(Марсияи Самандари Ҷумахон дар марги бародари ҷавонмаргаш Мадамон Нурзода)

Ҳар кас дар зиндагӣ гум кардае дорад, азизеро гум кардааст, ки дигар барои пайдо карданаш, тамоми талошҳоро бикунад ҳам, суд надорад. Хусусан, агар бародари дар айни камолотро ногаҳон аз даст додаӣ, дарди он баробари марг аст. Ман бародари ҷавонамро гум кардам, марги бераҳму баттол ӯро аз мо ногаҳонӣ гирифт… Марги бародари ғурамаргам барои ман хеле сангин афтод, бовар надоштам, ки чунин рӯзи сиёҳ ба сари ману хонаводаи мо бехабар меояд. Бори ин дардро наметавонам бардорам…

Бародарам! Бародари ҷавонмаргам!

Аз рӯзе, ки он ҳодисаи шум рух доду туро аз мо барои ҳамеша рабуд, аҳли оила хӯру хобро аз ёд бурдаанд, шабу рӯзашон яксон берангу бемаъност. Симои ту, қади чун алифи ту, рафтору гуфтори туро пеши назар меоварему хун мегирйем. Бародарам, туро меҷӯяму намеёбам, туро меҷӯяму мегӯям:

Дар хонаи чашми падар

Монд охирин дидори ту.

Дар чашми модар хона кард

Симои кӯдаквори ту.

 

Рафтӣ, нигоҳат сӯяшон

Лаб зери дандон гиҷу мот,

Аз он тараф бӯи аҷал

Аз ин тараф бӯи ҳаёт…

 

Рафтӣ ба роҳи пурхатар

Аз марги ноҳақ бехабар.

То дар ҷавонии замин

Монад ҷавоният асар…

Аммо дареғо, ки ОДАМ бо ҳама қудрату тавонаш пеши МАРГ бечора будааст…

Эй кош, ба ҷои ту ман мемурдаму ин рӯзи сиёҳро намедидам…

Эй кош, ту дар он соати шум ба роҳ намебаромадӣ.

Эй кош, се фарзанди маъсуматро ятими нолону гирён намекардӣ…

Эй кош…

Туро, ки нахустин фарзанди хонадон будӣ, бо ҳазорон орзу бузург шудӣ, падарам ба ту номи падарашонро гузоштанд: МАДАМОН.

Дар кӯдакиат бо ҳазорон умеде падару модар дасти туро мегирифтанд, ки дар пирӣ дастгирашон бошӣ. Балки тобути онҳоро мо- фарзандон бардорем… Аммо сад афсӯс, ки бо ин рафтани ғофилгират орзуҳои падарро ба хоки сиёҳ гӯрондию тобутбардори писар кардӣ…

Бародарам, бузург шудиву баъди хатми донишгоҳ ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор оғоз кардӣ. Ҳадафат хидмати содиқона ба халқу Ватан буд. Ва то охирин рӯзи ҳаётат дар ин роҳ қадам гузоштӣ… Мегуфтӣ, ки нони ҳалол дар хидмати ростин аст. Ва фарзандонатро бародару хоҳаронатро ба ин роҳ ташвиқ мекардӣ.

Рӯзе, ки аз ҷои корат (ноҳияи Шаҳритус) ба самти шаҳри Душанбе ба хонаат бармегаштӣ, зану фарзандонат бехабар аз бозиҳои ноаёни тақдир туро интизор буданд. Ғофил аз ин ки дигар дида ба дидор нахоҳад расид. Бародарам, баъди марги ту, эй вой ман чӣ мегӯям? Узр, бародари азизам, ту намурдаӣ, намехоҳам бовар бикунам, ки… охир, чи гуна ба забон орам, ки ту дигар дар миёни мо нестӣ? Бародарам, азизи хонадон, ғамхори ёру бародарон, мададгори бародарон, меҳрубону дилсӯзи пайвандон, туро ёд кардем, мехоҳам ҳамин ҳоло дарро кӯбиву дар лаб хандаҳои ба худ зебанда, вориди хона шавӣ, кулбаи эҳзони моро гулистон гардонӣ, аммо сад афсус, ки дигар ин пиндорҳоро дар руъёи худ мепарварам…

Охир, рафтиву ғами падару ҳамсар нахӯрдӣ, ғами бародару хоҳаронатро нахӯрдӣ? Ҳамаро дидагирёну синабирён кардӣ, ҷигарбандам. Ҳама як сӯ, дилат ба се фарзанди нозанинат насӯхт? Ман ба он бачаҳои маъсуму бегуноҳ чӣ ҷавоб хоҳам дод, вақте ки аз ман суроғи туро мегиранд? Чӣ хоҳам гуфт, вақте онҳо “падарам куҷост?” мегӯянд?

Фарзанди бузурги хонадон будӣ, ба ҳама дасти ёрӣ мерасондӣ, ҳам моддиву ҳам маънавӣ. Ҳар дафъа, ки дар гиру дор ё мушкилотҳои зиндагӣ оҷиз мемондам, шитобон ба суроғи ту мерафтам ва аз ту талабӣ раҳнамоӣ мекардам, кунун бигӯ, эй лахти ҷигар, аз ин пас ман назди кӣ равам, дигар ба ман кӣ мисли ту беғараз раҳи дурусти зиндагӣ ё тадбирҳои мушкилотҳоро нишон медиҳаду мефаҳмонад? Бародарам, чаро хомушӣ? Бигӯ, назди кӣ биравам? Ин суолҳои ман то рӯзи растохез беҷавоб хоҳанд монд. Бо ин марги нобаҳангомат ҳама пайвандонро дар азои якумра шинондӣ, пайвандонат фиғони фироқи туро мекашанду мегӯянд:

Ҳаргиз наёяд боварам,

Бар он, ки беҷон хуфтаӣ...

 

Рӯи ту пайдо мешавад,

Дар чашми хунафшони ман.

Дигар намехандӣ чаро,

Эй додари хандони ман?

 

Бо мурдани новақти ту

Мурд орзуҳо, додарам,

Дилпора шуд як наварӯс

Во додарам, во додарам.

 

Оё сари сабзат чӣ шуд

Бо сад таманно, додарам?

Вой ормони мурдаам,

Во додарам, во додарам.

Ин оҳу сӯзи пайвандонатро мешунавӣ? Мебинӣ, ки ба сафари бемаҳалат моро чӣ бас баҳри ғам ба худ фурӯ мекашад?

Оҳ, бародари ҷавонмаргам! Оҳ, қалби пора-пораам! Чӣ қадар гарон аст бардоштани тобути фарзанди падар! Магар раҳмат ба падарату пайвандонат наомад? Тобу тавони бардошти ин мусибатро надорам. Ҷигарам лахт-лахт шуду аз дидаам фурӯ чакид, бародарам…

Падарам шабу рӯз аз фироқи ту менолад:

Рехтӣ хуни дил аз дидаи гирёни падар,

Раҳм бар ҷони падар н-омадат, ай ҷони падар.

Кошки умри дароз медидиву фарзандонат аз дидорат ташнагӣ мешикастанд. Кошки дар айни ҷавонӣ – дар 33-солагӣ аз мо намерафтӣ.

Эй дунё, дунёи бевафо! Баҳорон ҳар гуле баъди хазон шудан, дубора сар аз хок мекашаду сабз мешавад. Оё ту ҳам, эй шохаи сабзи барвақт шикастаи хонадон, дубора пеши чашми мо қад кашидаву сабз хоҳӣ шуд? Оё дубора меоиву “падарҷон”-у “бародарҷон” гуфта, аз дар медароӣ? Оё дубора меоиву фарзандони ғамгинатро ба оғӯш мегирӣ?

Оҳ, бародарам! Оё чӣ сиррест дар 33-солагӣ, ки бузургтарин шахсиятҳо, беҳтарин ҳунармандону шоирон, ба мисоли Аҳмад Зоҳиру Кароматуллоҳи Қурбон, Фурӯғи Фаррухзоду Брюс Ли ва чандин нобиғаҳои дигар дар ҳамин синну сол ба таври фоҷиавӣ тарки ин дунё кардаанд. Мегӯянд, ки ҳамаи одамонро Худованд 33-сола месозаду баъд ба биҳишт ворид мекунад…

Фосилаи рӯзи маргат бештар мешавад, андуҳи мо низ бештар мегардад, ҳар лаҳза маро хумори дидорат мегирад, намедонам чӣ гуна худро фиреб диҳам, ки сабр кун, қисмат чунин будааст… Бародари ғурамаргам, ҳар рӯзи бе ту сипарӣ мекардаам, маро беш аз пеш зиндадаргӯр мекунад, охир, ту ҳоли маро мебинӣ? Ҳар боре, ба чашми падар, додару хоҳар ва фарзандонат менигарам, дарди ман чун туфон мешаваду ҳастиамро бо худ мебарад… Медонӣ, бародари меҳрубонам, гумон мекунам, ки шоир ин шеърро барои ман гуфта бошад ва воқеан ҳам, ин мисраҳо имрӯз дархӯри дарди мананд:

Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту,

Ба ҷои дур меравад дилам ҳамеша сӯи ту,

Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Замони кӯдакии ман ту аз ҳама калон будӣ,

Миёни аҳли деҳи мо ҷавони паҳлавон будӣ,

Чанори соябон будӣ, мадори хонадон будӣ,

Вале зи хоксориат ба чашм ноаён будӣ,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Бигӯ, канӣ мазори ту, мазори хоксори ту?

Ба вақти захми охирин кӣ буд дар канори ту?

Даме фитодӣ бар замин, кӣ буд такядори ту?

Кӣ буд дар нигоҳи ту? Ба чашми интизори ту?

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Ба ҳар диле, ки во шавад, маро ба сина ҷо шавад.

Ба ҳар нигоҳи беғаше, ки нури дидаҳо шавад,

Ба хандаҳои ғамбарор – чу мавҷҳои беқарор,

Нигоҳи туст ошкор, ҳаёти туст пойдор,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Чӣ илоҷ, агар фироқномаро то рӯзи қиёмат дар васфат иншо бикунам, хотима намеёбад, ин дарди ман, ин захми дили ман, ин оҳи ҷигарсӯзи ман давое нахоҳад дошт ва маро зар-зара хоҳанд хӯрд. Албатта, фарзандонат пеши ман амонат ҳастанд, фарзандони маъсумат нишонае аз туст барои ман… Ҳамзамон, яқин дорам, ки миллату давлат туро фаромуш нахоҳад кард, барои ҷовидонагии номи чунин фарзандони содиқи Ватан месазад, ки мактабе ё ёдгорие дар зодбумашон гузошт.

Бо дидаи гирёну нолон аз Худо мехоҳам, ки равонатро шоду маконатро биҳишти ҷовидон гардонад. Ёду номи ту ҳаргиз аз хотири мо нахоҳад рафт, бародари ғурамаргам.

Дидор дар қиёмат, бародари ҷавонмаргам!

Бо дуо, бародари ҷигархуни ту Самандари Ҷумахон

Ҳолнома: Нурзода Мадамон Ҷумахон якуми июни соли 1989 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таваллуд шудааст. Соли 2013 баъди хатми Донишгоҳи аграрии шаҳри Красноярски Федератсияи Россия дар Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ кард. Соҳиби рутбаи “майор” буда, дар вазифаи муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритузи  вилояти Хатлон фаъолият мекард. Оиладор, соҳиби се фарзанд.  20 октябри соли 2022 дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Шаҳритус – Душанбе дар синни 33-солагӣ ҳалок шуд.

PS:Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Самак” ба дӯсту бародари азиз Ҷумахон Нурзода бинобар фоҷиаи сангини ба сарашон омада, сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум аз даргоҳи илоҳӣ сабр мехоҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here