Буҷетсозии гендерӣ (ба гендер нигаронидашуда) ин воситаи таъсирбахши дар тамоми ҷаҳон эътирофшуда барои расидан ба баробарии гендерӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ мусоидат мекунад.

Он ду равандҳои ноалоқамандро ба ҳам мепайвандад: таъмин намудани баробарии гендерӣ ва идоракунии молияи давлатӣ.

Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ гардид, ки дар он лоиҳаи озмоишӣ оид ба ҷорӣ кардани буҷетсозии гендерӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар мавриди он ки  чаро ин муҳим аст ва ин ташаббус дар амал чӣ гуна кор хоҳад кард, мо бо Эрмира Любанӣ, мутахассиси барномаи буҷетсозии гендерӣ-ҳассоси Созмони Милали Муттаҳид «Занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» сӯҳбат кардем.

– Созмони «Созмони Милали Муттаҳид – бонувон», ҳамчунин дар Тоҷикистон лоиҳаеро амалӣ мекунад, ки ба тартиб додани буҷет бо назардошти ҷанбаҳои  гендерӣ нигаронида шудааст. Метавонед дар ин бора муфассалтар нақл кунед?

– Ман хеле шодам, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки буҷетсозии  гендериро (ба гендер нигаронидашударо) ҳамчун муносибат (равиш) ба баҳисобгирии масоили гендерӣ дар  сиёсат ва равандҳои буҷетӣ истифода мебарад. Аз ибтидо  Австралия  аввалин кишваре буд, ки ҳанӯз дар соли 1984 буҷетсозии  гендериро амалӣ кард, ва баъдан бисёре аз кишварҳои дигар ба он пайравӣ карданд. Имрӯз зиёда аз 110 кишварҳои ҷаҳон буҷетсозии гендериро дар ин ё он шакл ҷорӣ кардаанд.

Мақсади ташаббусҳои буҷетсозии гендерӣ дастгирии ҳукуматҳо дар ноил гаштан ба баробарии гендерӣ ва ҷалби ҳукуматҳо ба масъулият барои ӯҳдадориҳои худ оид ба баробарии гендерӣ мебошад. Ташаббусҳои буҷетсозии гендерӣ ба баланд бардоштани огаҳӣ (воқифӣ) дар бораи таъсиррасонии буҷет ба ҳаёти занон ва мардон, бахусус онҳое, ки осебпазир ва ақибмонда ҳастанд, равона карда шудааст. Буҷетсозии гендерӣ ба тарафдории ҷудо кардани 50% буҷет барои занон ва 50% барои мардон баромад намекунад, вале талаб мекунад, ки буҷет мувофиқи ниёзҳои ҳам занон, ҳам мардон тақсим ва харҷ карда шавад.

Созмони «СММ-бонувон» тартибдиҳии буҷетро бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ ҳамчун равиш (муносибат) ба ҳамгироии мунтазами ҳадафҳои баробарии гендерӣ ба сиёсати давлатӣ, банақшагирӣ, тартибдиҳии буҷет, мониторинг, баҳодиҳӣ ва аудит муайян мекунад. Он барои нишон додани таъсири тақсимоти буҷет (даромад ва хароҷот) ба занон ва мардон ва тасҳеҳи захираҳо барои замонати он, ки ҳарду аз захираҳои давлатӣ баробар баҳра баранд, равона карда шудааст.

Баҳисобгирии мунтазами масоили гендерӣ ҳангоми амаликунӣ ва мониторинги ҳадафҳои СММ дар соҳаи рушди устувор барои расидан ба ин ҳадафҳо аҳамияти ҳалкунанда дорад. Баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занону духтарон яке аз ҳадафҳои ин соҳа мебошад. Буҷетсозии гендерӣ (ба гендер нигаронидашуда) равишест, ки метавонад ба ҳукуматҳо дар беҳтар кардани банақшагирӣ, тақсимкунӣ ва харҷкунии буҷетҳои барои амаликунии ҳадафҳои рушди устувор зарурбуда кӯмак кунад.

– Шумо зикр кардед, ки ташаббусҳои буҷетсозии гендерӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи таъсири буҷет ба ҳаёти занону мардон, бахусус онҳое, ки осебпазир ва ақибмонда ҳастанд, равона карда шудааст. Кадом механизмҳо ва роҳҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ пешбинӣ шудаанд?

– Якчанд роҳҳо вуҷуд доранд, ки метавонанд ба осонӣ сатҳи огоҳии занон ва мардонро дар бораи таъсири буҷет ба ҳаёти  онҳо баланд бардоранд. Ҳамчун  мисол аз ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оғоз мекунам. Онҳо аз руи мушоҳидаҳояшон метавонанд ҳисоботҳо таҳия кунанд, то ба ҳукумат нишон диҳанд, ки маблағ чӣ гуна сарф шудааст ва чӣ таъсир мерасонад. Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ҳамчун пул байни занон дар ҷомеа хизмат кунанд ва мустақиман бо онҳо дар бораи ҳуқуқҳои онҳо барои иштирок ва баҳрабардорӣ аз буҷет сӯҳбат кунанд, инчунин онҳоро дар бораи равандҳои иштирок, ё чӣ тавр онҳо метавонанд фаъол бошанд ва аз ин равандҳо баҳра баранд, огоҳ созанд.

Васоити ахбори омма низ, бахусус рӯзноманигорони иқтисоддони феминист, тавассути инъикоси масъалаҳои буҷет дар мақолаҳои худ метавонанд нақши муҳим бозанд. Мақомотҳои  олии аудит бо ҳисоботҳои худ дар бораи самаранокӣ ва риоя кардани талаботҳо метавонанд воситаи дигаре бошанд. Ба ғайр аз ин,  муҳокимаҳои оммавӣ дар порлумон бахшида ба хароҷотҳои муайян дар сиёсати соҳавӣ, ё  ин ки муҳокима ва тасдиқи буҷети давлатӣ низ яке аз чунин механизмҳо шуда метавонад.

– Шумо қайд кардед, ки буҷетсозии  гендерӣ ҷонибдори тақсимоти 50%-и буҷет байни занону мардон нест, вале ҳамзамон тақозо мекунад, ки буҷет мувофиқи ниёзҳои ҳам занон, ҳам мардон тақсим ва харҷ карда шавад. Лутфан бигӯед, ки талаботҳои занону мардонро бояд кӣ ва чӣ гуна муайян кунад? Оё ин гуна муносибат (равиш), агар шартан гӯем, ба «иқтисодиёти нақшагӣ» оварда намерасонад?

– Қадами аввал дар буҷетсозии гендерии ҳассос таҳлили гендерӣ мебошад. Ба туфайли таҳлили гендерӣ мо мефаҳмем, ки нобаробарии гендерӣ чист ва барои маҳдуд кардан ё бастани он чӣ чораҳо бояд андешид. Вазифаи хизматчиёни давлатие, ки вазорату муассисаҳои гуногуни давлатиро намояндагӣ мекунанд, гузаронидани  таҳлили гендерӣ пеш аз қабули қарор вобаста ба ҳадафҳои сиёсӣ ва вазифаҳо,   инчунин кай ҷудо ва сарф шудани маблағ мебошад.

Ниёзҳои занону мардон бояд дар асоси маълумотҳои гендериву омор ва таҳлили пурраи онҳо муайян карда шавад. Пеш аз қабули қарори ниҳоӣ зарур аст, ки бо гурӯҳҳои гуногуни коршиносон, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқҳои гендерӣ ва ғайра машварат гузаронида шавад, ва баъд аз он тасмими ниҳоӣ оид ба афзалиятҳо қабул карда шавад. Равиш (муносибат) дар асоси иштироки васеъ ба идоракунии хуб, инчунин ба таҳкими демократия ва арзиши ҷамъиятии афзалиятҳои муқарраршуда мусоидат мекунад. Ҳамин тариқ, буҷетсозии гендерӣ равишест, ки ҳукуматро барои ба нақша гирифтани иқтисод дар асоси демократия, иштирок ва ба назар гирифтани ниёзҳои занон ва мардон, бахусус осебпазиртарини онҳоро, дар маркази рушд ташвиқ мекунад.

– Банақшагирӣ ва буҷетсозии гендерӣ  чӣ аҳамият дорад?

– Яке аз ҳадафҳои буҷетсозии гендерӣ таъсир расонидан ба раванди буҷетӣ ва қабули қарорҳо бо мақсади ноил шудан ба баробарии гендерӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки норасоиҳоро дар маблағгузории баробарии гендерӣ ва роҳҳои бартараф кардани ин норасоиҳоро тавассути амалҳои мушаххас муайян кунем, шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва самаранокии маблағгузории давлатиро беҳтар намуда, муайян кунем, ки оё ин маблағҳо байни занон ва мардон дуруст (саҳеҳ) тақсим  шудаанд ё не. Ин раванди қабули қарорҳои буҷетиро демократӣ, фарогир ва  гендериву ҳассос  месозад. Буҷетсозии  гендерӣ имкон медиҳад, ки овози занонро аз гурӯҳҳои камбизоат дар равандҳои буҷети давлатӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ бишнавем.

Нишондиҳандаи ҳадафҳои рушди устувор 5 аз 1 «Ҳиссаи кишварҳо бо низомҳои пайгирӣ ва интишори маблағҳои ҷудошуда барои баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон» бори аввал методологияи дар сатҳи ҷаҳонӣ мувофиқашуда ва таҳкурсиро барои амаликунии буҷетсозии гендерӣ муқаррар мекунад. Саволҳои методологияро, ки ҳукумат ба нишондиҳандаи 5аз1 посух медиҳад, метавон барои арзёбии фаъолияти ҳукуматҳо вобаста ба буҷетсозии гендерӣ ва соҳаҳое, ки беҳбудиро металабанд, истифода кард.

– Оё дар Тоҷикистон намунаҳои мусбати банақшагирии гендерӣ вуҷуд доранд?

– Тартибдиҳии буҷет бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ бештар бо ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ алоқаманд аст ва онро бояд на ҳамчун як раванди алоҳида, балки ҳамчун як ҷузъи ислоҳот баррасӣ намуд. Агар мо ба ҳисобот оиди худбаҳодиҳии  Хароҷоти давлатӣ ва масъулияти молиявӣ дар нимаи соли 2017 назар кунем, пас мебинем, ки Тоҷикистон дар таҳкими низоми идоракунии молияи давлатӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳукумат аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳо дар доираи ҷузъи шаффофияти хазинаи давлатӣ, аз ҷумла таснифоти буҷет, ҳуҷҷатгузории буҷетӣ, маълумот дар бораи даромад ва хароҷотҳои фондҳои ғайрибуҷетӣ ва интиқолҳо ба мақомотҳои ҳокимияти зермиллӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидааст. Бо вуҷуди ин, дастрасии маҳдуди аҳолӣ ба маълумоти молиявӣ ба паст шудани холҳои умумӣ дар ин соҳа мусоидат мекунад. Инҳо нишондиҳандаҳое мебошанд, ки бевосита ба кори буҷетсозии гендерӣ алоқаманданд, ва низоми экологие вуҷуд дорад, ки метавонад дар оянда ин корро дастгирӣ кунад.

Дар доираи лоиҳаи «Маблағгузории  ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон» як қатор чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани иқтидор барои идоракунии GRB дар кишвар ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, таҳияи модули таълимӣ оид ба буҷетсозии  гендерӣ барои хизматчиёни давлатие, ки дар вазоратҳои худ барои  буҷетсозӣ ва банақшагирӣ масъуланд, инчунин таҳияи «Роҳнамои амалӣ оид ба татбиқи буҷетсозии гендерӣ дар Тоҷикистон». Ин ташаббусҳои озмоишӣ иҷроиши заминаи миллии меъёрӣ оид ба пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занонро дастгирӣ мекунанд, ки аз ҷониби Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Барномаи дахлдори миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 дастгирӣ карда мешаванд.

– Мехостем бидонем, ки дар Тоҷикистон дар роҳи банақшагирӣ ва буҷетсозии гендерӣ чӣ мушкилот вуҷуд дорад?

– Тоҷикистон айнан бо ҳамон мушкилотҳое рӯбарӯ шуд, ки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷой доранд. Асосан онҳо бо ислоҳоти умумӣ, аз ҷумла ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва ғайра вобастагӣ доранд.

Вақте ки сухан маҳз дар бораи буҷетсозии гендерӣ меравад, барои кишвар доштани омори аз рӯи ҷинс ҷудошуда (тақсимшуда)  ва маълумоти гендерӣ муҳим аст, то ин ки имкони гузаронидани таҳлили сиёсӣ дар асоси далелҳо ва муайян кардани муаммоҳои баробарии гендериро дошта бошем, ва ин қадами аввалин дар самти амаликунии буҷетсозии гендерӣ мебошад.

Буҷетсозии гендерӣ сармоягузориро ба иқтидор ва дониш дар соҳаи идоракунии давлатӣ  талаб мекунад, то ин ки имконияти татбиқ кардани онро дошта бошем. Ин ҳамоҳангсозии байни вазоратҳои соҳаҳои гуногун  ва вазорати молияро талаб мекунад, то ин ки сиёсатро бо тақсимоти мушаххаси буҷет алоқаманд созем. Тавре ки ҳамаи мо медонем, буҷетсозии  гендерӣ сиёсат ва буҷетро муттаҳид мекунад, ки одатан ҳамчун ҷазираҳои (қисмҳои) алоҳида баррасӣ карда мешаванд, аз ин рӯ, барои якҷоя кардани онҳо бояд кӯшиши зиёд ба харҷ дод.

Ин иштироки субъектҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, парлумон, академияҳо, мақомотҳои  олии аудит ва дигар ҷонибҳои манфиатдори дахлдорро тақозо мекунад. Иштироки фаъолонаи ин ҷонибҳои манфиатдор шаффофияти ҳукумат ва ҳисоботдиҳии даромаду хароҷот, инчунин таъсири онҳоро ба ҳаёти занону мардон зиёд мекунад.

– Дар охир мехостам аз шумо бипурсам, ки лоиҳаи буҷетсозии гендерӣ барои Тоҷикистон аз чӣ ҷиҳат муҳим аст?

– Тавре ман аллакай қайд кардам, буҷетсозии гендерӣ маънои буҷети беҳтаринро дорад. Ин раванди сиёсат ва буҷетро фарогиртар, баробар ва ба талаботҳои занону мардон, писарону духтарон ҷавобгӯ мегардонад. Ин имкон медиҳад, ки ба Ҳадафҳои рушди устувор тезтар ноил гардем, ва бо ин ба идоракунӣ ва демократия таъсири хуб расонем. Ҳамчунин, ин ба рушди иқтисодиёт мусоидат намуда, ба самаранокии сиёсат ва буҷети давлатӣ бевосита таъсир мерасонад.

Мусоҳиб: М. Қосим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here