Худованди Ҳаким як солро аз дувоздаҳ моҳ иборат гардонидааст, ки сохта ва кори дасти башар нест. Аз ин дувоздаҳ моҳ чаҳортои онро моҳҳои ҳаром унвон намудааст, ки дар онҳо гуноҳу маъсият ва ҷангу хунрезӣ амали шоистаи инсонӣ нест. Муҳаррам, раҷаб, зулқаъда ва зулҳиҷҷа

 

Арабҳо дар даврони ҷоҳилият моҳҳои мазкурро мавриди эҳтиром қарор медоданд ва ҷангу ҷидолу хунрезиро дар онҳо ҳаром мешумориданд. Ин чаҳор моҳ дар миёни моҳҳои дигар махсус гардида, хусусияту вижагиҳои зиёд доранд. Аз ҷумла моҳи зулҳиҷҷа мебошад, ки даҳ рӯзи аввали он бузургтарин ва бофазилаттарини рӯзҳои сол ба шумор меравад.  Саҳобагони Паёмбар (с) иршоду ҳидоятҳо ва кори Расул (с)-ро қабули ҷону дилу дида дониста, даҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷаро мавсими тоату ибодат қарор медоданд ва баҳри касби хайру некӣ мекушиданду мекушиданд.

Пас аз анҷоми амалҳои фарз, ки дар ҳама замону макон ва ҳолату авзоъ яксонанд, метавон чанде аз аъмоли муҳим ва пурфазилатро анҷом дод, ки савобашон дар даҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷа даҳчанд мегардад.

РӮЗА. Бояд гуфт, ки рӯза доштани нуҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа мустаҳаб буда, рӯзи даҳумаш ҳаром мебошад, чунки он рӯзи ид аст. Дар фазилати рӯзаи зулҳиҷҷа аз Ҳафса ривоят аст, ки гуфт: “Расули Худо (с) чор амалро ҳаргиз тарк намекарданд: рӯзаи Ошӯро; рӯзаи ъашр (даҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷа); се рӯз рӯза аз ҳар моҳ ва ду ракъат суннати намози бомдод”. Аз ин ҳадис маълум мегардад, ки Расули Худо (с) ҳамеша рӯзаи моҳи зулҳиҷҷаро тарк намекарданд ва фазилату бузургии он аз ҳаминҷо маншаъ мегирад.

ЗИКР. Агар зикри Худо дар ҳама замону макон ва авзоъу аҳвол мустаҳаб бошад, пас истеҳбоби он дар даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа бештар аст. Худованд мефармояд: “…онҳо номи Худоро дар рӯзҳои маълум бисёр зикр мекунанд” (Ҳаҷ, 28). Бино ба қавли аксари муфассирони Қуръон “рӯзҳои маълум” ҳамон даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа аст. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфтанд: “Аз даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа дигар рӯзҳои бузургтар вуҷуд надорад. Ҳамзамон амали нек намудан дар он даҳ рӯз дар назди Худо маҳбубтар аст. Пас, дар он даҳ рӯз таҳлилу такбир ва таҳмидро зиёд кунед. (Аллоҳу акбар, ло илоҳа иллаллоҳ, алҳамдулиллоҳ)”. Таъкид бояд кард, ки дар ин даҳ рӯз рӯзаи рӯзи Арафа низ мавҷуд аст, ки он фазлу бартарии махсусро соҳиб аст. Аз Паёмбари Худо (с) ривоят гардидааст, ки фармуданд: “Худованд бо рӯзаи рӯзи Арафа гуноҳони як соли пеш ва як соли баъдро мебахшад”. Ба шарти он ки инсон аз гуноҳони кабира даст кашад. Ин маънӣ дар дигар ҳадисҳо низ зикр гардидааст.

ДУО. Худованд дар ин рӯзҳо дуои бандагонро дӯст медорад ва мавриди қабул қарор медиҳад. Хушо ба ҳоли онон, ки дар ин рӯзҳо аз Худованд талаби дуо ва мағфирати гуноҳу озодӣ аз ҷаҳаннамро мекунанд. Баробар аст, ки шахс дар ин айём дар адои ҳаҷ қарор дошта бошад ва ё дар хонаи худ бошад.

НАМОЗ. Хондани намози нофила, бухусус намози шаб аз ҷумлаи амалҳои бофазилате  мебошад, ки инсон тавассути он бештару осонтар ба мавлои худ наздик шуда метавонад. Намози шаб амали солеҳону парҳезкорон ва бандагони хоси Худо буда, ба инсон нерӯву тавони руҳиву ҷисмӣ мебахшад. Нерӯву қудратест, ки банда дар шаб ҳосил мекунад ва тавассути он аз мушкилоту сахтӣ ва фасоди замон поку мубарро берун меояд. Ин амали пурфазл дар даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа хусусияти волотар касб мекунад ва савобаш даҳчанд мегардад. Ин буд, ки Расули Худо (с) ва саҳобагони бузургвори ӯ қиёми лайлро дар шабҳои охири зулҳиҷҷа тарк намекарданд.

САДАҚА. Бояд гуфт, ки садақа ва ё харҷи мол яке аз аъмоли бузург ва шомили ҳама замону макон ва мазоҳибу адён буда, фазилаташ дар даҳрӯзаи аввали зулҳиҷҷа бештару зиёдтар аст. Худованд дар фазли садақа чунин мефармояд:Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки он рӯзе фаро расад, ки на дар он хариду фурӯше бошад ва на дӯстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, инфоқ кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд” (Бақара). Дар ҳадис омадааст, ки расули Худо (с) фармудаанд: “Мол аз садақа кардан ҳаргиз кам намешавад” (Ривояти Муслим). Агар аз як ҷониб садақа ҷони инсонро аз оташи ҷаҳаннам ва аз сахтиҳои қиёмат наҷот бахшад, аз ҷониби дигар ба ӯ фоидаи молию дунёӣ низ дода метавонад. Яъне сарватмандон набояд аз додани закот ва дигар садақаҳои нофила ҳарос дошта бошанд. Хавф набаранд, ки моли эшон кам мешавад. На, баръакс бо додани садақа ба фақирону бенавоён мол зиёд мегардад ва дар моҳи зулҳиҷҷа савоб ва зиёдшавияш даҳчанд мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки амалҳои хайр зиёданду шумор надоранд ва дар ҳама замон дорои савобанд. Аммо ин панҷ амалро донишмандон аз ҷумлаи амалҳои умда ҳисобида, анҷоми онҳоро бештар таъкид кардаанд. Аз ин лиҳоз таваққуф атрофи ин панҷ амал ва тарки дигар корҳои нек дуруст ва аз рӯи мантиқ нест. Аз ҷумла: қироати Қуръон ва таълими он, талаби истиғфор, некӣ ба падару модар, пайванди хешутаборӣ, интишори салом ва додани таом, ислоҳ миёни мардум, амри маъруф ва наҳйи мункар, ҳифзи забону хоҳиши шаҳвонӣ, некӣ ба ҳамсоягон, эҳтироми меҳмон, дур кардани зарар аз роҳи мардум, нафақа ба ҳамсар ва аҳли оила, сарпарастии ятимон, зиёрати беморон, адои ҳоҷати дӯстон, дуруд ба Паёмбар (с), зарар нарасонидан ба мусалмонон, меҳрубонӣ бо зердастон, дӯстӣ бо рафиқони падару мордар, дуо дар ҳаққи дӯстон дар ғоиб, адои амонат ва вафо бар аҳд, нигоҳ доштани чашм аз ҳаромҳо, таҳорати комил, дуо дар байни азону иқомат, қироати сураи каҳф рӯзи ҷумъа, намози ҷамоат, анҷоми доимии суннатҳои ротиба, адои намози ид,  зикр пас аз намозҳо, касби ҳалол, хушҳолӣ андохтан ба қалби мусалмонон, меҳрубонӣ бар заифон, кори хайр ва роҳнамоӣ ба он, покии қалб ва тарки кинаву адоват, таълими писарону духтарон ва мадади мусалмонон дар кори хайр, аз он қабил амалҳои нек ба шумор мераванд. Ва дар даҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷа фазилат ва савобашон бештару зиёдтар мегардад.

P.S. Тазаккур бояд дод, ки тибқи ҳисоботӣ пешакӣ 2 августи соли ҷорӣ 1-уми рӯзи моҳи зулҳиҷҷа ворид мегардад.   

 

Хайруллоҳи АКОБИР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь