Мусаллам аст, ки яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ҳамчун Тоҷикистон, ин рушди сайёҳӣ ва дар заминаи он ташаккули ҷабҳаи миллӣ, инкишофи деҳот, эҳё ва нигаҳдории анъанаҳои фарҳангӣ ва санъату ҳунарҳои мардумист. Бо ин роҳ метавон дар муддати кутоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти зиёди сайёҳӣ ташкил намуд. Маърифат, маданият ва фарҳанги шаҳрвандонро дар самти хизматрасонии сайёҳӣ баланд гардонид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муаррифгари Тоҷикистони муосир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалбкунандаи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба ҳисоб мераванд, борҳо дар суханрониҳояшон ба ин соҳаи даромадноки кишвар, омода намудани мутахассисони ихтисосманди соҳа таъкид намуда, иброз доштанд, ки дар марҳилаи кунунии тараққиёти иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ин тараққиёти сайёҳии байналмилалӣ мебошад.

Иқдоми муҳими Президенти кишвар, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 баён намуданд, соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки: “Ба мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвари мо “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”. Барои амалигардонии ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат аз 29-уми декабри соли 2017, таҳти рақами 977 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018» қабул карда шуда, дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили бошукуҳи Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тартиб дода шуданд. Ин ташаббус солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар Паёми навбатии худ солҳои 2019-2021-ро Сарвари давлат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд. Ба андешаи мо, амалигардии чунин иқдом  якчанд мушкилотро аз байн мебарад, чунончи:

-пешгирии хавфи аз байн рафтани ҳунарҳои санъати дастӣ;

-пешгирии рӯ ба фаромӯшӣ ниҳодани технологияи коркарди санъати амалии халқӣ;

-пешгирии рӯ ба фаромӯшӣ ниҳодани усули анъанавии «устод-шогирд»;

-пешгирии барҳам хӯрдани фарҳанги маънавии халқ:

-пешгирии аз байн рафтани арзишҳои тарбиявии насли наврас дар заминаи ҷанбаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва бузургдошти аҳли касбу ҳунар…

Воқеан, инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин, такмили маҳорати наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд ва барои муаррифии фарҳангу таърихи куҳани халқи тоҷик, табиат, олами набототу ҳайвонот, расму оин ва анъанаҳои мардумӣ аҳамияти муҳим доранд. Сайёҳон маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд, аз меҳмонхонаю тарабҳонаҳо истифода мебаранд ва умуман барои рушди иқтисодиёти кишвар, муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ замина гузошта мешавад. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар, хусусан дар деҳот бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла, марказҳои саломатӣ дар деҳот, мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои нави саноатӣ, биноҳои нави маъмурӣ, маишӣ, роҳҳои мошингард, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳангӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, майдончаҳои варзишӣ идома ёфта истодааст. Дар аксари шаҳру ноҳияҳо майдони Парчам ва Рамзи давлатӣ бунёд ёфта, барои истироҳати сокинону меҳмонон боғу гулгаштҳо сохта шудааст.

Ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳо ва руҳияи миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона, муҳити зисти мардуми деҳот барҷаста таҷассум ёфтааст. Аз омӯзиши таърихи либоси мардуми тоҷик таърихи инкишофи санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёти он бармеояд. Барои эҳё ва зинда нигаҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ ҳуҷҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозанд, чун сарчашмаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Шакл ва хусусияти сару либос дар ҳама давру замон фарҳанги маънавии халқ, урфу одат ва муносибати мардумро ба ин ё он падидаву ҳодиса нишон медиҳад. Шаклу намуди навъҳои либоси миллӣ ба хусусияти ин ё он минтақаи Тоҷикистон вобаста аст. Аз ин рӯ, зарурати омӯзиши амиқи таърихи этникии миллӣ ба миён меояд. Ба шарофати Паёмҳои Пешвои миллат ҳунари анъанавии тоҷикон, корҳои эҷодии ҳунармандон ва бо кадом технология офарида шудани он омӯхта шуда, инчунин, дар амал татбиқ мегарданд.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ

Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 нафар ҳунарманд, ки ба фаъолият машғул аст, ба рӯйхат гирифта шудааст, аз ҷумла, дар ВМКБ – 563, вилояти Хатлон – 243, вилояти Суғд – 1831,  НТҶ – 1424 ва шаҳри Душанбе – 556 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи мағозаҳои фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 140 адад, аз ҷумла, дар ВМКБ – 7, вилояти Хатлон – 55, вилояти Суғд – 30, НТҶ – 13 ва шаҳри Душанбе – 35 ададро ташкил медиҳад.

Боиси хушбахтист, ки имрӯз дар барномаҳои таълимии бархе аз факултаҳои тахассусӣ ба донишҷӯён оид ба анъанаҳои ҳунармандии халқи тоҷик, технологияи кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ ва ғайра таълим дода мешавад. Масалан, табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон аст, ки ба сохтани табақ, кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ марбут мебошад. Ҳадафи ин машғулиятҳо ба чавонон омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад.

Иқдомҳои Сарвари давлат мақсаднок ва ҳадафрас мебошад, чунки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва пешрафтаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, омили муҳими афзудан ва ғанӣ гаштани даромад ва буҷети давлат, таъмини мардум бо ҷои кор ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Он самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиро равнақу ривоҷ медиҳад. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ низ муҳайё карда шудаанд. Барои танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2019», “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул карда шудаанд. Тибқи муқаррароти санадҳо ва консепсияи мазкур дар ҷумҳурии мо намудҳои саёҳати куҳнавардӣ, варзишӣ, куҳию экологӣ аз самтҳои афзалиятнок эълон шудаанд. Ҷиҳати танзими ҳуқуқӣ ва рушди устувори ҳунарҳои мардумӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» аз 1-уми августи 2003 амал мекунад. Ҳанӯз 31-уми августи 2008 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» қабул намуд. Ин барнома барои солҳои 2016-2021 низ амал карда истодааст. Санадҳои номбаршуда барои рушди ин соҳа заминаи ҳуқуқӣ мегузоранд ва зери таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат қарор гирифтани онро шаҳодат медиҳад.

Таъриху фарҳанги куҳан, мардуми тамаддунофар, ҳунар ва фарҳанги шаҳрсозию шаҳрдорӣ, ҳунармандии тоҷикон ба монанди Ҳисор, Кӯлоб, Ҳулбук, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Ашт дар ҷаҳон шуҳрат ва маъруфият пайдо намудаанд. Ҳукумати мамлакат барои таҷдид ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии кишвар корҳои зиёдро ба сомон расонида истодааст.

Дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо тезутунд мешавад, омӯхтан ва аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ кардани мероси гузаштагон, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд.

Барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар баробари чораву тадбирҳои андешидашуда, ба фикри мо бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:

-бештар намудани интишори маводи таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби минтақа, зиёд намудани таблиғот тавассути васоити ахбори омма;

-тарбияи мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ;

-таҳияи сомонаи алоҳида вобаста ба имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, насби аломатҳои минтақаҳои сайёҳӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ;

-ба талабот ҷавобгӯй намудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, мабразу дастшӯйгоҳҳо;

-таҳияи харитаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳо;

-баргузории курсҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани касбият ва тахассуснокии масъулини соҳа;

-ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори сарироҳӣ;

-ташкили марказҳои ҳунарҳои дастӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон;

-фароҳам овардани шароитҳо барои рақобатнокӣ дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон;

-таъмини рақобат дар самти хизматрасонӣ ба сайёҳон;

-ташкилдиҳии базаи сайёҳӣ ва аз нав ҷиҳозонидани лагерҳои партофташуда ҳамчун иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҷудо намудани қитъаи замин ба Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати бунёди базаи сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ.

Ҳамин тавр, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии миллат ва фарҳанги он, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад.

Гулов Ҷамшед, магистри факултаи фарҳангшиносӣ, кафедраи технологияҳои иҷтимоӣфарҳангӣ ва туризми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь