ё чаро ронандаҳо дар ҷойи муайяншуда намеистанд?
,,Чорбоғ “- терминалест, ки чанд моҳ пеш барои таксиҳои самти вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт. Дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Терминали навбунёд бо талаботи замони муосир сохта шудааст, ки ҳамарӯз дар он таксиҳои самти вилояти Суғд омада мусофир мебаранд ё аз он тараф мусофир меоранд.
Дар ин терминал таксиҳое, ки аз тарафи Суғд меоянд ҷойҳои муайяни худро доранд. Масалан, таксиҳои самти Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ ҷойҳои муайяни худро доранд. Вале афсӯс, таксиҳо дар ин хат намеистанд, зеро ба қавли ронандаҳо агар онҳо дар ҷойҳои муайянгардида истанд, мусофир намеёбанд. Дар ин терминал ошхона ҳаст, ҳамчунин ба қавли ронандаҳо барои онҳо ҷой барои хоб, ки тавонанд шабро дар он ҷо рӯз кунанд, сохта истодаанд. Ғайр аз ин мағозаи озуқавории замонавӣ ҳаст, ки ронандаҳо метавонанд маҳсулоти мавриди ниёзи худро дар он ҷо дастрас намоянд. Дар аввалҳои ба кор шурӯъ намудани ин терминал аз ронандаҳои таксӣ маблағ гирифта намешуд, аммо шурӯъ аз 1-уми январи соли 2023 ин терминал низ пулакӣ гардид. Таксиҳое, ки ба ин терминал меоянду аз ин ҷо мусофир мебаранд, бояд 20 сомонӣ пардохт намоянд. Ин маблағҳое, ки аз тарафи ронандаҳо пардохт мешавад барои таъмиру тармим ва дигар хароҷоти терминал истифода карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан таксиҳои самти вилояти Суғд дар терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” тавақуф мекард ва дар он ҷо мусофир мегирифт. Дар он терминал низ шароитҳо хуб буданд, аз қабили ҷойи хоб барои ронандаҳо ва зудтар гирифтани мусофир. Аммо ба гуфтаи ронандаҳо дар ин ҷо онҳо 30-35 сомонӣ пардохт мекарданд.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 21-уми октябри соли 2022 ронандаҳои таксӣ, ки аз тарафи Суғд меоянд, бояд дар терминали “Чорбоғ” истанд.
Ҳангоме ки таксиҳои самти вилояти Суғд дар терминали “Маром” тавақуф мекарданд, метавонистанд ба дохили шаҳр рафта мусофирҳояшонро аз худи манзилҳояшон гиранд, аммо ҳоло фақат дар терминали “Чорбоғ” метавонанд истода, мусофир гиранд. Ба гуфтаи бархе аз ронандаҳо мавридҳое мешавад, ки мусофирон аз нархнома норозӣ гашта, тавассути роҳи калони назди терминал бо дигар мошинҳо ба манзилҳояшон мераванд. Ин ҳолатҳо боис мегардад, ки ронандаи такси барои мусофир гирифтан, бояд нархномаро арзон ё мувофиқ ба ҳолати мусофир муайян намоянд.
Яке аз сабабҳое, ки ронандаҳоро ба терминали “Чорбоғ” оварданд, ин паст кардани сатҳи тамбашавии мошинҳо дар даромадгоҳи шаҳр гуфта мешавад.
Ҳусейнова Фурӯзанда, “Фараж”