Сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зарурияти ба ҳисобгирии ҳифзи табиат ва дар ин cоҳаи муҳим муносибатҳои байни давлатӣ бо ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ ибтидо мегирад. Боиси хушнудист, ки ин сиёсати пешгирифта як қисми асосии сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар пешбурди ин чорабинии сиёсӣ на фaқат бо кишварзои Осиёи Марказӣ, балки бо дигар кишварҳо низ ҳамкорӣ менамояд. Тоҷикистон бо даҳҳо мамлакатҳо оид ба муҳити зист шартномаҳо ба имзо расонида, яке аз ташаббускорони байналмилалии ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад. Дар конфренсияе, ки аз 9 то 11 октябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе оиди масъалаҳои Кӯли Сарез доир гардида буд, дар қатори дигар масъалаҳо зарурати ташаккули сиёсати байналмилалӣ дар соҳаи экология Президенти Тоҷикистон аз минбарҳои баланди симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ хатари калони экологӣ доштаи Кӯли Сарез ва баҳри Аралро таъкид кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2003 дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида бо проблемаҳои об дар шаҳри Киотои Япония баромад намуда, таъкид намудаанд, ки «проблемаи баҳри Арал шаҳодати таассуфангези муносибати ғайри оқилона ва бепарвоёна бо захираҳои об мебошад…
Ин вазъият сабаби ба ваҷуд омадани фалокати бузурги экологӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ хароб гардидани минтақаҳои калон гардидааст…
Агар тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашавад, бо проблемаҳои нарасидани оби тоза, ки аҳолии поёноби дарёҳои ба баҳри Арал резанда мубтало гаштаанд, проблемаи гуруснагӣ зам гардида тамоми минтақаро фаро мегирад».
Об ва ҳаёт бо ҳам тавъаманд, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Аз рӯйи маълумотҳои коршиносони СММ шашяки аҳолии рӯйи Замин муҳтоҷи оби ошомиданӣ буда ва аз се як ҳиссаи онҳо аз оби эҳтиёҷи рӯзгор маҳруманд. Аниқтараш дар ҳар ҳашт сония аз сабаби беобӣ кӯдаке мефавтад ва зиёда аз 2,4 миллиард одам шароити муътадили санитарӣ надорад. Ҳамин тариқ, дар тӯли садсолаҳои охир эҳтиёҷ ба об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ду баробар афзудааст.
Дар иҷлосияи 54-уми СММ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуданд.
Дар доираи ин пешниҳоди Сардори давлати Тоҷикистон СММ як қатор чорабиниҳои бузургро доир намуд, ки на фaқат ба масъалаҳои истифодаи об, балки марбут ба ҳифзи муҳити зист низ буданд.
Ба муҳокимаи оламиён гузаштани масъалаи об аз тарафи Президенти Тоҷикистон дар он буд, ки зиёда аз 1 миллиард одам дар ҷаҳон аз оби ошомиданӣ маҳруманд. «Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият мекашад ва ҳар сол тақрибан 5 миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо аҳолии Осиёи Марказӣ мавқеи бетарафиро ишғол намуда наметавонем».
Дар Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дороии худ – дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо – сарчашмаҳои асосии оби тоза шинохта шудааст, ки аз ин манбаъҳо аз кишвари мо дида дигар кишварҳои минтақа бештар истифода мебаранд. Аммо бо мақсади беҳдошту нигоҳдории ин манбаъҳо ва тақсимгоҳҳои байналмилалӣ кӯмаку ҳамкорӣ аз ҷониби давлатҳои истифодабарандагони об дида намешавад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 947 дарё дар якҷоягӣ ба масофаи 28,5 ҳазор километр аст. Шумораи кӯлҳои Тоҷикистон қариб ба 2000 адад расида дар якҷоягӣ 0,5%-и масоҳати Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Пиряхҳои Осиёи Миёна дар якҷоягӣ 18 000 км2-ро ташкил медиҳад, ки 60%-и он ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд. Шумораи пиряхҳои Тоҷикистон ба 8492 адад расида, дар якҷоягӣ 6%-и масоҳати кишварро ишғол мекунад.
Яке аз дарёҳои калонтарини кӯҳии Ҷумҳурии мо дарёи Зарафшон мебошад, ки он аз минтақаи кӯҳӣ сарчашма гирифта характери кӯҳӣ дорад. Ҳавзаи ин дарёро аз тарафи шимол қаторкӯҳи Туркистон, аз ҷануб қаторкӯҳи Ҳисор ҷудо мекунад. Масоҳати ҳавзаи дарёи Зарафшон 12300 км3- ро ташкил намуда, дарозии он 877 км мебошад, ки 315 км-и он аз ҷумҳурии мо ҷорӣ мешавад. Дарёи Зарафшон аз пиряхи Зарафшон ибтидо гирифта, дар рафти ҷараён ба он аз соҳилҳои чапу рост зиёда аз 100 шохоб ҳамроҳ мешавад, ки калонтарини онҳо дарёҳои Фон, Киштӯд ва Моғиён мебошад. Азбаски маҷрои дарё дар баландиҳо ҷойгир аст, суръати он тез буда ҳарҷо – ҳарҷо суфаҳо ташкил намудааст.
Мувофиқи нишондоди В.Л.Шулс ғизогирии дарёи Зарафшон барфию пиряхӣ буда, вобаста ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфҳои қабат – қабат ва пиряхҳо миқдори оби дарё дар моҳҳои июн – август зиёд мегардад.
Мувофиқи маълумоти А.О.Кеммерих дарёи Зарафшон 32% аз ҳисоби пиряхҳо, 37% аз ҳисоби барфҳо ва 31% аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ ғизо мегирад.
Мувофиқи маълумоти шуъбаи Осиёимиёнагии Институти Гидропроект дар давраи Шӯравӣ дар дарёи Зарафшон ва шохобҳои он сохтани 5 истгоҳи барқиро ба нақша гирифтааст, ки инҳо ба шумор мераванд: Мастчоҳ-133, Яғноб-165, Ёвон-125, Дашти-Қозӣ-98 ва Искандаркӯл-176 ҳазор кловатт иқтидор доранд, дар якҷоягӣ 1,4 млн.кВт ва истеҳсоли миёнаи қувваи барқ бошад 8,8 млрд. квт/соатро ташкил менамояд.
Дарёи Фон аз якҷояшавии дарёҳои Яғноб ва Искандар сар шуда, дар масофаи 24,5 км аз самти ҷануб ба шимол ҷорӣ шуда, дар наздикии деҳаи Айнӣ ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад.
Дарёи Киштӯд аз ҳама шохоби калонтарини Зарафшон ба ҳисоб рафта, он аз якҷояшавии дарёҳои Артуч ва Вору сар шуда, дар масофаи 53 км аз ҷануб ба самти шимол ҷорӣ шуда, дар муқобили деҳаи Дашти Қозӣ ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Дарёи Моғиён ба монанди дарёҳои Фон ва Киштӯд аз нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор об гирифта, дар масофаи 68 км ба самти шимол ҷорӣ шуда, дар наздикии деҳаи Сӯҷина ба дарёи Зарафшон ҳамроҳ мешавад.
Ғайр аз ин дар водии Зарафшон кӯлҳои зиёде мавҷуд буда, шукӯҳу шаҳомати ин водиро зиёд намуда, диққати сайёҳони ватанию хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Аз ҷиҳати мавҷудияти кӯлҳои хурду бузург водии Зарфшон баъд аз Помир (танҳо кӯлҳое, ки масоҳаташон аз 1 га зиёд аст) меистад. Дар ҳавзаҳои Искандардарё – 12 кӯл, Пасруддарё 4 кӯл, дарёи Киштӯд – 28 кӯл ва дарёи Моғиён – 16 кӯл мавҷуд аст. Кӯли калонтарини водии Зарафшон Искандаркӯл мебошад, ки масоҳати он 3,5 киллометри мураббаъ буда, дар баъзе ҷой чуқурии он 72 метрро ташкил дода, дар баландии 2255 м воқеъ гардидааст. Оби он софу шаффоф буда, дар он моҳӣ вуҷуд надорад. Атрофи кӯл ҷойи хушманзар буда,аз дарахтони гуногун иборат аст. Дар пастхамию байни шохаҳои қаторкӯҳи Зарафшон даҳҳо кӯлҳои хурду калон воқеанд. Хусусан, кӯлҳои фурӯхамидаи Кӯли Калон аз қабили ҳамин кӯлҳо мебошад. Сайёҳон Липский (1899) ва В.И.Масалский дар инҷо мавҷуд будани аз 3 то 9 кӯлҳои хурду калонро нишон додаанд. Дар байни кӯлҳои хурд Кӯли Калон калонтарин кӯл буда, он аз ҷиҳати масоҳат пас аз Искандаркӯл меистад. Ин кӯл дар баландии 2800 метр воқеъ гардидааст. Аз мушоҳидаҳо маълум гардидааст, ки атрофи кӯл аз дарахтони арча (бурс) бой будааст, лекин қисми зиёди онро буридаанд, ки кундаҳои боқимонда аз он шаҳодат медиҳанд. Оби қисмати ҷанубии кӯл хунук буда (чунки ба он оби пирях мерезад) ва оби қисми шимолӣ гармтар аст.
Бо иқдоми Президенти кишвар оиди сохтмони силсила неругоҳҳои хурду бузург дар кишвар як қатор чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои ба истиқлолияти энергетикӣ расидан нақши ҳалкунанда мебозад.
Хушбахтона, дар байни ду давлати ҳаммарз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида аст, ки яке аз онҳо омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи 2 неругоҳи обӣ дар водии Зарафшон мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки ин нерӯгоҳҳо дар водии Зарафшон ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сараввал барои ба даст овардани нерӯи гидроэнергетикии аз ҷиҳати экологӣ қобили қабул, инчунин барои таъмин намудани аҳолии ноҳияҳои водӣ бо нерӯи барқ, барои беҳтар гардонидани муҳити табиӣ, иқлим ва қисман оббиёриҳои заминҳои водӣ аҳамияти калон дорад.
Лоиқ Шералӣ,
омӯзгор