“Путин бастаҳуҷҷатҳоро оид ба пешгирӣ аз фаоълияти таблиғгаронаи ҳамҷинсгарон қабул намуда, барои ҳамҷинсгароёни русӣ дар қаламрави кишвараш ҷазоҳои нисбатан шадид пешбинӣ намуд” – (мазмунан аз саҳифаи ЭКСПРЕСС – ГАЗЕТА)

Мутаассифона, кунун дар олам амалҳои пасту нангин бениҳоят афзудаву реша давондаанд, ки яке аз онҳо маҳз ана ҳамин фарҳанги ғарбии ҳамҷинсгароӣ аст. Ин гуна як амали нангин барои мардуми тоҷик фақат чанд сол мешавад, ки шиносо шудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан Ғарб ин тоифа мардумро эътироф намудаву кафолати ҳаёти босуботро ба онҳо фароҳам овардааст. Таърихи ин тоифаи расво муҳим нест, фақат чанд ҳарфе атрофи зарарҳои ин падида ба мо ва таъсирашон сухан гуфтан баҷост.

Падидаи мазкур дар аксари давлатҳо паҳн шудааст, ки мутаассифона Тоҷикистон низ аъзои он мебошад. Яъне имрӯз дар Тоҷикистон низ ҳамҷинсгароён пайдо шудаанд, ки ин лакнати бисёр ҳам тира дар тоҷик будани мост. Ҳамҷинсгароёне пайдо шудаанд, ки бо забони тоҷикӣ гап мезананду фарҳангашонро таблиғ менамоянд, мо бошем даҳонамон баста нишастаем. Интизори он ҳастем, ки шояд кай онҳо низ расман ва ошкоро руҷӯъ макунанд???

Не, албатта. Мо бояд ҳаргиз иҷозат надиҳем, ки ин падидаи зишт тамаддуни моро доғдор намояд. Афсӯс андар афсӯс, ки имрӯз онҳо (лгбт-ҳои тоҷик) дар байни ҷавонон шӯҳрат доранду ҷавонони ноогоҳи мо бо сад шавқу завқ онҳоро тамошо менамоянд.

Аудиторияе, ки як ҳамҷинсгарои тоҷик дорад, қариб ки аз 3/2 ҳиссаи сайтҳои ба қавле “бомаънӣ” надоранд.

Якборакак аз ҳайбати мардӣ ва мардонагии мардуми тоҷик ёд орем. Куҷост, он ҳайбату он ғайрат???

Қонуне, ки Руссия ба зидди ҳамҷинсгароён қабул кардаву ВАО-и иҷтимоиро комилан зери назорат гирифт, ин қаҳрамонӣ ва муҳофизат фарҳанги худи онҳост. Қонуни мазкур пеш аз ҳама шабакаҳои интернетиро танзим менамояд…

Агар чунин бошад, пас мо низ зарурат дорем, то бар зидди ҳамҷинсгароён, ки ҳоло бениҳоят кам ҳастанд, ҷазо пешбинӣ намоем.

Онҳое, ки бо забони тоҷикӣ гап мезананд, шояд тоҷик нестанд, вале таъсирашон аввалтар аз ҳама ба мардуми тоҷик, ба фарҳанги тоҷик мерасад.

Ман аз сомонаҳое, ки онҳо доранд, чизе намегӯям, зеро ин ҳам метавонад аудиторияи онҳоро васеъ кунад, сад дареғ.

Имрӯз боиси хушнудист, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе блогерони худгумкарда  “адаб” дода мешаванд. Ин раванд фарҳанги истифодаи интернетро ба миён меорад, ки ин ҳам кори бузург аст.

Ҳамҷинсгароён чунон дашномҳои қабеҳе медиҳанд, ки дар мағзи устухони кас фурӯ меравад. Фазои иҷтимоъии моро имрӯз онҳо то андозае забт кардаанд. БО СУХАНҲОИ БАДАХЛОҚОНА ВА АБЛАҲОНАИ ХУД АФКОРИ МАРДУМРО ВАЛАНГОР КАРДАН ДОРАНД. Мо низ бар зидди онҳо бояд ҳама корро анҷом диҳем, то онҳо дар ватани мо ҳаёти осоиштаро пайдо карда натавонанд. Мо миллати мусалмон ҳастем,  ин сухан низ мавқеъ дорад.

Пас, муҳоҷирон, ҷавонон, блогерон (баъзеҳо), хонандагони ва дигар қишри истифодабарандаи ИНТЕРНЕТ ба гапи ин зумра шахсон об надиҳеду сари кӣ будани худ андеша намоед.

Агар онҳо ҳаёти осоиштаро дар ватани бобоии мо пайдо намоянд, пас таърих моро ҳаргиз намебахшад.

Ба худ оед…

Қаландар Норов – донишҷӯи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here