мағз карда онро шӯрак мекарданд ва ба бозор мебароварданд. Ӯ мегӯяд, кор бо даст барои онҳо бисёр душвор буд, чун донак кардани ҳаҷми зиёди ин намуди растанӣ меҳнати зиёдро талаб мекунад ва ба обила шудани дастон оварда мерасонад.

-Дастони мо обила мешуданд ва ҳар гуна бемориҳои пӯст пайдо мешуданд, чун бо даст кор кардан бисёр ҳам кори душвор буд,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Акбар мегӯяд, ин заминҳо барои киштукори ин намуди растанӣ бисёр ҳам мувофиқ аст, аз ин хотир маҳз дар ин заминҳо чормағзаки заминӣ кишт мекунанд.

-Чормағзаки заминӣ аслан дар ҷойҳои гарм ва қумзамин мешавад. Чормағзак намуди растаниест, ки обро кам талаб мекунад. Ҳамзамон, баргу пояи он барои чорво хӯроки серғизо ба ҳисоб меравад. Пӯчоқи он низ барои чорво хӯрокаи серғизо мешавад.

Таҷҳизоти USAID корро осон кард

Соли 2019 барои Акбар ва аҳли оилааш соли бобарор буд, чун онҳо аз он сол инҷониб аз меҳнати кори дастӣ халос шуда, акнун бо таҷҳизоти наву замонавӣ тиҷорати худро ба роҳ мондаанд. Акбар ғолиби лоиҳаи “Беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” (АСАТ) аз ҷониби ташкилоти USAID мегардад ва аз ҷониби ин лоиҳа ба корхонаи ӯ таҷҳизоти нав дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар харидорӣ мешавад. Акбар мегӯяд, акнун барои оилаи онҳо кор хеле осон шудааст.

-Ин таҷҳизот барои коркарди мағз кӯмак мекунанд. Акнун мо онро ба осонӣ коркард намуда, ба муштариёни доимиамон дастрас мекунем. Яке аз онҳо ҳатто мағзи чормағзро бандубаст менамояд, ки он шумораи мизоҷонро боз ҳам зиёдтар кардааст. Алҳол мо аз меҳнати дастӣ халос шудем ва ҳамаи корҳоро тариқи техника анҷом медиҳем. Ҷиҳати хубии таҷҳизот дар он аст, ки мо метавонем ба воситаи он натанҳо мағзи чормағз, балки тамоми намуди донакҳоро аз пӯчоқашон ҷудо намуда, коркард кунем ва оҳиста – тоҳиста тиҷорати худро ба таври васеъ дар ин самт ба роҳ монем,-гуфт Акбар. Дар баробари ин, худи хонавода низ имсол барои пешбурди кор 40 ҳазор сомониро аз буҷаи худ дар ин кор сарф намудааст.

Ба гуфти қаҳрамони мо, ҳар бегоҳирӯзӣ онҳо дар ҳаҷми 500 килло  чормағзаки заминиро коркард мекунанд ва аз корхонаи онҳо мизоҷон омада ба бозор мебаранд. Килои онро бо нархи 6 сомонӣ мефурӯшанд, вале вақте аз пӯчоқ онро ҷудо мекунанд, нарх аллакай 13 сомонӣ мешавад ва вақте зирбонидаву намак мекунанд, нархи он 15 ва аз он боло нархгузорӣ мешавад.

Ғайр аз коркарди чормағзаки заминӣ, хонаводаи Акбар ҳамзамон дар ин заминҳо донаки зардолу ва бодомро низ коркард карда, маҳсулоти онро ба бозор мебарорад. Зиёда аз 4-5 тонна зардолуро дар мавсим коркард мекунанд.

Маҳсулоти мо дар кишвар яке аз маҳсулотҳои босифат ба шумор меравад. Дар намоишгоҳи байналмилали “Бохтар фуд-2022” соли гузашта ва имсол иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён шудем.

-Агар бодомро 20 сомонӣ харидорӣ кунем, мо мағзи онро ҷудо карда, бо нархи 40 сомонӣ ба фурӯш мебарорем. Вобаста ба ин мо аз аҳолӣ бо нархи 80 дирам зардолу харидорӣ мекунем. Одатан 4-5 тонна зардолуро мо коркард мекунем.

Намунаи ибрати дигарон

Акбар нафаре, ки корашро аз омӯзгори оддӣ шурӯъ намуда, солҳои ҷанг дар ғарибӣ чанд соли умрашро сипарӣ намуд, вале ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, имрӯз як соҳибкори муваффақе дар минтақаи худ гаштааст, ки намунаи ибрате барои дигарон аст.

Акнун Акбар ният дорад, ки ба воситаи таҷҳизоти нав коркарди дигар намуди маҳсулотро низ ба роҳ монад ва тиҷорати худро боз ҳам васеъ намояд.

– Дар оянда мо мехоҳем тиҷоратамонро калонтар ва сафи кормандонро низ дар корхона зиёд намоем. Оянда ният дорем, ки ҳамин маҳсулотро дигар хоҷагиҳо низ ба роҳ монанд, инҷо омада бо таҷҳизоти замонавӣ чормағзаки заминиро коркард ва ба фурӯш гузоранд. Онро зирбонда маҳсулоти худро тавонанд ба бозор бароранд ва ҳамин гуна соҳаи агробизнес дар вилояти Хатлон рушд кунад.

Ин корхона ҳамзамон ният дорад, ки коркард ва фурӯши мағзи офтобпарастро низ ба роҳ монад, чун истифодабарандагони ин намуди растанӣ дар кишвар новобаста аз мавсиму сол зиёд аст.

Фарзонаи Умаралӣ,

махсус барои “Самак”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here