Қариб сӣ сол аст, ки Хуршеди Атовулло аз чеҳраҳои саршинос ва аз хидматгузорони дилбохтаву беминнати матбуоти миллии тоҷик аст ва воқеан заҳмати назаррасу камназир барои густариши журналистикаи мо – ин шохаи аъзами тафаккури миллат анҷом додааст.

Хуршеди Атовулло, – ба ифодаи тазкиранависони гузашта, – дар авоили ҳол рағбат ба идомаи камолоти маънавиву қаламкашӣ кардӣ ва барои ҳусули матлаб ормонварзона аз Дашти Қозии Панҷекат то Душанбешаҳри нозанину ормонварз расидӣ ва ба таҳсил дар риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пардохтӣ, таҳсилаш дар сатҳи назаррасе будӣ ва аз ҳамон овони таҳсили донишгоҳӣ аз донишҷӯёни баэътибори давраи аввали истиқлоли кишвари Тоҷикистон, даврони мунозираҳои бесобиқаи сиёсиву иҷтимоии баъди бозсозии гурбачёвӣ, давраи пайванди танготанги донишҷӯёни замон бо майдонҳои сиёсии пойтахт эътибор ва ном ба даст овардӣ.

Хуршеди Атовулло он солҳои пурҷӯшу хурӯш дар радифи равандагони ҷонсахту сахткӯши муборизаи ҷавонони ормонҷӯ ва донишҷӯёни набардиву набардварзи тоҷик барои озодиву истиқлол ва нуфузёфти маънавии миллати тоҷик ҷойгоҳе баланду шоиста ба даст оварда, номаш дар фазои пурхурӯши иҷтимои тоҷикон ва матбуоти серхараҷу мараҷи тоҷик аз ҳамон давра сари забонҳои иҷтимои мардум, хоса донишҷӯёни мубориз қарор ёфт…

Баъди хатми таҳсили донишгоҳ ҳам аз пешбарони ҷӯшову кӯшои наҳзати озодиҷӯӣ ва фидоии фаъоли фазои журналистикаи соҳибраъйи тоҷик гардид. Ӯ ҳам дар матбуоти расмии Тоҷикистон ва ҳам дар нашрияҳои озоди тоҷик – «Чархи гардун», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тоҷикистон», «Рӯзи нав», «Зиндагӣ», «Фараж» баробар ва қадам ба қадам устувор рафта ва таҳ ба таҳ ба ормони ҳамешагии журналистиаш кор кард, ба зинаҳо расид, фаровон таҷриба андӯхт. Дар нигаришу нигориши вазъи ҳарранги замон ва иҷтимоъ табъу диди расо зоҳир кард ва аз зумраи ҳушмандон эътироф шуд…

Муносиб уфтодани давраи аввали кори иддае аз аҳли қалам ба он солҳои мушкили иҷтимоӣ, ба олами пайкору мубориза омадани онон худаш зотан як мушкиле азим дар зиндагӣ ва пешрафти кори онон будааст. Бунбасти он замон барои аҳли эҷод сухани шухӣ нест. Аз ин ҷиҳат зиндагии инон худ ба сахтиву мушкил рӯбарӯ буд. Дар таҷассуми равшани хирагиҳои ҳаёти сиёҳшудаи иҷтимоии ондавраи мо нақши қаламкашоне монанди Хуршеди Атовулло қазияест чун рӯзи равшан.

Ӯ зиндагии ин давраро он чунон ошуфта дар зиндон дидааст. Хуршеди қаламкор ба ин кор бо ҳиммати ба худ хос, бо сабки ҷудогонаи ҷустӯҷуву андеша ва баёни мумтоз камари ҳиммат бастааст. Шояд сиёйиҳои зиндагии тираи он рӯзгори пурошуфтаро бо табъи вежа дидан ҳам мушкили рақами як бошад. Ҷасораташ ҳам қобили таваҷҷуҳ ба назар мерасид. Шояд далели зиёд дар боби ҷасорати хоси Хуршед метавон овард, аммо дар ёди ман ҳоло ҳам бештар сислиламақолаҳо дар бораи «Оилаи Суғд» хеле ҷолиб нишастааст, ки ӯ барои таснифи он шояд хеле зиёд ранҷ дида ва азобу уқубати руҳӣ кашида бошад. Ин мақола тақрибан ним сол ба нашр расид ва ҳамагон барои хариди ҳар шумораи он ҳар ҳафта ба дӯкони газет медавиданд. Ба ҷуз ин матолиби сафарномаи ӯ дар бораи сафараш ба Хуҷанд дар нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо номи «Вақте ки дар осмон дурӯғ вазидан мегирад» ҳамон вақт ба торҳои ҳассоси касон ва нафси чандин тан мардумон расида буд. Баҳсҳо доир шуда буданд дар заминаи ин матлабҳо…

Хуршеди Атовулло чун нависанда табъи расо ва рағбати пӯё ва қалами хоно дорад, асарҳои насрӣ ва публитсистиаш дар сатҳи хуб офарида шуда, ҳар хонанда мафтуни сабку қалами ӯ шуда метавонад. Барои ин истеъдоду рағбаташ ӯ ба сафи Иттифоқи нависандагон пайвастааст. Китобҳои «Зиндони зиндагӣ», «Шабчароғи ёр», «Пайванди пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд», «Тӯмори андӯҳ», «Санге ба гӯри Лайлӣ», «Гули ишқ ва зодаи ашк», «Ривояти дарвеш» шоҳиди ҳол ва далели беқилу қоли ин сухананд…

«Шабчароғи ёр», «Гули ишқ ва зодаи ашк» ва «Санге ба гӯри Лайлӣ» аз маҷмуъи таронаҳои Хуршеди Атовулло фароҳам омада ва камоли маҳорати ӯро дар таронанигорӣ бозмегӯянд. «Пайванди пайкараҳо» ном китоб барои ҳар муҳаққиқе, ки дар риштаи матбуот таҳқиқ анҷом медиҳад, хеле муҳим аст ва он дар бораи нашрияи ягонаи «Ҷавонони Тоҷикистон» («Комсомоли Тоҷикистон») сухан меронад. Дар ин китоб таърихчаи зуҳуру ҳузури ин манбаи муҳимми пешрафти афкори ҷавонон, нақши он дар болорафти шуури сиёсиву иҷтимоии ҳамзамонон ва, ҳамзамон, ҷойгоҳи чеҳраҳои мунири пешбарандагони он ба шеваи публитсистӣ бозгӯ шудааст.

«Марги журналист», «Хунро бо хун мешӯянд» аз муҳимтарин асарҳо дар жанри бозоргири детективианд, ки Хуршеди Атовулло дар ин арса ҳам хуб андеша ва қалам ронда ва доди хушпардозгарӣ додааст.

Китоби дигаре, ки хонданаш барои аҳли замона ва алоқамандони адабиёт, ҳунар ва матбуот муҳим менамояд, «Тӯмори андӯҳ» аст, ки он маҳсули як пажуҳиши вежаи журналистист. Дар ин китоб Хуршеди Атоулло бо гурӯҳи ҳамкоронаш дар Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон аз боби қазияи зиндагӣ ва марги афроди шинохтаи тоҷик – Муқаддас Набиева, Маҳмудҷон Воҳидов, Отахон Латифӣ ва дигарон санадҳо ҷамъ карда ва аз чашмандози вежаи журналистӣ гузаронидааст. Сабки ҷустор ва бозгӯи матлаб дар ин осор хеле диққатбар ва ҷолиб аст….

Дар маҷмуаи аввалини Хуршеди Атовулло «Зиндони зиндагӣ», ки расо дар бистсолагӣ – замони донишҷӯияш ба нашр расида буд, 14 ҳикоя фароҳам омадаанд, ки ҳамон вақт чеҳраву ҳунари муаллифро ба унвони нависандаи соҳибқалам ба мо бознамо кард. Аз он ки ин китоб дар овони навҷавонии муаллиф ба дунё омада, худаш онро хеле хоксорона навъе «нигаҳи кӯдаке ба зиндагӣ» муаррифӣ кардааст. Аз ин китоб «оҳи қаҳрамонони зиндон»-и соҳиби он, «оҳи пиртаваллудшудагон», «оҳи фиребхӯрдагони орзуву умедҳои ширин» ва «оҳи ошиқи чашминтизор» шунида мешавад.

Дар аввалин ҳикояи нависанда бо номи «Қиссае дар дараи хомӯш» (1989), ки дар ин маҷмуа дувумин аст, муаллиф дарак дода, ки ин «қиссаи ҳузнангез»-ро дар синни шонздаҳсолагияш аз забони мӯйсафеде шунида ва ҳамон вақт онро рӯйи саҳифа овардааст. Аз ин ҷиҳат, ин аввалин ҳосили табъ ва ҷӯшиши зиндагишиносии адиби наврасе аст, ки – чуноне худаш баён дошта – зимни нашр таҳрири онро раво надонистааст. Пас агар навиштае дар шондаҳсолагӣ чунин бетаҳрир, бевероиш падид омада бошад, аҷаб ҳикоя ё қиссае хонданӣ аст ва бо қалами равони як наврасадиби фоҷианигори барои дарки муаммои замона омода қаламӣ шудааст.

Агар ба таърихи офаридаҳои нависанда бингарем, равшан мешавад, ки ҳикояҳои «Шабнам», «Кулбае дар дашт», «Шаҳид», «Рози дил» ва «Пайванд» дар 18-солагӣ, «Ривояти дарвеш», «Кӯрланг», «Санги ғурур» ва «Зиндони зиндагӣ» дар 19-солагӣ, «Рози маҷнунбед», «Марди танҳо» ва «Гули зардолу» дар 20-солагии нависанда ба вуҷуд омада ва аз онҳо чашмандози адиби наврас ба муаммоҳо ва кӯргиреҳҳои сангини зиндагӣ ошкор мешавад. Пас жанри ҳикоя аз аввал ҷавҳари истеъдоду қудрати чашмраси қаламкаши ҷавонро бозмегӯянд.

Бунёди қиссаи аввалини ин адиби наврас бар пояи фоҷиаи ду ҷавоне дилбохта – Камолу Дилшод, ки инҳо дӯстони давраи наврасӣ буда ва оқибат ошиқи як духтар – Бобуна шудаву оқибати зиндагии онҳо ба талхӣ анҷомида, гузошта шудааст. Ҳодисаи ин қисса дар солҳои чунучарои 30-юми садаи ХХ сурат гирифта ва дар он сабаби ба «дараи хомӯш» табдил ёфтани «ду тепача» миёни куҳпораҳои пурлола ва асрори пайдо шудани он ду теппа бозкушо шудааст. Камолу Дилшоди дӯстони наврасиро муҳаббати як Бобуна ба ҳам душман карда ва аз ҳам ҷудо карда ва оқибат Бобуна ҳаққи Камол шуда ва ин хел сурат ёфтани ҳол Дилшоди бобунадӯстро бар хашм оварда ва баъди андаке ӯ чун раҳнамои рухдоди кулаксозӣ барои ба даст овардани Бобуна Камолро оғуштаи хун карда ва Бобуна ҳам аз сари номус ба дили Дилшод ханҷар мезанад. Бобуна он вақт дар қадаш фарзанд дошта ва аз ҳамон рӯзи наҳс ба ин ҷониб Бобунаву он фарзанди акнун на дар шикам, балки дар олам қадёфта ҳамеша ба сари он ду теппачаи падидомада рафта, қабри ҳардуро гулпӯш мекарда, ашк мерехта ва хун мегиристааст… Аҷаб рухдодест…

Аз аввал майлу рағбати Хуршеди нависанда ба нигориши жанри ҳикоя равона будааст. Ба ҷуз ин қисса дар китоби аввали Хуршеди Атовулло ҳикояҳои «Ривояти дарвеш», «Шабнам», «Кулбае дар дашт», «Марди танҳо», «Рози маҷнунбед», «Шаҳид», «Кӯрланг», «Пайванд», «Санги ғурур», «Номаи вопасин», «Зиндони зиндагӣ», «Навҳаи марг» ва «Девонамард» фароҳам омадаанд. Дар арафаи панҷоҳсолагии адиб низ китоби ҳикояҳое бо номи «Ривояти дарвеш» ба нашр расид, ки дар он 12 ҳикоя аз китоби аввал ҷой ёфта ва афзун бар ин чанд ҳикояи дигар – «Рози дил», «Хоби ширин» (1991), «Гули зардолу» (1993), «Ҳазёни озодӣ», «Рашки маҳтоб» (1994), «Навбат, ки ба мо расид, «бале»-ро «бало» навишт» (1999) ва «Садои дурушт» (2001) илова шудаанд.

Таркиби ҳикояҳои Хуршеди Атовулло аз муҳимтарин мавзуъҳои замон сиришта шуда ва мутолиаи онон чашмандози ҳар як соҳибзавқро дар роҳи дарки моҳияти замон вусъат медиҳанд.

Ҳикояҳои нависандаи он вақт ҷавон баробари эҷоди чанд нависандаи маъруфи он замонаи мо барои кушодани рӯҳи он марҳалаи пургирудори зиндагӣ арзишманданд. Моҳияти солҳои 90-уми садаи ХХ аз ин ҳикояҳо бозкушо шуданист. Мо зиндагии ҳарранги тоҷикӣ – зишту нек ва сиёҳу сафеди ҳаёти мардуми он давраро аз маҳсули табъу қалами қаламфарсоёне монанди Хуршеди Атовулло ба эҳсос мегирем ва ин ҳама имкони вусъати чашмандози моро доранд…

Субҳони Аъзамзод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь